Главная > Uncategorized > «Кони Мансури Калон» ба кӣ мерасад?

«Кони Мансури Калон» ба кӣ мерасад?

Ба назар чунин менамояд, ки ҳоло ҳам дар баъзе давлатҳо мустақилияти Тоҷикистонро эътироф карданӣ нестанд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба «Кони Мансури Калон» озмун эълон кардааст. «Кони Мансури Калон» яке аз калонтарин конҳои нуқра дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, мувофиқи баъзе маълумотҳо, захираи нуқра ва дигар маъданҳои он ҳудуди як миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Танҳо захираи нуқра дар ин кон бештар аз 50 000 тонна арзёбӣ шудааст. Барои коркарди маъдани кони мазкур 2 миллиард доллар маблағ лозим аст. «Кони Мансури Калон» дар вилояти Суғд ҷойгир аст. Масъули баргузории озмун Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд ғолиби озмунро коршиносони Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ муайян хоҳанд кард, аммо рӯзномаи «Независимая газета»-и чопи Маскав аз қавли як мақоми дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки дар озмуни мазкур Чин пирӯз хоҳад шуд. Аз рӯйи маълумоти ин рӯзнома, гӯё Душанбе аз сиёсати Маскав дилсард шудааст ва барои дарёфти сармоя озмуни «Кони Мансури Калон»-ро эълон доштааст.
Барои коркарди нуқраи кони мазкур солҳои қабл ширкати русии «Норылский никел» сармоягузорӣ кардан мехост, аммо ҳамакнун «Независимая газета» менависад, Русия бузургтарин кони нуқраро, ки Тоҷикистон барояш ваъда карда буд, нахоҳад гирифт. Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил, аз рӯйи сиёсати дарҳои боз ҳақ дорад музоядаи «Кони Мансури Калон»-ро озод эълон кунад. Вале бархӯрди рӯзномаи мазкур як навъ соҳибихтиёрии як кишварро дар анҷоми корҳои муҳим зери суол мебарад.
Дар айни ҳол ба таври расмӣ ғолиби озмун эълон нагардидааст.
«Хизмати чинӣ хатарнок аст»
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо назардошти пешгӯии баъзе мақомот дар мавриди пирӯзии Чин, таъкид бар он мекунанд, ки дар озмун бояд ба ягон ширкати сармоягузор ё давлати алоҳида имтиёзи бештар дода нашавад. Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиние, ки соҳибкорони тоҷикистонӣ ва чинӣ вохӯрӣ доштанд, гуфта шуда, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад яке аз ширкатҳои азими чинӣ дар коркарди «Кони Мансури Калон» иштирок кунад. Вай афзуд, ки вақте озмун эълон мешавад, бояд ҳамаи ширкатҳои азими ҷаҳон иштирок дошта бошанд ва ба ҳеҷ кадоми он имтиёзи бештар дода нашавад. Зеро, дар ин сурат, аз рӯи талаботи бозор рақобати солим сарфи назар мегардад.
Пешгӯии ғолиби озмун будани ширкати чинӣ дар ҳолест, ки соҳибназарон ва баъзе равшанфикрон аз афзудани шумораи чиниҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба андешаи Барзу Абдураззоқов, ҷомеашиноси тоҷик, омадани афғонҳо чандон хатаре надорад, нисбати он ки чиниҳо ба кишвари мо ташриф меоранд. Вай афзуд: «Вақте чиниҳо ба Тоҷикистон меоянд, пеш аз ҳама мақсади дурнамо доранд. Онҳо беҳуда барои мо туннелу роҳ намесозанд. Вақте мардуми қашшоқи чинӣ ба Тоҷикистон меоянд, дигар замини зебои тоҷиконро тарк кардан намехоҳанд. Хизмати афғон дурнамои сиёсӣ надорад, аммо хизмати чинӣ хатарнок аст. Ман ҳеҷ гумон ва бовар надорам, ки онҳо хизмати бепулу ройгон мерасонида бошанд».
Аммо дар ҳамин ҳол, Абдуғанӣ Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки омадани соҳибкорони чинӣ хатаре барои Тоҷикистон надорад. Вале омадани муҳоҷирони чинӣ хатар дошта метавонад. Зеро соҳибкор ба ватанаш бармегардад, муҳоҷир мумкин аст дар Тоҷикистон монад.
Ба андешаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор, доктори улуми иқтисод ҳоло ширкатҳои давлатии Чину Русия дар Тоҷикистон бештар фаъолият доранд. Аз назари сиёсати иқтисодӣ барои вобаста набудан ба ин ё он давлат, даъвати ширкатҳо ва соҳибкорон аз сектори хусусӣ ба суди Тоҷикистон хоҳад буд. Яъне, Тоҷикистон бояд на ба ширкатҳо аз сектори давлатӣ, балки ба хусусӣ такя кунад.

Тоҷикистон қудрат надорад…
Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон қудрате надорад, ки коркарди маъдани «Кони Мансури Калон»-ро ба ӯҳда бигирад. Зеро кони мазкур яке аз конҳои бузурги нуқра дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва барои коркарди он сармояи зиёд лозим аст. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки коркарди ин кон бо тавони молию фаннии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Чунки барои истеҳсоли нуқра ва дигар маъданҳо маблағи зиёд ва техникаҳои махсус лозим аст, ки кишвари мо аз ин имконот бархӯрдор нест. Ба ин хотир, давлати Тоҷикистон барои коркарди «Кони Мансури Калон» озмун эълон кардааст. Вай афзуд: «Ман ёд дорам, 5-6 сол қабл Тоҷикистон ба умеди он буд, ки Русия коркарди ин конро ба ӯҳда мегирад. Намедонам сабаб чӣ буд, вале коркарди нуқра аз ҷониби ширкати русӣ сурат нагирифт. Шояд ширкати русӣ дар музоядаи ин кон ширкат кунад, вале то ҷойе медонам, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар ин музояда тасмим доранд, ки ширкат кунанд ва дар коркарди нуқра саҳм бигиранд. Ҳоло маълум нест, ки дар коркарди ин кон як ширкати хориҷӣ саҳм мегирад ё якчанд ширкат. Аммо мақомоти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки як ширкати аз тавони молию фаннӣ бархӯрдор ба коркарди нуқра бипардозад».
Чанд сол қабл, масъалаи дар дохил коркард кардани нуқраи ин кон ба миён омада буд. Он замон Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими ширкати «Нор-никел»-ро дар мавриди коркарди мустақилонаи нуқра дар хориҷи кишвар на бар суди Тоҷикистон хонда, хостори рад кардани сармоягузориаш шуда буд.
Мухтор Фозилов, номзади илмҳои геология ва минералогия чунин андеша дошт, ки агар Тоҷикистон тавони молию фаннӣ дорад, бо қувваи худӣ маъданро истихроҷ кардан беҳтар аст. Вале дар назди кон шаҳрчае мавҷуд аст, ки барои кӯчонидани аҳолии он ва баҳри коркарди маъдан маблағи ниҳоят зиёд лозим меояд.
Ба андешаи Зулфиқори Исмоилиён, коркарди маъдан вобаста аст ба ширкати сармоягузоре, ки ғолиби озмун мегардад. Агар иқтидори ширкат аз лиҳози молию фаннӣ ниҳоят қавӣ бошад, дар дохили Тоҷикистон корхонае бунёд мекунад ва ба коркарди маъдан мепардозад.
Аммо дар қарордод гуфта мешавад, ки коркард дар дохил сурат мегирад ё дар хориҷ. Дар ҳамин ҳол, ба андешаи ин коршинос ҳарчанд ашёи нохолис арзиши паст дорад ва ба хориҷ коркард накарда интиқол додани он чандон ба фоидаи Тоҷикистон нест, вале дар сурати зарурӣ бояд ба коркарди маъдан дар хориҷ низ монеае ба вуҷуд наояд. Зеро аз ду сар давлати Тоҷикистон қудрати коркарди онро надорад. Аз тамоман коркард нашудани маъдан, беҳтар аст, ки нохолис бароварда шавад ва даромади муайяне ба буҷаи давлат ворид гардад.

«Норылский никел» чӣ гуна ширкат буд?
«Нор-никел»-ро дар Русия ва хориҷи он ҳамчун яке аз ширкатҳои бузургтарину босубот шинохтаанд. Никели истеҳсолкардаи ин ширкат дар бозори Русия ба андозаи зиёд паҳну машҳур шудааст. Ширкат бо чандин минтақаи кишвараш ва берун аз он шартномаҳои ҳамкорӣ баста, моҳи январи соли 2006 аз рӯи стандарти ҷаҳонии истеҳсолот соҳиби шаҳодатномаи фахрӣ шудааст. Шӯъбаҳои он дар Амрикои Ҷанубӣ ва Аврупои Ғарбию Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фаъолият доранд. Маҳсулоти ширкат дар соҳоти мошинсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва саноати химиявӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Солҳои 20-30-и садаи гузашта дар нимҷазираҳои Таймир манбаъҳои мису никел кашф шуд. Дар ин замина ширкатҳое ташкил ёфтанд, ки акнун ба «Нор-никел» тааллуқ доранд. Соли 1993 бо қарори президенти Федератсияи Русия «Нор-никел» ба ҷамъияти саҳомии русии истеҳсоли металҳои ранга ва қиматбаҳо табдил ёфта, баъдтар ба музояда гузошта шуд. Охири солҳои 1995 ҷамъият аз ҷониби давлат ба ихтиёри идораи «Интерос» гузашт.

«Сирри давлатӣ»-ро харидан мумкин аст?
Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, «Кони Мансури Калон» чорумин кони бузургтарини нуқра дар ҷаҳон аст, ки солҳои 70-80 таҳқиқ шудааст. Захираи он қариб 1 миллиард тонна маъдан аст, ки ҳар тоннааш 49 грамм нуқра дорад. Захираи умумии нуқраи кон 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Устоди факултаи геология ва маъдани Донишгоҳи милли Тоҷикистон Мухтор Фозилов таърихи кашфи ин конро ба асрҳои 7-8 нисбат медиҳад. Кони мазкур аз ҷониби чиниҳо қисман коркард шуда, номи «Кӯҳи Сим»-ро гирифта будааст. Аввал ин кон ҳамчун кони нуқра истифода намешуд, зеро ба нуқра аҳамият намедоданд. Ҳамин буд, ки сурбу руҳро ҷудо карда мегирифтанду нуқра дар партовҳо мерафт. Баъди асри 10 истеҳсолот дар ин кон қатъ мегардад. Аз ҳамин давра сар карда, то солҳои баъд аз инқилоб маъхазҳо маълумоте надоштанд. Соли 1925 дар мавзеи «Кӯҳи Сим» олимони Шӯравӣ, аз ҷумла Борис Николаевич Раследов корҳои омӯзишӣ мегузаронанд ва ин кон аз сари нав кушода мешавад. Баъдтар, аз соли 1985-1988 фаъолият дар самти омӯзиши маъдан пурзӯр мегардаду он номи «Кони Мансури Калон»-ро мегирад.
Масъулини идораи Геологияи тоҷик аз додани маълумот дар бораи «Кони Мансури Калон» худдорӣ карданд. Дар ин ниҳод мегӯянд, ки маълумот додан дар бораи ин кон аз сабаби ба «сирри давлатӣ» дохил шуданаш мамнӯъ аст. Ин дар ҳолест, ки чанд сол қабл расонаҳои хабарӣ дар бораи «Кони Мансури Калон» маълумотҳо пешниҳод кардаанд, ки дар он вақт ширкати «Норылский никел»-и русӣ хостори сармоягузорӣ ба он шуда буд. Аммо масъулини идораи мазкур мегӯянд, ки барои дарёфти маълумот ба Кумитаи сармоягузорӣ муроҷиат кунем, мумкин аст дар он ҷо харида шавад. Вале, оё имкони «сирри давлатӣ»-ро харидан вуҷуд дошта бошад?

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Декабрь 7, 2010 в 10:21 пп

    Дорогие друзя уже 30 лет и собирать газеты имеют более 6000 разных газеты.Я буду счастлив, если бы вы выслать мне газету в мою коллекцию.Желаю вам крепкого здоровья, личного счастья и профессиональных успехов. Мой почтовой адресс; Йордан Кирилов ,улица- Цар освободител 14, город-Ихтиман 2050 БОЛГАРИЯ .

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: