Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Шайх Амонуллоҳи НЕЪМАТЗОДА: «Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод!»

Шайх Амонуллоҳи НЕЪМАТЗОДА: «Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод!»

— Шайхи мӯҳтарам! Лутфан маъзарат мехоҳем. Шунидем, ки як — ду моҳ қабл аз оғози симпозиюм гирифтори бемории шадид ва ногаҳонӣ шудед, ки муддати чанд рӯз дар шифохона бистарӣ будаед. Ҳолдонҳо бад-ин ақидаанд, ки ба Шумо ба таври маҷҳул ба ҳангоми таъомхӯрӣ ғизои заҳрогин додаанд ва бемории Шумо низ аз сабаби истифодаи ҳамин таъоми заҳрогин аст. Аз заҳр додани Шумо кӣ ва киҳо манфиатдор мебошанд? Ё овозаҳое шунида мешавад, ки шайх Амонуллоҳро аз вазифаи раҳбари Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо сабукдӯш мекунанд ва бад-ин сабаб ба бемории сахт гирифтор шудааст… — … Ин беморӣ сир ва асрори ман аст, ки дар айни ҳол чизе нахоҳам гуфт. Худованд донои роз аст ва дарду шифо медиҳад…

Амонулло Неъматзода

— Мӯҳтарам шайх Амонуллоҳи Неъматзода! Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон айни замон барои нишон додани муносибати дин ва давлат чӣ нақшаҳоеро амалӣ кардаву чӣ корҳоеро пеш бурда истодааст?

— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Суоли матраҳшуда бамаврид ва айни муддаост. Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо дар навбати худ ташкилоти давлатӣ нест, балки ташкилоти динӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар навбати худ наметавонад сирфан муносибати дин ва давлатро муайян намояд. Мушаххас намудани муносибати дин ва давлат аз доираи ваколат ва салоҳияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ берун аст. Шурои исломӣ дар асоси низомномаи худ, ки ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, фаъолият мекунад. Дар айни замон муносибати дин ва давлатро шӯъбаи дини Вазорати фарҳанг муайян мекунад. Аммо ҳамчун як фарди мусалмон ва раиси Шӯрои уламо бо итминони комил метавонам бигӯям, ки муносибати дин ва давлат хеле хуб аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ дорад ва аз тарафи давлат кафолат дода шудааст. Пас, ҳар инсони мусалмон муносибати худро ба дину давлат муайян намояд. Ва ҳар фарде, ки соҳиби ақлу хирад аст, дину давлати худро дӯст медорад. Барои шахси намозхон тамоми шароит фароҳам аст. Баёнгари ин нукта бузургдошти 1310-солагии фақеҳи шаҳид ва суфии куфӣ — Имоми Аъзам (р) буд, ки бевосита бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон (Худованд падару модарашро биомурзад), дар сатҳи баланди илмӣ ва фарҳангӣ ҷашн гирифта шуд. Аз ҳамин лиҳоз, метавонам ба қисмати дуввуми суоли шумо ҷавоб бидиҳам. Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо тибқи барнома ва нақшаи соҳавии худ дар асоси талаботи Сарқонуни кишвар фаъолият дорад. Дар Шӯрои уламо беҳтарин шахсиятҳои динӣ шомил мебошанд. Шӯрои исломӣ барои беҳтар шудани ҳолати диндорӣ ва ҳифозати истиқлолияти динӣ ва мазҳабӣ ҳамешагӣ саъю талош дорад. Ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии динӣ нисбат ба давлат муносибати ҳасана дорад. Ҳифозати истиқлолияти мазҳаби ҳанафӣ ва худшиносии шуури динӣ вазифаи асосӣ ва муқаддаси мо мебошад. Аммо то имрӯз на ҳама донишмандони дин шомили Шӯрои уламо шудаанд. Уламои диндоре, ки таълимоти Қуръон ва суннатуннабиро мехоҳанд ба манфиати аҳзоби сиёсӣ ва фирқаи тундгарое истифода баранд, дар Шӯрои уламо пазируфта намешаванд. Зеро манфиати мазҳабу миллат болотар аз манфиати гурӯҳӣ ва фардӣ аст. Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо барои мӯътадил ва беҳтар шудани фазои иттилооти динии кишвар пайваста мекӯшад.

— Оё Шӯрои уламо тавонистааст рӯҳониёнеро ба фаъолият фаро гирад, ки оид ба масоили муртабити дин, давлат ва ҷомеа назари холису муфид дошта бошанд?

— Дар Шӯрои уламо рӯҳониёне шомил мебошанд, ки дар ҷомеа мақом ва манзалати худро дарёфтаанд ва кулли онҳо ҳанафимазҳаб мебошанд. Аъзоёни Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар муносибат ба давлат ва ҷомеа назари нек ва холису муфид доранд. Ва ягона ниҳоди диние мебошад, ки барои беҳдошти ахлоқи ҳамида, ҳифозати арзишҳои илмӣ ва мазҳабӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, андешаи миллӣ ва истиқлолияти андешаи мазҳаби ҳанафӣ ва истиқлолияти бедории тафаккури миллӣ дар ҷомеа саъю талош дорад. Дурандешӣ ва таҳаммулпазирӣ шеваи феъли ҳар яке аз аъзоёни Шӯрои уламо мебошад. Шӯрои уламо дар навбати худ барои бедории динӣ ва худшиносии мазҳабӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор дар донишгоҳу донишкадаҳо ва кормандони мақомоти интизомии кишвар вохӯриҳо гузаронд. Дар мавзӯъҳои хатари суд, рибо, ришва, кизбу дурӯғ ва оқибати худношиносии мазҳаб ва хатари ҷараёни суннатситезу мазҳабгурез ва муҷтаҳидини ҷадиди салафия мубодилаи афкор намуд. Шӯрои уламо то ҳол на ҳамаи рӯҳониёнро шомили худ намудааст, вале бо ҳамаи рӯҳониёне, ки нисбати давлату ҷамъият назари нек доранд ва нисбати дину мазҳаби худ бетараф нестанд, муносибати хуб дорад. Ҳарчанд ки дар ин ҷода то ҳол камбуд ва норасоиҳо ба чашм мерасад. Барои беҳтар ва хубтар шудани фаъолияти кории Шӯрои уламо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, бо лутфи Парвардигор, кӯшиш хоҳем кард. Дари Шӯрои уламо барои ҳама уламои гиромӣ ва некназар ба хотири ҳамкорӣ дар беҳбуди рӯзгори диндорон ва кулли сокинони кишвар кушода аст. — Шайхи мӯҳтарам! Худованд аҷр ва раҳмати хешро насиби Шумо гардонад. Дар маросими имсолаи ҳаҷ овозаҳое интишор шуд, ки зойирин барои рафтан ба зиёрати Каъба қаблан бояд 1000 дона лампа харидорӣ намоянд. Ин овоза то кадом андоза воқеият дорад? — Бисёр фаъолият ва корҳои диниро шӯъбаи дини Вазорати фарҳанг ба сомон мерасонад. Ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон низ аз ҷониби ҳамин шӯъбаи дини Вазорати фарҳанг вобастагӣ дорад. Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо масъули ин бахш, яъне ба ҳаҷ равон намудани шаҳрвандони кишвар нест. Вале ҳамчун як мусалмони воқеӣ ва раиси Шӯрои уламо бо камоли боварӣ гуфта метавонам, ки ин овозаҳо асл надорад. Ҳақиқат чизи дигар аст. Бисёр ташхискунандагон дар асоси овозаҳои бардурӯғ хулоса мебароранд. Овозаҳо дар навбати худ хуб ва бад мешаванд. Овозаҳое, ки асл доранд ва овозаҳое, ки ботиланд. Овозаҳое ҳастанд, ки хабари нек доранд. Овозаҳое ҳастанд, ки характери огоҳкунӣ ва пешгирикунии ягон фоҷеа, беморӣ ва ё воқеаи нохуш доранд. Инчунин овозаҳое вуҷуд доранд, ки характери сиёсӣ: бадномкунии шахсият, мақомот, давлат, ҷамъият ва дину мазҳаб доранд. Овозаҳое ҳастанд, ки характери санҷишӣ ва оморӣ доранд. Барои муайян намудани сатҳи дониши мардуми як минтақа ва ё як кишвар. Бояд ба ҳар як овоза аз нуқтаи назари маърифати динӣ, илми муосир ва ақл боварӣ кард ва баҳогузрӣ намуд, ки овоза то куҷо асос дорад! Ва овоза аз куҷо сарчашма мегирад? Таҳмилкунандагон ва интишоркунандагони овоза киҳоянд? Дар паси овоза мақсади кадом шахсият ва манфиати кадом гурӯҳе пинҳон аст? Мақсад аз овоза чист? Овоза ба манфиати инсон, ҷомеа ва давлат ва ё бар хилофи онҳо нигаронда шудааст? Мисол. Дар соли сипаришуда овозае интишор гардид, ки заминҷунбии сахте мешавад. Дар шаби сард ҳама шаҳрвандон — хурду калон, сармоядору бесармоя, донишманду бедониш, олиму омӣ, муштзӯру камзӯр ва анқариб кулли сокинон дар кӯчаҳои шаҳру деҳот дар ҳолати интизории рух додани фалокат ва зилзилаи марговар шабро саҳар намуданд. Аз ин овоза ҷониби кӣ манфиатдор буду киҳо ранҷу азоб кашиданд. Зангҳои телефонӣ то ба рӯз маро ором нагузоштанд. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки мусалмон бояд ба ин хел овозаҳои ботил ва беасос бовар накунад, зеро илми зилзила назди Худованд аст, касе то ҳол аз донишмандони Аврупо ва Осиё аз вуқуи заминларза қаблан огоҳӣ надодааст. Каммаърифатии динӣ ва камиттилоотии илмӣ дар бисёр мардум дида мешавад. Каммаърифатии динӣ дар ҷомеа яке аз омилҳои асосии қафомонии шуури динӣ ва рушд намудани ақидаи бединӣ ва заминаҳои пайдоиши гурӯҳоҳи ифротгаро ва бемазҳабон мебошад. Каммаърифатии динӣ ва эҷоди динбадбинӣ ҳанӯз дар аморати Бухорову Самарқанд сесад сол қабл тибқи нақшаҳои мухолифини дин тарҳрезӣ гашта буд, ки то имрӯз зарар ва зиёни он дар диду маърифат ва зиндагии мардуми мусалмон асар дорад. Барои зудудани каммаърифатии шуури динӣ ва динбадбинӣ аз зеҳнӣ қишрҳои гуногуни ҷомеа бо дили поку нияти холис рӯ ба Қуръон ва суннатуннабӣ биёрем. Ба ҷомеа ва давлати худ назари нек ва беғараз дошта бошем. Дин, давлат ва ҷомеаро аз ҳам ҷудо нишон надиҳем. Диндорон ҳама инсон ва шаҳрванди ҳамин кишваранд ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз тарафи давлат кафолат дода шудааст. Вақте ки «овоза»-ҳои Инқилоби Октябри ленинӣ ба кишварҳои кӯҳистони мусалмоннишини Осиёи Миёна мерасид, ҳазорон донишмандони мусалмон аз ҷониби ҷонибдорони Инқилоби болшевикӣ ва қумондонҳои саҳроии пантуркистӣ ба қатл расонида шуд. Ҳазорон китобҳои нодири таърихӣ ва динӣ ба коми оташ фурӯ рехтанд. Масҷидҳо анборхона, ҳезумхона, мушхона ва киноконсертзал шуданд. Ин ҳанӯз овоза буд. Овозае буд, ки каммаърифатии динӣ ва динситезиро дар ҷомеа пурзӯр намуд. Таълимоти ҷаноби Ленин хилофи муллокушӣ ва қатли уламои динӣ ва оташ задани китобҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ буд. Мухолифини дину мазҳаб либоси болшевекӣ ба бар карданд ва куштанду сӯхтанд. Аввал овоза мекарданд, ки фалон домулло душмани Шӯро аст ва баъдан ҳамон донишманд ва ё домулло парронда мешуд ва бадарға мегардид. Овозаҳои замони муосир бештари вақт ғаразнок буда, характери иртиҷоӣ, манфиатҷӯӣ ва сиёсӣ дорад. Чӣ тавре ки ба фолбинии ҷугӣ бовар надорам, ба овозаҳои бардурӯғ низ бовар надорам.

— Ҳушмандӣ ва худшиносии динӣ ва миллиро дар мусалмонони кишвар Худованд насибу рӯзӣ гардонад, ки ба овозаҳои бардурӯғ ва ғаразноки бепоя ва беаслу пур аз хурофот бовар накунанд, зеро хурофоту ҷаҳолат асли ширк ва куфр аст. Ва шайхи мӯҳтарам, бигӯед, ки президенти собиқи Русия Владимир Путин дар як вохӯрияш бо Шумо гуфта буд, ки ба роҳ мондани муносибати судманди доираҳои динии Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон муҳим аст. Пас ҳамкориҳои рӯҳониёни Тоҷикистон бо рӯҳониёни Русия имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Воқеан, ҷаноби Путин нисбати дини ислом ва мардуми Тоҷикистон назари нек дорад. Ва нисбати банда ҳамчун раиси Маркази исломӣ ва Шӯрои исломии Тоҷикистон эҳтироми хоса дорад. Дар конфронсҳои диние, ки дар Русия баргузор мегардад, мо низ даъват мешавем. Имсол бо шарофати ҷашн ва бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (р) чанд сафари хидматӣ ба Русия доштем, ки бо мусалмонони минтақаҳои гуногуни Русия вохӯрдаву сӯҳбатҳо кардем. Барои беҳтар шудани шароити иҷтимоӣ ва ибодатии мусалмонон дар Русия бо ҷаноби Путин ва раҳбари динии ин кишвар маслиҳат намудем. Барои ҳамкориҳои рӯҳониёни ҳар ду ҷониб ба таври доимӣ заминаҳои воқеӣ омода сохтем. Ҳамкориҳои мо бо рӯҳониёни Русия дар сатҳи ҳасана қарор дорад. Дар Русия мусалмонони зиёд зиндагӣ ва фаъолият доранд. Масҷидҳои зиёд ва зебо дар ин диёр қомат афрохтаанд. Муҳоҷирин бе мушкилӣ дар ин масҷидҳо намоз мехонанд ва ин самараи ҳамкории мо бо мақомоти воломақоми рӯҳониёни Русия мебошад.

— Чун дар хабар аст, Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз имомхатибони кулли кишвар дархост карда буд, ки ҷонибдорони фирқаи салафияро ба хондани намоз бо шеваи ҳанафӣ даъват кунанд. Ва ҳамон вақт яке аз пешвоён ва пайравони ҷараёни салафия Муҳаммадии Раҳматуллоҳ ин тасмимро бепоя ва ғайриимкон хонд. Лутфан бигӯед, ки ҷонибдорони салафия барои фикрашон чӣ далоиле пеш меоварданд? Дар ҳоле, ки ба андешаи соҳибназарон, ин тасмими Шӯрои уламои исломӣ алайҳи ҷараёни салафия барои таҷлили бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (р) замина гузошт.

— Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо дар кишвар аз аввалинҳо шуда, хатари ҳаракати салафияро дарёфт ва муайян намуд. Ва барои ифшои симои аслии ин бемазҳабон, ки бо номи салафия зуҳур намуданд, китоби «Симои воқеии салафия»-ро чоп намуда, манзури мусалмонони кишвар намудем. Дар ин китоб фикру ақидаи донишмандони ислом ва чеҳраҳои шинохтаи динӣ: Домулло Сайдраҳмони раҳматӣ, домулло Ҳикматуллоҳ, домулло Маъруф ва домулло Ҳабибуллоҳ нисбати фирқаи салафия ва хатари онҳо мухтасаран маълумот дода шуд. Мақоми матбуот низ дар ифшои рози нуҳуфтаи фирқаи салафия бузург аст. Бисёр ба ном «чеҳраҳои динӣ» аз аввал дар асари бехабарӣ ё аз рӯйи тарс нисбати салафия бетарафиро ихтиёр намуданд. Ва гурӯҳе пиндоштанд, ки ҷараёни салафия аз ҷониби ниҳодҳои давлати раҳандозӣ шуда. Ва баъзе рӯҳониёну воизони номдор омад — омади салафияро ба сари қудрат интизор буданд! Салафиҳо ба муқобили аҳли тариқат ва уламои ростин бархостанд ва мазҳабро инкор намуданд. Бозори тундгӯйҳо ва ба ширку куфр мутаҳамкуниҳои баъзе воизини мақомхоҳ авҷ гирифт. Ҳар яке мехост худро соҳиби дин ва мусалмони асил муаррифӣ намояд. Салафиҳо Маркази исломӣ ва Шӯрои уламоро эътироф намекарданд ва ҳарифи худ намепиндоштанд. Мутакаббир буданд. Байни уламо ихтилоф эҷод мекарданд. Баъзе сиёсатшиносҳо ва таҳлилгарон ба он хулоса буданд, ки бояд салафия ба расмият аз ҷониби давлат шинохта ва эътироф карда шавад. Сабти овози онҳо дар дискҳо маҳфуз аст. Салафиҳои мисрӣ, покистониву мадинагӣ ва яманӣ фаъол шуданд. Салафиҳо чун занбурӯғҳои заҳрогин ва телпакҳои морӣ дар мазрааи сабзу хуррами мазҳаб нумӯ карданд. Уламои динро ба шиагароӣ ва суфигароӣ муттаҳам мекарданд. Нуриддини Тӯраҷонзодаро шиа муаррифӣ намуданд ва эшон дар навбати худ салафиҳоро маҳкум намуд. Акбари Тӯраҷонзода, домулло Абдураҳими қазоқонӣ, мавлавӣ Сайдмаҳмуд, эшони Маҳмуд ва мулло Ҳайдар аз пайомадҳои манфии ҳаракати салафия тавассути матбуот ва наворҳои дискӣ ошкоро ҳарф гуфтанд. Ҳамчун сардори Шӯрои уламои исломӣ ва мусалмони оддӣ Муҳаммадии Раҳматуллоҳро ба дафтари кориам даъват намуда, насиҳат кардам, ки аз доираи таълимоти Абӯҳанифа (р) берун наравад ва дар байни мусалмонони мазҳаби ҳанафӣ ихтилоф эҷод накунад. Зеро таълимоти мазҳаби ҳанафӣ омили асосии сулҳу салоҳ дар ҷомеа аст. Муҳаммадии Раҳматуллоҳ қадам фарохтар гузошта, гуфт, ки дар доираи мазҳаби ҳанафӣ иктифо намекунем ва ҷаҳонбинии динии мо салафиҳо васеътар аз доираи ҷаҳонбинии ҳанафиҳо, суфиҳо ва шайхҳо, муллоҳо ва аҳли тариқат аст. Салафиҳо дар ин нишаст ягон далели шаръӣ барои исботи фикрашон наоварданд. Суханронияшон бемантиқ ва хилофи таълимоти мазҳаб буд. Одоб ва либоси шаръӣ надоштанд. Суннатҳои намози панҷгонаро бо баҳонаи «дар хона мехонем» намехонданд. Ба суннат пойбанд набуданд ва суннатгурезӣ мекарданд. Дар масҷиди маҳалаи Яккачанори шаҳри Душанбе бо сархатиб дар муноқиша шуданд ва салафиҳо пешдастӣ намуда, нисбати ин сархатиб ба Прокуратура аризаи шикоятӣ навиштанд. Беинтизомӣ, беодобӣ ва тартиботи ҷамъиятиро салафиҳо вайрон намуданд ва ҳам пешдастӣ карданд, то сархатибро ба маҳкама кашанд. Салафия як ҷараёни ифротгаро ва тундгарои сиёсии ба ном динӣ мебошад, ки худро бо либоси шаръӣ орастаанд, ки мусалмонони кишвари Тоҷикистон ниёзе ба онҳо надоранд. Ҷашн ва бузургдошти 1310-солагии орифи шаҳид ва суфии куфӣ Абӯҳанифа (р) бо пешниҳоди бевоситаи Президенти кишвар, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид. Зеро сират ва таълимоти Имоми Аъзам (р) ифтихори уммати исломӣ ва барои башарият аст. Наҷоти мусалмонони кишвар дар шинохти мазҳаб ва таълимоти башардӯстонаи он нуҳуфтааст. Худшиносӣ ва андешаи динӣ ва миллӣ аз ҳамин сарчашма оғоз мегардад.

— Дар маросими кушодашавии аввалин Маркази исмоилӣ, ки бо иштироки Президенти кишвар ва роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV сурат гирифт, 350 меҳмони хориҷӣ даъват шуда буданд ва шумо низ он ҷо ширкат варзидед. Хуб мешуд, ки аҳамияти Маркази исмоилияро барои мардуми тоҷик шарҳ медодед?

— Бале. Дар маросими ифтитоҳи ин Маркази исмоилия ҳузур доштам. Маркази исмоилия, ки дар асоси талаботи Сарқонуни кишвар роҳандозӣ шудааст, барои ниёз ва пайравони исмоилия аҳамияти бузург ва муфидеро доро мебошад. Ин марказ пайравони худро аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав боз медорад. Пайравони исмоилия то имрӯз дар доираи дӯстӣ ва фазои сулҳу оромӣ бо мо умр ба сар бурданд ва ҳамзабону ҳамватани мо мебошанд. Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва ин падида яке аз нишонаҳои истиқлолият мебошад. Эҳтироми ҳамзабону ҳамватан айни муддаост.

— Шайхи мӯҳтарам! Нисбати симпозиюми байналмилалие, ки бахшида ба бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (р) дар таърихи 5-6-уми октябри соли 2009-и мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чӣ назаре доред?

— Симпозиюми мазкур раҳмати Худованд буд, ки ба василаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли уммати исломӣ мушарраф гардид. Дар ин маврид мехоҳам бигӯям, ки назарҳои бад ва дидгоҳҳои носолим нисбати дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ зудуда шуд. Таълимоти дини ислом ва мазҳаб пайёмовари сулҳу сафо, асли ваҳдати миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ ва мактаби бузурги Худошиносӣ бар хилофи тундгароӣ, терроризм, экстримизм ва ҳамагуна ҷаҳлу нодонӣ ва хурофоту бидъат муаррифӣ гашт. Соҳибқаламон ба нигориши ҳақ пардохтанд ва аз нигориши ботил нисбати дини ислом даст кашиданд. Раиси ҷумҳур нисбати каҷназарӣ ва беандешагӣ ба дину мазҳаб дар кишвар хотима гузошт. Соҳибмазҳабонро сазовор аст, ки ботамкин, дурандеш, таҳаммулпазир, диндӯстдор ва боғайрату мусалмони воқеӣ бошанд. Уламоро зарур аст, ки манфиатҳои дину кишварро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ муқаддам баршуморанд. Бештар ба сират ва мактаби Худошиносии Абӯҳанифа (р) руҷӯъ бояд кард. Тоҷикистон дар рӯзҳои симпозиюм маҳфили хайр ва лутфу раҳмати илоҳӣ буд. Донишмандони зиёд аз кишварҳои дуру наздик меҳмони ин кошонои раҳмат гардиданд. Таҷлили бузургдошти 1310-солагии фақеҳи шаҳид тавонист, ки пайравони ин мазҳаб ва намояндагони кулли умматро сари як дастархон ҷамъ намояд. Албатта ин ибтидои кор аст ва аз ин бояд сипосгузорӣ ва шукргузорӣ намуд. Зеро заволи неъмат дар носипосӣ ва бешукрист.

Шайхи мӯҳтарам! Лутфан маъзарат мехоҳем. Шунидем, ки як — ду моҳ қабл аз оғози симпозиюми мазкур гирифтори бемории шадид ва ногаҳонӣ шудед, ки муддате чанд рӯз дар шифохона бистарӣ будаед. Ҳолдонҳо бад-ин ақидаанд, ки ба Шумо ба таври маҷҳул ба ҳангоми таъомхӯрӣ ғизои заҳрогин додаанд ва бемории Шумо низ аз сабаби истифодаи ҳамин таъоми заҳрогин аст. Аз заҳр додани Шумо кӣ ва киҳо манфиатдор мебошанд? Ё овозаҳое шунида мешавад, ки шайх Амонуллоҳро аз вазифаи раҳбари Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо сабукдӯш мекунанд ва бад-ин сабаб ба бемории сахт гирифтор шудааст…

— Писарам, аз тири қазо касе гурехта наметавонад. Сайёди азал ҳар вақте бихоҳад, риштаи умр ба миқрози марг бурида мешавад. Марг паёмовари васл аст ва оғози ибтидои зиндагӣ. Расулуллоҳ (с) хатамуннабийин ва раҳмт-ул-оламин буд, дар ғазваи Хайбар мухолифини дин тавассути аҷузаи ҷуҳуде дар таъом ба ӯ заҳр доданд. Бо илҳоми илоҳӣ ва бо башорати фариштаи раҳмат — Ҷабраил воқифи асрор гашт. Луқмаи таъомро фурӯ набурд. Ва саҳобае, ки бо ҳамроҳии Расулаллоҳ (с) буд, ба муҷарради фурӯ бурдани луқмаи таъом ҳалок гардид. Вақте ки Расули раҳмат (с) дар бистари марг буд, ба Оиша (рз) гуфт: «Асари заҳре, ки дар ғазваи Хайбар ба ман дода буданд, ҳамакнун рагҳои қалбамро пора мекунад». Ин беморӣ сир ва асрори ман аст, ки дар айни ҳол чизе нахоҳам гуфт. Худованд донои роз аст ва дарду шифо медиҳад. Ба қисмати дуввуми савол ба бандагони мусалон чунин ҷавоб мегӯям, ки аз гумони бад бипарҳезед. Нисбати бародари мусалмон бадгумонӣ ва тӯҳматро раво набинед. Бадсиришт ва кинатузро аз бадгумонӣ ва тӯҳмат чора нест. Бе изни Худованд вазифаи мазкурро кӣ соҳиб шуда метавонад? Беҳтарин файсалкунанда ва афзалтарин донандаи дил Худованд аст.

— Шайхи мӯҳтарам! Шифо ва саломатиро барои Шумо аз даргоҳи Худованди меҳрубон хоҳонем. Ҳамчун раҳбари Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо барои хонандагони ҳафтаномаи «Пайкон» ва мусалмонони кишвар чӣ таманное доред?

— Аз Худованди маннон таманнои онро дорам ва пайваста дуо мекунам, ки сулҳу сафо фазои кишварро тарк накунад. Мусалмонон худшиносу худогоҳ бошанд. Истиқлолияти динии кишвар ва мазҳабии худро ба ҷонҳо харидорӣ кунанд. Наҷоти мусалмонони кишвар дар шинохти мазҳаби худ ва тобеъи авомири Қуръон ва суннатуннабӣ будан аст. Ҳар вақте ки мазҳаб ва таълимоти Абӯҳанифа (р)-ро тарк гуфтед, интизори сад бало ва фитна бошед! Ағёрҳои дину мазҳаб дар каминанд. Мисли лӯхтакҳои шӯъбадабозон худро бо либосу дастори исломӣ ороста, парчам ва колои ношоямро аз дӯкони ақидаи палидашон тақдим ва ҳадяи мардуми мутаддайин мекунанд. Аз макру фиреб ва тақдими ақида ва ҳадяи ағёрҳои дину мазҳаб бипарҳезед! Кишвари соҳибистиқлол — Тоҷикистони азиз ва Президенти он, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намоед! Кишвар ва ҷаноби Президент неъмати Парвардигоранд. Уламои дин азизони Худоянд ва азизонро зарур аст, ки аз нифоқ дур бошанд. Шикасти уламо шикасти уммат аст. Умматро набояд шикаст. Аз доми тазвири савдогарони динфурӯш огоҳ бошед! Алломаи аҳли тариқат ва булбули боғи маърифат — Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (р) чӣ ба маврид ва хуб фармудааст, ки мо низ ба ҳамин ақидаем: Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод, Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод! Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ, Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод! Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!

Мусоҳиб Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: