Главная > Uncategorized > «Дар майдони холии бешароит рақс кардан мушкил аст»

«Дар майдони холии бешароит рақс кардан мушкил аст»

18-уми ноябри соли ҷорӣ яке аз асосгузорони матбуоти муосири тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чархи гардун» зодрӯз дорад. ҶДММ «Чархи гардун» аз соли 1994 дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Шумораи нахустини аввалин нашрияи ин ширкати иттилоотӣ — ҳафтаномаи «Дайджест-пресс» соли 1994 аз чоп баромадааст. Ба ҳамин хотир, тасмим гирифте сӯҳбате дошта бошем бо муассиси ҶДММ «Чархи гардун», ҳамзамон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор.

— Мӯҳтарам Акбаралӣ Саттор! Қаблан Шуморо ҳамчун муассиси ҶДММ «Чархи гардун» ба муносибати зодрӯзи ҷамъияти мазкур муборак мегӯем. Лутфан мегуфтед, ки нияти таьсиси чунин як ҷамъият аз куҷо маншаъ гирифт?
— Аслан бо як сухан метавон гуфт, ки зиндагӣ маҷбур кард. Ман журналист будам, мудири шӯъбаи сиёсат ва ҳаёти байналмилалии рӯзномаи «Садои мардум». Вале мушкилоти зиндагӣ пеш омаду аз кор рафтам. Ба тиҷорат машғул шудам. Аслан аз Чин бор меовардам ва баъди чанд вақт бозоршинӣ ҳам кардам. Бо вуҷуди соҳиби дипломи Санкт — Петербург буданам шарм намедоштам. Он замон давраҳои ҷанг буд. Як рӯз ба хулосае омадам, ки рисолати ман дар зиндагӣ фақат бозоршинӣ нест. Беҳтараш ба ягон коре машғул шавам, ки ба касбияти ман наздик бошад. Ба майнаам кушодани як рӯзномае бо забони русӣ омад. Ҳамин тавр, 18-уми ноябри соли 1994 нахустин шумораи нашрияи «Дайджест-прсес» бо теъдоди 6000 нусха ба табъ расид.
— Бархе бар ин назаранд, ки танҳо бо сабаби холӣ будани фазои иттилоотӣ дар солҳои 90-ум нашрияҳои Шумо тавонистанд зуд ба майдони матбуот ворид шаванду нуфуз ёбанд. Агар аз ин нуқтаи назар баҳогузорӣ кунем, пас касбияти кормандон он замон дар кадом сатҳ буд?
— Шояд бисёриҳо савол диҳанд, ки чаро «Дайджест-пресс тез муваффақ шуд ва ё, шояд майдон холӣ буд? На, бозор холӣ ҳам набуд. Ҳамон шабу рӯз аз ҳама сертеъдодтарин рӯзнома нашрияи «Курьер Таджикистана» буд, дуюм «Вечерний Душанбе», ки 60 — 70 ҳазор нусха мебаромад. «Бизнес и политика» 40000 теъдод дошт. Яъне, иддаое, ки гӯё мо дар майдони холӣ ба миён омадаем, нодуруст аст. Вале нашрияҳои тоҷикизабони хусусӣ қариб ки вуҷуд надоштанд. Соли 1996 «Чархи гардун» таъсис ёфт ва солҳои минбаъда бисёр ҳафтаномаҳое, ки имрӯз дар бозор ҳастанд. Аз ҳамин нигоҳ, мегӯям, ки дар майдони холии бешароит ҳатто рақс кардан бисёр душвор аст.
«Дайджест — пресс» як шакли нави ҳафтанома буду усули пешниҳоди мақолаҳо тамоман нав. Мо аз стандартҳои пешинаи Шӯравӣ даст кашидем ва ба стандартҳои бозорӣ рӯ овардем. Шояд яке аз сабабҳои зуд нуфуз ёфтан низ ҳамин буд. Дар мавриди касбият бошад, ҳаминро қайд менамоям, ки вақте кормандон корфарморо қонеъ намекунанд, аз кор холӣ мешаванд. Қоида ҳамин аст. Лекин дар шароити имрӯза, ки кадрҳо намерасанд, маҷбур мешавӣ баъзан гузашт кунӣ, баъзан ёд диҳӣ.
— Ҳолате вуҷуд дошт, ки ба таъсису фаъолияти ҳафтаномаи «Чархи гардун» халал расонида бошад? Дар назар аст ҳам ҷиҳати молӣ ва ҳам маънавию фардӣ.
— Аслан, ҳамон вақт ҳам ягон мушкилоти азқайдгузаронӣ набуд, ҳоло низ нест. Умуман, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба қайд гирифтани як ҳафтанома ё рӯзнома дар Тоҷикистон чандон мушкилоте надорад, агар аз чаҳорчӯбаи қонун берун набароем. Ягон мушкилӣ ҳангоми гузаштан аз қайди давлатӣ набуд, чун мо ҳафтаномаи фарҳангии иттилоотии худамонро муаррифӣ карда будем. Мушкилот дар нарасидани қоғаз буд. Ҳолатҳое мешуд, ки нашрияро тайёр мекардему қоғаз надоштем. Ана дар ҳамин ҳолатҳо танҳо 50 фоизи талаботи мизоҷонро қонеъ мекардем.
— Чун ҳафтаномаи «Чархи гардун» нашрияи маърифативу фарҳангист, бархе чунин мешуморанд, ки матолиби чунин нашрияҳо барои ба вуҷуд овардани баҳси ҷиддие қодир нестанд. Назари шумо чист?
— Ҳар як рӯзнома ё ҳафтанома пеш аз баромадан худашро муаррифӣ мекунад, ки ҷамъиятист, ё сиёсӣ ва ё фарҳангӣ. Вақте ки «Чархи гардун» баромад, даъвои баррасии мавзӯъи ҷиддии сиёсиро надошт. Аз аввал дар нашрия навишта будем, ки ин ҳафтаномаи фарҳангии иттилоотӣ аст. Дар шумораҳои аввал «Чархи гардун» асосан се самт дошт; иттилооти фарҳангӣ, муаррифии аҳли фарҳанг ва ба куҷо рафтани фарҳангиён. Зеро, баъди ҷанг мо намедонистем, ки қисме аз аҳли фарҳангамон куҷо шуданд. Варзишгаронамон ба кадом кишвар рафтанд? «Чархи гардун» дунболагири мавзӯъҳое буд, ки ҳар як фарде, ки дар ин ҷомеа нақш дошт, кӯшиш мекардем ӯро ёбем. Дигар самти фаъолияти мо фарҳанги оилавӣ буд. Аввалин шуда мо чунин мавзӯъҳоро баррасӣ намудем, зеро медонистем, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Чунки ҳамон шабу рӯз зани тоҷик, умуман, оилаи тоҷик аламзада буд. Ҳамон вақтҳо фарзандони беҳтарини Тоҷикистон кушта шуда буданд ва мардум намедонистанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Дар «Чархи гардун» мавқеъ ё хизматҳои Нӯъмон Низомӣ, яке аз журналистони машҳур, бисёр ҳам назаррас аст. Зеро ӯ гӯшае дошт бо номи «телефони боварӣ» ва мардуми бисёре меомаданду дарди дил мекарданд, ба он андоза, ки худамон бовар надоштем. Ба ман бисёр вақт савол медоданд ки «шояд худатон мебофед ҳамин навиштаҳоро?». Ман мегуфтам, ки «биёед, як маротиба худатон дар пеши телефони боварӣ шинед, мебинед гап дар куҷост».
Як самти дигари фаъолияти «Чархи гардун» ҳамон вақтҳо баррасии мавзӯъҳои ахлоқи исломӣ буд. Кӯшиш кардем то қадри имконпазир мардумро ба дарки дурусти ахлоқи ҳамида даъват намоем. Мақсади самт ҳамин буд, ки то ҳозир ҳаст.
— Нашрияи маърифативу фарҳангиеро мисол оварда метавонед, ки фарҳангитар аз «Чархи гардун» бошад?
— Ман аслан муқоисакуниро бад мебинам. Умуман қабул надорам, вақте ки «Чархи гардун»-ро мегиранд ва бо ягон рӯзномаи дигар муқоиса мекунанд. Ман ҳеҷ гоҳ муқоиса намекунам, ки чаро «Оила» ин хел асту дигараш он хел. Ҳар як нашрия хонандаи худро дорад.
— Дар мавриди рақобат чӣ гуфтание доред?
— Ман агар даҳ ҳазор хонанда дошта бошам, боз беҳтар кор мекунам. Ин бозор аст, вале аслан, бозори хароб. Вақте ки ду ҳамсоя камбағал бошанд, ҳама вақт миёнашон ҷанҷол аст. Агар дуто бой бошанд, гов ё гӯсфанд мекушанду ҳамдигарро сари хон даъват мекунанд. Ҳама нофаҳмиҳои журналистони тоҷик, ки имрӯз ба назар мерасад, аз камбағалии худи онҳост. Вақте пул надоранд, хаёл мекунанд, ки хонандаи онҳоро Акбари Саттор гирифтааст ё Шарифи Ҳамдампур ё каси дигар. Вале муҳим ин аст, ки касбиятро ба инобат гирем. Агар ман «Зан ва мард» мебарорам, бояд психологияи зану мардро донам, бояд мавзӯҳоеро бардорам, ки ба манфиати барҷо мондани оилаҳо бошад. Ҳозир бинед, ки дар тамоми ҷаҳон раванди аз байн рафтани оилаҳо ҳаст. Дар ин маврид мо зиёд мушкилотро мекушоем, аммо даъвои нашрияи сиёсӣ буданро надорем. Яъне, «Зан ва мард» ҳафтаномаи оилавист. Метавон «Вечерний Душанбе»-ро бо «Азия плюс» муқоиса кард ё бо ягон газетаи русию сиёсӣ.
Ман ҳар як нашрияро меомӯзам, вале ҳаргиз намегӯям, ки ин нашрия паст асту аз ман баланд. Ҳар кас дар самти худаш коре карда истодааст. Кӣ муваффақ аст, кӣ не, худ маълум мешавад.
Боз як бори дигар мегӯям, ки ҳамаи бадбахтии журналистикаи тоҷик набудани як савдои хурду миёна аст. Вақте реклама нест нашрияҳо бисёр қашшоқанд. Ман теъдоди ҳамаашонро медонам. Медонам, ки кӣ чанд пул меёбад. Лекин пули ягон касро ҳисоб намекунам. Фақат ҳамин чизро мегӯям, ки ҳама мушкилоти ҳамдигарсиёҳкунӣ дар матбуот сари маблағ аст. Бозор хуб бошад, хонандаи хуб бошад, ҳар кас хонандаи худашро ёфта метавонад. Фикр мекунам, ки ин нофаҳмиҳо аз байн мераванд.
— Таври маълум, соли 1994 аввалин нашрияи ҶДММ «Чархи гардун» — «Дайджест — пресс » ба таъб расидааст. Чаро ҳафтаномаи «Чархи гардун» не?
— Аслан мо хостем як номи малеҳи хуби тоҷикӣ бошад. Он вақт корхонаи хусусӣ бо номи «Рамз» доштем, вақте ки «Дайджест — пресс» чоп мешуд. Баъдан, ширкатамон ҶДММ «Чархи гардун» номгузорӣ шуд, зеро мо дар Тоҷикистонем. Дигар ин ки, ин ном аз аввал ба ман маъқул буд.
— Айни замон чанд нафарро ба кор фаро гирифтаед?
— Дар ширкати мо 50 нафар корманд кор мекунанд, лекин ҷойҳои корӣ зиёд дорем.
— Чун номи ЧДММ «Чархи гардун» ба номи ҳафтаномаи «Чархи гардун» аст, баъзе нафарон муваффақияти Шуморо аввалан дар таъсиси ҳамин ҳафтанома мебинанд. Ҳаст санае, ки ин ҳафтанома бароятон хурсандии беинтиҳо ва фаромӯшнашаванда оварда бошад?
— Барои ман санаи беҳтарин — ин рӯзи таваллуди фарзандони ман аст, ки 4 нафаранд. Барои ман дар кадом сана баровардани рӯзнома муҳим нест. Муҳим донистани он аст, ки кадом рӯз нашрия маблағи худашро мепӯшонад. Рӯзе, ки рӯзнома хароҷоти худашро пӯшонд, ҳамон рӯз санаи хурсандӣ мешавад.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: