Главная > Uncategorized > АнгиштСАНГи «Сайёд» Ё мардумфиребӣ то ба кай!?

АнгиштСАНГи «Сайёд» Ё мардумфиребӣ то ба кай!?

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеризаминӣ — ангишт, газ, симобу нуқра буда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст.
Агар ба номгӯи захираҳои бойи зеризаминӣ назар афканем, аз ҳама бештар Тоҷикистон аз захираи ангиштсанг бой аст. Чун зимистон дар мекӯбад, оё мардуми ҷумҳурӣ бо ин навъи сӯзишворӣ таъмин буда метавонанд?
Инак, қувваи барқ аз рӯи лимит ҷорӣ карда мешавад. Дар як шабонарӯз 5 соат қувваи барқ медиҳанд. Мардум аз ноилоҷӣ дарахтони нодиру ҳосилдорро бурида, решакан карда, ба ҷои сӯзишворӣ истифода мебаранд. Умеди ягонаи мардум ба ангишти худӣ равона карда шудааст. Табиати зебоманзарамон барои мардумаш ангишт офаридааст. Дар ҳудуди мамлакат даҳҳо кон, аз ҷумла кони ангишти «Шӯроб», «Зиддӣ», «Назарайлоқ», «Айнӣ» ва ғайра мавҷуд аст. Аммо мардумфиребон ангиштеро, ки Худо барои бандагонаш ато кардааст, даҳчанд гарон мефурӯшанд. Наход то ин дараҷа худонотарсу беинсоф бошем!? Мискинобод дар минтақае ҷойгир аст, ки зимистонаш зиёда аз шаш моҳ давом карда, иқлимаш ба Сибири шарқӣ монанд аст. Ҳар рӯз аз кони «Сайёд»-и шаҳри Ваҳдат даҳҳо мошини пур аз ангишт ба минтақа ворид мешавад. Ҳамин ки нархи ангиштро пурсон мешавед, «ҳуш аз сари муш мепарад». Нархи як мошин ангишт аз 500 то 700 доллари амрикоист. Агар ин миқдор маблағро ба сомонӣ баргардонем, зиёда аз ду ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо ин гаронфурӯшӣ нафақахӯр, омӯзгор, деҳқон, хуллас аҳли зиё сарашонро ба куҷо зананд? Омӯзгор аз 100 то 200 сомонӣ маош мегираду нафақахӯр аз 60 то 70 сомонӣ нафақа. Деҳқон бошад, маош намегирад. Оё онҳо бо чунин аҳволи тангу тиҳидастӣ ангишт дастрас карда метавонанд?
Ёд дорам, ки дар даврони Шӯравӣ аз Русия ба ҷумҳурӣ ангишти аълосифат ворид мегардид, ки 1 тоннааш 9 сум арзиш дошт. Ҳоло бошад, нархи камтарини як тонна ангишт аз 300 то 400 сомонист.
Ангиште, ки аз кони «Сайёд» ба минтақаи Мискинобод оварда мешавад, сифаташ паст буда, ба осонӣ намесӯзад. Аз ангишти тоза дида сангаш зиёдтар аст. Чанде пеш ҳамсояам як мошин ангишти «Сайёд» харидорӣ кард. Ронанда мошини ангиштро 12 тонна гуфта, 400 доллари амрикоиро ба даст овард. Ҳамсоя иброз дошт, ки зиёда аз нисфи ангишт санг баромадааст. Магар ин мардумфиребӣ нест?
Ронандаҳо мегӯянд, ки ҳангоми аз кони номбурда бор кардани ангишт, ба соҳиби крани борбардор 200 сомонӣ ва ба роҳбари кон 300 сомонӣ пардохт мекунанд. Агар ҳар рӯз даҳҳо мошин аз кони номбурда ангишт бор кунанд, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ мешавад. Ин маблағи бадастомада ба фоидаи кӣ меравад, маълум нест.
Дар минтақаи Мискинобод рӯзҳои якшанбе бозор барпо мегардад. Ронандаҳои мардумфиреб ба бозор ангишт ворид мекунанд. Онҳое, ки пули бе дарди миён доранд, нархи ангишт гарон бошад ҳам, харидорӣ мекунанд. Бепул бошад, гаронии ангиштро дида, оби даҳонаш шарти карда мерезаду нисбати конҳои «Зиддӣ»-ву «Сайёд» нафраташ меояд.
Аламовараш он аст, ки касе аз боркашон сабаби гаронии ангишташонро намепурсад. Сол ба сол нархи ангишти худӣ боло рафта истодаасту пеши роҳи гаронфурӯшонро касе намегиранд. Нархи ангишт кай ба танзим медарояд, ҳоло маълум нест ва агар ҳамин хел рафтан гирад, маълум ҳам намешудагист!

Додои ҲАҚҶӯЙ, ноҳияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: