Главная > Исфандиёри ХАЛИЛ > Хостаи Эмомалӣ Раҳмонро бармегардонанд?

Хостаи Эмомалӣ Раҳмонро бармегардонанд?

Замоне ёдгориҳои таърихии миллии тоҷиконро аз ҳудуди кишвар бароварда, ба дигар мамоликҳо бурдаанд. Дар ин маврид метавон бозёфтҳои таърихии пеш аз Шӯравии собиқ ва ҳамондавраро мисол овард, ки бостоншиносони рус дар натиҷаи ҳафриёт ёфта, ба хотири тармиму омӯзиш ба кишвари Русия бурдаанд. Аз зумраи ин гуна бозёфтҳо ба иттилои масъулини Вазорати фарҳанг, дар осорхонаи Маскав ва Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург даҳҳоянд.
Аз ҷониби дигар, ёдгориҳое ба мисли «Ганҷинаи Омӯдарё» дар ҳудуди Тоҷикистон замони мавҷудияти Аморати Бухоро бозёфт шудаанд, ки берун аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравии собиқ, яъне ба Британияи Кабир бурда шудаанд.

Ёдгориҳои тасарруфшуда ва тавофуқномаи Вазорати фарҳанг
Дар хусуси баргардонидани ёдгориҳои таърихию фарҳангии тоҷикон, ки дар осорхонаи Маскав ва Эрмитажи Санкт — Петербург маҳфузанд, тибқи хабарҳо масъулони Вазорати фарҳанг борҳо муроҷиат кардаанд. Аммо роҳбарияти ин осорхонаҳо баргардонидани чунин осорро аз эҳтимол дур дониста, ба фиристодани нусхаҳое аз ин ёдгориҳо изҳори омодагӣ кардаанд.
Лекин моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи баргардонидани ёдгориҳои қасри шоҳони Ҳулбук масъулини Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург изҳори омодагӣ намуда буданд ва ин хабар дар саҳифаи нашрияҳо чоп шудааст. Вале то кунун масъалаи баргардондани ин ашё норавшан мондааст.
Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби Вазорати фарҳанг соли равон тавофуқномае дар Парлумон баррасӣ ва қабул шуд, ки масъалаи баргардонидани осори таърихӣ ва фарҳангӣ дар он бардошта шудааст. Номи пурраи он созишнома дар бораи «Ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар мубориза бо тасарруфи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таъмини баргардонидани онҳо» аст.
Гарчанде ин масъала бардошта шудааст, аммо ба андешаи Музаффар Азизов, раиси Идораи ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мувофиқатнома танҳо баргардонидани осори таърихию фарҳангиеро дар мегирад, ки имрӯз аз ҳудуди кишвар бароварда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол даъвои баргардонидани осорҳои таърихиеро, ки дар даврони пеш аз Шӯравӣ ва замони Аморати Бухоро аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон бурда шудааст, Музаффар Азизов беасос ва нодуруст хонд. Вай мегӯяд, бо тасвиби ин тавофуқнома танҳо ёдгориҳои таърихии имрӯзаи моро, ки дар ҳудуди кишварҳои ҳамсуд ёфт мешавад, баргардондан мумкин аст. Аммо баргардонидани осорҳои таърихие, ки пеш аз таъсис ёфтани Тоҷикистони Советӣ, бахусус дар замони мавҷудияти Аморати Бухоро аз ҳудуди кишвар бароварда шудааст, ҳеҷ имкон надорад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2007 ҳини боздид аз мавзеи таърихии «Тахти сангин», воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, хостори баргардонидани «Ганҷинаи Омӯдарё» шудааст. «Ганҷинаи Омӯдарё» аз 180 ашёи тиллоӣ ва нуқрагии асрҳои чаҳор ва дуи пеш аз милод иборат буда, охири қарни 19 дар Бохтари бостонӣ, назди марзи Тоҷикистону Афғонистон кашф шудааст. Баъдан, аз роҳи Афғонистон ба Ҳиндустон ва сипас ба Британияи Кабир бурда шудааст. Он замон Тоҷикистон ҷузъи Аморати Бухоро маҳсуб мешуд ва Ҳиндустон ба Британияи Кабир итоат мекард. Агар баргардонидани ёдгориҳои таърихии замони пештара ғайриимкон бошад, пас суоле пайдо мешавад, ки дар мавриди хостори президент, яъне баргардонидани «Ганҷинаи Омӯдарё» ҳеҷ имконияте мавҷуд нест?

Шароити нигоҳдорӣ
мавҷуд нест
Аммо баргардонидан масъалаи дигар асту нигоҳдорӣ кардан шароити дигар мехоҳад. Дар сурати баргардонидани осорҳои таърихии нодир, ба андешаи Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон, шароити мусоид дар аксари осорхонаҳои кишвар мавҷуд нест. Дар Осорхонаи бостоншиносӣ нигоҳдории катиба ё нигораҳо хеле душвор аст. Агар дастхатҳои Кӯҳи Муғ, ки ҳоло дар осорхонаи Маскав маҳфуз аст, баргардонида шавад ва ба ин осорхона оранд, аз сабаби ҷой надоштани ҳарорати яксон дар тӯли се-чор сол нобуд хоҳад шуд.
Ҳамзамон Музаффар Азизов мегӯяд, ки ҳангоми бунёди аксари осорхонаҳои кишвар аз сохтмонҳои мухталиф истифода шудааст ва мутобиқи нақшаи осорхона бунёд нагардидааст.

Қонуни
даровардану баровардан
Дар ҳамин ҳол барои баргардонидани осори таърихӣ оё барвақт нест? Овардан ва ба яғмо додан ягон зарурат дорад? Чунки аз замони истиқлолият то имрӯз ҳолатҳои ба яғмо бурдани нигораҳои гаронбаҳо зиёд ба чашм мехӯрад. Аз ҷумла, ба гуфти Музаффар Азизов, раиси Идораи ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангӣ тайи чанд соли охир аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод якчанд осори таърихӣ, сиккаву тангаҳо ва мусаввараи қарни 19 (кӯдак бо модар) рабуда шуда буд. Вале то ҳанӯз ёфт нашудааст ва мавриди ҷустуҷӯй қарор дорад.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг, соли 1992 рабуда шудани беш аз 80 бозёфти таърихию фарҳангӣ аз осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон аз бузургтарин мавриди ба яғмо бурдан маҳсуб мешавад.
Аммо Музафар Азизов бар ин назар аст, ки дар замони бесарусомониҳо дар кишвар хориҷиҳо аз вазъият истифода бурда, ганҷинаҳои зиёдро берун бурдаанд. Вай афзуд: «Ташкилотҳое буданд, ки гӯё ёрии беғаразона мерасониданд, аммо хеле сарватҳои таърихии моро бурданд. Мо баъдтар хабардор шудем, вале далели собиткунандае дар даст надоштем, ки даъво кунем. Ва қонуни мо дар бораи даровардан ва баровардани ёдгориҳои таърихӣ соли 2001 қабул шуд. То ин вақт танҳо як дастурамал дар Вазорати фарҳанг буд. Аз ин нуқтаи назар ҳам барои мамониат тавассути полиси байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ надоштем».
Яке аз роҳҳои раҳоӣ аз ҳолати рабуда шудани ганҷинаҳо дар осорхонаро Зафар Иброҳимов, муовини директори Осорхонаи миллӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо медонад. Агар системаи сигнализатсионӣ ва назорати видеоӣ мавҷуд бошад, ҳолатҳои ба сирқат бурдан кам мешавад. Аммо ба андешаи ӯ, рабудани осорҳо дар ҳама осорхонаҳо вуҷуд дорад ва кори маъмулист. — Бо вуҷуди муҷаҳҳаз будани осорхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, дуздӣ дар тамоми осорхонаҳои ҷаҳон проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро одамони ҳушёр ва зирак бо ин кор машғуланд,- мегӯяд ӯ.

Осорхонаи ҷадид
Ба андешаи Музаффар Азизов барои нигаҳдорӣ ҳамакнун шароити мусоид пайдо хоҳад шуд. Зеро бо тасмими давлати Тоҷикистон, соли ҷорӣ бунёди осорхонаи замонавии миллӣ оғоз мешавад. Дар он нигоҳдории ҳама гуна ашёи қиматбаҳо ва осорҳои таърихию фарҳангӣ имконпазир мегардад.
Аммо мавзее, ки осорхона бунёд мешавад, ҳанӯз муайян нест. Зеро дар Вазорати фарҳанг ба мо гуфтанд, ки масъулияти ин лоиҳа бар ӯҳдаи шӯъбаи зидахл дар Дастгоҳи иҷроияи президент мебошад. Пас аз занг задан ба Дастгоҳи иҷроияи президент, маълум шуд, ки шӯъбаи фарҳанг бо ин лоиҳа сару кор доштааст. Онҳо мегӯянд, ки ин маълумотро аз директори сохтмон ва меъморӣ метавон дарёфт. Лекин тибқи хабарҳо, эҳтимол аст осорхонаи ҷадид дар назди бозори «Баракат» бунёд шавад. Зеро, аз рӯи маълумоти Би-Би-Сӣ, Баҳром Иззатов, як масъули Агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар додааст, ки тарҳи бунёди осорхонаи ҷадид таҳия ва барои баррасӣ ба давлат пешниҳод шудааст. Дар сурати таъйиди ин тарҳ аз сӯи раиси ҷумҳурӣ, бунёди осорхона дар маркази шаҳри Душанбе шурӯъ хоҳад шуд. Ҳарчанд ба гуфти Иззатов маҳалли бунёди осорхона ба таври дақиқ мушаххас нашудааст, аммо эҳтимол дорад дар қаламрави бозори «Баракат», қабати ин бозор, ё дар қисмати шимоли «Кохи миллат» бунёд гардад.

Зардуштпарастӣ дар
Хатлон вуҷуд дошт?
Тибқи маълумоти масъулони Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, дар ин ҷо беш аз 50 ҳазор осори таърихӣ маҳфуз аст. Аммо ҳар сол беш аз ҳазор адад осори таърихӣ ва фарҳангӣ аз сокинон харидорӣ гашта, дар ин осорхона нигоҳ дошта мешавад. Бар ин далел, шароити лозим барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи осори таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ маҳдудтар аст. Аз ин хотир, пас аз бунёди осорхонаи ҷадид қисмати ёдгориҳои таърихӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд.
Ҳамзамон рӯз то рӯз дар натиҷаи ҳафриёт ашёҳои гаронбаҳои таърихӣ бозёфт мешаванд. Тибқи маълумоти раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон С. Бобомуллоев, дар ҷараёни ҳафриёте, ки дар Қалъаи Кофарниҳон сурат гирифт, 350 адад ашёи мутааллиқ ба оини зардуштӣ кашф шудааст. Сиккаҳои биринҷӣ, ашёи ороишотӣ аз биринҷу сангҳои гаронбаҳо, зарфҳо аз гили пухта ва хум бо навиштаҷоти қадимӣ аз ҷумлаи ин гуна ашё будааст.
Дар назар аст, ки ашёи маъбади зардуштӣ пас аз тоза кардан ва сабти ном дар Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шавад.
Қаблан таърихнигорон ва бостоншиносон бар ин назар буданд, ки дар замони пеш аз милод оини зардуштӣ хоси мардуми шимол ва марказии Тоҷикистон будааст. Дар ҷануби кишвар бошад, мардум пайравӣ аз мазҳаби буддоӣ мекардаанд. Аммо Саидмурод Бобомуллоев мегӯяд, ки дар Қалъаи Кофарниҳон оташкада, рамзи ойини зардуштӣ пайдо шудааст ва ин аз он далолат медиҳад, ки дини зардуштӣ дар ҷануби Тоҷикистон низ густариш ёфтааст.
Музаффар Азизов мегӯяд, ки дар асрҳои пеш аз милод дар Хатлон ҳар ду дин: буддоӣ ва зардуштӣ вуҷуд дошт. Зеро сиккаҳое аз ин сарзамин ёфт шудаанд, ки дар он нақши ҳам Буддо ва ҳам Мазда дар паҳлӯи якдигар қарор доштанд. Ин сикка далели он аст, ки мардум ба ду дин эътиқод доштанд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ,
БМСТЖ

 

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: