Главная > Uncategorized > Пештозии Қосимҷон Қосимов ё 2 понздаҳ 1 сӣ?

Пештозии Қосимҷон Қосимов ё 2 понздаҳ 1 сӣ?

Тоҷикистон сиёсати иқтисоди бозаргониро пеш гирифтааст ва дар содироту воридоти маҳсулот, бахусус ғалла монеае вуҷуд надорад. Деҳқонон ва соҳибкорон метавонанд озод маҳсулоти худро дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш гузоранд. Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Дадабоев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, маълумоти паҳншудае, ки гӯё аз ҷониби ин ниҳод оид ба манъи содироти ғалла аз кишвар изҳорот пахш шудааст, асос надорад. Вай гуфт, ки дар баъзе расонаҳо бо истинод ба сайти «Казах Зерно» чунин хабар паҳн шудааст. Аммо чунин як изҳорот дар соли гузашта дода шуда буд, вале имсол Вазорати кишоварзӣ ҳеч тасмиме дар ин бора нагирифтааст.
Бахти деҳқон омад мекунад?
Дар таърихи 70 соли замони Шӯравӣ ва баъд аз истиқлол дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки ҳосили ҳангуфти ғалладона истеҳсол гардидааст. Мувофиқи маълумоти масъулини Вазорати кишоварзӣ, имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор тонна ғалладона ҷамоварӣ шудааст. Бинобар ин, истеҳсоли ғалладона соли ҷорӣ аз нишондиҳандаҳое, ки дар солҳои пеш ба қайд гирифта шудаанд, аз ҳад гузаштааст, ки ин дар замони масъулияти вазири кишоварзиро бар ӯҳда доштани Қосимҷон Қосимов сурат гирифтааст.
Мувофиқи омӯзиши Вазорати кишоварзӣ, ҳосили биологии зироатҳои ғалладонагӣ (бе ҷуворимакка, шолӣ ва кишти такрорӣ) 1 миллиону 153 ҳазору 58 тонна муайян гардидааст.
Ба иттилои Муҳаммадӣ Ормонов, мудири шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғалладона дар Вазорати кишоварзӣ, тибқи маълумотҳои фаврӣ то 2-юми ноябри соли ҷорӣ 1 миллиону 97 ҳазор тонна (дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ) ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ шудааст. Аз ин миқдор ҳосили ғалладона дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ то 2-юми ноябри ҳамин сол ба 736 ҳазору 146 тонна баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли гузашта 424 ҳазору 516 тонна будааст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳосили ҷамъовардашудаи ғалладона аз корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 311 ҳазору 630 тонна зиёд шудааст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектари замин соли ҷорӣ 24-сентнериро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 18-сентнерӣ баробар будааст.
Аммо мувофиқи маълумоти Муҳаммадӣ Ормонов, ҳосили ҷамоваришудаи гандум дар соли ҷорӣ 618 ҳазору 56 тонна мебошад, ки нисбат ба соли гузашта 261 ҳазору 111 тонна зиёд аст. Зеро соли гузашта ҳосили умумии гандум 356 ҳазору 945 тоннаро ташкил медод. Ҳосилнокии гандум аз ҳар гектари замин дар соли ҷорӣ 25,5-сентнериро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2008 ба 18,5 сентнер баробар будааст.

Ғалладона ё пахта?
Дарвоқеъ соли ҷорӣ истеҳсоли бесобиқаи ғалладона дар кишвар ҷамъоварӣ шудааст, ки дар оянда шояд сабаби паст гаштани нархи гандуму орд дар бозорҳо гардад. Ҳарчанд ҷамъоварии маҳсулоти ғалладонагӣ соли ҷорӣ бесобиқа аст ва дар таърихи Тоҷикистони беш аз 80-сола бори аввал чунин нишондиҳанда мушоҳида мешавад, аммо дар маҷмӯъ оё метавон гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ имсол аз ҳарсола бештар рушд кардааст ва дар муқоиса бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии замони Шӯравӣ бартарият дорад?
Агар мантиқан фикр кунем, он фоидае, ки аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон ба даст меовард, бо фоидаи имрӯза муқоисанашаванда аст. Азҷумла, соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаи пешқадамтарин ва сердаромадтарин буд. Аммо ҳоло пахтакорони Тоҷикистон аз ташкилотҳои гуногун, пеш аз ҳама фючеристҳо 538 млн. доллар қарздоранд. Чунки аз ҳисоби пахта мо дар даврони Шӯравӣ садҳо миллион рубл даромад ба даст меовардем. Даромадокии онҳо то 35-40 фоиз мерасид. Имрӯз қариб, ки тамоми соҳаҳои пахтакорӣ зарароваранд. Соли 2008 аз ҳар як гектар 15,6-сентнерӣ, ё ки 353 ҳазор тонна пахта истеҳсол кардему халос.
Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, солҳои пешин дар ин минтақа дар майдони 75 ҳазор гектар пунбадона кишт мекарданд, аммо соли 2008 ба 65 ҳазор ва соли 2009 то 54 ҳазор гектар кам карда шуд. Аз ин нишондиҳандаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки аз як намуди маҳсулоти кишоварзӣ агар барзиёд истеҳсол карда бошанд ҳам, истеҳсоли навъи дигари он рӯ ба коҳиш аст. Дар мисоли ғалладона, ки имсол ҷамъоварии бесобиқааш ба назар мерасад, вале кишти пахта ниҳоят кам шудааст. Дар маҷмӯъ, бо вуҷуди 3 баробар зиёд истеҳсол кардани ғалладона, бо назардошти кам шудани майдони кишти пахта масали «Ду понздаҳ як сӣ» нисбати тағйирот дар соҳаи кишоварзӣ шояд дуруст бошад?

Гурӯсна нон мехӯрад ё пул?
Вақте дар хона барои хӯрдан як нон дорӣ, оё онро бароварда фурӯхтан зарурат дорад? Ё як туфлӣ дориву ба ҷое рафтанат даркор, аммо ба каси дигар медиҳиву худ пойи луч мемонӣ, чунин рафтор мантиқан дуруст аст?
Ин гуна мисолро дар масъалаи содироти гандуми Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Зеро истеҳсоли гандум 700 ҳазор тонна аст, аммо мардуми кишвар ба беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна эҳтиёҷ доранд. Аммо боз гандуми мо ба хориҷ содир мешавад.
Мувофиқи маълумоти Ваҳҳоб Воҳидов, коршиноси масоили кишоварзӣ, ҳар сол ҳудуди 600-700 ҳазор тонна гандуму орд аз хориҷ, кишварҳои Қазоқистон ва Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Вале дар ҳамин ҳол якаспдор ба садаспдор пешниҳод мекунад, ки «аспи маро хар!». Яъне мардум ба воридоти он миқдори истеҳсолшудаи гандум дар дохил эҳтиёҷ доранд. Лекин баъзе афрод ба хотири ба даст овардани манфиати бештар қисме аз гандуми дар дохил истеҳсолшударо ба бозори хориҷӣ содир мекунанд, ки дар натиҷа нархи гандум дар кишвар қимат мешавад. Аммо Нарзулло Дадабоев, сардори Маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки имрӯз аз рӯи қонунҳои амалкунанда ҳар як деҳқон оид ба пайдо кардани бозори фурӯш ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ озод аст ва ягон мамониат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо вуҷуд надорад. Вазорати кишоварзӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои деҳқон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки маҳсули марди деҳқон дар бозор бо фоида ба фурӯш равад. Дуруст аст, ки заҳмати деҳқон бояд қадр карда шавад. Аммо деҳқони заҳматкаш барои баровардани маҳсулоти худ ба бозори хориҷӣ шояд қудрат ва имкон надорад. Вақте барои ворид кардани маҳсулоти худ дар бозори дохилӣ мамониат пайдо мешавад, чи тавр метавонад озод маҳсулоташро дар бозори берун ба фурӯш гузорад? Боз ягон соҳибкор аз ӯ арзон харида, сипас ба бозори хориҷӣ содир мекунад. Имрӯз мувофиқи маълумоти Кумитаи омор, музди аз ҳама кам ба кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ пардохт мешавад, ки моҳи августи соли 2009 ҳудуди 80 сомониро ташкил медод. Агар воқеан фоидаи кормандони соҳаи кишоварзӣ ба инобат гирифта шавад, пас дар мавриди музди моҳонаи онҳо шояд чорае андешида шавад?
Ва дигар ин ки, деҳқон яке аз сокинони кишвар асту манфиати тамоми аҳолӣ манфиати деҳқон низ маҳсуб меёбад. Агар шиками аҳолии Тоҷикистон сер бошад, шиками деҳқон ҳам сер аст. Барои фоидаи як гурӯҳ манфиати тамоми аҳолиро сарфи назар кардан нашояд. Аммо ба гуфти Н. Дадабоев, аз рӯи сиёсати дарҳои бозе, ки мо дорем, иқтисоди бозаргонӣ дар бозорҳои мо ҳукмфармост ва барои воридоту содироти молу маҳсулот эҷоди мамониат дуруст нест. Аммо роҳи дигари кам кардани содироти гандум аз дохили киишварро манбаъ вобаста ба фишангҳои гумрукӣ медонад. Вай мегӯяд, фишангҳои гумрукӣ мавҷуд аст, ки ба воситаи андозбандӣ содироту воридоти маҳсулот ба танзим дароварда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, фишангҳои гуногуне дар дасти ҳукумат ҳаст, лекин, аслан имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон озод аст ва бо риояи қонунҳои ҶТ, азҷумла қонун дар бораи андоз ва қонун дар бораи гумрук тамоми муомилот амалӣ карда мешавад. Ҳукумат ва мақомоти дахлдор бо назардошти манфиати мардум қонун қабул мекунанд ва фишангҳоро истифода мебаранд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: