Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Маблағи ҳангуфти созмонҳои хориҷӣ ва «шармандагии бесобиқа»-и КҲФ-и Тоҷикистон

Маблағи ҳангуфти созмонҳои хориҷӣ ва «шармандагии бесобиқа»-и КҲФ-и Тоҷикистон

Бо гузашти чанд муддат аз нооромиҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам сатҳи камбизоатӣ ба таври дилхоҳ паст нашудааст. Бархе аз коршиносон сабабро дар он мебинанд, ки ҷомеа ба се қишр — бой, камбағал ва миёнаҳол ҷудо гардидаву бойҳо камбағалҳоро фурӯ мебаранд. Қисми дигар бар ин иддаоянд, ки агар шумори созмонҳои хориҷии кӯмакрасон ба мардуми камбизоат мадад нарасонанд, ҳоли ин қишр табоҳтар мегардад. Аммо назари дигаре низ ҳаст, ки чун созмонҳо бо мардуми одӣ додугирифти мустақим надоштаву кӯмакашонро тавассути мақомот мерасонанд, масъулини мақомот фоида мебаранду халос. Ва ҳам баръакс, назаре низ вуҷуд дорад, ки «бигзор дигарон хӯранду кам — кам ба мо ҳам диҳанд». Яъне, мардум тавре ки набошад, аз кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ умед доранд.
Солҳои охир аз ҷониби давлатҳои хориҷ ба мардуми тоҷик ҳам кӯмакҳои хайрия ва ҳам кӯмакҳои қарзӣ ҷудо карда мешавад. Ва гоҳо мешавад, ки созмонҳо шароити зиндагии мардуми моро ба назар гирифта, кӯмакҳои қарзияшонро ҳам мебахшанд. Вале агар набахшанд ҳам, қисме бар ин боваранд, ки кӯмаки онҳо дар кадом самте, ки набошад, хоҳ-нохоҳ ба манфиати мост.
Масалан, чанд моҳ қабл роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Аксел Шиммелпфенинг иттилоъ дода буд, ки барои дастгирии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ дар Тоҷикистон илова ба 116 миллион доллари аввали сол ҷудокардааш 30 миллион доллар барои нимсолаи дуввум ва 100 миллион доллар барои соли оянда тахсис медиҳад. Ва ӯ аз бекор кардани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор изҳори хушнудӣ намуда, гуфта буд, ки дар ин самт низ кӯмакашонро мерасонанд.
Ҳамчунин, Фонди умумибашарии мубориза ба муқобили бемориҳои СПИД, сил ва табларза қарор додааст, ки дар давоми се соли оянда ба Тоҷикистон барои табобати бемории сил ба маблағи 87 миллиону 962 ҳазору 78 доллар кӯмак расонад. Худо хоҳад, бо ин маблағ ба кишвари мо асбобу анҷоми тиббӣ ва дору мефиристонанд.
Ба наздикӣ, 15-уми сентябри соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ аз таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 то 2012 ба хотири коҳиши сатҳи камбизоатӣ хабар дода буд. «Мақсади асосии стратегия, ки аз ҳамкории давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ бармеояд, дар муддати се соли оянда камбизоатиро дар ин кишвар коҳиш дода ва сатҳи иҷтимоиву иқтисодии мардуми Тоҷикистонро баланд бардоштан аст»,- изҳор дошта буд ӯ.
Чунин намунаи кӯмакрасонӣ пештар ҳам вуҷуд дошт. Бо сабаби ба бӯҳрони молӣ дучор шудани Тоҷикистон, Созмони Миллали Муттаҳид аз кишварҳои кӯмаккунандаи ҷаҳон дархост карда буд, ки Тоҷикистон аз кишварҳои фақири Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва ба он 35 млн. доллар кӯмак намоянд. Дар баёнияи Созмони Миллали Муттаҳид таъкид шудааст, ки бар асари коҳиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва бӯҳрони ҷаҳонӣ беш аз як миллиону сесад ҳазор тан аз аҳолии Тоҷикистон ба камбудии иқтисодӣ дучор гардидаанд. Дар назар дошта шуда буд, ки кӯмаки 35-миллиондолларӣ баҳри таъмини маводи ғизоӣ барои ҳудуди 800 ҳазор нафар мардуми Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2008 то декабри соли 2009 масраф шавад.
Инчунин, сафири Олмон Дорис Гертрампф 17-уми октябри соли гузашта пас аз дидору гуфтугӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон эълом дошта буд, ки давлати Олмон барои иҷрои тарҳҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамин соли 2008 36 миллион ЕВРО тахсис додаст. ӯ изҳор дошта буд, ки Олмон барои густариши равобиту ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ алоқаманд аст. Ғафурҷон Ғуломов, сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иброз медорад, ки натиҷаи сафари ин ҳайат бо имзои ду санади ҳамкорӣ дар заминаи расонидани кӯмакҳои фаннӣ ва молӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба поён расида буд.
Олмон аз нахустин кишварҳои аврупоиест, ки дар аввали соли 1990 бо Тоҷикистон равобити дипломатия, иқтисодӣ ва тиҷоратиро оғоз кардааст. Тибқи маълумотҳо, дар соли 2007 Олмон ба Тоҷикистон 23 миллион доллар кӯмак расондааст.
Соли гузашта Бонки Осиёии Рушд 55 миллион доллар барои бозсозии бахши танзими нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ҷудо кард. Татяна Евстифелова, сухангӯи дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе гуфта буд, ки нерӯгоҳи «Норак», ки ҳудуди 70 дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистонро тавлид мекунад, ба бозсозӣ ниёз дорад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Макото Оджиро, намояндаи Бонки Осиёии Тавсеа, нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳи «Норак» ҳамзамон ба танзими кайфияти нерӯи барқи кишварҳои минтақа мусоидат мекунад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки иҷрои ин тарҳ ба ӯҳдаи ширкати Барқи Тоҷик вогузор шуда, корҳои бозсозӣ чанд соли дигар идома хоҳад ёфт.
Сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз сабаби набудани об, аз каналҳо, ҷӯю чоҳҳо об мекашиданд. Баъди он, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи сафорати Ҷопон Ё. Накиямаро ба ҳузур пазируфт, дар соли 2008 барои беҳбуд бахшидани системаи обрасонӣ аз тарафи ин кишвари абарқудрат 9 миллион доллар ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷудо гардид.
Бояд зикр намуд, ки сокинони ноҳияи номбурда соли 2003 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат карда буданд, вале бо сабаби мушкилоти молӣ ба онҳо кӯмаке расонида нашуд.
Имрӯз ҳам шаҳрвандони кишвар фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро нокифо мешуморанд ва мегӯянд, ки ҳангоми сар задани офате ин ниҳод наметавонад ба мушкилашон расидагӣ кунад. Дар ҳоле, ки бисёре аз кишварҳо аз фаъолияти густурдаи чунин як ниҳодашон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Дар мо бошад, ҳама аз пайи назария медаванд. Дар макотиби миёна ва олии мамлакат аз фанни мудофиаи гражданӣ дарс мегӯянд, то ин ки, ҳангоми ягон офат шаҳрвандон тавонанд ба зарардидаҳо ёрии аввалия расонанд. Аммо агар мантиқан андеша ронем, ҳам масъулияти кӯмаки аввалия ва ҳам кӯмаки баъдӣ бар дӯши ин ниҳод аст.
Бояд қайд кард, ки то тобистони ҳамин сол бар асари офатҳои табиӣ 26 нафар ба ҳалокат расид. Барои пеши роҳи ҳар гуна ҳодисаҳои табииро гирифтан муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тариқи ВАО ба бинандаву шунаванда ва хонанда мерасад. Ба он хотир, ки кӯдакону наврасон беназорат намонанд.
Як тан рӯзноманигори тоҷик Гулҷаҳон Хоҷаева дар мақолаи худ: «КҲФ барои Тоҷикистон лозим аст?» менигорад: «Имсол дар кишварамон аз боронҳои пай дар пайи шадид ва сел чандин макони зист осеб дид…
… ду сол пеш назди пули калони шаҳри Ваҳдат довталаби яке аз донишгоҳҳои намоёни кишвар дар дарёи «Кофарниҳон» ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. ӯ дар ҳоли бечорагӣ қариб се соат сими бетонеро, ки барои паст кардани ҷараёни об мегузоранд, дошта истод. Вале касе ба додаш нарасид. Баъди чанд лаҳзаяки дигар ӯ аллакай миёни тӯдаи одамон набуд… Агар кормандони КҲФ сари вақт бо чархбол расида меомаданд, шояд ҷавони ҷавонмарг бо онҳо чақ-чақ дошт. Чархбол! Бовар кардан мӯҳол аст, ки солҳои наздик чунин техникаро ҳатто кормандони кумитаи мазкур худашон дар хоб мебинанд ё не!?».
Дар мақолаи мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо надоштани қувваи кофии молӣ ва таҷҳизотӣ танқид шудааст ва порчае, ки овардем, саҳнае аз сарзании офати табиист. Яъне, бориши зиёду баланд шудани сатҳи об, ки ба марги ҷавони машғули оббозӣ оварда расонидааст. Вале ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасад, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳақиқат кӯмакашро ба зарардидагон саривақтӣ мерасонад. Агар манбаи зарари осебдида офати табиӣ ҳам набошад. Масалан, чанде пеш аз ҷониби мақомоти ноҳияи Файзобод хонаи сокини деҳаи заркамари ҳамин ноҳия Рақибов Атобулло тахриб гардид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин хонавода хаймаву дигар лавозимоти рӯзгор кӯмак расонд, ки модари ҳамин хонавода Гулрӯ Ибодова сари масъала гуфта буд: «… миннатдории самимии худро ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Латифов Н. ва муовини ӯ Шоев Р . мерасонам. Ба он хотир, ки аризаи шавҳарам Рақибов Атобуллоро аз 27.07.09 ба эътибор гирифта, худи ҳамон рӯз ба мо кӯмак расонданд. Сардори ситоди ноҳияи Файзобод бо мошини кумита хайма, кӯрпа, кӯрпаи болопӯш, сатил, плиткаи керосенӣ ва кастрюлу жемпир овард». Аммо хушнудии ин хонавода дер давом накард. Кумита кӯмакашро бозпас гардонда гирифт ва ин амалаш миёни нафарони огоҳ ба андозае маҷоз ҳам шуд. Ба ҳадде, ки ин рафтори намояндагони кумитаи мазкурро як навъ «шармандагии бесобиқа» унвон карданд. Ва нафароне ҳам буданд, ки ба КҲФ бо назари дилсӯзона нигариставу амалашро «таъсири дасти дигарон» меҳисобиданд…
Баъди дидану шунидани инчунин тазод, кас ба андеша меравад, ки агар ҳамон созмонҳои хориҷӣ маблағи ҳангуфти додаашонро бозпас гиранд, кайфияти мардуми тоҷик ба куҷо мерасад? Ва дигар, оё ҳамин созмонҳои кӯмакрасон наметавонанд мустақиман ба чунин ҷабрдидаҳо мадад расонанд?

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: