Главная > Исфандиёри ХАЛИЛ > Наҷмиддинов дуруст гуфт, ё иштибоҳ кард?

Наҷмиддинов дуруст гуфт, ё иштибоҳ кард?

Дар як нишасти матбуотӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораи Ҳукумат барои пеш гирифтани масъалаи содирот дар барномаи зиддибӯҳрониро дастгирӣ кард ва ҳамчунин аз лиҳози содироти истеҳсоли маҳсулот онро хеле муассир арзёбӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нархи маҳсулоти содиротии кишвар, дар мисоли пахта ва алюминий паст шуда буд ва бо назардошти чунин вазъият боз масъалаи содирот дар миён гузошта шуд. Оё воқеан дар радифи аввал гузоштани масъалаи содирот дар барномаи зиддибӯҳронӣ дуруст ва ба иқтисодиёти кишвар манфиатовар?
Барномаи зиддибӯҳронӣ ва истодагарии «ТАЛКО»
Замоне масъалаи содирот дар барномаи зиддибӯҳронӣ рӯи кор омад, ки роҳбарияти ширкати «ТАЛКО» аз сабаби паст шудани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ҳудуди 700 доллар зарар, фаъолияти ширкати худро пеш мебурд. Зеро арзиши алюминий аз 2800 ба 1250 доллар паст шуд ва ба қавли Шералӣ Кабиров, ҷонишини директори ширкати «ТАЛКО», барои истеҳсоли алюминий 2000 доллар масраф мешуд.
Дар баробари ин, пас аз оғози бӯҳрон ва таҳияи барномаи зиддибӯҳронӣ дар Тоҷикистон дар муддати муайяне ҳаҷми содирот нисбат ба дигар давраҳои соли гузашта камтар шуд. Масалан, мувофиқи маълумоти Нуриддин Қаюмов, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ, дар ҳамин ду моҳи сипаришуда гардиши савдои хориҷӣ 2 миллиарду 534 млн 18 ҳазорро ташкил кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 28,6 фоиз камтар мебошад. Аз он ҷумла содирот 1 миллиарду 361,6 миллион ё ки иҷроишаш 67, 7 фоиз, яъне 32,3 фоиз кам шудааст. — Яке аз сабаби кам шудани содирот аз ҳисоби паст шудани нархи алюминий ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Ғайр аз ин, содироти алюминий ва пахта низ ба хориҷ кам шудааст, ки омили дуввуми кам шудани савдои хориҷист,- мегӯяд ӯ.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба андозаи 48 дарсад ё худ 379 млн. доллар камтар шудааст. Дар ин ҳол чи гуна метавон барномаи зиддибӯҳрониро муассир арзёбӣ кард, ки дар баробари гирифтани 116 млн. доллар ва ба миён гузоштани масъалаи содирот боз ҳаҷми содирот кам шудааст?

Арзон содир мекунему гарон мехарем
Барои истеҳсоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ва содир кардани он ба хориҷ аз кишвар С. Наҷмиддинов пешниҳод кардааст, ки корхонаҳои коркарди ин гуна маҳсулот таҷдид гардад ва бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида шавад. Аммо барои чӣ дар масъалаи истеҳсоли маҳсулот ва гардиши он дар дохили кишвар ва таъмини ниёзи мардум бо маҳсулоти кишоварзӣ чунин як пешниҳод карда нашуд? Магар мардуми Тоҷикистон пурра бо маҳсулоти кишоварзӣ таъминанд, ки ҳоҷат ба баровардани он пайдо шудааст? Ҳар сол аз кишвари Қазоқистон садҳо тонна гандуму орд ворид мешавад, аз Покистон картошка ва аз Чин биринҷу боз дигар маҳсулот. Мо лофи миллион тонна истеҳсоли ғалладонаро мезанему картошкаи истеҳсолкардаамон бар сари ҳар одам дар кишвар ҳудуди 90-килоӣ дар як сол мерасад. Вале боз чаро маҳсулотро аз хориҷ ворид мекунем?
Корхонаҳои коркарди пӯст аз кишвари ӯзбекистон ашёи хом ворид мекунанд, аммо пӯсти хоми Тоҷикистон ба Хитою Қирғизистон ва Туркияву дигар мамолик фурӯхта мешавад. Ин ҳеҷ мушкил нест, ки ба хориҷ бароварда мешавад. Аммо мушкил дар он аст, ки ашёи хом ҳама вақт бо нархи нисбатан арзон харида мешавад. Аз ин рӯ, чун дар дохил корхонаҳои коркарди пӯст дорем, барои чӣ ба хориҷиҳо бо нархи арзон молу маҳсулоти ватаниро фурӯшем? Дар акси ҳол, худи аҳолии кишвар боз ҳамон пӯстҳои 70-100 сомонӣ фурӯхтаашонро бо нархи 200-250 сомонӣ мехаранд. Яъне, пӯст аллакай ба сифати пойафзоли чармӣ ба бозори мо ворид мешавад ё ин ки дар мисоли костюмҳои чармӣ ва мардум онро бо нархҳои нисбатан гарон ва аз фурӯхтаи худ хеле тафовуткунанда мехаранд. На танҳо пӯст, балки дар Тоҷикистон бештари маҳсулот ба сифати ашёи хом ба хориҷ бароварда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки мо арзон содир мекунем ва гарон мехарем.

Ислоҳоти саросемавори соҳаи кишоварзӣ
Дар ҳамин ҳол, коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров барномаи зиддибӯҳрониро чандон муассир намедонад. ӯ чунин андеша дорад, ки бояд аввал масъалаи ба соҳаи табодули воридот майлдошта эътибори ҷиддӣ дода мешуд.- Масалан, як барномаи хуб пешниҳод мекарданд ва 500 млн доллар медод, 300 млн долларашро барои таҷдиди корхонаҳо дар соҳаи табодули воридот мегузарониданд, хуб мешуд. Зеро, чун корхона ба кор дарояд, маҳсулот ба бозор мебарояд, мардум кор мекунанд ва музд мегиранд, музди кор низ ба бозор меравад. Боз гардиш сар мешавад ва талабот ба тамоми ашё пайдо мешавад. Яъне, зиндашавии истеҳсолот рафтан мегирад. Ва хеле хато карданд, ки дар барномаи зиддибӯҳронӣ аввал масъалаи соҳаи ба содирот майлдоштаро монданд. Барнома иҷро нашуд. Чунки мо ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ, ба хусус Аврупо тоби рақобат карданро надорем. Ҳоло мо бояд кӯшиш намоем, то ҳар чизеро, ки аз хориҷ ворид мешаваду дар дохил истеҳсоли он имкон дорад, камтар қабул кунем,- мегӯяд ӯ.

33 ҳазор хоҷагӣ ва 538 миллион қарз
Ваҳҳоб Воҳидов, иқтисодшиноси дигар мегӯяд, ки имрӯз, вақте соҳиби давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шудем, бояд пеш аз ҳама дар бораи он фикр кард, ки чи тавр аҳолии 7,4-миллионнафараи худро бо маҳсулоти босифати ватанӣ, аз он ҷумла, ғалладона ва гандум (маҳсулоти ордӣ), сабзавот, меваҷот, маҳсулоти чорводорӣ (гӯшту пӯст) таъмин карда тавонем. Барои иҷрои ин вазифаи бисёр ҳам масъулиятнок соҳаи кишоварзӣ якчанд ислоҳоти саросемаворро аз сар гузаронид. Якум, дар давраи Шӯравӣ 800-850 колхозу совхоз ва хоҷагиҳои давлатӣ буданд, ки онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барои пурра таъмин кардани аҳолӣ сафарбар мекарданд. Аз он ҷумла, соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаи пешқадамтарин ва сердаромадтарин буд. Барои он ки давлат ба ин кор машғул буд. Давлат соҳаи кишоварзиро пурра таъмин мекард ва давлат маҳсулоти кишоварзиро бо ихтиёри худ ба минтақаҳои гуногун, пеш аз ҳама ба давлати Русия ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи бародарӣ мефиристод ва аз ҳисоби марказ мо маҳсулотҳои лозимаро мегирифтем. Вай гуфт: «Ҳоло ба ҷойи 800-850 хоҷагии калону хурди давлатӣ 33 ҳазор хоҷагӣ пайдо шудааст. Аммо ҳоло пахтакорони Тоҷикистон аз ташкилотҳои гуногун, пеш аз ҳама фючеристҳо 538 млн. доллар қарздоранд. Ин хел ҳодисаро дар ҷаҳон дар мисоли Тоҷикистон бори аввал мебинам. Чунки аз ҳисоби пахта мо дар даврони Шӯравӣ садҳо миллион рубл даромад ба даст меовардем. Даромаднокии онҳо то 35-40 фоиз мерасид. Имрӯз қариб, ки тамоми соҳаҳои пахтакорӣ зарароваранд. Барои он ки ҳосили он хеле кам аст. Соли 2008 аз ҳар як гектар 15,6-сентнерӣ ё, ки 353 ҳазор тонна пахта истеҳсол кардему халос. Аммо мувофиқи қарори қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2015 бояд 600-650 ҳазор тонна ва аз ин ҳам зиёдтар пахта истеҳсол кунем».
Ба андешаи ӯ зиёд шудани теъдоди корхона ва фабрикаҳои ресмонресӣ, ки имрӯз шумораи онҳо ба 19 адад расидааст ва оянда боз ҳам зиёдтар мешавад, ба суди кишвари Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, мо содир мекунем, то аҳолии кишвар аз Хитою Русия ва Қазоқистону Покистон дубора ворид кунанд? Содир кардани маҳсулот ҳеҷ ҷойи нигаронӣ надорад, аммо вақте мардуми кишварамон ба чунин маҳсулот ниёз доранд, чаро онро ба берун барорем ва мардум дубора бо нархи гаронтар аз хориҷ харидорӣ намоянд? Донаи пучро ҳарчанд зоҳираш зебост, аммо ба зоғи чашмгурӯсна низ лозим нест.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: