Главная > Uncategorized > “Бахтномаи халқ” ё носуфтагиҳо дар Конститутсия

“Бахтномаи халқ” ё носуфтагиҳо дар Конститутсия

Ҳанӯз 15 сол қабл, аниқтараш 6-уми ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки амиқи таъмини соҳибихтиёрии давлати худ, муқаддас шумурдани ҳуқуқу озодиҳои шахс, эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, бо тасмими бунёди ҷомеаи адолатпарвар ба тариқи раъйпурсии умумхалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда буд. Баъдан бо назардошти равандҳои нави тараққиёти ҷомеа, бо мақсади аниқтару саҳеҳтар муайян сохтани роҳҳои инкишофи таърихӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон бо ҳамин тартиб ду маротиба — 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар бобати он, ки Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ дониста, ҳифзи онҳоро кафолат додааст, асноди ҳуқуқии байналхалқиро ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқӣ эътироф кардааст ва хеле зиёд ҷанбаъҳои мусбатро доро мебошад, ҳеҷ ҷойи баҳс нест. Вале мо мехоҳем таваҷҷӯҳи хонандаро ба дигар паҳлӯҳои Конститутсия ҷалб намоем.

Тазаккур мебояд, ки Конститутсияи Тоҷикистон дорои мазмуни баланд бошад ҳам, аз нигоҳи забони қонун ва техникаи қонунсозӣ баъзе нуқсҳо дорад. Шояд ин нуқсҳо дар назар бархе ночизу андак намояд ва эрод гиранд, ки зикри онҳо қобили қабул нест. Аммо ин ҷониб чунин меҳисобад, ки Конститутсия — қонуни асосии кишвар ва санади тақдирсози миллату давлат набояд ҳатто як нуқси ҷузъӣ дошта бошад.
Шояд бисёриҳо бар он ақида бошанд, ки ин гуна нуқсҳоро иброз доштан алъон зарурате надорад ва бояд дар давраҳои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пешниҳод мешуданд. Бале, банда низ аз як ҷиҳат ҷонибдор аст, вале арз доштаниаям, ки он вақт чун дигарон, ки то ҳол дарнаёфтаанд, балади он чизе набудам, ки ошкор сохтаам. Ба қавли Мавлоно Румӣ “хом будам, пухта шудам…” ва шояд маҳз ҳуқуқу озодиҳое, ки ҳамин Конститутсия эҳдо кардааст, дар ташаккули маърифати каминаи камтарин таъсире гузоштааст ва мехоҳам ба ҳайси ҳуқуқшинос дар бартарафсозии камбудиҳои ин санади муҳим, ки ба истилоҳ “бахтномаи халқ” мегӯянд, андаке саҳм дошта бошам. Ва чаро маҳз ҳозир баён карданиам? Барои он ки мехоҳам ин ҳуруф нахуст аз мафкураву вуҷуди банда буруз кунад.
Сараввал дар боби номи ин сарчашмаи ҳуқуқ, ки “Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар қавсайн калимаҳо асосан ҳамон вақт зикр мешаванд, ки агар дар шарҳ ва ё тарҷумаи калимаи дахлдор омада бошанд ва онҳо ғолибан дар матнҳо ифода меёбанд. Дар номи ҳуҷҷатҳо, алалхусус Конститутсия барин санади умда ин навъи баён шоиста нест. Ин аллакай дуномист. Дар вақташ мо дар ин маврид ба иштибоҳ роҳ додем. Ба хотири наранҷидани яке аз аъзои комиссияи таҳияи Конститутсия, ки забоншиноси шаҳир аст, вожаи эҷодкардаи ӯро корбаст намудем. Усулан, банда вожаи “Сарқонун”-ро инкор карданӣ нестам ва он моҳиятан дуруст аст, яъне оғози қонунҳо, саршавӣ ва манбаъи онҳо. Вале вожаи “Конститутсия”-ро тарҷеҳ медиҳам, зеро аксари кишварҳои дунё ин калимаи лотинии ба забонҳо нишаставу ба мафкура ҷойшударо пазируфтаанд ва дар раванди ҷаҳонишавӣ корбурди он айбе надорад.
Дигар ин ки, дуномӣ ҳангоми талаффуз суфтагии баён, равонию назокати каломро халалдор месозад. Биёед, талаффуз кунем ва маънӣ бардорем: “мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон…” Аҳамият додед, чӣ сон носуфта аст?
Дар моддаи 1-и Конститутсия бояд шаклу моҳият ва хусусиятҳои давлат таҷассум гардад. Бешак, дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳамин тавр аст, вале дорои шакли идораи ҷумҳурӣ будани Тоҷикистон ифода наёфтааст. Танҳо дар моддаи 100 ишора меравад, ки шакли идораи ҷумҳурӣ тағйирнопазир аст. Аз ин хотир, лозим медонам, ки моддаи 1-и Конститутсия дар таҳрири зайл баён гардад:
“Моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, ягона ва дорои шакли идораи ҷумҳурӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.”
Дар 18 ҷойи матни Конститутсияи Тоҷикистон бар ивази вожаҳои “Тоҷикистон” ва “Ҷумҳурии Тоҷикистон” калимаи “ҷумҳурӣ” истифода шудааст. Ҳол он ки, мо дар моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистонро ҳаммаъно донистаем ва вожаи “ҷумҳурӣ” ба он шомил нест. Аз ин рӯ, дар матни қонун, билхоса Конститутсия кор фармудани ибораҳои “қонунҳои ҷумҳурӣ”,”шаҳрванди ҷумҳурӣ” қобили қабул нест. Ин гуна баён хоси қонун набуда, боястӣ ибораҳои “қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “шаҳрванди Тоҷикистон” корбаст мешуданд. Мо ба фаҳми он нарафтаем, ки бидуни муқаррароти таъкидӣ дар ҳеҷ сурат калимаи “ҷумҳурӣ” ивазкунандаи номи Тоҷикистон ва ё Ҷумҳурии Тоҷикистон буда наметавонад. Охир, “ҷумҳурӣ” ин шакли идоракуни давлат асту халос.
Дар сархати чоруми моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон омадааст: “Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.” Дар ин ҷо бояд на ибораи “ҳизбҳои сиёсӣ”, балки дар шакли танҳо “ҳизби сиёсӣ” мавриди истифода қарор мегирифт. Зеро “ҳеҷ як” ҷонишини номуайяни танҳост ва исм низ бояд дар шакли танҳо меомад ва фақат дар он сурат услуби баён ихлол намеёфт. Ин ҷиҳат ҳатто дар матни русӣ дуруст навишта шуда, вале дар матни тоҷикӣ то ҳол ислоҳи худро наёфтааст.
Дар моддаи 49-и Конститутсияи Тоҷикистон дар ҷойи калимаҳои “шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” калимаҳои “шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ” навишта мешуданд, мувофиқтар мебуд.
Дар сархати сеюми моддаи 61-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароте вуҷуд дорад, ки бешак аз мантиқ орист: “Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби мазкур баррасӣ намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул менамояд.” Ин гуна муқаррарот эҳтимол дар Конститутсияи ягон кишвар вуҷуд надошта бошад ва шояд бошад, вале ба назари банда, тафсири Конститутсияи Тоҷикистон набояд қабул карда шавад. Мо оё андеша намекунем, ки тамоми қонунҳои кишварамон аз Конститутсия маншаъ мегиранд ва агар соддатар карда баён намоем, худи ҳамаи он қонунҳои қабулшаванда моҳиятан тафсири Конститутсияро ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин, тафсири қонун ин маънидодкунии он аст, ки бо истидлол ба мисолҳои воқеӣ шарҳу эзоҳ дода мешавад. Мисолҳои воқеӣ бошанд, масъалаву мушкилаҳое ҳастанд, ки дар ҷаҳорчӯбаи муқаррароти қонун ҳаллу фасли худро ёфтаанд ва онҳоро дар шакли қонуни конститутсионӣ ба меъёри ҳуқуқӣ даровардан оё аз рӯи мантиқ аст?
Муқаррароти моддаи 82-и Конститутсияи Тоҷикистон дар бобати он ки “Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад” такрори моддаи 58-и Конститутсия мебошад, ки ба ин гуна ғалат набояд роҳ дода мешуд. Агар ба хотири теъдоди моддаҳоро ба 100 расонидан бошад, дигар нуктаҳои муҳим мавҷуд буданд, ки зикрашон ягон халал намерасонад.
Умуман, ҳамин гуна камбудиҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранду агарчи дар чашми аксар ноаён бошанд ҳам, вале чун жарфтар назар афканем, ҳусни онро мекоҳонанд. Бошад, ки ин гуна навоқиси Конститутсия дар раъйпурсии умумихалқии навбатӣ, дар кадом вақте сурат нагирад, ислоҳ карда шаванд.
Итминон дорам, ки андешаҳои ин фақир мӯҷиби озурдахотирии касе намегардад. Зеро мо сухани ҳақро гуфтем ва аз ростиву росткорӣ набояд гиламанд шуд.
Ба андешаи мо, сабаби ба чунин камбудиҳо роҳ додан он аст, ки ҳуқуқшиносони мо ба дараҷаи даркорӣ забони тоҷикиро намедонанду ба тоҷикӣ суфтаву равон ва бехато эҷод кардан барояшон гарон аст. Дар аксар ҳолатҳо қонунҳоро тарҷумонҳо аз русӣ тарҷума мекунанд, ки онҳо истилоҳҳои ҳуқуқиро дуруст ва бомаврид истифода бурда наметавонанд, ки дар натиҷа чунин навоқис рӯ ба ба вуҷуд меоянд. Дар зеҳни мардуми мо бошад, ақидае амиқ реша давондааст, ки гӯё забонро омӯхтан вазифаи танҳо филологҳо бошад ва агар шахсе аз дигар соҳа забонро хуб донад, ҳатман таъкид мекунанд, ки “ту бояд филолог мешудӣ”. Ин гувоҳи тангназарии мост. Охир, агар намояндаи кадом соҳае набошӣ, то забонро саҳеҳу фасеҳ надонӣ, фикру андешаҳоятро бо фарогирии нозукиҳои тахассусӣ оё иброз дошта метавонӣ? Албатта, не. Аз ин лиҳоз, забонро бояд ҳар кас новобаста ба иктисобу ихтисосаш дар сатҳи зарурӣ балад бошад.

У. ОСТОНЗОДА, ҳуқуқшинос

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: