Главная > Uncategorized > Нолаи модар ва ё чаро ҷинояти таҷовуз ба номусро мепӯшонанд?

Нолаи модар ва ё чаро ҷинояти таҷовуз ба номусро мепӯшонанд?

Тавалло мекунем, то Худо моро илтифоте кунаду адолат ғалаба намояд, айбдор дар байни халқ барои кирдори разилаш мӯъҷиби ҷазо гардад, то дигарон аз он панд гирифта бошад, на оби дида. Имдодталабона мадад меҷӯям, вагарна ин ҳаёт дигар барои ману духтарам бо чунин рафтор рангу таровише надорад.
Ин муносибат ва ин ору номусро, ки ба сари мани оҷиз омадааст, танҳо оне медонад, ки модар асту онро таҳаммул кардан метавонад.
Барои модар, ки якшаба ранҷаш ба гаронии барои ҷаҳон баробарӣ дорад, бо чӣ гуна азобу машаққат ва орзуву умед фарзанд ба камол мерасонад, то аз бахти ӯ шодкомӣ кунад, ин ҳамаро бардоштан корест мушкил. Магар тарбияи духтар ва ӯро бо бо пироҳани арӯсӣ зинат дода, бахти ӯро дидан орзуи ҳар модар нест!?
Аммо бо сабаби рафтори разилона ва беҳаёёнаи ҷавони одамсурати ҳайвонсират Ином Бобораҷабов (дар ҳолати мастӣ) рӯзи 2-юми ноябри соли 2008-ум номуси духтари ҳанӯз дар синфи 11-уми таҳсил доштаам, ки соли таваллудаш 24-уми августи соли 1991 мебошад, бо истифодаи зӯроварӣ ва дидаву дониста таҷовуз ба бакораташ намудан, ба ин рӯз афтодам. Духтари орзуношикастаамро, ки аз сад гулаш ҳоло як гулаш нашукуфта буд, рӯ ба пажмурдагӣ ва хазонрасӣ овард, тамоми умеду орзуҳояшро барбод дод, ба ӯ ва тамоми хонаводаи мо ҷароҳатеву доғе боқӣ гузошт, ки онро то охирин нафас ману духтарам ва дигар аҳли хонадон аз дил берун наметавонем кард.
Ман баъди воқифӣ аз ин рафтори беҳаёёна бо арзи додхоҳӣ ва чораҷӯӣ ба ин забардасти таҷовузкор ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 6-уми ноябри соли 2008 муроҷиат намудам. Онҳо аризаи маро барои чораҷӯӣ ба прокуратураи ноҳия ирсол карданд. Дар ин ҷо муфаттиши прокуратура М. Пардаев бо асли воқеа шинос шуда, баъди гирд овардани ҳамаи таҳлилу ташхис иддао кард, ки дар ҳақиқат гумонбар Ином Бобораҷабов ба гуноҳи содиркардааш ба пуррагӣ иқрор аст, бинобар он, ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда хоҳад шуд. Моро бовар кунонд, ки албатта ӯ мувофиқи аъмолаш мӯъҷиби ҷазо хоҳад гашт ва нагузошт, то ки мо барои худ аз ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва конститутсионӣ адвокат гирем. Аммо пас аз гузашти чанд рӯз моро ба прокуратура даъват карда, М. Пардаев гуфт, ки: азбаски духтари шумо 17-сола мебошад, Ином Бобораҷабовро ба ҷурми ҷиноят айбдор карда наметавонем. Ин сухан маро аз ҳифзгари қонун чунон рӯҳафтода кард, ки чӣ кор кардану чи гуфтанамро надониста мондам. Ба қарори баровардаи ӯ қатъиян норизо шудем ва барои ба прокуратураи дигар гузаронидани санҷиш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералӣ муроҷиат кардам. Прокурори ноҳияи Спитамен ба ман ҷавоб гардонид: «Дар рафти санҷиш ҳолати бо истифодаи зӯроварӣ ба номуси ноболиғ таҷовуз кардани И. Бобораҷабов тасдиқи худро наёфт ва бо қарори муфаттиши прокуратура аз 24.04.2009 сол бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар кирдори И. Бобораҷабов дар асоси моддаи 5, банди 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шавад». Дар зери имзои прокурори ноҳияи Спитамен мушовири адлияи дараҷаи 2 И. Т. Саидов имзо гузошта буд. Акнун худ қазоват кунед, магар қонун бесалоҳ аст, ки ба номуси духтари ноболиғи бакораташ барҷо расида, ӯро таҷовуз кунанду модарашу духтар дар ин хусус даргоҳи мақомоти ҳимоятгар рафта, муроҷиат кунанду ӯро гӯянд, ки дар таркиби ин рафтор ҷиноят дида намешавад? Ин чӣ мантиқ аст? Магар қонун барои зӯроварӣ ва таҷовуз ба номус ҷиноятеро пешбинӣ намекунад? Ин ба маънои он аст, ки бигзор ҳар духтари аз 17-сола болоро ба доми худ кашанду номусашро поймол кунанду он ҷиноят маҳсуб наёбад? Пас, бо ин гуна қонуни беадолатона бо ин гуна қонундонҳои нодон, ки баҳри нафси худ пой рӯйи қонун ва виҷдон мегузоранд, ҳаёти як бечораро ба умрбод барбод медиҳанд, мо барин модарони бетакяву бепуштибон, бе пулу беқуввату бе қудрат ба назди кӣ равем? Охир, дар Конститутсия давлат ҳифзу ҳимояи шарафу номуси моро кафолат додаасту мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ зиндагӣ дорем! Пас, бо ин гуна рафтору аъмоли қонундонҳову ҳуқуқбадастҳои бешараф чашми мо барин модарони дасткӯтоҳ кай рӯзи равшанро мебинад? Магар онҳо худ падар нестанду духтар надоранд ва дилашон ба ин ҳол, ба чунин рӯз афтодани духтари кас намесӯзад? Куҷо шуд одаму одамгарӣ, ҷавонмардиву эҳтироми қонун?
Охир, наход духтари гул барин нозуки маро маҷбуран таҷовуз кунанду ҳаёташ, орзуву ҳавасаш, бакорату иффати духтарияшро вожгун кунанду вале гунаҳкор сар боло карда, «мана, аз дасти ту барин модар чӣ ҳам меомад, мо мардҳо ҳарчӣ хоҳем, зӯрамон мерасад?!» гуфта, байн халқ гаштан гирад. Магар ин аз рӯйи адолату инсоф аст?! Пас, агар имрӯз ин иллати нангин пешгирӣ нашавад, чунин зӯрмандҳои навсониву шайтонӣ ҷилавгирӣ карда нашаванд, он гоҳ вой бар ҳоли мо барин модарони муштипари бепаноҳ!
Волидайн он вақт худро хушбахт мешуморад, ки бахт ва орзушикании фарзандашонро бо чашм бинанд. Ҳамин гуна бахт ба рӯйи фарзанди ман ба сабаби рафтори нопоки як нохалафи девсират нахандид. Ман то ба ҳол хавотирам, ки оқибати ҳунукназаронаи ин ҳимоячиёни қонун духтари маро ба ягон кӯчаи ноумедӣ бурда, аз зиндагӣ маҳрум нагардонад.
Тавалло мекунем, то Худо моро илтифоте кунаду адолат ғалаба намояд, айбдор дар байни халқ барои кирдори разилаш мӯъҷиби ҷазо гардад, то дигарон аз он панд гирифта бошанд, на оби дида. Имдодталабона мадад меҷӯям, вагарна ин ҳаёт дигар барои ману духтарам бо чунин рафтор рангу таровише надорад. Ба маротиб, ки нисбати фарзанди нохалафи ҷомеа талабҷӯӣ кунед, то пояи давлати Тоҷикистон бо адл ороста бошад.
Давлате, ки адл надорад, он бепоя шавад ва оқибат он барои ҷумла ҷомеа хатарнок аз ҳар гуна террору дигар равияҳои номатлуб мемонад.
Боқӣ, бо умедворӣ аз Худо ва домани талаб аз додрасон:

Мавҷуда УМАРОВА,

модари додхоҳ аз ноҳияи Ҷ. Расулов, вилояти Суғд

Аз БМСТЖ:
Мактуби имдодҷӯёнаи Мавҷуда Умароваро нашр намуда, таъкид карданием, ки дар бисёр мактубҳои расмии мақомоти прокуратура духтари ӯро ноболиғ арзёбӣ мекунанд. Модоме ноболиғ бошад, пас чаро нафари таҷовузкор ба ҷавобгарӣ кашида намешавад? Ғайр аз он, далелҳо дорем, ки аз яктарафагии тафтишот гувоҳӣ медиҳад. Тасмим гирифтем, ки барои парда аз рӯи ҳодиса бардоштан тадқиқоти журналистӣ гузаронем. Бо мо бошед!

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: