Главная > Uncategorized > «Бузкашии журналистон»…

«Бузкашии журналистон»…

Ё қарори нав бо қонуни кӯҳна ҷанг эълон карданист?

То ба охир расидани соли 2009 ҳамагӣ як моҳу чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст ва онро метавон «Соли пуштибонӣ ва ҷанг бо ВАО» номид. Зеро пас аз сипарӣ гаштани моҳи аввали соли 2009 барои ба қавле «пуштибонӣ» аз васоити ахбори омма аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон фармони наве имзо шуд. Яъне, «Вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилии ВАО», ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Фармони мазкур вазирон ва роҳбарони муассисаҳои давлатиро вазифадор мекард, то ба танқид ва таҳлилҳои ВАО вокуниш нишон диҳанд ва бо расонаҳо ҳамкории бештаре дошта бошанд.
Дар ин муддат аксар мансабдорон ба дарки ин фармон рафта, масъулият нишон медоданд. Бархеи дигар барои паст задани шаъну шарафи журналистон онро дастак карда, ҷавобҳои пур аз таҳқири шахсияти журналист менавиштанд. Гурӯҳи сеюм умуман онро ба эътибор намегирифтанд.
Он замон ин фармонро ҷониби масъулони расонаҳо истиқбол карда буданд, ки ахиран Президенти мамлакат бо ин фармон то ҷое нақши матбуот, хусусан мавқеи журналистонро баланд хоҳад бардошт.
Дар ҳамин ҳол, барои ҳарду ҷониб — ҳам журналистон ва ҳам мансабдорон як навъ ҳисси тарсро бедор карда буд. Яъне, журналистон аз он ҳарос доштанд, ки мансадорон метавонанд дар иҷрои ин фармон сӯистифода кунанд ва барои матбуот мушкилие низ пеш ояд. Ва аксар ҷавобҳои дар рӯзномаҳо нашршуда собит сохт, ки чунин ҳам карданд.
Аммо мансабдорон аз он нигарон шуданд, ки баръакс рӯзноманигорон аз ин фармон истифода карда, ҳаргунае хоҳанд онҳоро танқид ва ҳатто таҳқир мекунанд.
Он замон дафтари матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ин фармонро чунин шарҳ дода буд, ки ҳадаф аз он рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод ва беҳтар гардидани дастёбии онҳо ба иттилооти расмӣ мебошад. Пас аз даҳ моҳи дигар қарори дигаре баромад, ки ин фармонро инкор мекунад.

Кӯмак хостан аз ВАО
Барои сохтмони НБО-и «Роғун» низ Президент ба кӯмаки мардум рӯй овард ва аз ҳар як шаҳрванди тоҷик даъват кард, то саҳми худро дар он гузоранд. Албатта, аз журналистон низ, ки аҳли ҷомеа ҳисоб мешаванд, даъват карданд, то барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» кӯмаки молӣ кунанд. Ва ин муроҷиат аз тарафи хабаргузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар» сурат гирифт, ки ба ҳукумати кишвар тааллуқ дорад. «Ховар» дар муроҷиатнома аз ирсоли музди кормандони худ барои сохтмони «Роғун» хабар дода, аз ҳамаи хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ даъват кардааст, ки ба чунин иқдом пайравӣ кунанд.
Вале вокуниши натанҳо рӯзноманигорон, балки тамоми аҳолии кишвар ба ин даъват гуногун буда, на ҳама омодаанд ба тарзи «саҳмгузорӣ» дар сохтмони «Роғун» маблағ ҷудо кунанд. Яъне, барои як қишри ҷомеа маоши дурӯза 5-10 сомониро ташкил медиҳад, барои дигаре 20-30 ва барои саввумӣ аз 40- 50 сомонӣ боло аст, ки ҳар кадоме вобаста ба дороияш ин маблағро дар як бор хӯрок хӯрдан сарф мекунад. Аммо чун мардум ба мансабдорон ва роҳбарони масъули соҳа боварӣ надоранд, намехоҳанд ба ин тарз маблағгузорӣ кунанд. Зеро дар сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» чунин кӯмак сурат гирифта буд. Яъне, саҳмияҳоро мардум харидорӣ карданду намедонанд, ки он ба ҷайби кӣ рафт.
Ҳамчунин, бархеи дигар ба ин боваранд, ки бо ин тарзи кӯмак мушкили сармоягузории «Роғун» ҳал нахоҳад шуд ва бояд ба сармоягузорони хориҷӣ муроҷиат кард. Аммо саволи дигаре дар ин маврид пайдо мешавад, ки чаро сармоягузорони бузурги хориҷӣ вақтҳои охир нисбати Тоҷикистон камтаваҷҷӯҳ шудаанд? Ваъда мекунанд, вале бо гузашти чанд муддат хомӯш мешаванд. Дар ҷавоб ба ин савол ҷуз бо таҳлилҳои созмонҳои хориҷӣ дар мавриди ба авҷи аъло расидани ришва дар Тоҷикистон бовар кардан, чорае нест. Ин боис гашта, ки ҳатто донорҳои хориҷӣ аз маблағгузорӣ кардан ба кишвари мо рӯз ба рӯз даст кашида истодаанд.
Масалан, созмонҳои байналхалқӣ, мисоли сафирон, намояндагони донорҳо ва институтҳои молиявӣ дар як ҳисоботи худ чунин қайд кардаанд: «Ришва дар тараққиёти Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта, кӯмакҳои самарахабхши байналхалқиро нобуд месозад, боварии мардумро ба ҷараёни гузараши иқтисодӣ кам намуда, камбизоатиро афзун менамояд».
Дар ҳамин ҳол, бархе мегӯянд, ки муроҷиати Президент низ ба ҳамин хотир аст, ки дигар умед ба сармоягузорони хориҷӣ надорад. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия дастур додааст, то баргаи саҳмияҳои «Роғун»-ро ба зудӣ нашр ва сар аз соли оянда ба фурӯш барорад.
Аммо, тибқи пешниҳодҳои созмонҳои байналхалқӣ, садди ришваро дар ҳамон ҳол гирифта мешавад, ки саравал Тоҷикистон бояд кори ҳукуматашро шаффоф гардонад. Масалан, ҳукуматро зарур аст, ки қувваи қонуниро ба конвенсияҳои байналхалқии вобаста ба ришва супорад.
Масалан, мувофиқи маълумоти созмони Шаффофияти байналмилалӣ, ки ҳамасола рӯйхати кишварҳои фасодзадаро нашр мекунад, имсол Тоҷикистон аз ҷойи 151-ум ба ҷойи 158-ум фаромадааст.
Дар робита ба ин як мисоли натиҷаҳои аудити Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи сарварии Муродалӣ Алимардонов басанда аст, ки мавқеи кишварро пойин барад. Воқеан, агар ришва дар сатҳи ҳукумати мо набошад, чаро касе аз курсинишинони болоӣ вобаста ба ин садо баланд накард? Ё Ҳукумат аз гуноҳи Алимардонов гузашт?
Ва ё бо сохтани масҷиде он маблағи ҳангуфтро ҳисобӣ карданд?
Агар вазъ чунин бошад ва агар маблағҳои ба НБО-и «Роғун» ҷудогардида шаффоф сарф нагардад, даҳ соли дигар ҳам аз мардум маблағ ҷамъ кунанду грантҳои хориҷӣ гиранд ҳам, сохтмони он ба охир нахоҳад расид.

Маҳрумияти журналистон
Тавре дар боло қайд кардем, соли 2009 соли журналистикаи тоҷик буд. Мисоли дигар, бо таъсири бӯҳрони молӣ матбуоти давраӣ низ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидааст ва аз ҳукумату мақомоти дахлдори кишвар хостгори он шуда буданд, ки дар давраи бӯҳрони молӣ расонаҳоро аз пардохти андоз озод кунанд.
Мутаассифона, касе аз сатҳи ҳукуматӣ ба ин арзи журналистон нарасид. Озод кардан як сӯ истад, ҳатто кам накарданду бар замми ин, қароре бароварданд, ки дастрасӣ ба иттилоъро маҳдудтар сохт. Яъне, аввал ба суратҳисоби мақомоти давлатӣ пул пардохт намуда, баъд иттилоъ мегирӣ.
Аҷиб наменамояд, ки дар аввал барои ҳамкории мансабдорон бо журналистон як фармон мебароранду баъдан тибқи қарори дигар дастрасии онҳоро ба иттилоот маҳдуд мекунанд?! Бовар намекунед?
Тибқи ин санад ҳар нафар ва ё муассисае, ки ниёз ба маълумот дорад, онро аз идора ва муассисаҳои давлатӣ бар ивази пардохт намудани пул мегирад.
Ҳамчунин, дар он гуфта мешавад, ки идораҳои давлатӣ иҷоза доранд, ки иттилои худро вобаста ба аҳамияти он нархгузорӣ кунанд. Фарқ надорад, ки он хаттӣ аст ва ё шифоҳӣ ва барои ҳар саҳифаи маълумот на бештар аз 25 сомонӣ ва аз соли оянда 35 сомонӣ нархгузорӣ хоҳад шуд.
Аммо бояд гӯям, ки қарори мазкур фармон оид ба «Вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилии ВАО» як тараф истад, ҳатто Қонуни «Матбуот ва дигар ВАО»-ро ба як нӯл зад! Масалан, дар моддаи 1-и Қонун чунин омадааст: «Воситаҳои ахбори омма аз идораҳои матбуоти даврӣ, радиою телевизион, агентиҳои иттилоотӣ, дигар муассисаҳое, ки ахбори омма нашр мекунанд, иборат аст.
Мувофиқи ҳамин Қонун воситаҳои ахбори омма — рӯзномаю маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ, ки барои дар байни мардум интишор кардан пешбинӣ шудаанд ва дар се моҳ на камтар аз як маротиба нашр мешаванд, ҳамчунин барномаҳои телевизиону радио, кинохроника, хабарҳои агентиҳои информатсионӣ, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд».
Модоме иттилоъ пулакӣ шуд, журналист чӣ гуна метавонад аз навигарие мардумро огоҳ созад? Ва аҷибии дигар дар он аст, ки иттилоъ барои журналистони давлатӣ бепул асту барои кормандони ВАО-и хусусӣ пулакӣ. Магар бо ин гуна қарор рахнаи бе ин ҳам бавуҷудомадаи миёни журналистони давлатӣ ва хусусӣ васеъ намешавад? Магар ин тафриқаандозӣ аз ҷониби Ҳукумат нест?
Дар ҳоле, ки тибқи моддаи 30-и Қонуни «Матбуот ва дигар ВАО» зери мафҳуми «журналист» новобаста аз давлатӣ ва ғайридавлатӣ будан, ҳама баробар аст. Яъне, «таҳти номи журналист шахсе дониста мешавад, ки барои воситаҳои ахбори омма мавод ҷамъ мекунад, менависад, таҳрир менамояд ё тайёр мекунад ва бо воситаи ахбор шартномаи меҳнатӣ дорад ё ин ки бо ваколати ҳамин воситаи ахбор ба ин кор машғул аст». Ё фаъолияти журналистони давлатӣ аз журналистони ғайридавлатӣ фарқ дорад?
Ҳамчунин, дар моддаи 5-и Қонуни зикршуда омадааст: «Ташкилотҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд».
Агар чунин қарор қабул кардем, ин моддаи Қонунро кӣ иҷро мекунад? Ё онро ҳам тағйир медиҳем?
Бо тағйир додани ин модда ва қарори дар боло қабулнамуда, на танҳо ҳуқуқи журналистон, балки тамоми мардумро поймол хоҳем кард. Зеро дар моддаи 27-и Қонуни «Матбуот ва дигар ВАО» омадааст, ки «Шаҳрванд ҳақ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма фавран дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор маълумоти аниқ ба даст орад.
Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият муҳайё мекунанд…».
Магар ҳангоми қабули қарор ин моддаҳои қонуни натанҳо журналистон, балки тамоми ҷомеаро ба назар гирифтаем? Ё шояд гумон мекунем, ки ҳама мардум рӯзномаву маҷаллаҳои давлатиро мехонанд? На, ба ин савол метавонам бо боварӣ ҷавоб гӯям, ки агар обунаи маҷбурӣ набошад, аксари онҳоро касе варақгардон ҳам намекунад.
Дар ҷойи дигари ҳамин модда оид ба саркашии мақомот ва шахсони мансабдор аз додани иттилоъ, моддаи 34 дар бораи вайрон кардани Қонуни «Матбуот ва дигар ВАО» ва моддаи 36 «Норавоии монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии касбии журналист» низ омадааст.

Далелҳои «кайҳонӣ» меафзояд
Санаде, ки маълумотро барои журналистон пулакӣ карданист, чӣ таъсири мусбату манфие хоҳад дошт ва муносибати ноширони нашрияҳову муассисони шабакаҳои мустақили радиою телевизионӣ нисбати он чӣ гуна хоҳад буд? Фикр мекунам, ин санад қурбе пайдо намекунад, ки лоиқи ситоиш бошад, зеро муҳити имрӯзаи журналистикаи тоҷик хеле-хеле бӯҳронзада аст. Аз ин лиҳоз, таъсири санади нав метавонад журналистонро як навъ ба бузбозӣ андозад. Ба ин маънӣ, ки акнун онҳо, бахусус намояндагони васоити ахбори оммаи мустақил ба «бузкашӣ» медароянд ва ин падидаи номатлуберо бар тани бе ин ҳам лоғари касбият мӯҳр мекунад. Яъне, журналист акнун манбаи иттиллои журналисти дигар мешавад. Мавзӯъҳо такрор меёбанд, маълумоти носара рӯи саҳифаҳо мерезад, шумори факту далелҳои «кайҳонӣ» меафзояд. Натиҷа ин мешавад, ки шояд баъзе беҳтарин нашрияҳои сиёсии кишвар низ ба матбуоти зард мубаддал гарданд. Дар умум, ин падида бар зарари ҳам ВАО-и мустақилу давлатӣ, ҳам ниҳодҳои мухталиф ва ҳам мардуми кишвар аст. Дар ин миён, шояд хабарнигорони бурунмарзӣ дар сойтҳои иғвоангезашон теъдоди матолиби мухолифу манфиатҷӯёнаи худро ба маротиб афзун созанд. Барои садди роҳи чунин як иғвоангезӣ шудан бошад, ҳатто пешсафтарин медиа — магнатҳои Тоҷикистон бе кӯмаки вазоратҳои кишвар коре карда наметавонанд. Пас, вой бар мо, агар вазоратҳо барои ҳамкориҳои судманд аз ВАО пул талаб доранд!

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: