Главная > БМСТЖ > «Тоҷикстандарт» акнун бой мешавад… «Пайкон» 300 000 сомонӣ зарари маънавӣ медиҳад…

«Тоҷикстандарт» акнун бой мешавад… «Пайкон» 300 000 сомонӣ зарари маънавӣ медиҳад…

«Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». (Моддаи 30. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ин чунин маънӣ дорад, ки Қонуни асосӣ ОЗОДИИ СУХАН ва ОЗОДИИ БАЁН-ро барои шаҳрвандон кафолат додааст. Ғайр аз ин, дар моддаи мазкур нигошта шудааст, ки «сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».

Овардани чунин пешгуфтор дар мавриди ҳалли қазияи мазкур ниҳоят муҳим аст. Гап дар сари он аст, ки даъвогар моро ба он муттаҳам карданӣ, ки гӯё мо аз номи соҳибкорон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт»-ро мавриди муҳокима қарор дода бошем. Дарвоқеъ масъала тамоман дигар аст. Мо мутмаинем, ки дар қазияи мавриди баҳс қарордошта танҳо рисолати хешро иҷро намудему халос. Рисолате, ки Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон ба ӯҳдаи мо вогузоштааст ва дар оғози ҷавоби мазкур ишора кардем. Рӯи чоп овардани Мактуби кушоди як гурӯҳ соҳибкорони кишвар ба Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон — мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънии онро надорад, ки нашрияи «Пайкон» ба Агентии мӯҳтарами «Тоҷикстандарт» ягон ғарази шахсии хешро дошта бошад.
Ногуфта намонад, ки муроҷиати мазкур ғайр аз мо боз ба чанд нашрияи дигар фиристода шуда буд.
Пас аз нашри Муроҷиатома аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» «Посух ба Муроҷиатномаи гурӯҳи соҳибкорон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Рӯзномаи «Пайкон» №19 (19) аз 22.07. 2009) ба идораи рӯзнома санаи 5-уми августи соли 2009 таҳти №01-1059, аз 03.08.09 ворид шуд. Дар охири посух чунин навишта шудааст: «Бо эҳтиром маркази Матбуоти Тоҷикстандарт». Яъне, мактуби мазкур бе имзо ба редаксияи нашрияи «Пайкон» пешниҳод гардид.
Маълум аст, ки идора, муассиса, ташкилот дар асоси оиннома ё низомномаи дахлдор фаъолият мекунанд. Мувофиқи оиннома ё низомнома танҳо роҳбари идора, муовинони ваколатдори он, муассиса ва ё ташкилот ҳақ дорад аз номи он баромад намояд. Мутаассифона дар мавриди пешниҳод намудани посухнома чунин тартиботи муқарраргардида риоя нагардида буд. Бинобар ҳамин, бо Агентии «Тоҷикстандарт» дар тамос шуда, хоҳиш намудем, ки дар посухнома ягон нафари ваколатдор имзо гузораду ба мо фиристанд, то ки нашр кунем. Санаи 7-уми августи соли 2009 таҳти №60 ба тариқи хаттӣ мактуб ирсол карда шуда буд. Ғайр аз он, шахсан корманди маркази матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» Муродқул Ашӯров огоҳ карда шуд, ки ба посухнома нафари масъул имзо гузораду ба мо пешниҳод намояд, то ки нашр намоем. Аммо дархости мо аз ҷониби «Тоҷикстандарт» мавриди эътибор ва эътино қарор нагирифт.
Барои риояи озодии сухан Муроҷиатномаи ба унвони Президенти мамлакат навиштаро нашр намудему омода будем, ки посухи Агентии «Тоҷикстандарт»-ро низ нашр намоем. Дар ҳамин масъала бо имзои директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон Ф. Ғ. Саидов ҷавобнома дохил гардид, мо онро нашр намудем. Чунки шахси ваколатдор дар посухнома имзо гузошта буд.
Мувофиқи нишондоди қисми 4-и моддаи 174-и Кодекси граждании ҶТ, «Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаҳои ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақомоти ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад». Таъкид мекунем, ки мо нашри раддия ё ҷавоби пешниҳодкардашударо рад накардаем. Танҳо бинобар аз тарафи маркази матбуотии ваколатнадошта, ғайр аз он бе имзо пешниҳодшуда, нашр накардем. Ин ҷо нашр накардани посухнома бо айби нашрия сурат нагирифтааст. Ғайр аз он, мо Фармони президенти мамлакат аз 6-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро асос намуда, талаб кардем, ки нафари ваколатдор ба посухнома имзо гузорад.
Пас аз чанде аз Суди ноҳияи Фирдавсӣ мактуб гирифтем, ки дар замима аризаи даъвогии Агентии стандартикунонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» ҳамроҳ карда мешуд. Дар аризаи даъвогӣ талаб карда мешуд:
1. Шаъну шараф ва эътибори кории Агентии «Тоҷикстандарт» ҳимоя карда шавад.
2. Ҷавобгар ҳафтаномаи «Пайкон» ӯҳдадор карда шавад, ки дар ҳафтаномаи худ оид ба Муроҷиати нашрнамудаи худ аз 22 июли соли 2009 раддия чоп намуда, аз Агентии «Тоҷикстандарт» расман бахшиш пурсад.
3. Аз ҳисоби ҳафтаномаи «Пайкон» ба фоидаи Агентии «Тоҷикстандарт» зарари маънавӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ рӯёнда шавад.
Пеш аз ба суд рафтан бо директори Агентӣ Д. Ҳотамов ҳамсӯҳбат гардида, сабаби нашр накардани посухро иброз дошта, афзудем, ки пас аз гузарондани тадқиқоти журналистӣ баъзе ваҷҳҳои овардаи соҳибкорон тасдиқи худро наёфтанд. Маслиҳат шуд, ки директор ба посух имзо мегузораду мо онро нашр намуда, аз нафарони номашон дар Муроҷиатнома зикршуда бахшиш мепурсем.
Баррасии баҳс дар Суди ноҳияи Фирдавсӣ таҳти раисии судя С. Камолов санаи 12-уми октябри соли 2009 доир гардиду ин аҳди бастаро иброз доштем. Баррасии баҳс мавқуф гузошта шуду мо дар шумораи №31, аз 14-уми октябри соли 2009 ҷавобномаро нашр кардем.
Гумон доштем, ки бо ҳамин масъала роҳи ҳалли худро меёбад. Вале баррасии баҳс аз нав оғоз ёфту намояндаи ваколатдори «Тоҷикстандарт» «ду пойро ба як мӯза андохта» талаб кард, ки аризаи даъвогӣ дар ҳаҷми пуррааш қонеъ карда шавад. Аз ҳар ду тараф якнафарӣ пурсида шуданд.
Ҳамин тавр, санаи 26-уми октябри соли 2009 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. Камолов даъворо пурра қонеъ намуд. Мувофиқи ҳалномаи судя, ҳафтаномаи «Пайкон» барои зарари маънавии «Тоҷикстандарт» 300 000 сомонӣ бояд диҳад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар давоми 1 моҳ пас аз гирифтани нусхаи ҳалнома ба суди зинаи боло муроҷиат кардан мумкин аст.
То кадом андоза дуруст будани ҳалномаи судяю бой шудан ё нашудани «Тоҷикстандарт»-ро мурофиаҳои минбаъда муайян менамояд.

БМСТЖ

  1. Forsage_SD
    Ноябрь 5, 2009 в 2:39 пп

    Умуман агар гирем хамин моддахои КЧ ЧТ оиди тухмату тахкир зидди рушди демократия дар Точикистон аст. Дар бораи фасодкори ва ё чинояти мансабдор ё ташкилоте пеш аз навиштани макола рузноманигор агар факту далел надошта бошад, калтак сари у мешиканад. Бо ин раванд мо хеч вакт пеши рохи фасодро гирифта наметавонем. Охир кори рузноманигор расонидани иттилоъ аст. Факту далелу исбот кофтан ва ошкор сохтан ин кори макомотхои дигар аст. Агар хар як журналист ё умуман ашхосе, ки танкид мекунад бо тафтишот машгул бошанд, пас барои чи дигарон лозим аст.
    Ба гуфтугуи онлайни Фаттох Саидов дар Озоди агар таваччух кунед, кариб хамаи чавобхои у аз суханхои «агар факту ракам дошта бошед…» сар мешавад. Оё худи онхо факту ракам надоранд. Ин чо факат як чизро гуфтаниям: Футбол бозида натавони дар майдон чи кор мекуни. Хамин гуфтугуи мустаким як чизро исбот кард, ки хамаи онхо «пуфаки хавои» будаанд…

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: