Главная > Uncategorized > Иброҳим Усмонов раиси Шӯрои навтаъсис шуд

Иброҳим Усмонов раиси Шӯрои навтаъсис шуд

И.Усмонов

Дар шаҳри Душанбе дар толори Кохи Ваҳдат бо ташаббуси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо конфронси муассисони Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронс намояндаҳои рӯзномаҳо ва радиою телевизиони давлативу мустақил, устодони Донишгоҳи милли Тоҷикистон ширкат варзиданд. Вале намояндаҳои баъзе нашрияҳои пурхонандатарини Тоҷикистон, аз қабили «Фараж», «Нигоҳ» ва «Миллат» аз ширкат намудан дар конфронси муассисон ва аъзогӣ дар Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.
Дар таърихи рӯзноманигорӣ бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон барои таъсиси чунин як Шӯро тасмим гирифтаанд.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил Нуриддин Қаршибоев сараввал ҳамаро бо таъсис додани Шӯрои васоити ахбори омма шодбош гуфта, иброз намуд, ки тавассути ин Шӯро метавонанд низоъҳои эҳтимолии байни нашрияҳо, ниҳодҳои давлатӣ, рӯзноманигорон бо шаҳрвандонро баррасӣ намуда, роҳи ҳалли онро ҷӯё шаванд. Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки тайи чанд соли ахир тақрибан даҳ мавриди ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил ё рӯзноманигорон ба назар мерасад, ки дар ин ҳол таъқиби додгоҳ то ҳадде сабаби маҳдуд шудани озодии баён дар ҷомеа гардидааст.
Намояндагони нашрияҳо, телевизион ва радиоҳои давлативу мустақили Тоҷикистон низомномаи ин Шӯроро, ки аз 17 банд ва 4 боб иборат аст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, пас аз фикру мулоҳизаронӣ бо ҳамовозии рӯзноманигорон ҳам Низомномаи Шӯрои васоити ахбори омма, ҳам Оиннома ва дастур бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Дар Низомномаи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон эътирофи «Меъёрҳои ахлоқи журналистӣ» аз шартҳои аслии узвият дар ин ниҳод унвон шудааст.
Аз 62 вакили дар маҷлиси Шӯро ширкатдошта 22 нафар барои узвияти Шӯро пешниҳод гардид, ки аз онҳо 9 нафарашон бо овоздиҳии пинҳонӣ ба ҳайати Шӯро интихоб гардиданд: Иброҳим Усмонов, Ҳуринисо Ализода, Аламшо Қурбонов, Иноят Иноятов, Нуриддин Қаршибоев, Неъматулло Мирсаидов, Марат Мамадшоев, Зинатулло Исмоилов, Шариф Ҳамдампур.
Раёсати Шӯро ва аъзои ҳайати он ваколати роҳбариро ба ӯҳдаи профессор Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вогузор карданд.
Бояд зикр намуд, ки устод Иброҳим Усмонов дар гузашта мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фарангис НАБИЕВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: