Главная > Uncategorized > «Парвоз»-и тимсоҳ дар «Тоҷикстандарт»

«Парвоз»-и тимсоҳ дар «Тоҷикстандарт»

Раиси Кумитаи масоили энергетикӣ, саноат, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси Намояндагон Мирзошариф Исломиддинов гуфтааст, ки ахиран аъзои парлумон бо ислоҳи Қонун “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” шароити истифода аз шишаи сиёҳ дар худравҳоро фароҳам кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз имзои ин ислоҳот аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ ва чопи он дар нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, ин муқаррарот мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Ин масъала яке аз он масоиле буд, ки ҳафтаномаи «Пайкон» барои ба амал овардани афкори омма ва риоияти қонуният мавриди таҳқиқ қарор дод.

Точкстандарт

Ҳанӯз дар шумораи дуюми ҳафтаномаи «Пайкон», дақиқтараш 26-уми марти соли 2009 масъалаи истифодаи мошинҳои сиёҳшиша бо номи «Дар мошини сиёҳшиша кист? Вазир ё писари вазир?» маводи тадқиқотие ба табъ расида буду дар он рақами давлатии 26 адад мошини хизматию шахсӣ зикр гардида, таъкид мешуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми феврали соли 1999, № 46 «Дар бораи тадбирҳои иловагии таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ истифодаи тамоми намуди мошинҳои сиёҳшиша манъ карда шудааст. Ба истиснои мошинҳои хизматии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди дуададӣ.
Дар шумораи № 4, аз 9-уми апрели соли 2009-и «Пайкон» ҳамчун идомаи мавзӯъ бо номи «Мошинҳои сиёҳшиша ва муаммоҳои он» матлаби дигаре ба табъ расид. Дар ин мавод қайд мешуд, ки нуқтаи назари одамон ба истифодаи мошинҳои сиёҳшиша яксон нест. Дар шумораи № 7, аз 30-юми апрели соли 2009 дар «Пайкон» мақолаи дигаре бо номи «… ва боз мошинҳои сиёҳшиша» ба табъ расид. Дар ин мақолаи тадқиқотӣ қайд карда мешуд, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми феврали соли 1999, №46 «Дар бораи тадбирҳои иловагии таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ» дар санаи 5-уми октябри соли 2001 таҳти рақами 464 тағйироти зайл ворид карда шудааст:
1. Дар зербанди «а», банди 1 калимаи «сиёҳшиша» ба калимаҳои «сиёҳшишаи истеҳсоли ғайрисаноатӣ» ва дар зербанди «г» ҳамин банд калимаи «сиёҳкарда» бо калимаҳои «сиёҳкардаи истеҳсоли ғайрисаноатӣ» иваз карда шавад.
2. Дар банди 2 калимаи «сиёҳшиша» бо калимаҳои «сиёҳшишаи истеҳсоли ғайрисаноатӣ» иваз карда шавад.
Бубинед, ҳашт сол муқаддам ба қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуда буданд. Ин тағйироти қарор аз дигарон паноҳ дошта мешуд. Сабаби инро касе намедонад. Муайян намудани сабаби он бошад, ба ваколати мо низ дохил намешавад. Танҳо бо овардани тағйирот ба қонун ҳаминро таъкид намуданием, ки ҳамаи мошинҳои сиёҳшишаи истеҳсоли саноатӣ, яъне мошинҳои дар заводҳои мошинсозӣ истеҳсолшуда бояд бе ягон мамониат ҳаракат кунанд. Вале моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» истифодабарии воситаҳои нақлиётии дорои сиёҳшишаро манъ мекунад. Ин Қонун соли 1995 қабул карда шудааст. Моддаи 10-и Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор менамояд: «Санадҳои ҳуқуқии байналимилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Дар моддаи 43-и Қонун «Дар бораи ҳаракати роҳ» ҳам ин масъала таъкид мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» соли 1996 қабул карда шудааст. Мутобиқи меъёр «ГОСТ 31305-2005»-и байнидавлатии (Межгосударственный стандарт) аъзоёни давлатҳои иштирокчии Евро-Азия таҳти № 5492 аз 04.09.2005 сол муайян карда шудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошад. Дар бахши меъёр (стандарт)-и равшанигузаронии ранги шишаҳои автомобилӣ қисми 57-27 — 88, ки аз таърихи 01.04.92 сол қабул карда шудаасту санаи 01.01.2002 сол тағйирот дохил кардаанд, барои равшанигузаронии оинаи пеши мошин ба ҷои 75 фоиз 70 фоиз муқаррар карда шудааст. Нисбати шишаҳои қафои мошин бошад, умуман ягон меъёр нишон дода нашудааст.
Дар идомаи қазияи мошинҳои сиёҳшиша баҳси судиеро мавриди тадқиқот қарор додем, ки шаҳрванд мақомоти БДА-и ҷумҳуриро ба суд кашиду бо ҳалномаи суд протоколи тартибдодаи кормандони БДА оиди истифодаи мошини сиёҳшиаи истеҳсоли саноатӣ бекор карда шуд. Дар ин бора мақолаи тадқиқотии дигаре бо номи «Шоҳиди БДА аз он дунё наомад» ба табъ расид.
Чаро ин масъаларо ёдовар шудему ба гуфте, «коҳи кӯҳна»-ро бод додем? Чунки ҳамин духӯрагии қонун барои гурӯҳе ба манбаи даромад табдил ёфтааст. Мехостанд, нишондоди як қонунро ба инобат мегирифтанду намехостанд, қонуни дигареро далел меоварданд.
Ҳангоми омӯзиши масъалаи дар боло ёдрасшуда, барои ҳамататафа баҳои холисона додан ба бисёр мақомотҳо рӯи ниёз оварда будем. Моро ҳамон вақт масъалаи тадбиқи қонун аз ҷониби баъзе мақомот ба андеша оварда буд, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» яке аз онҳост.
Нишондоди қонунро ба таври худ истифода намудани масъулони Агентии «Тоҷикстандарт» латифаеро ба хотир меовард.
Аз коргаре мепурсанд:
— Тимсоҳ парвоз мекунад?
Ҳайрон шуда, посух медиҳад:
— Магар бефаҳмӣ? Аз куҷо дидаӣ, ки тимсоҳ парвоз кунад?
— Калон мегӯянд,- бепарвоёна иброз медоранд.
— Агар “калон” гӯянд, тимсоҳ парвоз мекунаду андаке пасттар, фақат уқоб барин не.
Намедонем, дар ин даргоҳ мавриди тадбиқи қонун кӣ чиро сармашқи амал менамояд? Нишондоди қонун ё фармудаи ягон садрнишинро? Барои он ки гуфтаҳо умумӣ нашаванд, ба ду протоколи азназаргузаронии Агентии “Тоҷикстандарт” мутаваҷҷеҳ мешавем. Яке санаи 27-уми феврали соли 2009 таҳти рақами № 01-09 тартиб дода шудаасту дигаре дар таърихи 14-уми апрели соли 2009 таҳти № 03-09. Ҳар ду протоколро муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт” Б. Шукуров тасдиқ намудаасту мӯҳри “Тоҷикстандарт” гузошта шудааст ва дар зераш “санҷишро гузаронданд” гуён, мутахассиси шӯъбаи калибровка ва санҷиши мутобиқгардонии давлатӣ С. Вихляева, сардори ҳамин шӯъба Б. Рабиев имзо гузоштаанд. Дар протоколи дуюм мутахассиси асосии ҳамин шӯъба А. Насриддинов ҳам имзо гузоштааст. Протоколҳо барои санҷидани коофисенти равшанигузаронии шишаҳои саноатӣ сиёҳкардашудаи мошинҳо дар алоқамандии ГОСТ 5727-88 тартиб дода шудаад.
Чаро ин ду протоколро мавриди муқоиса қарор додем? Моро як чиз ҳайрон намуд. Дар протоколи № 01-09 танҳо равшанигузаронии оинаи пеш (стекло лобовое) ва шишаҳои дарҳои пеш (стекла передних дверей) санҷида шудаасту таъкид кардаанд, ки мувофиқи талаботи банди 2.2.4-и қарори Гостстандарт № 353 аз 27.08.01 равшанигузаронии дигар шишаҳо меъёр надорад. Воқеан дар протоколи озмоишӣ дигар шишаҳои мошин нишон дода нашудааст. Дар протоколи дуюм бошад, ҳамаи шишаҳои мошин мавриди озмоиш қарор дода мешавад. Ҳам шишаҳои дарҳои қафо (стекло задний дверей) ва ҳам шишаи қафо (стекло заднее).
Эҳтимол суол кунанд, ки хайр чӣ, санҷиданд — санҷиданд — дия, осмон омада ба замин начаспидаст? Ҳама гап ҳам дар ҳамин аст, ки чаро дар ин даргоҳ меъёри ягона дида намешавад? Агар сухан сари ягон маводи ғизоӣ мерафт, ки намудҳои зиёде дорад, мегуфтем, ки намудҳо зиёданду тадбиқи нишондоди қонун вобаста ба ҳамон навъ аст. Аммо дар ин ҷо сухан танҳо дар боби санҷиши шишаҳои сиёҳкардашудаи саноатӣ меравад. Чаро барои яке равшанигузаронии ғайр аз шишаи пеши мошину дарҳои пеш ягон меъёр тадбиқ намешудаасту барои дигаре ҳатмӣ будааст?
Ҷавоби суолро аз масъулони Агентии “Тоҷикстандарт” интизорем.

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: