Главная > Uncategorized > «Кабки қафас»

«Кабки қафас»

Баъди ҳатмӣ шудани истифодаи камарбанд, баъзе ронандаҳо худро ба кабк ташбеҳ медиҳанд

Мувофиқи муқаррароти қонуни маъмурӣ ё идории Тоҷикистон, ки ахиран ба тасвиб расид, бастани камарбанд барои ронандаҳо дубора ҳатмӣ шудааст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи миёнбанд шумори маргу ҷароҳатбардориҳо коҳиш меёбад. Аммо масъалаи асосӣ ин аст, ки ҳамин тасмими навбатӣ то кадом андоза амалӣ мегардад. Зеро мебинем, ки баъди ҳатмӣ эълон доштани бастани камарбанд ҳам кӯчаҳои шаҳ пур-пури ронандаи бекамарбанд аст, чи монад ба роҳҳои кӯҳистон. Ҳатто нафароне аз шумори ронандагон низ гоҳо бо шухиву гоҳ бо сареият иброз медоранд, ки бо бастани камарбанд монанд ба «кабки қафас» мешаванд…

Дар банди 2.1.2- и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои ҶТ чунин оварда шудааст: «Ҳангоми ҳаракат ба воситаи нақлиёте, ки бо тасмаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз шудааст, тасмаи бехатариро банданд ва мусофиронеро, ки тасмаи бехатариро набастаанд, накашонанд». Дар ҳамин ҳол, муовини раиси пулиси роҳи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Зубайдуллоев мегӯяд, ки истифода аз камарбанд дар роҳҳои байнишаҳрӣ ҳатмӣ аст. Дар роҳҳои кӯҳистонӣ бошад, не, чунки имкони наҷоти сарнишинон ва мусофирон бо камарбанди баста ҳангоми сарозер шудани худравҳо камтар аст.
Дар хусуси бастани тасмаҳои бехатарӣ сардори шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти РБДА ВКД ҶТ майёри милиса Азизмурод Аслонов чунин андеша дорад: «Дар сурати тасмаи бехатарӣ доштану истифода накардани он мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, моддаи 333, банди 2, ба андозаи то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад, ки якум нишондиҳанда 35 сомонӣ аст. Бастани тасмаҳои бехатарӣ ҳам дар дохили шаҳр ва ҳам берун аз он шарт аст. Дар роҳҳои кӯҳистонӣ ба он хотир гузашт ҳаст, ки агар садама ба вуқӯъ ояд, ронанда тавонад худро аз мошин партояд. Вақте нозири БДА ронандаро барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ манъ мекунад, агар бори аввал бошад, огоҳӣ медиҳад, ки ҳатман мошинро бо тасмаи бехатарӣ ҷиҳозонад. Дар сурати дуюмбора дастгир намудани ронанда, ҳуҷҷати маъмурӣ тартиб дода мешавад. Исбот шудааст, ки дар вақти ба ягон монеа бархӯрдани мошин одамони дохили он ҷароҳате мебардоранд, ки он аз баландиҳои гуногун афтидани шахс баробар аст. Исбот шудааст, ки тасмаҳои бехатарӣ то 30-40 % таъсири зарбаро нигоҳ медоранд. Истифодаи тасмаҳои бехатарӣ барои ронандаи микроавтобус ва мусофирони сандалии пеш ҳатмист. Барои мусофиркашонии «Тангем»-ҳо бошад, асосан иҷозат дода нашудааст». Сари ин мавзӯъ хостем фикру ақидаи чанд ронандаро гирем. Сӯҳроб Сафолов, ронандаи мошини тамғаи «NEXIA» (8177 РТ 03) дар бораи тасмаҳои бехатарӣ чунин гуфт: «Ҳар қонуну қоидаҳое ки ҳаст, бояд риоя карда шаванд. Шахсан ман тарафдори истифодаи тасмаҳои бехатарӣ ҳастам. Норозигиям бошад, дар он аст, ки БДА ин чизро танҳо аз ронандагон талаб мекунад. Масалан, ман ба мусофирон мегӯям, ки тасмаро банданд, лекин онҳо розӣ намешаванд. Бигзор чунин мусофиронро ҳам ҷарима кунанд». Ин ронанда дар бораи хусусияти мусбати тасмаҳо ба тариқи ҳазл мегӯяд, ки «ҳангоми рӯй додани ҳодисаи нохуш «ҷамъкунии одамон» душвор намешавад». Ронандаи дигар гуфт, ки истифодаи тасмаҳо ҷиҳатҳои хуб дорад, зеро он ҳангоми садама одамро аз бархӯрдан ба оинаи пеши мошин муҳофизат мекунад. Як нафар, ки нахост ному насабаш ошкор бошад, тасмими навро номаъқул донист. Ба андешаи ӯ, ҳангоми ҳаракат дар роҳ тасма ба ронанда халал мерасонад.
Ба хотири ошно шудан бо ҷаранёи кори нозирони БДА пайи амалӣ кардани тасмими нав дар дидбонгоҳи шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода бо бозраси калони РБДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон майёри милиса Муҳиддин Юсупов ҳамсӯҳбат шудем. ӯ зимни сӯҳбат чунин гуфт: «Мо қариб ҳамарӯза нисбати ронандаҳои зиёд аз сабаби набастани тасмаи бехатарӣ хуҷҷати маъмурӣ тартиб медиҳем. Ҳангоми дастгир намудан ҳуҷҷати ронандаро мегирем ва ӯ ба миқдори 17,50 сомонӣ ҷарима карда мешавад».
Тибқи иттилои майёри милиса Азизмурод Аслонов, аз аввали соли ҷорӣ то 24-уми ноябр 1332 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари онҳо 362 нафар ҳалок, 1551 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
24-уми октябри соли 2009 соатҳои 13:30 дақиқа ронандаи автомашинаи ВАЗ 2106 (рақами давлатияш АН 20 46 РТ 01) таҳти идораи Шарипов Абдуғаффор ҳангоми ҳаракат ба шаҳри Душанбе дар кӯчаи Сино ба автомашинаи «Форд» (АТ 7756 РТ 01) таҳти идораи Комрони Ваҳҳоб бармехӯрад, ки дар натиҷа худи ронандаи ВАЗ 21 06 ва мусофиронаш Маҳмудов Насрулло ва Зулайхои Насрулло ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Худи ҳамон рӯз ронандаи «Опел Вектра» (ЕО 9556 РТ 01) Каримова Зулайхо дар роҳи Душанбе — Турсунзода ба автомашинаи «Опел Астра» (АЕ 3481 РТ 03) таҳти идораи Ёрматов Сафармад бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири «Опел Вектра» Баҳромова Салтанат ба ҳалокат мерасад.
Дар хусуси набастани камарбанд аз аввали ба тасвиб расидани қарор 970 ҳуҷҷати маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ин нафарон аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки истифодаи камарбандро сарфи назар намуданд: Ятимов Файзалӣ, ронандаи ВАЗ 21 093 (АН 1438 РТ01), Абдуллоев Абдуҳафиз, ронандаи «Некси» (ВС 7175 РТ 01), Сафаров Саидакбар, ронандаи ВАЗ 2101 (АУ 7908 РТ 01), Алиев Исо, ронандаи «Митсубиши» (ЕО 8566 РТ 01), Холов Фазлиддинҷон, ронандаи «Опел Астра» (АМ 7158 РТ 03). Бинобар ин, аз РБДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки ронандагон ва мусофирон аз тасмаҳои бехатарӣ истифода баранд.

Олимҷон САБУРОВ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: