Главная > Uncategorized > Сӯхтан ва сохтани хеш

Сӯхтан ва сохтани хеш

Сӯхтан ва сохтани хеш

Ранҷи беҳуда зояндаи ҳамаи нокомиҳост. Шахс беш аз ҳама аз ноогоҳии хеш навмедона ранҷ мекашад.
Намедонистам. Ба ман гуфтанд, ки: «Ҳар он чӣ бо имон ба дуо талаб кунӣ, хоҳӣ ёфт!».
Хирад хостам, Парвардигор мушкилоти фаровоне ба сари роҳам ниҳод. Он гоҳ донистам, ки ниҳояти хирадмандӣ эътироф ба нодонӣ будааст!
Илтифоте хостам, Парвардигор фурсате дод, то огоҳ шавам, хештан мусаббаб ва масъули эҷоди мавонеъи хеш ҳастам. Он гоҳ донистам, ки ҳеч кас наметавонад соҳиби андешаҳои инсони дигаре шавад ва ҳар кас масъули истиқлоли хеш асту роҳи камолаш ҷудост!
Тавон хостам, Парвардигор ранҷамро бештар кард. Он гоҳ донистам, ҳазфи ранҷ аз ҳастӣ маҳол асту худ он дари ношнохта барои раҳо шудан будааст. Агар даре баста буд, бидонем, ки дарвозаҳои бузургтаре интизори вуруди моянд!
Ишқ хостам, Парвардигор, сӯзишамро фузун гардонид ва ниёзмандонро ба сари роҳам ниҳод, то шафқат барояшон намоям ва ёриашон диҳам… Он гоҳ донистам, шамъи муҳаббат дар дил асту оғозаш шинохти эҳсосоти дигарон!
Агар дар зиндагии шахсии худ камии муҳаббатро эҳсос мекунед, бидонед, ки замину замон ба андешаи нек посухи муҳаббатомез медиҳад ва инсон ҳеч гоҳ аз шунидани ибрози муҳаббат хаста намешавад. Ҳамаи қалбҳо ниёзманди навозишанд. Муроқиби муҳаббат бояд шуд, ки он файз ва фазилати осмонист!
Оре, Худованд, он чиро, ки мехоҳем, нахоҳад дод, вале аз лутф, ба он чизе, ки ниёз дорем, пеши роҳамон гузоштааст. Ҳар лаҳзаи торикӣ ва нур эъҷозе аст, ки моро ба сӯи сохтани хеш ҳидоят мекунад. Ҳамаи мавонеъ ва ранҷҳои зиндагӣ низ бистари такомули инсонанд. Магар ин дуруст нест, ки ранҷҳо модарони шодиҳоянд?
Қаламмӯйи зиндагии мо — интихоби дарунии мост ва мо худ наққоши зиндагии хеш ҳастем. Метавонем дар пардаи зиндагӣ биҳиштро нақш кунему ба дарунаш биравем ва ё метавонем дӯзахи хеш бисозему дар дарунаш бисӯзем. Чӣ басо хуш аст, агар бифаҳмем, ки мо худ ва интихоби дарунамон соҳиби ғаризаи нирӯманде барои бақо ҳастем.
Кӯшишу такопӯй, пурвозеҳ, чизе аст, ки дар зиндагӣ сахт ба он ниёз дорем. Маънии зиндагӣ — ёфтан ва сохтани хеш аст.

Соҳиби ду ганҷ

Касе ки қудрати дарки ишқро надорад, зебоиро низ дарк намекунад. Касе ки тавонманд, вале маҳрум аз қудрати рӯҳ аст, низ наметавонад аз зебоӣ ҳимоят намояд.
Сирати ишқ ва сурати зебоӣ дар воқеъ чеҳраи асли ҳақиқатанд. Рухсори Ҳақро кӣ метавонад бибинад? Он ки ҳақу пок аст.
Пас, оё ҳақиқат ин нест, ки барои дарки ишқ ва дифоъ аз зебоӣ бояд соҳиби қудрати ақлу рӯҳи тавонманд буд?

Лутф
Худованд гуфт:
— Дунёи ман беш аз талабу толиб аст. Бар хастагон марҳаме, бар хостагон нишоне, бар ошиқон дидор хоҳам дод!
Марҳаме хостам.
Марҳамаш дарди ҷонро бекарон кард.
Нишоне хостам.
Нишонаш ҷаҳонамро бенишон кард.
Назар хостам.
Нигоҳаш нишонамро нишон кард.

Хандаи писари Замон

Вақт фосилаи тафаккур аст. Андеша бояд кард, то зиндагиро эҳсос кунем.
Адолату Озодиро дар зиндагӣ натвонистам пайдо кунам. Ба думболи он ду рафтам ба қабристоне. Сӯфиеро дар миёни вайронаҳо дидам. ӯро Писари Замон меномиданд. Шоду хушҳол буд.
Пурсидамаш:
— Чӣ кор мекунӣ ва чаро туро Писари Замон мехонанд?
Хандиду гуфт:
— Ғарқи андешаам. Писари Замонам, чаро ки бо гузаштаву ҳолам. Аз гузашта таассуф нахӯрам, в-аз оянда низ нигарон наям ва бо ҳол зиндаам.
Суоли дигар ба забонам наёмад.

Носипосӣ
Ҳакимеро пурсиданд:
— Бадтарин ғафлат?
Гуфт:
— Ҳақу ботил чеҳра иваз накардаанд. Шумо худ ҳақро бо ботил иштибоҳ гирифтаед ва дурӯғро дар маснади рост нишондаед. Магар ин бадтарин ғафлати ҳуш пеши ҳақиқати Ҳақ нест!
Пурсиданд:
— Бадтарин ғурур?
Гуфт:
— Худованд бегона нест. Шумо худ аз Худову худ бегона шудаед. Ғайр аз худ чизи дигареро намебинед. Чун чарх ба даври хеш мечархед. Магар ин бадтарин ғурур пеши Офардигор нест!
Пурсиданд:
— Бадтарин зулм?
Гуфт:
— Шумоед, ки ҳастии хешро зиндони хеш мекунед. Решаҳои афкори хешро дар кӯраҳои нодонии худ месӯзед. Магар ин бадтарин зулм бар ҳастии хешу табиат — модар нест!
Пурсиданд:
— Бадтарин тавҳин?
Гуфт:
— Зиндагӣ ҳадяи бебаҳои илоҳӣ аст, вале ин неъмати ҳастиро низ пок фаромӯш кардаед! Магар ин бадтарин тавҳин бар лутфи Яздони пок нест!?

ЛУҚМОН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: