Главная > Uncategorized > АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ-5

АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ-5

Дар мақолаи пешин баёни назари Вазорати маорифро чун баёни мавзӯи нав шарҳ додем. Ин навбат мустаҳкамкунӣ ва супориши вазифаи хонагӣ чун қисмати охири лаҳзаҳои дарс ва ҳамчун ҷамъбасти мавзӯи мазкур пешниҳод мешавад. Яъне, ин навбат дар бораи қонунияти фармонҳои вазир, хулосаи гурӯҳҳои корӣ, пешниҳодҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф сухан хоҳем гуфт.
Ба хотири фаҳмо гаштани моҳияти моҷаро масъаларо ба тарзи саволгузорӣ ва ҷавоб ба он баррасӣ менамоем, то моҳияти масъала ба хонанда ошкор ва фаҳмо бошад. Инак савол ва ҷавоб:
1. Вазъияти ҳуқуқӣ ва рӯҳиву равонии ДТИКТ, муносибати он бо Вазорати маориф пеш аз оғози муноқишаҳо:
Шарҳи ҳол. Соли 2006 бо қарори мушовараи Вазорати маориф мақоми Донишгоҳи гуманитарии Тоҷикистон ба донишкада — Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин амал аз нуқтаи назари қонунгузорӣ хилофи меъёрҳо буд, аммо роҳбарияти Донишгоҳ онро ба хотири дур будан аз муноқишаву моҷаро таҳаммул намуд ва таҳти рамзи АУ 0000495 аз таърихи 19-уми июни соли 2008 иҷозатномаи фаъолиятро аз сари нав то соли 2013 ба даст овард.
2. Асос, замина ва сабабҳои сар шудани муноқишаи ДТИКТ бо Вазорати маориф (дурурсташ бо вазири маориф).
Шарҳ: Дар оғози соли таҳсили 2008-2009 бо сабаби ба иллати саломатӣ бо хоҳиши худ аз кор рафтани ректор Ҳ. Умаров ба вазифаи ректории ДТИКТ корманди Вазорати маориф Бобоев Х. Ю. бо даъвати муассиси ДТИКТ ба кор даъват карда шуд. Бобоев ба як қатор санадҳои қонунан қабулкардаи муассис итоат накард ва дар заминаи ҳамдигарнофаҳмӣ бо муассис 11.05.2009 бо моддаи 45-и КМҶТ (бо хоҳиши худ) аз кор рафт. Аммо пеш аз кор рафтан афзуд, ки вай ҳамчун ҷӯраи вазири маориф қавл медиҳад, ки фаъолияти ДТИКТ-ро бо кадом роҳе набошад, қатъ мекунад. Дарвоқеъ, вазири маориф бе ин ҳам ба ДТИКТ чун ба муассисаи ғайридавлатӣ назари нек надошт. Гувоҳ ин аст, ки вай ҳамон соли 2006 дар қатори 5-6 муассисаи дигари ғайридавлатии таҳсилоти олӣ ин муассисаро низ аз байн бурданӣ буд, аммо муқобилияти қонунии вай Вазоратро имкон надод, ки ба ин амал даст занад ва чуноне ишора намудем, дар «этапи 1» мақоми онро тағйир дод, ки ин ба муассиса зарари калони молӣ (азнавсозии тамоми асноди бақайдгирӣ дар тамоми ташкилоту муассиса ва вазорату идораҳо)-ву маънавӣ ворид кард.
3. Амалиёти №1-и вазири маориф барои амалӣ кардани дархост ва қавли Бобоев Х. Ю.
Шарҳ: Рӯзи 12.05.2009 вазири маориф таҳти №748 фармон дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади тафтиши ДТИКТ ташкил намуд. Саволе пайдо мешавад, ки: Мақсади ин тафтиш, сабаби он, нияту андешаи вазири маориф чӣ буд? Магар амалӣ кардани ваъдаи Бобоев не? Гурӯҳи корӣ аз натиҷаи тафтиши худ ба ДТИКТ ягон маълумотнома пешниҳод накард. Аммо, узви гурӯҳи корӣ дар сӯҳбати шифоҳии худ ба раёсати ДТИКТ шифоҳан арз намуд, ки ягон камбудии ҷиддӣ дар фаъолияти ДТИКТ вуҷуд надорад. Албатта, дар ҷое кор ҳаст, баъзе камбудиҳои ҷузъӣ ҳатман пайдо мешавад. Вазири маориф дар асоси ахбори гурӯҳи корӣ барои «ҷазо» додани ДТИКТ ва амалӣ кардани хоҳиши Бобоев асос пайдо накард.
4. Амалиёти №2-и вазири маориф барои қатъ кардани фаъолияти ДТИКТ.
Шарҳ: Пас, бо мақсади амалӣ кардани мақсади худ хост «дасти Ҳукумат»-ро истифода барад. Бо ин мақсад, дар таърихи 03.06.2009 ба номи Президент мактуби «махфӣ» навишта, дар он нисбати ДТИКТ тӯҳматҳои сиёсӣ бор карда, дархост намуд, ки фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад. Эътибор намоем, ки дархости вазир на муваққатан боз доштани қабули довталабон, на муваққатан боз доштани амали иҷозатномаи ДТИКТ, балки «пурра қатъ кардани фаъолияти ДТИКТ» буд. Чуноне хонанда аз гузоришҳои пешин медонад, ин мактуб то ҳол «махфӣ» нигоҳ дошта мешавад. Аз мавҷудияти он ДТИКТ аз як посухи Прокуратураи генералӣ (аз 07.08.2009, №21/60 ж) ба шикояти худ ва сухани шифоҳии Т. Маликов огоҳ шуд. Новобаста аз дархости ДТИКТ ба муовини Сарвазир Р. Қурбонова, ба худи вазири маориф, Суди иқтисодии ш. Душанбе дар бораи ба ДТИКТ шинос намудани мактуби вазир касе онро ошкор кардан намехоҳад. Чаро? Албатта, барои он ки тӯҳматҳои беасоси вазир ошкор мешавад. Мувофиқи иқрори раиси гурӯҳи кории ҳукуматӣ, мӯҳтарам Маликов, вазири маориф дар шикояташ навиштааст, ки дар ДТИКТ «оппозитсионерҳои Ҳукумат» ҷамъ шудаанд ва пароканда накардани онҳо барои «бехатарии давлат» хатарнок аст.
ДТИКТ эътироф мекунад, ки раиси Ҳизби наҳзати ислом М. Кабирӣ, раиси Ҳизби сотсиал — демократ Р. Зойиров, муовини раиси Ҳизби сотсиал — демократ Ш. Ҳакимов кормандони он ҳастанд. Аммо ДТИКТ ҳеҷ вақт роҳ надодааст, ки дар вай кадом ҳизби сиёсие майдони фаъолияти худро ташкил намояд. Дар баробари ин, агар дар ДТИКТ ду-се нафар намояндагони ҳизбҳои оппозитсионӣ кор кунанд, дар баробари онҳо аъзои дигар ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби халқӣ — демократӣ, коммунист, сотсиалистӣ низ кор мекунанд. Магар ин аз рӯи инсоф аст, ки мо инсонҳоро барои истифодаи ҳуқуқҳои конститутсиониашон ба «махав»-ҳои ҷомеа табдил диҳем? Ягона талабе, ки раёсати ДТИКТ ба намояндагони ҳизбҳо дошту дорад, ин дар дохили ДТИКТ роҳ надодан ба фаъолияти сиёсӣ ва динӣ буд ва ҳаст, ки ин амал ба пуррагӣ риоя шудааст ва мешавад. Агар масъаларо дар худи назарияи «оппозитсия» таҳлил намоем, оппозитсионери қонунӣ душмани давлат ва маншаи бехатарии он набуда, балки воситаи пурқувваткунандаи давлат аст. Дурустии ин мантиқро ҳамин мисол исбот мекунад, ки бояд ҳар касе ки рисолаи илмӣ ҳимоя мекунад, (қонунан) бояд на камтар аз ду нафар аппонент (оппозитсионер) дошта бошад, то ки камбудӣ ва нуқсони кори илмиро ошкор намояд. Пас, ба амали вазири маориф, ки дар ДТИКТ оппозитсия кор мекунад, чӣ тавр баҳо диҳем? Айби дигари дар мактуб ба ДТИКТ боркардаи вазир ин будааст, ки (аз сухани Маликов) фаъолияти молиявии ДТИКТ ғайриқонунӣ аст. Ин масъаларо намояндаи гурӯҳи кории Ҳукуматӣ санҷид ва ягон камбудии ғайриқонунӣ пайдо накард. Инчунин, дар ҳамин чанд рӯзи охир аз тарафи раёсати андози шаҳри Душанбе (аз рӯи нақша) фаъолияти молиявии ДТИКТ барои 4 сол санҷида шуд. Ягона хатои ошкоршуда ҳамин аст, ки ДТИКТ баъзе андозҳоеро, ки аз пардохти он озод аст, зиёдатӣ пардохт намуда, баъзе андозҳоро камтар пардохтааст. Таносуб ва фарқи ин маблағ муайян шуд ва ДТИКТ онро пардохт карда истодааст.
5. Вокуниши Президент ба «шикоят»-и вазири маориф.
Шарҳ: ДТИКТ иқрор аст, ки дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ҳар гуна шикоят бояд мавриди санҷиш қарор дода шавад. Президенти кишвар қонунан супориш додааст, ки шикояти вазир нисбати ДТИКТ санҷида шавад. Ҳамчунин, Президент бо риояи қонун, ҳақ ва манфиати қонунии инсон ва шаҳрванд «амбитсия»-и шикояти вазир — «фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад»-ро оқилона сарфи назар карда, барои санҷиши воқеият супориш додааст. Мутаассифона, берун аз супориши Президент, гурӯҳи корӣ бо сабабҳои номаълум дар амалиёти худ ба чанд ихтилофи қонун роҳ дод. Яке аз онҳо «пинҳон кардани мактуби шикоятии вазир» буд. Чун дар асоси талаботи қонунгузорӣ ҳар гуна санҷиш бояд ошкор, шаффоф сурат гирад. Гурӯҳи корӣ ӯҳдадор буд, ки ДТИКТ-ро ба мактуби шикоятӣ шинос намояд. Аммо, баръакс роҳбари гурӯҳи корӣ дар рӯзи аввали ба ДТИКТ омадан вонамуд кард, ки гурӯҳ танҳо барои «омӯзиш»-и фаъолияти ДТИКТ омадааст ва набояд омадани онҳо ҳамчун «санҷиш» ё «тафтиш» дониста шавад. Вале рӯзҳои минбаъда ӯ иқрор шуд, ки омадани онҳо ба шикояти вазири маориф вобаста аст ва вазир аз Президент дархост кардааст, ки «фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад». Гурӯҳи корӣ изҳор намуд, ки онҳо танҳо ба супориши Президент — муайян кардани ҳақиқати масъала сару кор гирифта, аз доираи мундариҷаи шикоят берун намераванд ва воқеияти масъаларо ба воситаи маълумотнома ба Президент мерасонанд. Ин гуфторро ДТИКТ бо қаноатмандӣ пазируфт. Дар зарфи чанд рӯзи бо ном «омӯзиш» аъзои гурӯҳи корӣ аз фаъолияти ДТИКТ изҳори қаноатмандии худро пинҳон намекарданд ва баъзе аз онҳо, ки дар ҷодаи фазилат бартарӣ доштанд, тӯҳмат будани мазмуни шикояти вазирро пурра эҳсос карда, барои дар ташвиш мондани ДТИКТ изҳори узрхоҳӣ намуданд. Албатта, ин фазл ва имондории онҳо буд, на «мухлисӣ» ва на кадом «ҷонибдорӣ»-и хоса. Гурӯҳи корӣ «омӯзиш»-и худро ба итмом расонид. Танҳо ду узви гурӯҳ маълумотномаи масъалаи аз тарафи онҳо санҷидашударо ба ДТИКТ шинос кард ва нусха низ дод. Ин маълумотномаи санҷиши масъалаи сифати таълиму тарбия ва молиёт буд. Дар ҳарду маълумотнома фаъолияти ДТИКТ ба таври маҷмӯӣ мусбат арзёбӣ шудааст. Раиси гурӯҳи корӣ изҳор дошт, ки маълумотномаи умумии натиҷаи «омӯзиш» баъд аз тартиб дода шуданаш ба ДТИКТ шинос карда шуда, дар раёсати ДТИКТ муҳокима мешавад ва як нусхаи он ба ДТИКТ дода мешавад (ин талаби қонунгузорӣ оид ба тартиби доир кардани ҳар гуна санҷиш аст). Ва гурӯҳ рафт.
6. Бозиҳои пасипардагӣ дар натиҷагирии амалиёти гурӯҳи кории Ҳукуматӣ ва изҳори назар ба ҳар банди мактуби Р. Қурбонова.
Шарҳ: ДТИКТ сари ҳар чанд рӯз аз раиси гурӯҳи корӣ Маликов хоҳиш намуд, ки маълумотномаи ниҳоии «омӯзиш» ба ДТИКТ пешниҳод карда шавад. Охирин посухи Маликов ба таври шифоҳӣ аз тариқи телефон ин шуд, ки: «Гурӯҳ ба ин хулоса омад, ки ба Вазорати маориф тавсия дода мешавад, ки дар наздиктарин вақт масъалаи аттестатсияи ДТИКТ-ро дида барояд. Худи ДТИКТ дар ду соли охир бо якчанд мактуб аз Вазорат тақозо намуда буд, ки аттесттатсияи ДТИКТ-ро гузаронад. Ҷавоби Маликов барои ДТИКТ қаноаткунанда буд.
Вале бо гузашти як давра ба ДТИКТ бо мактуби ҳамроҳии сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф як мактуби ахборӣ ба номи Президент аз ҷониби муовини Сарвазир Р. Қурбонова расид. Мундариҷаи мактуб боиси нигаронии ДТИКТ шуд. Дар он маълумотҳои барғалат, беасос, хилофи қонунгузорӣ мавҷуданд, ки албатта, имкон надорад дар як дастгоҳи босалоҳият ба ин андоза бемантиқии гуфтор роҳ дода шавад.
Масалан, дар қисми ахбории ин мактуб навишта шудааст:
«Вазорати маорифи ҶТ аз 2 августи соли 2004 (АУ №000135) ба ду ҷузъи сохтории Донишгоҳ — Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ва Маркази таълимии «Садр» барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозат дода буд, ки мӯҳлати он соли 2008 ба охир расидааст».
Изҳори назар:
Ин баён аз воқеияти масъала ноогоҳона ифода шудааст. Зеро: 1. Ҳеҷ вақт ба Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон (ДБТ) иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст, балки иҷозатнома ба Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ (ДГБ) ва Маркази таълимии «Садр» дода шудааст. ДБТ муассиси ДГБ ва МТС буда, худаш ягон фаъолияти мустақили таълимӣ надошт ва надорад. 2. МТС баъд аз анҷоми мӯҳлати иҷозатнома то соли 2008 аз Вазорати маориф иҷозатномаи фаъолият то соли 2013 ба даст овардааст. Пас, ин ғалатгӯӣ ба кадом мақсад?
«Соли 2007 баъди муайян кардани «Меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ (аз 8 феврали соли 2008) Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон санҷида шуд ва ба муассис аз ҷониби Вазорати маориф дастур дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур фаъолияти худро ба меъёрҳои номбурда мутобиқ гардонад. Дар ҳамин замина Донишгоҳ, ки ба меъёрҳои муайянкунандаи донишгоҳӣ мувофиқат намекард, бо қарори Шӯрои директорони Донишгоҳ аз 10 августи соли 2007 №001-4095 муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии «Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон»-ро таъсис дод … ва Вазорати маориф барои то соли 2013 ба вай иҷозатномаи фаъолият додаст».
Изҳори назар:
1. Магар соли 2007 баъди соли 2008 меояд, ки дар мактуб омадааст: Соли 2007 баъди муайян кардани «Меъёрҳо…» дар 8-уми феврали соли 2008?
2. «Меъёрҳо…»-и навини Вазорат соли 2006 тасдиқ шудааст, на 8-уми феврали соли 2008.
3. Вазорати маориф на соли 2007 ва на соли 2008 ба Донишгоҳ ягон дастур барои ба «Меъёрҳо…» мувофиқ шудан надодааст. Балки соли 2006 Вазорати маориф 6 муассисаи ғайридавлатиро «бӯғӣ» карда, фаъолияташонро ғайриқонунӣ манъ кард ва ният дошт онро ҳам бо ҳамин усул «бӯғӣ» кунад. Чун муаассиса ба муқобили ҳарактҳои ғайриқонунии Вазорат овоз баровард, Вазорат ноилоҷ аз «бастан»-и он (аз афташ муаваққатан) худдорӣ намуд ва ба воситаи қарори мушовараи Вазорат бо усули «бӯғӣ» мақоми онро ба Донишкада табдил дод. Муассиса ба хотири даст кашидан аз муноқишаҳо ба ин амали ғайриқонунии Вазорати маориф «ба тақдир тан дод». Қарори Шӯрои директорон дар бораи таъсиси Донишкада зери фишори Вазорати маориф бароварда шуд. Ин «гаптобдиҳӣ» ба кӣ даркор?
«Фаъолияти Донишкада аз рӯйи 7 меъёр (аз 25 меъёр) санҷида шуд ва вай ба меъёрҳои мавҷуда ҷавобгӯ набуд. Инчунин, санҷиш ошкор намуд, ки сифати таълим хуб нест, яъне дараҷаи таълим баробар ба 61.5 фисад аст, ки аз талабот 19 фисад кам аст. Дар Донишкада устодони варзида нест. Аксари омӯзгорони унвондор дар чанд муассиса кор мекунанд. Масалан, Хуррам Раҳимзода ҳам дар ДТИКТ ва ҳам дар Пажӯҳишгоҳи Академия ба сифати корманди доимӣ фаъолият дорад. Профессорон Т. Ғаниев, Ф. Комилов, Х. Муҳаббатов, С. Иброҳимов дар муассисаҳои дигар фаъолияти доимӣ дошта, дар ДТИКТ ҳамкор мебошанд. Устодони дигари унвондор соатбайъ буда, ба таълим ёрии дуруст намекунанд. Шумораи унвондорони то 35 сола ҳамагӣ 1.5 %-ро ташкил мекунад. Донишгоҳи байналмилалӣ варақаи аккредитатсияи байналмилалӣ надорад. Донишкада аккредитатсияи давлатӣ надорад. Аммо вай бархилофи қонунгузорӣ ҳам дипломи намунаи давлатӣ ва ҳам дипломи муассисаро бо рамзҳои давлатӣ медиҳад».
Изҳори назар:
Гурӯҳи корӣ барои санҷиши шикояти вазир омада буд, ё барои аттестатсияи Донишкада? Агар аттестатсия аз рӯйи «Меъёрҳо…» доир карданӣ буд: 1. Оё доир кардани аттестатсия ваколати Ҳукумати Тоҷикистон аст ё ваколати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф? Магар гурӯҳи корӣ ҳуқуқ дошт ваколатҳои ин Хадамотро тасарруф кунад? Агар тасарруф карду аттестатсия гузаронид, дар кадом асос аз 25 меъёр танҳо 7-тои онро санҷид ва аз рӯйи натиҷаи 7 меъёр хулоса баровард? Дар эзоҳи «Меъёрҳо…» омадааст, ки муассисае, ки ба 70 фисади «Меъёрҳо…» ҷавобгӯ аст, аз аттестатсия гузашта дониста мешавад. Пас, як меъёр баробари 4 фисад аст. Яъне 25х4=100. 7 меъёр 28 фисадро ташкил мекунад. Агар Донишкада ба 18 меъёри дигар ҷавобгӯ бошад, ин 72 фисадро ташкил мекунад ва аз аттестатсия гузашта дониста мешавад. Дар хусуси он ки Х. Раҳимзода корманди доимии Академия аст, дурӯғи маҳз аст. Устодоне, ки дар мактуб ба сифати ҳамкор ном бурда шудаанд, бештарашон як сол пеш аз Донишкада аз кор рафтаанд ва ба ҷои онҳо унвондорони коргари доимӣ ба кор қабул шудааст. Ин ҷумла аз маълумотномаи узви гурӯҳи корӣ Сангов Р. ба унвони раиси гурӯҳ Маликов С. Т. аст, ки навишта:
«Ҳамин тариқ, аз рафти санҷишу омӯзиши сифати таълим, дараҷаи дониш, сатҳи азхудкунӣ ва давомоти донишҷӯён ошкор гардид, ки агар давомоти солонаи соли таҳсили 2007-2008 65-70 то 80-83%-ро ташкил дода бошад, пас дар давоми соли таҳсили 2008-2009 ин нишондиҳанда то ба 80-85 то ба 92%-ро ташкил додааст. Дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён аз 61.5 %-и соли таҳсили 2007-2008, соли таҳсили 2008-2009 ба 72% ба қайд гирифта шудааст».
«Дурӯғ торикии имон аст». Табиист, ки ин тӯҳматҳо на самараи андешаи Р. Қурбонова, балки «ғалатандозӣ»-и вазири маориф аст ва пушту паноҳшавии кадом мансабдори ба рӯйи қонунҳои давлат пой гузошта. Касе ки дидаву дониста ба Президенти кишвар, ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дурӯғ мегӯяд, Президентро фиреб медиҳад, оё ҳуқуқи маънавии номи «хизматчии давлатӣ»-ро дорад? Ризоияти Президентро бо роҳи ғалатнависӣ ва тӯҳмат гирифта истода, таънаи таърихро ба сари Президент мепартоянд? Инро дар халқ «намакдонтуфкунӣ» мегӯянд. Президент ба умед аст, ки атрофиёнаш ба ӯ хиёнат намекунанд. Ин амалҳо сахт баданд.
Ва дар анҷом Р. Қурбонова дар мактуб пешниҳод кардааст, ки: «Аз соли таҳсили 2009-2010 қабули довталабон муваққатан манъ карда шавад; Вазорати маориф то ба анҷом расидани иҷозатнома раванди таълимро дар муассиса ба зери назорат гирад; бо сабаби ба анҷом расидани иҷозатномаи Донишгоҳ ва ҷузъи сохтории он Маркази таълимии «Садр» иҷозатномаи он аз эътибор соқит карда шавад; иҷозатномаи Донишкада барои иҷро накардани талаботҳои Вазорати маориф бозпас хонда шавад». Ва дар анҷом Қурбонова розигии Президентро барои татбиқи ин пешниҳодҳо «пурсидааст».
Изҳори назар:
Ин пешниҳод маънои онро дорад, ки фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад. Соли 2006 нисбати 6 муассисаи ғайридавлатӣ ҳамин мазмун дар ин шакл ифода шуда буд: «Қабули довталабон қатъ карда шавад. Ба муассиса иҷозат дода шавад, ки то хатми донишҷӯёни курсҳои болоӣ фаъолият намуда, дар анҷом фаъолияташон қатъ карда шавад». Аз эътибор соқит донистани иҷозатномаи Маркази таълимии «Садр» чӣ маънӣ дорад? Дар кадом асос? Дар сурате ки дар Тоҷикистон даҳҳо Марказҳои таълимӣ дар таҳхонаҳо, хонаҳои шахсӣ, дохили дигар муассисаҳо бе иҷозатнома, бе бақайдгирии давлатӣ, бе супурдани андоз, бе ташкили қонунии истифодаи меҳнат ва бе таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандон амал мекунанд?
Қатъи фаъолияти таълимии Маркази «Садр», ки даҳҳо ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда истодааст, беш аз 5 ҳазор нафарро соҳиби маълумоти ибтидоии касбӣ бо омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, технологияи компютерӣ кардааст? Муассисае, ки хатмкунандагони он дар даҳҳо мактабҳои ҳамагонии Вазорати маориф аз забони англисӣ, технологияи компютерӣ дарс мегӯянд? Муассисае, ки қарор ва амрҳои Президенти кишвар: Укази Президент аз 4.04.2003 «Дар бораи такмил додани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва анлисӣ дар ҶТ», қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2002, №502 «Дар бораи тасдиқ кардани барномаи компютеркунонӣ…», аз 10.05.2003, №194 «Дар бораи таҳияи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ…», Протоколи Ҳукумати ҶТ аз 24.01.2008, №2-ро дар бораи «таъмини ташкили рақобат дар муассисаҳои ғайридавлатии маориф ва тандурустӣ»-ро қонунан амалӣ кардааст ва карда истодааст? Муассисае, ки даҳҳо кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумати ҶТ, вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо аз устодони он забон ва илми компютер омӯхта, соҳиби сертификат шудаанд? Ҳайф, ба чунин ватанхоҳиву ватанпарварӣ! Ҳайфи машақатҳои Президенти кишвар, ки барои «сари баланди Тоҷикистону тоҷик худро ба сад дар мезанад!».
Варақаи назоратии ин санадро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент зери сабти «Президенти ҶТ розигӣ додааст», нафари дигар, ҳамчунин муовини аввали раиси Ҳукумат Ғулом А. Ғ. имзо гузошта, ба Вазорати маориф зери назари Ҳ. Н. Фақиров барои иҷро гузошта шудааст.
Изҳори назар:
Аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамин мактуби Р. Қурбонова чӣ гуна санад аст? Оё дар Қонуни Ҳукумати ҶТ, Регламенти Ҳукумати ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавҷудияти чунин санад, арзиши ҳуқуқии он ифода шудааст…?
7. Бемасъулиятӣ дар амали вазири маориф ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф дар эътимод ба мактуби Р. Қурбонова.
Шарҳ: Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф мактуби Р. Қурбоноваро бо мактуби худ аз 17.07.2009, №3196 ба унвони ДТИКТ фиристод ва дархост намуд, ки: Мактуб ба кормандони Донишкада эълон карда шуда, қабули довталабон дар соли хониши 2009-2010 қатъ карда шавад; ҳар се моҳ аз раванди таълим дар курсҳои болоӣ ба Хадамот маълумотнома фиристад; дар муддати се рӯз иҷозатномаи Донишгоҳ ва Маркази таълимиро бинобар сабаби ба охир расидани мӯҳлаташон барои аз эътибор соқит кардан пешниҳод намояд. Дар анҷоми мактубаш Сардори Хадамот таҳдидомезона қайд кардааст, ки дар сурати иҷро накардани талаботи Вазорати маориф иҷозатномаи он бозпас хонда мешавад. Низ ишора шудааст, ки чорабиниҳо оид ба ислоҳи камбудиҳо доир карда шуда, барои дар интиҳои соли хониш аз аттестатсия гузаштан омода шавад.
Изҳори назар:
Ҷойи нигаронӣ аст, ки гирем Қурбонова аз нозукиҳои кори Хадамот огоҳ набуд ва ё бо «тақозо»-и касе ин номаи ғайриқонуниро фиристод. Чаро Хадамот ҳамчун муассисаи махсуси ҳалли масъалаҳои мазкур аз давом додани амали ғайриқонунӣ худдорӣ накард? Магар Хадамот ҳамин гуна санади меъёрие дар даст дорад, ки аз ҷамъи фаъолияти муассисаи таълимӣ танҳо қабули довталабонро ба иллат ва сабабае манъ кардан муқаррар шуда бошад? Магар Зиёев намедонист, ки Донишгоҳи байналмилалӣ фаъолияти таҳсилотӣ надорад, балки ин фаъолиятро сохторҳои он ба амал мебароранд? Магар Зиёев намедонист, ки мӯҳлати иҷозатномаи фаъолияти Маркази таълимӣ дар соли 2008 ба итмом нарасидааст, балки мӯҳлати он то соли 2013 мебошад? Медонист, аммо ҷуръат накард. Он ки тақозо кардааст ҳар се моҳ аз рафти таълими муассиса Донишкада маълумотнома фиристад, изҳори худбинона ва тантанавист, на меъёри қонун ва асноди қонунӣ. Ва дар хусуси аттестатсия дар охири соли таҳсили 2009-2010. Ин як сухани саридастист. Агар чунин намебуд, дар мавриди дигар вазири маориф ҳукм намекард, ки аттестатсияи Донишкада охири моҳи сентябр баргузор мешавад.
Воқеан, Донишкада ин талаботи Хадамотро итоат накард. Сабаб? Дар асоси Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ин мақомот ҳуқуқ надорад санади ҳатмии иҷроиявӣ ва меъёрӣ қабул намояд. Ин назари худро Донишкада дар воситаҳои ахбори умум, дар вохӯрӣ бо вазири маориф ошкор эълон кард. Маҳз дар асоси ҳамин эродҳо Вазорати маориф «бесалоҳиятӣ»-и худро дарк кард ва аз таърихи 23.07.2009, таҳти №1450 вазири маориф ба хотири қонунӣ кардани мактуби «ҳавас»-акии ҷаноби Зиёев фармон дар бораи қатъ кардани қабули довталабонро баровард. (Бисёр кормандони вазорати маориф ва донишмандон шӯхиомез ба мо мегӯянд, ки Шумо бо ин амалҳои худ Вазорат ва вазири маорифро хуб «таҷриба» омӯхта истодаед. Дафъаи дигар агар чунин зарурати «бӯғӣ»-кунӣ ба Вазорат пеш ояд, хеле моҳирона ва дониста амал мекунад. Ин ҳазл асос дорад). Ин, алабатта, санади дорои арзиши ҳуқукӣ ва лоиқи эътибор буд. Бинобар, Донишкада, бинобар беасос ва ғайриқонунӣ будани асосҳои қабули фармон ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ариза дар бораи тадбирҳои таъминотӣ, яъне боздошти амали фармони вазир пешнҳод намуд. Судя Муҳаммадиева бо таъиноти худ амали фармони вазирро боздошт.
Эътибор намоем, ки давраи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз моҳи май шурӯъ мешавад. Донишкада дар тӯли 2 моҳу 23 рӯз ҳеҷ гуна санади дорои арзиши ҳуқуқидошта оид ба қабул накардани довталабонро надошт.
Рӯзи 27.07.2009 фармони вазир оид ба қатъи қабул баромад. Рӯзи 30.07.2009 амали он бо таъиноти суд боздошта шуд. Пас, қабули довталабон то рӯзи 31.07.2009 қонунӣ аст. Рӯзи 31.07.2009 судя Муҳаммадиева ошкор эълон кард, ки ба ӯ фишор овардаанд ва ӯ аз қонун дида аз «чиновник»-ҳо сахттар меҳаросад ва маҷбур аст таъиноташро бекор кунад. Дар ин асос, ӯ рӯзи 31.07.2009 таъиноташро бо таъиноти дигар бекор кард. Ва Донишкада аз 1.08.2009 дигар довталаб қабул накардааст. Аммо даъвои асосӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани фармони вазир дар истеҳсоли суд қарор дошт, яъне фармони вазир ҳанӯз ҳам аз назари қонун баҳсталаб буд.
Рӯзи 03.08.2009 Зиёев ҳамчун «исполнитель» бо мактуби худ таҳти №342/06 аз бекор кардани бозодошти амали фармони вазир Донишкадаро «огоҳ» кард ва талаб намуд, ки ин таъинот ба кормандони Донишкада эълон карда шавад. Донишкада на танҳо ба кормандон, балки ба довталабон ва намояндагони қонунии онҳо ин «бузакбозӣ»-ҳоро хабар расонид. Падару модари довталабон (дар ин хусус санад ҳаст) изҳор доштанд, ки ҳамин ҳозир ба назди қасри Президент барои эътироз мераванд, аммо Донишкада ба иллати дар шаҳр доир шудани баъзе чорабиниҳои сиёсии хосияти манфиати миллидошта пеши роҳи ин тақозоро гирифт.
Аз ин баҳсҳо ва эродҳои Донишкада ҷаноби вазир барои қонуншиканиҳои худ даступохӯрда шуда, тибқи муқаррароти моддаи 29-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» (ин ягона моддаест, ки вазир худро зери паноҳи он (сохтакорона) гирифтааст) аз таърихи 21.07.2009, таҳти №1428 фармон дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади «мавриди санҷиш қарор додани мактуби Р. Қурбонова» ва ба ҷаноби вазир пешниҳод кардани «маълумоти муфассал» қабул кард. Аҷаб вазире! Мактуби муовини Сарвазирро «мавриди санҷиш қарор медиҳад» ва «маълумоти муфассал» талаб мекунад, ки Р. Қурбонова дуруст навиштааст, ё не. Офарин! Ин ҷуръати вазирро табрик бояд гуфт. Бо вуҷуди он ки мактуби мазкур ба таври қонуншиканона манфиатҳои ДТИКТ-ро халалдор кардааст, аммо ДТИКТ ҷуръат надорад иброз дорад, ки «мактуб мавриди санҷиш қарор дода шавад», зеро ба ҳар навъе Р. Қурбонова муовини Сарвазири Ҳукумати ҶТ мебошад ва санади ӯ на барои «мавриди санҷиш қарор додан», балки барои ба роҳбарӣ қабул кардан бояд пазируфта шавад. Вазири маориф давр зери меъёри моддаи 29-и қонун «Дар бораи маориф» худро панаҳ карда, қабул кардан нахостааст, ки ин модда на танҳо ба салоҳияти вазир, бали ба салоҳияти мақомоти идоракунии системаи маориф дахл дорад. Мақомот бошад, танҳо вазир набуда, тамоми машинаи идоракунии Вазорати мориф мебошад, ки ваколатҳо дар байни сохторҳои он тақсим карда шудааст ва як сохтору мансабдор ҳақ надорад ваколати каси дигарро тасарруф намояд.
Ва Зиёев ҳамчун «ҷумлаи пайрави тобеъ» дунболи иҷрои фармони вазир «Протоколи №1»-ро қабул кард. Яъне, дар ҳайати гурӯҳи корӣ мактуби Р. Қурбоноваро «мавриди санҷиш қарор дода», ба вазир «маълумоти муфассал» дод, ки: «Иҷрои мактуби Р. Қурбонова таҳти назорат қарор дода шавад» ва дар охири соли хониши 2009-2010 доир кардани аттестатсияи ДТИКТ-ро фаромӯш карда, гуфт, ки аттестатсияи ДТИКТ дар асоси нақша ташкил карда мешавад. Гӯё нақшаҳои Зиёев таърих надоранд.
Вазири маориф «хандахариш» гаштани фармони №1428-и худро дар саҳифаи воситаҳои ахбори умум хонда, аз афташ «автор»-и онро хуб сарзаниш кард ва фармонро аз нав бо таҳрири нав ин тавр навишт: «Гурӯҳи корӣ барои иҷроиши мактуби Ҳукумати Тоҷикистон ба вазир пешниҳод манзур намояд». Яъне, вазир хатои худро «ислоҳ» кард.
Дар ин раванд, ки даъвои Донишкада дар Суди иқтисодӣ дар истеҳсол қарор дошт, дар асоси меъёрҳои Кодекси мурофиаи судии иқтисодӣ Донишкада дар таърихи 19.08.09, таҳти №518/1 аз Вазорати маориф пешниҳод намудани аризаи шикоятии вазир ва маълумотномаи гурӯҳи корӣ бо фармони №1428 аз 21.07.2009 ташкилкардаи Вазоратро дархост намуд. Вазир 26.08.2009, таҳти №01/1-260 ҷавоб гардонид, ки: «Мукотибаи вазоратҳои ҶТ бо Президенти кишвар бо салоҳдиди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба ҷониби сеюм ирсол карда мешавад». Маълумотномаи гурӯҳи корӣ ба воситаи Хадамот ба Шумо фиристода шудааст.
Инак, вазири маориф бо ин ҷавоби худ чӣ кард? 1. Вай рӯирост иродаи худро аз болои қонунҳо гузошт. Агар не, пас, вазир гӯяд, ки дар кадом санад ин қоидаи «худҳимоя»-и вазир муқаррар шудааст? Донишкада ҳаминро медонад, ки шахси манфиатдор ва намояндагони қонунии вай дар асоси муқаррароти даҳҳо қонун ва санадҳои зериқонунӣ аз дилхоҳ мақомоти ҳокимияти давлатӣ талаб карда гирифтани санадеро, ки бевосита ба ҳуқуқ ва манфиати қонунии онҳо дахл дорад, ҳуқуқ дорад ва иҷро накардани ин талаб дар асоси КҶҶТ ҷиноят мебошад. Ҷавоби масъалаи маълумотнома бошад, ғайр аз «нагла» дурӯғ гуфтан гапи дигаре нест. Дар дасти Донишкада ним саҳифа аз маълумотномаи гурӯҳи кории Вазорат нест.
Дар асоси фармони вазир ба ҳайати гурӯҳи корӣ инҳо шомил шудаанд: Зиёев Х.-роҳбар, Саидов Р.Ҳ., Ҳайдаров А. Ҳ., Гулматов Ф. Г., Сангов Р. С., Қодиров С. М., Ғаюров Ш. К., Ғафуров А. Д.
Ин гурӯҳ дар Протоколи №1-и худ (бе таърих аст) мактуби гурӯҳи кории Ҳукуматиро ба қавли худ баррасӣ намуда, чунин хулоса кардааст: Талаботи банди яки «дастур»-и Ҳукумати ҶТ оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон дар ДТИКТ ҷонибдорӣ карда шавад ва аз шахсони масъул хоҳиш карда шавад, ки онро таҳти назорат қарор диҳанд. Аттестатсияи Донишкада мувофиқи нақша гузаронида шавад.
Изҳори назар:
Ин гурӯҳи корӣ гӯё аз сари нав пешниҳоди Р. Қурбоноваро омӯхта, таҳлил карда (?) ба ин хулоса омадааст, ки танҳо банди яки он (оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон) ҷонибдорӣ карда шавад. Дар мавриди бандҳои дигари мактуб (ин ҷо онро Вазорати маориф «дастур» номидааст) нуқтаи назар баён нашудааст. Мантиқро бинед. Гурӯҳи кории Вазорати маориф аз нав мактуби муовини Сарвазирро муҳокима карда, як банди онро ҷонибдорӣ кардаасту мантиқан бандҳои дигари онро сарфи назар кардааст. Чунин бемантиқии амалро дар ҳеҷ гуна санади меъёрӣ ва амалияи ақлонӣ во хӯрдан мумкин нест, ки якчанд корманди вазорат нуқтаи назари Ҳукуматро таҳлил кунад ва баҳо диҳад. Аммо савол. Чаро Вазорат ин корро кард? Чунки вазир ва «команда»-и ӯ дарк карданд, ки мактуби Қурбонова аз нигоҳи талаботи қонунгузорӣ ягон аризиши ҳуқуқӣ надорад, дарк карданд, ки масъалаи ташкили гурӯҳи корӣ барои санҷиши як муассисаи таълимӣ танҳо ба воситаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ба амал бароварда мешавад. Бинобар, вазир гурӯҳи корӣ ташкил кард ва хулосаи мактуби Қурбоноваро ба воситаи ин гурӯҳи кории Хадамот қонунӣ карданӣ шуд. Аммо вазир «хандахариш»-ии корро ошкортар кард. Чаро? Чунки дар асоси кадом санади ҳуқуқӣ гурӯҳи корӣ санҷишро дар асоси қоидаҳои қонунгузорӣ доир накарда, дар асоси мактуб нисбати тақдири як муассисаи таълимӣ ҳукм мекунад?
8. Идомаи худсариҳои Хадамот ва вазири маориф дар қазия.
Чуноне ки ишора намудем, дар ин раванд судяи Суди иқтисодӣ Муҳаммадиева ошкоро ба намояндагони ДТИКТ эълон кард, ки «ӯ маҷбур аст таъиноташро дар бораи боздошти амали фармони вазири маориф бекор кунад, зеро ӯ зери фишори сахт қарор дорад». Ва воқеан Муҳаммадиева ин корро кард.
Сардори Хадамот Зиёев гӯё «кашфиёт»-и азиме карда бошад, дар таърихи 03.08.2009, таҳти №342/06 ба номи ДТИКТ мактуб навишт ва ДТИКТ-ро «огоҳ кард», ки таъиноти нави судро ба кормандон эълон кунад ва онро иҷро кунад. Ин масхарабозиро бинед, ки таъиноти суд оиди бекор кардани таъиноти ибтидоии суд оид ба тадбирҳои таъминотӣ (дар асоси аризаи ДТИКТ ба муқобили фармони вазир) буд. Ҷойи ҳайрат аст, ки Зиёев ҳатто мантиқи оддии ин санади ҳуқуқиро пай набурда, чунин пиндоштааст, ки ин амали суд қонунӣ донистани фармони №1450-и вазир аст. Дар асл ҳанӯз даъвои ДТИКТ дар бораи ғайриқонунӣ донистани фармон дар истеҳсоли суд қарор дошт ва ҳатто то ҳол маҷлиси омодасозии даъво баргузор нашуда буд.
Инак, Хадамот дар асоси эродҳои ДТИКТ ба амалҳои ғайриқонунии Хадамот ва Вазорат дар воситаҳои ахбори умум гӯё дарк кард, ки пешниҳоду фармон, протоколу мактубҳои онҳо хилофи талаботи қонунгузорӣ ҳастанд, боз як бори дигар «кӯшиш кард», ки «ҳуҷум»-и худро аз нигоҳи «тактикӣ ва стратегӣ» ба талаботи қонун мувофиқ кунад. Аз ин нигоҳ, сари саросемагӣ баъди Протоколи №1 фаромӯш кард, ки дунболи рақами 1 рақами 2 аст ва аз нав аз номи комиссияи таъсисдодаи вазир (фармони 1428) Протококли №3 (бе таърих) тартиб дод. Ин дафъа ҳам масъала «баррасии мактуби Р. Қурбонова» шуд. Дар ин протокол акнун гурӯҳи корӣ талош кардааст, ки муҳокимаи масъаларо «қонунан» ба миён гузорад. Ва рақами аввал (аз рӯи матни Протокол) аз номи узви гурӯҳ Ғаюров Ш. К. навиштанд, ки: «Ман таклиф мекунам дар асоси маълумоте ки дар Вазорат ва Хадамот оид ба ДТИКТ мавҷуд аст, оид ба вазъи Донишкада Хадамот маърӯза кунад». Ин таклифро узви дигар Қодиров С. М. дастгирӣ кардааст. Зиёев Х. М.- сардори Хадамот гуфтааст: «Биёед дар асоси маълумоте ки мо дар бораи Донишкада дорем (?) масъалаи аттестатсияи Донишкадаро, ки дар асоси нақша дар моҳи сентябр доир мегардад (?) (Зиёев дар мактуби пешинаи худ навишта буд, ки аттестатсияи Донишкада аз рӯйи нақша дар охири соли хониши 2009-2010 сурат мегирад) дахолт накарда, умуман вазъи Донишкадаро дар асоси «Меъёрҳо…» таҳлил намоем». Бубинед, худ ҷаноби Зиёев иқрор аст, ки ин «муҳокима» аттестатсия нест. Пас, ҳолати ба меъёрҳо мувофиқ будан ва набудани як муассисаи таълимиро дар кадом асос дидаву дониста бар хилофи қарори 54-и Ҳукумати ҶТ ин ҷанобон мавриди муҳокима (ин ҳам бошад на дар асоси санҷиши масъала дар ҷояш, балки дар асоси маълумотҳои аз «кабинети Зиёев ҳосилшуда») қарор додан мумкин аст? Зиёев аз таърихи Дақёнус ва «қиссаи асҳоби қаҳф» дар бораи асри 21 ҳукм мекунад?
Ва ҳамин тавр Зиёев як ҷадвали маълумотро, ки «аз кабинеташ пайдо кардааст» пешниҳод намудааст. Зиёев навиштааст, ки аз кабинети ман аз 25 талаботи «Меъёрҳо…» оид ба 23-тои он маълумот ёфт шудааст. Дар ҷадвал сарчашмаи маълумот ин тавр омадааст: «аз маълумотномаи ҳукуматӣ», «аз ҳисоботи Донишкада». Ва кори ҷаноби Зиёевро бинед. Гуфтааст, мо аз 25 талабот оид ба 23-тои он маълумот дорем, аммо дар ҷадвали дар Протоколи аз номи гурӯҳ навиштаи онҳо ҳамагӣ дар бораи 12 меъёр маълумот ҳасту халос. Ва оид ба ин 12 талабот ҳам ҷавобҳои сохтакорона, дурӯғ, тӯҳматӣ. Ҷаноби Зиёев ва гурӯҳи ӯ аз хотир баровардаанд, ки дар мактуби Р. Қурбонова (ба қавли онҳо маълумотнома) навишта шудааст, ки аз 25 меъёр 7-тои онро гурӯҳ санҷид. Дар ҷадвали 12-маълумотаи Зиёев (ба ҷои 25 маълумот) аз «маълумотнома»-и Ҳукуматӣ 4 маълумот ишора шудааст. Яъне, гурӯҳи корӣ дарк кардааст, ки дар мактуби Р. Қурбонова ҳам на дар бораи 7 меъёр, балки дар бораи 4 меъёр ишора (ин ҳам беасос) рафтаасту халос. Бузургии ҷаноби Зиёев ва гурӯҳи ӯро бубинед, ки дар асоси натиҷаи 12 малумоти беасосу дурӯғин (ба ҷои 25 меъёр) хулосаи ҳуқуқӣ баровардаанд, ки Донишкада «ба талабот ҷавобгӯ нест».
Ва инак ҳақиқати 12 маълумоти «Ҷадвали 12»-и Зиёев ва гурӯҳи кории ӯ». Зиёев ва гурӯҳи ӯ баъд аз Хамурапӣ дуввумин касанд, ки «Ҷадвали 12» навиштанд. Муборак!
1. Миқдори барномаҳои таҳсилотии амалишаванда: талабот 13-15. Дар Донишкада 7 барнома. Ин дуруст аст. Аммо ҷаноби Зиёев бигӯяд, ки бо кадом мақсад Вазорати маориф соли хониши 2007-2008 3 барнома (ихтисос)-и Донишкадаро «нагла» маҳкам кард ва 4 ихтисосро, ки дар давраи ректории Бобоев тасдиқ карда буд, фармони ихтисосҳоро бо дасти Бобоев «дуздида бурд» ва Вазорат он фармонро пинҳон нигоҳ доштааст? Яъне, дар асл имрӯз Донишкада 11 ихтисоси тасдиқшуда дораду 3 ихтисосро Вазорат аз афташ соли гузашта «мақсаднок» маҳкам кард.
2. Миқдори самтҳои тадқиқоти илмӣ. Талабот 3-то. Зиёев медонад, ки самтҳои тадқиқоти илмӣ баъд аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаштан муқаррар карда мешавад. Вазорат новобаста ба дархости чандкаратаи Донишкада аттестатсияи онро аз ин сол ба он сол (беасос) мегузаронад. Ин айби кист? Ва умуман, вазири маориф ва Зиёев дар меъёрҳо баъзе талаботеро (аз ҷумла ҳамин) муқаррар кардаанд, ки ягон мантиқ надорад. Донишкада дар асоси қарори №54 танҳо баъди 5 сол аз аттестатсия ва баъд аз он аз аккредитатсия мегузарад. 3 меъёри «Меъёрҳо…» (мисли иҷозати самти тадқиқоти илмӣ, ташкили аспирантура, ташкили Шӯрои ҳимоя) дар асоси қонунҳои маориф танҳо баъди аз аккредитатсия гузаштан иҷозат дода мешавад, яъне дилхоҳ муассисаи таълимӣ ба таври «автоматӣ» то гузаштан аз аккредитатсия (яъне, 5-7 сол) ба ин 3 талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. Дар «Меъёрҳо…»-и соли 2003 ин талабот нисбати муассисаҳое буд, ки на камтар аз 10 сол собиқаи фаъолият доранд. Ҷаноби вазири маориф дар «Меъёрҳо…»-и соли 2006-и худ онҳоро барои муассисаи соли аввали таъсис ҳам «талабот» таъин кардааст. Яъне, ба қавли вазири маориф духтарчаи дар таваллудхона таваллудшуда бояд ҳамл дошта бошад.
3. Фоизи устодони унвони илмидошта. Талабот 5 %. Дар маълумоти Зиёев 1.5%. Дар асл кормандони умумӣ 124 нафар, аз он унвондорҳо 37 нафар ё баробари 29.8 фисад. Кормандони доимӣ, ҷамъ 100 нафар, аз ҷумла, унвондорҳо 31 нафар, ё баробари 31 фисад.
4. Шумораи соҳаҳои илм, ки аз рӯйи онҳо аспирантура амал менамояд. Гуфтем, ки аспирантура дар муассиса баъд аз гузаштан аз аккредитатсия иҷозат дода мешавад. Яъне, ин талабот бемантиқ ва бачазоии кӯдаки навтаваллудшудаи таваллудхона аст. Ва вазири маориф бо Зиёев нағз медонанд, ки аз 28 муассисаи таҳсилоти олӣ чандинтои он аспирантура надорад. Аммо чун онҳо «пишаки вазири маориф»-ро «пишт» намегӯянд, «сирри мардон пӯшида» аст. Ёдрас мешавем, ки ин маълумот ин ҷо ва ҷои дигар аз «Маҷмӯаи омории соҳаи маорифи ҶТ» аз саҳ. 155 аст. Душанбе-2009, 186 саҳ.
5. Фоизи устодони то 35-солаи дорои унвони илмӣ. Талабот 8-10 %. Дар маълумоти Зиёев 1.5%. Дар асл, 3 нафар, яъне баробари 8 фисад. Дар сурате ки ин талабот дар бештари муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъмин нест. Моҳиятан, ин талабот ҳам ғайримантиқист. Зеро, агар мурод ҳавасмандкунии ҷавонон ба ҷалби илм бошад, талаботи мазкур танҳо «инкишофи илми зоҳирӣ»-ро меафзояду халос.
6. Маблағ барои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ барои як омӯзгори штатӣ. Талабот 50 сомонӣ. Дар маълумоти Зиёев 0 (тӯҳмати маҳз). Дар асл ба ҳар омӯзгор дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкада 50 соати дарсӣ, ки арзиши он барои профессор 550 сомонӣ, барои номзадҳои илм 500 сомонӣ, барои муаллимони калон 450 сомонӣ ва барои ассистентон 400 сомониро ташкил медиҳад, ҷудо карда шудааст.
7. Шумораи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба 100 нафар устод дар 5 соли охир. Талабот 1.2 адад. Дар ҷадвали Зиёев ин талабот «сохтакорона» 4 нишон дода шудааст. Дар маълумоти Зиёев оид ба ДТИКТ иҷрои талабот 0 (тӯҳмати маҳз). Дар асл 3 китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф, шумораи монографияҳо ва дастурҳои чопшуда бештар аз 50 адад…
8. Шумораи соҳаҳои илм, ки барои онҳо Шӯрои ҳимоя мавҷуд аст. Талабот 1-то. Дар маълумот 0. Дуруст аст, аммо ин ҳам ҳамон бачазоии кӯдаки навтавлидшудаи таваллудхона аст. Ва ин талабот низ дар чандин муассисаи таҳсилоти олӣ вуҷуд надорад. Аммо, гуфтем, «сирри мардон пӯшида».
9. Шумораи аспирант ва докторантҳое, ки дар 6 сол ҳимоя кардаанд. Талабот 6%. Дар маълумоти Зиёев 0 (тӯҳмати маҳз). Дар асл 5 ҳимояи номзадӣ, 2 ҳимояи докторӣ, яъне дар маҷмӯъ 8 фисад.
10. Фоизи омӯзгороне, ки аз такмили ихтисос гузаштаанд. Талабот 20%. Дар маълумоти Зиёев 11%. Дар асл 20 %.
11. Миқдори хати ба «Интернет» васлшуда. Талабот на 2-то, ки Зиёев «хоббинона» нишон додааст, балки то 2-то. Дар маълумоти Зиёев 1-то. Дар асл 2-то.
12. Сохторҳои таркибӣ. Талабот умумӣ аст. Дар маълумоти Зиёев 2 факулта (тӯҳмати маҳз). Дар асл 2 факулта, як гимназия, 3 лаборатория, 3 нуқтаи таҷрибавӣ.
Ҷаноби Зиёев ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба 13 талаботи дигар ё оҷиз мондааст, ё аз сабаби ба таври назаррас ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо «даҳани пӯшидаро ҳазор тилло» донистааст. Аҷиб аст, ки Зиёев дар сар то сари амалиёташ озодона тӯҳмату дурӯғро тавонистааст истифода кунад, чаро ин ҷо аз ин усул истифода накардааст, ҷои ҳайрат аст. Оид ба 13 талаботи «чашмпӯшида»-и ҷаноби Зиёев ва «гурӯҳи корӣ»-и босалоҳияти ӯ: намуди таълим (талабот рӯзона, ғоибона, шабона, воқеият рӯзона ва ғоибона). (Маврид ба тафсир аст, ки ҷаноби вазири маориф қабули ғоибона ва шабонаро манъ ё маҳдуд мекунаду дар меъёрҳояш онро барои «бӯғӣ» кардан боқӣ гузоштааст), фоизи умумии омӯзгорони «штатӣ» (талабот 60 фисад, дар асл 81 фисад), сатҳи сифати таълим (талабот 80 фисад, иҷроиш 83 фисад), миқдори компютерҳои «pentium» (талабот ба 1000 донишҷӯ 30-то, дар асл дар ДТИКТ 118 адад, яъне 118:1870 = 65.5), теъдоди донишҷӯ, талабот 750 нафар, дар асл 1870 нафар, масоҳат дар асоси қарори мушовараи Вазорат дар асоси тағйироти меъёрҳо оид ба масоҳат барои донишкада 6 м. мураббаъ, воқеият дар як баст 4.5, дар ду баст 6.7 м. мураббаъ, миқдори ҷои нишаст дар китобхона (талабот 100 ҷой, дар асл 129 ҷой), таъмини адабиёт (талабот ба адабиёти таълимӣ — тахассусӣ 70 %, дар асл 62 %, адабиёти методӣ ва бадеӣ 30, дар асл 38.5 фисад), вақти компютерӣ (талабот 54 соат, дар асл 85.4 соат). Инак, дар асоси охирин маълумоти аз Донишкада сарзананда на танҳо вай ба 70 фисад, балки ба 90 фисади талабот ҷавобгӯ аст. Ва хонандаи гиромӣ қазоват кунад, ки ин ҳама дурӯғбофиҳо ва тӯҳматҳои ғайриахлоқӣ аз ҷониби шахсони масъуле, ки «ҷилав»-и идораи миллат дар як ҳаҷме ба дасташон аст ва хоса онҳое ки бачаи миллатро чун «муаллимҳои калон» раҳ меомӯзанд, чӣ маънӣ дорад? Агар мурод нотавонбинӣ ба муассисаҳои ғайридавлатист, ҳаминро нотарсида ошкор бояд гуфт. Шумо — ку инро метавонед…
Зиёев баъд аз ҷадвли 12-меъёраи худ (ба ҷои 25 меъёр) навиштааст, ки Донишкада ҳамагӣ ба 52 % талабот (ба ҷои 70 %) ҷавобгӯ аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида намешавад. Ҳол он ки дар оғози навиштааш гуфта, ки мо ҳоло ба аттестатсияи Донишкада дахл намекунем, зеро он моҳи сентябр доир мешавад. Ин «марди Худо» инак аттестатсия доир накарда, аллакай дар бораи аз аккредитатсия нагузаштан ҳам ҳукм кардааст. Дар идомаи гуфтаҳои Зиёев омадааст, ки Донишкада ба талаботи зидди сӯхтор, санитарӣ ҷавогӯ нест. Дар сурате ки Донишкада ҳам аз Идораи зидди сӯхтор ва ҳам аз Идораи санитариву эпидемиологӣ санади ба талабот ҷавобгӯ буданро дорад. Ин дурӯғи бепарда виҷдони «муаллими назоратчии давлатӣ»-ро азоб намедода бошад? Қироатхонаи Донишкадаро Зиёев дорои ҷои нишасти кам гуфта, дар қисмати Хулоса боз навиштааст, ки «Донишкада қироатхона надорад». Натиҷаи азхудкунии таълимро Зиёев аз ҳаво 57 % гуфтааст, дар сурате ки дар маълумотномаи Сангов чун узви гурӯҳи кории Ҳукуматӣ он 72 фисад баҳо дода шудааст.
Дар ҳамин ҷо банди «тӯҳмат ва дурӯғи шахсии Зиёев» дар Протокол ба охир расидааст.
Дар идомаи тӯҳматҳои Зиёев аз номи узви дигари гурӯҳ Қодиров С. М. сухан рафтааст. Омадааст, ки: Дар мактуби Р. Қурбонова ҳамин гуна камбудиҳо зикр шудааст. Дар асл дар мактуби Р. Қурбонова то ин андоза тӯҳмат нест. Ва аз номи Қодиров ишора шудааст, ки: «Мактуби Р. Қурбонова дар асоси меъёри м. 28-и Қонун «Дар бораи маориф», м. 31-и Қонун «Дар бораи таҳсилоти олӣ…», банди 38-и Дастури Ҳукумати ҶТ санади меъёрӣ мебошад». Шояд ин хулосаҳои «бесаводона»-ро аз номи Қодиров ҷаноби Зиёев гуфта бошад. Ба ҳар навъ, ин гуфтаҳо шарҳталаб ҳастанд.
Шарҳ: Моддаҳои 28 ва 31-и ду қонуни зикррафта воқеан ба салоҳияти Ҳукумати ҶТ дар бораи маориф дахл доранд. Аммо мӯҳтарам Қодиров дар куҷои ин меъёрҳо пайдо кардааст, ки Ҳукумати ҶТ «муассисаҳои таълимиро аз аттетстатсия ё аккредитатсия гузаронида, фаъолияти онҳоро қатъ мекунад, амали иҷозатномаи онҳоро боз медорад»? Агар ҳамин меъёрро Қодиров аз ин ду қонун пайдо мекард, ДТИКТ ҳатман пеши ӯ сари итоат мефаровард. Ё назари Зиёев (аз номи Қодиров) дар хусуси он ки дар асоси банди 31-и дастури Ҳукумати ҶТ гуфтааст, ин чӣ гуна санад аст? Шояд муроди ҷанобон «Регламенти Ҳукумати ҶТ» аст, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 7-уми сентябри соли 2001, таҳти №419 тасдиқ шудааст ва дар он сухан дар бораи тартиби аз тарафи Ҳукумати ҶТ қабул кардани қарор ва фармоиш (постановление и распоряжение), тартиби аз тарафи комиссия тайёр намудани лоиҳаи қарору фармоишҳои Ҳукумат рафтааст. Ва ҷанобони «ходими давлатӣ» мактуби Р. Қурбоноваро бо як ҷасорати махсуси ҳуқуқдонӣ «санади меъёрӣ» ном додаанд. Ҷанобон, ин гуна бесалоҳиятӣ барои Шумо айб аст. Санади меъёрӣ санадеро мегӯянд, ки он муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятиро ба тартиб медарорад, мисли меъёри ҳар қонун, кодекс, қарори меъёрӣ ва ғайра. Дар баробари санадаҳои меъёрӣ санадҳои дорои хосияти иҷроишӣ мавҷуданд, ки онҳо меъёри якмаротибагии иҷроиш дошта, дигар ҳеҷ муносибати ҷамъиятиро ба тартиб намедароранд.
Иловатан, ба диққати гурӯҳи босалоҳият мерасонем, ки Ҳукумати ҶТ танҳо як санад бо номи дастур дорад, ки номи пурраи он «Дастури коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент» ном дорад. Ҳамчунин, дар асоси таъиноти қисми 37-и Регламенти Ҳукумати ҶТ барои дар амал татбиқ намудани санадҳои Ҳукумати ҶТ «комиссияҳои доимӣ» ташкил мешавад, ки онҳо дар асоси Низомномаи комиссия фаъолият мекунанд. Гурӯҳи корӣ дар он ҳолат ташкил мешавад, ки агар ҳангоми омода намудани лоиҳаи ягон санад ихтилофи назар ба вуҷуд омада бошад. Ва қарори чунин гурӯҳҳои корӣ дар шакли «Протоколи маҷлиси комиссия ё гурӯҳи корӣ» тартиб дода шуда, аз тарафи раиси гурӯҳи корӣ ба имзо мерасад. Хайр, …
Ва Ғаюров Ш. К. таклиф кардааст, ки «пас, мо метавонем хулосаи ҳуқуқии гурӯҳи кориро ба вазир пешниҳод намоем». Ва инак Хулоса (мазмунан):
Бинобар сабаби набудани қироатхона (Зиёев гуфт, ки қироатхона ҷои нишасти кам дорад, гурӯҳ дар хулоса гуфт, беҳтараш мегӯем надорад), иштирок накардани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ (ин бозёфти тӯҳмати бепардаро дар хулоса бинед. Чун донишҷӯёни Донишкада на танҳо дар озмунҳо ҳар сол фаъолона иштирок кардаанд, балки бо имзои «муборак»-и ҷаноби Раҳмонов «Ифтихорнома» аз 05.05.2007 таҳти №579 барои ишғоли ҷои дуюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, Дипломи иштирокчии фестивали русидонҳои давлатҳои ИДМ ва Балтика дар соли 2009 (4-то), мукофоти Донишгоҳи славяниро дар соли 2008 соҳиб мебошанд.
Ва гурӯҳ ду хулоса кардааст:
1. Фаъолияти Донишкада ба талаботи аккредитатсияи давлатӣ ҷавобгӯ нест. (Гуфтем, ки дар оғоз гуфтанд, ки мо ба масъалаи аттестатсияи Донишкада, ки он моҳи сентябр баргузор мегардад, дахолат намекунем. Инак, гурӯҳ аз қавли худ фаромӯш карда, на танҳо ба масъалаи аттестатсия дахолат кард, балки аз он ҳам гузашта, оид ба аккредитатсия хулоса баровард. Ё ин ҷанобони «гурӯҳи корӣ»-и «босалоҳият» фарқи аттестатсия ва аккредитатсияро дарк намекунанд? Шояд ҳамин хел бошад. Агар онҳо қоида ва тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳиро аз рӯи қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ» (қарори Ҳукумати ҶТ аз соли 2003, №54) огоҳ мебуданд, алабатта, шарм карда ин қадар дағалона ҳамаи меъёрҳоро зери по намекарданд. Фақат «бадии кор» дар он аст, ки моддаи 42-и Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар карда, ки: «Надонистани қонун ҷавобгариро истино намекунад».
2. Аз Вазорат пурсида шудааст, ки оид ба боздоштани амали иҷозатномаи Донишкада чора дида шавад. Дили кас аз тақдири ДТИКТ дида, ба ҳоли қонунҳои Тоҷикистон месӯзад, ки ин «ходимони давлатӣ» то чӣ андоза аз Конститутсия то кодексу қонунҳоро бо чӣ бепардагие беқадру хору залил месозанд ва боз худро дар чеҳраи «пешвои муаллимон»-и ҷумҳурӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳайфи ибораи «қонунҳо муқаддасанд»…
Ва мушовараи Вазорати маориф 20.08.2009, таҳти №12/2 ана ҳамин «тӯҳматнома»-и Хадамотро баррасӣ карда қарор кардааст:
1. Мувофиқи банди 1-и моддаи 14-и Қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амали иҷозатномаи ДТИКТ ба мӯҳлати 3 моҳ боздошта шавад.
2. ДТИКТ вазифадор карда шавад, ки дар тӯли 3 моҳ камбудиҳоро ислоҳ намояд .
3. Қарорро Зиёев назорат кунад.
Ф. Раҳимов ва Зиёев такрор ба такрор гуфтаанд, ки ректори ДТИКТ дар мушовара ширкат дошт, вале натавонист Донишкадаро дифоъ кунад, зеро ҳамаи эродҳо асоснок ҳастанд. Воқеан, ректор дар мушовара ҳузур дошт, чизе нагуфт, чунки ягона ҷое ки инсон «гунгу лолу карахт» мешавад, пеши нафари «дар чашм нигоҳ карда дурӯғ гуфта метавонистагист». Суханронии онрӯзаи вазир ва Зиёев он қадар бепарда ва дурӯғ буд, ки ректор на танҳо он ҷо, балки тӯли як ҳафта аз сухан гуфтан монд…
Ва вазири «муваффақ» баъд аз қарори мушовара «бо сари баланд» фардои он рӯз, яъне 21.08.2009, таҳти №1761 қарори мушовараро тасдиқ ва назорати иҷрои фармонро ба «муаллими сонӣ» — Ф. Раҳимов вобаст намуд…

С. АКРАМОВ, ректори ДТИКТ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Октябрь 26, 2009 в 5:28 дп

    Салом ба ахли калами Пайкон.
    Ман маколаи С. Акрамов (муаллиф Нуралии Махмадали)-ро пурра хондам. Дар он гайр аз тухмату дуруг чизи наве дида намешавад.
    Агар хохед, санчида бинед. Натичаи азхудкунии донишчуён дар донишкада дар таърихи 1.07.2009 (пас аз чамъбасти сол) 55-58%. Дар донишкада 2000 нусха китобхои дарси, методи ва бадеи мавчуд аст.
    дар мачмуъ 30 адад компютерхои Пентиум 4.
    Хеч гох бинои хобгох бинои таълими шуда наметавонад. Бинои таълими талаботхои худро дорад.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: