Главная > Uncategorized > «Намояндаҳои мо хиёнатпеша нестанд»

«Намояндаҳои мо хиёнатпеша нестанд»

17-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав Анҷумани ғайринавбатии Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» баргузор шуд. Ин Анҷуман, ки баргузории он аз қабл эълом шуда буд, дар бинои Иттифоқи журналистони Русия ва бо ширкати намояндагони мақомоти Русия, созмонҳои иҷтимоӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сурат гирифт. Анҷумани ғайринавбатии Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» тибқи дастури кори худ бо рӯйхатгирии вакилон ва меҳмонон оғоз ёфт. Аммо дар оғози кори он иттифоқоте рух доданд, ки дастандаркорон Анҷумани ғайринавбатии худро на танҳо ғайринавбатӣ, ҳамчунин, Анҷумани фавқулодда унвон карданд. Ин иттифоқот аз чӣ иборат буд ва чаро Анҷуман фавқулодда унвон гирифт? Дар ин робита сӯҳбате доштем бо Каромат Шарифов — раиси Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар шаҳри Маскав.

— Албатта, Шумо огоҳ ҳастед, ки мо тавассути расонаҳо ва ҳамчунин сайти интернетии худ замони баргузории Анҷумани ғайринавбатии худро бо мулоҳизоте аз рӯзи 8-уми ноябр ба 17-уми ин моҳ мавқуф гузоштем. Ва ҳамин тавр кори Анҷуман дар рӯзи таъйиншуда ба кори худ оғоз бахшид. Аммо дар ин миён, тақрибан ним соат пеш аз шурӯъи кори Анҷуман Азим Махсумов — роҳбари минтақавии Ҷунбиши «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар шаҳри Рязан, ки бар пояи тасмими гурӯҳи корӣ ва тавофуқи қаблӣ бо худи ӯ мебоист Анҷуманро раисӣ мекард, гуфт, ки наметавонад масъулияти худро анҷом диҳад. Зимнан Азим Махсумов ҳамчунин раисии Комиссияи тафтишотии Ҷунбишро бар дӯш дорад. Оқои Махсумов гуфт, ки ба телефонии дастии ӯ аз шаҳри Душанбе хешу табораш SMS фиристодаву бо зориву тавалло илтиҷо доранд, ки дар кори Анҷуман ширкат наварзад. Зеро онҳоро зери тақъибу фишор қарор дода, шарт гузоштаанд, ки бояд ӯ ширкат наварзад. ӯ ба ман ин SMS-ҳоро нишон дода гуфт, ки ба хотири ақориб ва пайвандони худ, ки таҳти таҳдид ва фишор қарор доранд, наметавонад дар кори Анҷуман ҳузур дошта бошад. Ва ӯ маҷбур шуд ба Рязан ба маҳали кору зиндагии худ баргардад ва дар кори анҷуман иштирок накунад. Аммо ӯ ҳамроҳи мо аст ва он навишта, ки ӯ аз ҳайати Ҷунбиш берун шуда бошад, дурӯғи маҳз мебошад. Вале ба ин нигоҳ накарда, мо Анҷумани худро доир кардем, ки фикр мекунам хеле ҳам бомуваффақият сурат гирифт. Ва ҳама мақсадҳои дар пеши худ гузоштаи мо дар ин Анҷуман иҷро шуданд.
— Аммо ин иттифоқоти рухдода бо Азим Махсумов танҳо рухдоди ғайримунтазира буд, ки Анҷуманро унвони фавқуллода дод ё ҳаводисе дигар ҳам пеш омад, ки Шумо дар интизор надоштед?
— Ҳангоме ман вориди толори Анҷуман мешудам, чашмам ба Ҳоким Муҳаббатов афтод. ӯ пештар узви раёсати Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» буд. Вале ӯ ҳанӯз моҳи июл аз ҳайати раёсат ва ҳамин тавр аз узвияти Ҷунбиш ихроҷ шуда буд. ӯ намедонам бо чи сабабе бисёр мехост дар кори Анҷуман иштирок кунад. Аммо гурӯҳи корӣ, ки вакилон ва меҳмонони Анҷуманро номнавис мекарданд, рухсат намедоданд, чун ӯро даъват ҳам накарда будем. Ҳоким Муҳаббатов бо чанде аз бародарон, ки гӯё муҳофизонаш бошанд, омада буд ва муҳофизони ӯ дар атрофи бинои Иттифоқи журналистони Русия гаштугузор мекарданд. Ман гуфтам, ки бигзор иштирок кунад ва ӯро иҷоза доданд. Зеро ҳадафи мо ва ҳадафи Анҷуман таъмини ваҳдату ягонагӣ байни муҳоҷирин ва созмонҳои иҷтимоиест, ки тоҷикон дар шаҳрҳои Русия ташкил кардаанд. Ҳамчунин, ҳарчанд дигар вакилон намехостанд, боз ҳам имкон додем, ки ӯ аз минбари Анҷуман суханронӣ низ дошта бошад. ӯ дар суханронии худ, ки се дақиқа ҳам тӯл накашид, дар бораи кадом як китобе, ки навиштааст, сӯҳбат кард ва дар ҷараёни сӯҳбат гуфт, ки имзои ӯ дар асноди таъсисии Ҷунбиш тақаллубист. Ман гуфтам Шумо, ки сарвазири Русия нестед, як ходими оддии ҷамъиятӣ ҳастед ва чи ҳоҷат барои сохтакории имзои шумо. Бо ҳамин, ӯ аз минбар пойин шуд ва толорро тарк кард.
— Аммо дар матлабе, ки Ҳокимшо Муҳаббатов дар сайти «Ховар» ба унвони узви раёсати Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» нашр кардааст, мегӯяд, ки фаъолияти Шумо ғайриқонунист ва аз тарафи дигар, Шумо ба идороти андози Русия молиёт намесупоридаед ва Ҷунбишро ба бизнеси худ табдил додаед.
— Чи хеле гуфтам, мо имкон додем, ки Ҳоким Муҳаббатов суханони худро гӯяд. Зеро мо намехостем низоъ ва ихтилоф дар байни мо ва он бародароне, ки ӯ ҳамроҳаш оварда буду онҳо дар паси девори бинои Анҷуман гаштугузор мекарданд, ба вуҷуд ояд. Аммо то ҷое мо огаҳ шудем, ӯ умедвор аст, ки барояш ягон вазифа диҳанд ва бо ин мақсад зидди Ҷунбиш мақола чоп кардааст. Вагарна чаро ӯ дар бораи «Иттифоқи тоҷикистониҳои Русия» чизе нанавишту чоп накард? Дар ҳоле ки ҳоло дар ин «Иттифоқ», ки бо кӯмак ва мусоидати бевоситаи доираҳои муайяни мақомот ва махсусан сафорати Тоҷикистон дар Русия ва бо мақсади камранг кардани Ҷунбиши мо ташкил шуда буд ва ҳоло ихтилофу зиддиятҳои дохилии он дар ҳама ҷо маълум шудааст, чизе наменависад? Барои мисол, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Русия ва мулоқоти ӯ бо диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Маскав дар «Президент-Отел» раиси ин «Иттифоқ…» Абдулло Давлатовро иҷоза надоданд, ки вориди толори мулоқот шавад. Чаро дар ин бора нанавишт? Ҳамчунин, боиси ҳайрат аст, ки чаро аз кори бесамар ва беасари ниҳодҳои масъули вобаста ба умури муҳоҷирони тоҷик, консулгарӣ ва сафорат наменависад. Ба ин тартиб, навиштаи ӯ як матлаби пур аз ғараз ва гузашта аз ин, бӯҳтон аст. Зеро ончи ки Муҳаббатов навиштааст, саропо нодуруст ва ба хотири ба иштибоҳ андохтани мардуми тоҷик анҷом шудааст. Албатта, мо чун фаъолият мекунем, даст рӯи даст нанишастаем, норасоӣ ва камбуд низ дорем, ки аз онҳо дар рафти Анҷуман ошкоро ҳарф задем. Ва камбуду норасоии мо на ба масъалаи пулу молиёт дахл дорад. Мо то ҳол дар ин андеша ҳастем, ки чи тавр ба ҳамватанони дар ғурбати худ, ки барои дарёфти қути лоямут хонаву дар, зану фарзанд ва модару падари худро тарк карда, дар инҷо бо 1001 азобу азият муздурӣ мекунанд беҳтару бештар ёрӣ расонем. Вале онки мо ба идороти молиёт андоз намесупорем, ин дурӯғи маҳз аст. Мо ҳам барои вазорати адлия ва ҳам ба идороти молиёти Русия аз фаъолияти худ дар ҳар се моҳ ба таври катбӣ гузориш медиҳем. Ҳоло ки дигар дар ин Анҷуман шӯрои доимоамалкунанда иборат аз 6 нафар ташкил кардем, иншооллоҳ корҳои мо аз ин ба баъд боз ҳам пешрав хоҳад шуд. Аз тарафи дигар, Муҳаббатов хуб медонад, маблағҳое, ки бародарону дӯстон барои Ҷунбиш медиҳанд, танҳо ба хотири кӯмак барои рафъи мушкилоти муҳоҷирон масраф шудаааст. Аз ҷумла, бо ин маблағҳо садҳо тобути ҳамватанони мо ба ватан интиқол дода шудааст, садҳо тани дигар, ки имкони молӣ надоранд ва дар беморхонаҳо ҳастанд, аз ин маблағҳо баҳраҳо бурдаанд. Аз ҷумла худи Муҳаббатов ҳам барои интиқоли тобути бародараш аз ин маблағҳо дарёфт карда буд, ҳарчанд маълум нашуд, ки маблағи гирифтаашро ба ҷои даркорӣ сарф кард ё не. Вале ин ҳама маълумотҳо дар сайти мо навишта шудааст ва ҳар кас метавонад онҳоро пайдо кунад ва маълумот гирад. Мо ки аз касе ва аз созмони дохиливу хориҷӣ грант нагирифтаем ва дар назди касе муттаҳам ҳам нестем. Бо ҳуҷҷату санади тақаллубӣ дар Русия наметавон созмонеро сабти ном кард. Асноди мо, ки дуруст буд, новобаста аз мухолифат ва зиддиятҳои шадиди сафорати Тоҷикистон дар Русия, Вазорати адлияи ин кишвар Ҷунбиши моро сабти ном ва шароити иҷозаи расмии фаъолияти ӯро фароҳам кард. Чизи дигари боиси тааҷҷуб ин аст, ки номи Ҷунбиш, яъне «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар як нишасте мушаххас ва таъйин гардид, ки дар он Ҳоким Муҳаббатов иштирок дошт. Зимнан шӯрои доимии мо аз шумори афроде ташкил карда шуд, ки имкони молии беҳтар доранд ва афзун бар ин, дар Маскав ва навоҳии атрофи он кору зиндагӣ мекунанд. Мо барои он нафаронро аз Маскав ва атрофи он узви Шӯрои доимии Ҷунбиш интихоб кардем, ки ба ҳангоми зарурат машварат ва маслиҳат кардан осон даст медиҳад. Ҳарчанд ки тақрибан дар ҳама манотиқи Русия намояндагиҳои Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» амал мекунад. Аммо дар ин миён номзадии хонум Мавҷигул Ибодуллоева аз сӯи вакилон барои узви доимии Шӯро пазируфта нашуд. ӯ узви раёсати Ҷунбиш аст, ки дар ҳоли ҳозир дар яке аз навоҳии наздикии Маскав умр ба сар мебарад. Ҳарчанд пештар дар Астрахан зиндагӣ мекард. Бегоҳи рӯзи Анҷуман ӯ ба қароргоҳи Ҷунбиш омад. Гуфт, ки ҷойи хоб надорад. Барояш дар утоқи шафати дафтари корӣ барои як шаб рахти хоб дуруст кардем. Ҳамчунин, барои иштирокаш дар кори Анҷуман аз музейи Ҷунбиш сарулибоси тоҷикӣ додем. Вақте ӯро ба узвияти Шӯрои доимӣ напазируфтанд, сахт эътироз кард. Дар ин миён ходимони машғул ба таъмини амнияти Ҷунбиш аз сумкаи ӯ, ки дар ҷои хобаш, яъне утоқи шафати дафтар гузошта буд, як дастгоҳи сабт (жучок)-ро кашф карданд. Ман ба ӯ занг зада, масъаларо фаҳмонидам. Пас ӯ наздам омаду иқрор кард, ки ин корро ӯ бо хоҳиши баъзе аз доираҳо кардааст ва ҳамчунин дар бораи навиштаи Муҳаббатов дар «Ховар» сӯҳбат кард ва гуфт, ки онро чи тавр, бо маслиҳати киҳо, ҳамроҳи кӣ ва дар куҷо навиштаанд. Ин хонумро гӯё омода кардаанд, ки ба ҷойи ман дар Ҷунбиш раис интихобаш кунанд ва ба Ҳоким Муҳаббатов ваъда шудааст, ки ба ҷойи Абдулло Давлатов дар «Иттифоқи тоҷикистониҳои Русия» раис баргузида мешавад. Ин ҳамаро худи ӯ ҳикоят кард ва ман ба ӯ гуфтам, ки онҳое, ки роҳбарияти Ҷунбишро дар манотиқи мухталифи Русия бар дӯш доранд, ҳеҷ гоҳ чунин ранг гирифтани корро намехоҳанд ва онҳо афроди фурӯшандаву хиёнатпеша нестанд. Ин ҳама ҳаводису иттифоқоте буданд, ки дар ҷараёни баргузории Анҷумани ғайринавбатии Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар рӯзи 17-уми ноябри соли равон дар толори Иттифоқи журналистони Русия дар шаҳри Маскав рух доданд, ки боис шуд мо Анҷуманро на танҳо ғайринавбатӣ, ҳамчунин фавқулодда унвон кунем. Дар анҷоми кори Анҷуман вакилон ба унвони раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карданд. Дар ин муроҷиатномаҳо аз тавофуқоти ахири президентҳои ҷамоҳири ҳарду кишвар дар бораи содатар кардани шароити дарёфти аснод барои кору иқомат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия истиқбол шудааст. Ҳамчунин, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда мешавад, ки барои омӯзиши муҳоҷирон ва соҳиби касбу тахассус шудани онҳо омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникиро дубора фаъол созад, ба аъмоли ғайриқонунии ба истилоҳ «миёнаравҳо» дар фурудгоҳ ва вокзалҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои бо азоб пайдо кардаи муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, расидагӣ кунад ва бо таваҷҷӯҳ ба онки муҳоҷирони кории тоҷик бо ирсоли маблағҳо дар таъмини оромиву субот ва иқтисоди кишвар нақши асосӣ мебозанд, аз ҳисоби онҳо вакилон дар Маҷлиси намояндагон интихоб шаванд. Ва дар муроҷиат ба унвони Президенти Русия гуфта мешавад, ки ба хотири таъмини адолати иҷтимоӣ фарқияти ситонидани молиёт аз атбои бумӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барҳам дода шавад ва мақоми муҳоҷирони меҳнатӣ бо бумиён дар ин замина баробар карда шавад. Ҳамчунин, ба хотири таъмини адолати иҷтимоӣ муҳоҷирон аз истифодаи ройгони кӯмаки аввалияи тиббӣ бархӯрдор бошанд. Аз Президенти ҷумҳурии Русия даъват шудааст, ки бар пояи қонунҳо корфармоёни ин кишвар вазифадор шаванд, то дар сурати беморӣ ва маълул шудан кормандони худ, яъне муҳоҷиронро бо нафақа таъмин кунанд. Ва яке дигар аз дархостҳои зикршуда дар Муроҷиатномаи Анҷумани ғайринавбатӣ ва фавқулоддаи Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ин таъсиси як комиссиюне аст, ки битавонад ба сарнавишти панҷуним ҳазор ҳамватанони мо, ки дар зиндонҳои Русия ба сар мебаранд, расидагӣ кунад ва онҳо бояд авф шаванд.

Мусоҳиб Абдуллоҳи МАҲМУД

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: