Главная > Uncategorized > Ошноӣ бо бойгониҳои давраи ҷанг…

Ошноӣ бо бойгониҳои давраи ҷанг…

Президент Эмомалӣ Раҳман зимни суханроние бахшида ба 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба дипломатҳои хориҷӣ барои ошно шудан бо бойгониҳои давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷозат дода шавад. Зеро дар солҳои бесарусомонӣ бисёре аз дипломатҳо Душанберо тарк карда рафтаанд ва имконият надоштанд, ки вазъи ҳамонрӯзаро бо чашми сар бубинанд.
Сарвари давлат чунин қайд мекунад: «Мову шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷаи поймол гардидани қонуну қонуният ва фалаҷ гардидани ҳокимият қурбониву фирорӣ шудани ҳазорон одамони бегуноҳ, хароб гардидани манзилҳои истиқоматӣ ва бепарастор мондани кӯдакону оилаҳоро бо чашмони худ дидем. Ин сабақи талхи таърихӣ ҳамаи моро доим ҳушдор медиҳад, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои давлат ҳамчун кафолати боэътимоди тартиботу амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амри зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад».
Дуруст аст, ки бо бисёре аз мавод ва наворҳои видеоӣ, сабтҳои аудиоӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон дипломатҳову журналистон ва аҳли ҷомеа то ҳол шинос нестанд. Аз ин рӯ, чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар дар бораи рӯйдодҳои он давраи Тоҷикистон фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Худи дипломатҳои хориҷӣ он тараф истанд, дипломатҳои Тоҷикистон, журналистону дастандаркорони ҷомеа шояд ба пуррагӣ сабаби оташ гирифтани ҷангӣ шаҳрвандиро надонанд. Ҳар кас фарзияҳои худро дорад. Яъне, ҳеҷ кас бо ин бойгониҳое, ки аз давраи ҷанг маҳфуз мондааст, ошно нест.
Давлат Усмон, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми Точикистон ин иқдоми пешгирифтаи раиси ҷумҳурро чунин шарҳ дод: «Барои кишварҳое, ки бисёр ҳам таърихи қадима доранд, яъне дар назар дорам истиқлолияти хеле тӯлонияшонро ва кишварҳое, ки дар саҳнаҳои сиёсӣ, яъне байналмилалӣ ҳузури геополитикӣ доранд, албатта онҳо бойгониҳояшонро баъди 50-100 сол ё ин ки аз ин ҳам бештар кашф мекунанд. Фикр мекунам, ки барои равшан шудани ҳақиқати ҳол барои муаррихин ин як иқдоми хуб бошад. Дар сурате, ки бисёре аз иштироккунандаҳо қисман дар ҳаёт ҳастанд. Агарчанде он қисматҳое, ки асрори давлат аст, шояд онҳо кашф нашаванд».
Ниҳоят, вақти он расид, ки мардуми тоҷик аз ин бойгониҳо огоҳ мешаванд. Шояд тахминкуниҳои мардум як андоза аз байн равад. Дар ҳамин ҳол Иброҳим Усмонов мегӯяд: «Агар чунин изҳороте ба амал омада бошад, ин маънои онро дорад, ки сардори давлат барои дастрасӣ ба манбаъҳои мӯътабари ҳукуматӣ имконият фароҳам овардааст. Ин як иқдоми демократӣ аст, ин як иқдомест, ки Тоҷикистон дарҳои кушод дорад ва кӯшиш мекунад, ки ҳеҷ чизи худро аз дигарон пинҳон надорад. Ҳадаф он аст, ки ҳақиқати ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бояд барои мардум дастрас бошад. Ба хотири он, ки чи гуна ва барои чи ин ҳолат ба амал омад, оқибат ба чӣ оварда расонид. Албатта худи он ки дастрасии онро барои хориҷиҳо имконпазир гардонд, ин маънои онро дорад, ки худи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам махсусан онҳое, ки ба таҳқиқи ин масъалаҳо машғул ҳастанд имконияти ба даст овардани ин манбаъҳоро доранд. Ин иқдом нишонаи хубе барои нишон додани симои воқеии Тоҷикистон дар масъалаи ҷангу сулҳ аст».
Агар дипломатҳои хориҷӣ баъд аз ошно шудан бо бойгониҳои давраи ҷанги Тоҷикистон хусусияти онҳоро ба таври дигаргуна ва мухолифатомез баҳо диҳанд ва онро ба доираи баҳсҳои байналмилалӣ кашанд чӣ? Чуноне, ки дар сайтҳои хориҷӣ зиёд матолиби иғвогарона ба таъб мерасад. Кӣ кафолат дода метавонад, ки дар байни он дипломатҳои хориҷӣ ҷосусону хоинон нестанд?!
— Дер ё зуд ҳар як ҳодисаи таърихӣ баҳо дода мешавад. Фикр намекунам, ки дипломатҳои хориҷӣ аз як чизи таърихишуда ҳангома бисозанд. Ба ҳар ҳол, таъкид мекунам, он қисме, ки ба асрори давлатӣ, ба амнияти миллии мо дахл дорад, худи ҳукумат шояд ба он чиз иҷозат надиҳад. Танҳо он чизҳоеро иҷозат медиҳад, ки моҳияти асрор доштанашон шояд аз байн рафта бошад. Яъне дигар онҳо сир нестанд. Албатта инҷо ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум бештар як бархӯрди манфиатҳо буд. Аввал, кишварҳое, ки дар ин ҷо сад дар сад манфиатдор буданд. Масалан манфиатҳои онҳо зери хатар буд. Ва он ду кишвар ҳам, ки имрӯз яъне бештар дар ин ҷо саҳм доштанд, яке ӯзбекистон, дигаре Русия. Онҳо он тавонмандиҳову манфиатҳоеро, ки дар солҳои 90-ум доштанд, боз чашмдоранд. Яъне, мехоҳанд манфиатҳои худро барқарор кунанд. Аммо он сабабҳо дигар вуҷуд надоранд. Ба ҳамин хотир, ман дар назар дорам асрореро, ки ба манфиатҳои миллии мо зарар доранд. Дар ин миён шояд баъзе мулоҳизаҳо сурат гирад,- мегӯяд Давлат Усмон.
Вале Султон Ҳамад, рӯзноманигори тоҷик бар ин назар аст: «Огоҳ сохтани ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла корпуси дипломатии муқими Душанбе аз ҳақиқати ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон албатта ба он кӯмак карда метавонад, ки онҳо бо сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҷанг дар кишвари мо чуқуртар шинос шуда, мушкилоти имрӯзаи моро хубтару осонтар дарк карда тавонанд. Ин бошад, боиси он шуда метавонад, ки дар масъалаи дастгириву кӯмакҳои сиёсиву иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳои онҳо қадамҳои ҷиддитаре сурат бигиранд. Вале ҳама гап дар сари он аст, ки чӣ гуна маводу чӣ гуна асноди ҷанги шаҳрвандӣ пешниҳоди ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла дипломатҳо хоҳад шуд».
Имрӯзҳо матбуоти тоҷик, ба хусус нашрияҳои хусусӣ, дар мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ матолиберо ба нашр мерасонанд, ки аз рӯйи мазмуну мундариҷаи хеш зидду нақизанд. «Мутаассифона, дар баъзе матолиб ба таҳқиру гунаҳкор кардани ҷонибҳои дар гузашта мухолиф, бархилофи Санади ҳамдигарбахшӣ, то ба он ҳаде роҳ дода мешавад, ки оташи кинаву адоватро, ки чун лахчаи зери хокистар, дар қалбҳои захмӣ ҳанӯз ҳам нуҳуфта аст, боз аз сари нав аланга бахшида метавонад. Баъзеҳо бо ишора ба озодии матбуот мегӯянд, ки наметавонанд, аз чопи чунин маводҳо ҷилавгирӣ кунанд. Кор ба ҷое расидааст, ки ҳатто дар китобҳои дарсии таърихи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷанги шаҳрвандии чанд сол пешро профессорони мӯътабар «ҷанги байни ду маҳал» номидаанд. Яъне на танҳо як тараф тарафи дигарро имрӯз ҳам сиёҳ карданӣ мешавад, балки мутаассифона, ҳастанд ашхоси алоҳида, ҳатто аз ҷумлаи зиёиён, ки ҳарду тарафро муқассири ҷанг медонанд. Оё Шумо фикр мекунед, ки ин ҳамаро ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла корпуси дипломатӣ намехонаду намебинад? Мехонад ва боз чӣ хел мехонад! Як андеша кунед, ин гуна маводҳо болои онҳо чӣ гуна таъсир мерасонанд? Чӣ фикр мекунанд?
Фикр мекунам, замоне расидааст, ки дигар аз саҳифаи матбуот ба гунаҳкор кардани ҳамдигар хотима бахшем. Дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳама тоҷику тоҷикистонӣ, ҳама мағлуб будем. Зеро ҷанг бо вуҷуди таҳмилӣ буданаш маҳсули дасти ҳамаи мо буд. Яке бо силоҳ ҷангида бошад, дигар бо сухан, яке бо шӯру ғавғо, дигар бо лаб фурӯ бастану дам нишастан ҷиноят содир кардааст. Ҳама ҷангидаем ва ҳама шикаст хӯрдаем. Касе нест, ки битавонад бигӯяд ӯ ғолиб аст. Агар касе чунин гуфта тавонад, ӯ тоҷик ва ҳам тоҷикистонӣ нест! Бадбахтиҳои ҷангро набояд фаромӯш кард!
Вале аз сулҳ ҳама комёбем. Сулҳу амният ғалабаи ҳамаи мост. Сулҳ низ маҳсули дасти ҳамаи мост. Касе гуфта наметавонад, ки сулҳро маҳз ӯ овардааст. Касе, ки аз сулҳу амният дар кишвари мо хушаш намеояд, ӯ тоҷику тоҷикистонӣ нест!
Имрӯз вақте сарвари давлат супориш медиҳад, ки барои ҷомеаи байналмилалӣ матолиберо аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ таҳия ва пешкаш намоянд, фикр мекунам, ин корро гурӯҳи муштараке бояд бикунад, ки аз қазияи ин ҷанг хуб огаҳӣ дошта бошад, пеш аз ҳама ба қадри сулҳу субот бирасад, ба ҳодисаҳои хунини гузашта баҳои мунсифона бидиҳад, ҷониберо гунаҳкор насозад, саҳми ҷониби дигарро дар овардани сулҳу субот фаромӯш накунад. Он гоҳ ҷомеаи байналмилалӣ дарк хоҳад кард, ки мо аз ҷанги шаҳрвандии хеш сабақҳои даркориро гирифтаем. Он гоҳ хулосаҳои онҳо низ мусбат хоҳад буду ба манфиати мо»,- меафзояд Султон Ҳамад.
Умуман, аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ чи чизҳо боқӣ монда бошад? Дар ҳоле ки як замон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода пешниҳод карда буд, то бойгониҳои оппозитсиони тоҷик несту нобуд карда шавад.
Пешниҳоди Президенти кишвар гуфтаҳои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро инкор намекунад? Дар ин бора Давлат Усмон чунин андеша дорад:
«Албатта баъзан чизҳое дар он ҷо буд, масалан маълумот атрофи шахсиятҳое, ки дар ҳамон саҳна хеле фаъол буданд, маълумот дар атрофи кишварҳое, ки дар ҳамон ҳолат фаъол буданд. Дигар чизе нест. Боз таъкид мекунам, ки фурсат нарасидааст, ки сад дар сад ин бойгониҳо дар ихтиёри масалан муаррихин ё ин ки дипломатҳои хориҷӣ гузошта шавад. Шояд якчанд дар сади инҳо аз ҷониби ҳукумат маҳфуз шаванд, ба хотири баъзе мулоҳизаҳо».
Иброҳим Усмонов бошад мегӯяд: «Намедонам дар манбаъи мо чӣ ҳаст. Ба он маънӣ, ки оё дар он вақт касоне буданд, ки бойгониро ба тартиб меоварданд ё не? Зеро дар шароите, ки масалан давраи ҷанг ҳатто мақомҳои марказии амният қисми зиёдашон худро бетараф гирифтанд. Шояд иддае аз матолиб аз миён рафтаанд. Ба ҳар ҳол, эътиқод дорам, ки сабтҳои видеоӣ, сабтҳои аудиёӣ, навиштаҳои матбуотӣ, баъзе ҳуҷҷатҳое, ки ба ин ё он чиз асос медиҳанд, махсусан дар он мақомҳое, ки ин чизро назорат мекарданд, бояд бошад. Аз тарафи дигар, баёнияҳо ва суханрониҳо, фикрҳо ва гувоҳиҳое, ки ҳангоми муҳокимаҳо дар маҳкамаҳо ва суд ба амал омад, дар пурсишҳое, ки дар мақомоти интизомӣ ба амал омаданд, буданашон мумкин аст. Худи ин ҳам хеле гап аст. Албатта аксҳо буданашон мумкин аст. Инҷо на танҳо бойгонии тоҷикистонӣ, балки бойгониҳои беруна ҳам кор медиҳанд. Худи ифшо шудан ё рухсат шудан ба тоҷикистонияш бисёр чизро мекушояд ва бисёр ҳақиқатро мегӯяд. Аз ин рӯ, аз ин манбаъҳо ҳозир истифода бурдан бисёр кори душвор аст ва эҳтиёткорӣ мехоҳад. Онҷо ҳар чиз буданаш мумкин аст».

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: