Главная > Uncategorized > Мӯҳтавои Конститутсия, сиёсати Президент, назари Прокурор, амали суд, зуҳури Омбудсмен, ҳақиқати ҳол

Мӯҳтавои Конститутсия, сиёсати Президент, назари Прокурор, амали суд, зуҳури Омбудсмен, ҳақиқати ҳол

Мӯҳтавои Конститутсия
Конститутсия (лотинӣ дар маънои «муқаррар») шиноснома ва ифодагари ҷавҳари давлат, муқаррароти тарз ва меъёри зиндагии ҷомеа мебошад. Ин санад шараф, номус, арзиш ва чеҳраи як давлатро дар марзу вуҷуди марзиаш муаррифӣ мекунад. Вай санади ҳастии як қавм (миллат) мебошад. Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия, риоя кардани мӯҳтавои он қарзу фарз аст. Дар таъкиди ин ақида моддаи 10-и ҳуҷҷати фавқуззикр муқаррар кардааст:
«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунад. Қонунҳо ва дигар санадҳои қонуние, ки хилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро кунанд».
Пас, меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ меъёрҳое ҳастанд, ки онҳоро сарфи назар кардан, иҷроиши онҳоро ба субъект ва ё объекте вобаста кардан амали рӯирости по гузоштан ба сари муқаддасоти давлат ва қавм (миллат), хиёнат ба арзишҳои қавмиву (милливу) давлатист.
Табиист, ки то кадом андоза демократӣ будани Конститутсия (то кадом андоза ба ҳифз ва ифодаи манфиати оммаи мардум равона шудани меъёрҳои конститутсионӣ) ба он вобаста аст, ки ҳокимияти сиёсӣ (қонунгузор) то кадом андоза халқист. Халқӣ будани ҳокимияти сиёсӣ на ба он вобаста аст, ки намояндагони ин ҳокимият аз кадом табақаҳои ҷомеа мебошанд. Балки халқӣ будани ҳокимияти сиёсӣ ба он вобаста аст, ки намояндагони он то кадом андоза аз маърифати қавмӣ (миллӣ) ва ватанӣ бархӯрдоранд. Аз он вобаста аст, ки ҷавҳари ин намояндагон аз кадом арзишҳо обхӯр доранд. Зеро шахси худком новобаста аз табақаи синфии худ ба ҷузъ нафси ҳайвонии (моддии) хеш ҳисси муқаддасе надорад. Ин тоифа ҳатто барои ноил шудан ба ҳадафҳои нафси моддии ҳайвонӣ аз содир кардани ҳеҷ амали зишт рӯ намегардонанд.
Қавмҳои (миллатҳои) фарҳангие, ки сарнавишташон тавассути хато ва иштибоҳе ба дасти фарзандони худком меафтад, ба ҳар васила ислоҳи ин хаторо на дар табаддулоту ошӯб, на дар инқилобу таркишҳо, балки дар василаҳои фарҳангӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Табиист, ки ҳар ҳокимияте, ки халқӣ нест, ҳатто бидуни таъсирҳои иҷборӣ худ дар дохили худ ба ҳодисаҳои «неши худкомагӣ»-и худ гирифтор мешаванд ва барои шикасти худ тамоми заминаҳоро муҳайё мекунанд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассос ҷонибҳои «худхоҳ» боз ҳам аз қувваи халқ барои шикасти мухолифони «баробарқувва»-и худ истифода бурданӣ шуда, дар минбарҳо ба «суханбозӣ» мегараванд ва худро ғамхорони халқ нишон медиҳанд. Як мазмуни тавлиди ҳизбҳои сиёсӣ ҳам дар ҳамин аст. Аз ин ҷост, ки ҳизбҳои сиёсии «ғолиб» бештари вақт баробари ба сари қудрати сиёсӣ омадан аз «халқпарвар» (демократӣ) будани худ фаромушт мекунанд. Ин табиист. Зеро дар ҷавҳари онҳо ин мазмун вуҷуд надорад. Балки «даврае» «халқпарвар» (демократ) шудани онҳо танҳо ниёзи онҳо барои «таъмини ғалаба»-ашон асту бас.
«Гиребонгирӣ»-ии «фраксияҳо»-ву «раисшавандаҳо»-и ҷудогонаи онҳо ҳамеша ин мазмуни онҳоро барои мардуми огоҳ дарак медиҳад. Намунаи ин гуфтаро дар кашмакашҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон дарёфтан осон аст. Эътибор намоем, ки ҳизбе, ки дар байни 10-12 «лидер»-и худ иттиҳоди ягона ва ваҳдату муҳаббатро таъмин карда наметавонад, бо кадом рӯ «халқи бузургвори чандмиллиона»-ашро бовар кунониданӣ мешавад, ки: «Моро интихоб кунед, мо беҳтарин ҳастем»!?
Ба ин хотир, халқро мебояд ҳеҷ гоҳ худро дар ин гирдобҳо назананд ва фарзанди худро сарсону қурбон накунанд. Халқро ба ҷузъ обилаи кафи дасташ касе нон нахоҳад дод. Диданист, ки намояндагони ҷудогона ҳангоми интихобот «худро дар бағали мардум мезананд». Барои онҳо «калӯш»-у «шакар» мебаранд. Дар роҳҳои «чалчуқ»-ашон 2-3 мошин санг мерезанд. Барои масҷидҳояшон 2-3 қолинча ҳадя мекунанд. Ва баробари «овози халқро соҳиб шудан» ин роҳҳоро батамом фаромӯш мекунанд.

Сиёсати Президент
Новобаста аз гуногуннавъии институти президентӣ Президент шахсест, ки тақдири давлату халқ аз бисёр ҷиҳат ба сиёсат, мавқеъ ва маърифати ӯ сахт вобаста аст. «Президент» вожаи лотинии «дар пеш нишаста» ифодагари касест, ки сари чанбари (рули) машинаи давлатӣ нишастааст ва ин мошинро меронад. Худо накунад, ки агар ронандаи ин мошин «қоидаҳои ҳаракат»-ро надонад. Эҳсос накунад, ки тақдири «дар солони мошин нишастагон» ба маҳорати ронандагии ӯ вобастааст. Худо накунад, ки ӯ сари ин чанбар сархуш ва маст нишинад.
Коромади Президент ба он сахт вобаста аст, ки вай чӣ гуна сари қудрат меояд. Президентҳо ба се васила сари қудрат меоянд.
Як, онҳое ки бо «дасти қувваҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати хориҷӣ» ба ин мақом мерасанд. Чунин Президентҳо на кафилу вакили халқи худ, балки «ходим»-и хоҷаҳои хориҷии худ буда, аслан, истиқлоли халқу давлат надоранд.
Ду, Президентҳое, ки ба василаи қудратҳои ҳарбӣ (табаддулот) ба мақом мерасанд. Онҳо мавқеи мустақил надошта, ҳамеша «ҳукм»-и «тахтнишондаҳо»-ҳои худро иҷро мекунанд. Дар замони чунин роҳбарон «мафия» зуд ба коррупсия табдил ёфта, аломатҳои «хонигарӣ» дар кишвар ҳувайдо мешавад. Яъне, ҳокимчаҳои ҷудогона сиёсати Президентро танҳо дар ҳолате иҷро ва риоя мекунанд, ки агар «ба манфитаи онҳо халал нарасонад». Аломати дигари ҳокимияти чунин Президентҳо суратгирии «иқтисодиёти пасипардагӣ» (теневая экономика) ва «монополизатсия»-и соҳаҳои сердаромади иқтисодӣ мебошад. Дар чунин ҳолат, иқтисодиёт на аз рӯи принсипи ҷавҳарии иқтисодӣ-«талабот ва таъминот», балки аз рӯи принсипи «ғункунӣ» амал мекунад.
Се, Президентҳое, ки воқеан тавассути қувваи халқ сари қудрат меоянд. Ин гуна Президентҳо ба ду қувва, фишори хориҷиён ва «мафияи дохилӣ» вобастагии ниҳоӣ надоранд ва ба василаи халқ «армияи халқии дар зери роҳбарии Президент қарордошта» худро ҳимоя карда, барои қавму Ватан беҳтарин хидматро мекунанд. Кишвар дар замони онҳо тараққӣ мекунад, халқ осуда мешавад. Шарти ягонаи истодагарии чунин Президентҳо ҳамин аст, ки худро фарзанди хок ва ҷони қавм дида, дастгоҳҳои давлатиро аз ҳисоби фарҳангитарин фарзандон созгор диҳанд. Нисбати вайронкунандагони қонуни давлат «диктатор» бошанд.
Дар Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд … мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ … мебошад (Моддаи 64-и Конститутсия).
Ҳуқуқ он ҷузъи таркибии давлатдорист, ки дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: иҷтимоъ, иқтисод, равон, рӯҳ, ба як ифода маърифат ва ахлоқи ҷомеа вобаста ба сифат, дараҷаи татбиқ, муносибати мақомоти давлатӣ ба он шакл мегирад ва ҳақиқати назария ва амалияи ҳаёти ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад.
Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикии Конститутсияи Тоҷикистон (соли 2007) баён карда буд:
«Ҳадафи асосиву ниҳоии ин давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад».
Ин сиёсат беҳтарин ҳадаф аст. Дар ҳамин табрикот Президент ба як воқеияти таърихӣ ишора карда буд, ки онро нодида гирифтан камоли худшиносӣ нест. Он сухан ин аст: «Чунончи, аз Эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҳуқуқи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати кӯҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».
Чуноне аз ин ду ҷумла бармеояд, Президенти Тоҷикистон дар сиёсати худ ду масъаларо бахусус чун ҳадафи сиёсии худ таъкид кардааст. Як: риояи бечуну чарои қонунҳо. Ду: Талоши аҳли ҷомеа барои таъмини ҳуқуқҳои худ. Яъне, ӯ дар амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои пок ниёз ба дастгирии халқ доштани худро баён доштааст.
Президент ҳокимияти худро ба воситаи мақомоти давлатӣ амалӣ мегардонад. Пас, ҳар ҷо, ки хидматчии (ходими) давлатӣ амалу беамалие содир менамояд, ӯ шахси худ нест, балки дар худ симои Президенти кишварро муаррифӣ мекунад. Аз ин ҷо, қонуншикании ходими давлатӣ пеш аз он, ки беҳурматӣ ба субъекти муносибати ҳуқуқӣ бошад, аввалан, беэҳтиромии шадид ва нобахшиданӣ ба иззату икром ва обрӯву нуфуз, хуллас, ба сиёсати Президент аст. Бедоғии Президент бедоғии қавм (миллат), бедоғии Ватан, мояи ифтихори таърихи қавму Ватан аст. Шахсияти Сталин қурбонии хоинони атрофи ӯст, илло ӯ «бо як гимнастёрка» зистааст… Мазҳакаи Брежнев «тардоманӣ»-и мафияи Кремл аст, илло Брежнев дар як шабонарӯз 18 соат кор мекардааст… Аз ин ҷо, ходими давлатие, ки ба хотири нафси худ шарафи роҳбари давлатро ба зери суол мегузорад, на танҳо хоин нисбат ба Президент, балки хоини халқ ва Ватан аст.
Дар китоби «Библия» омадааст: «Дар хотир дор, ки иддаи мардум нисбат ба сухан бештар ба хулқи амалӣ назар мекунанд».
Мақомоти прокурорӣ аз зумраи он мақомоти ҳокимияти давлатист, ки таъмини риояи мӯҳтавои Конститутсия, ки он ба воситаи мақомоти олии қонунгузор қабул мегардад ва ифодагари рӯҳияи қавм (миллат) аст, ҷомаи амал пӯшидани сиёсати Президент (ки ин сиёсат аз Конститутсия ва қонунҳо сарчашма мегирад) ба вай пурра вобастагӣ дорад. Моддаи 93-и Конститутсия таъкид кардааст, ки: «Назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ мекунанд».
Пас, ин мақомро лозим аст, ки дар сафи худ касонеро ба кор пазирад, ки аз лиҳози ахлоқ, идораи нафси ҳайвонӣ (моддӣ), маърифати ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ арзиши фарҳангӣ гули сари сабад ва фарзонатарин фарзандони қавм (миллат) бошанд. Зеро бесалоҳиятии кормандони Прокуратура, камзарфии онҳо, побанди нафси ҳайвонӣ (моддӣ) будани онҳо захм бар решаи давлат ва қавм (миллат) мезанад ва ноаён баргу шохи давлату қавм (миллат)-ро ба пажмурдагиву хазонӣ мебарад. Худ вожаи лотинии «Прокурор», ки маънои «ғамхорӣ кардан»-ро дорад, аз он дарак медиҳад, ки пайдоиши ин мақоми давлатӣ хоса маънои «ғамхорӣ кардан»-и сарнавишти риояи қонунҳои давлатро дорад ва риояи қонунҳо кафили ризои ҷомеа мебошад.

Амали Суд
Вожаи «суд» вожаи русист. Этимологияи ин калимаро ба таври гуногун тафсир кардаанд. Ж. Ж. Варбот асоси ин вожаро дар вожаи «сяду» (менишинам) донистааст. Дар баъзе тадқиқоти забоншиносии рус ин вожаро вожаи мураккаб дониста, решаи онро «су» (рӯшноӣ, муқаддас) ва «де»-дело (кор) донистаанд, ки маънои комили онро «кори муқаддас» ташкил намудааст. Ба ҳар навъ, амали судӣ ин қазоват аст. Қазоват дар байни ҳақ ва ботил. Ибни Собит дар хоби худ дид, ки рӯзи қиёсат як осиёбе танҳо сар орд мекунад. Ҳайрон шуд ва суол кард, ки инҳо чӣ саранд. Посух гирифт, ки сари қозиён ва қазоваткунандагони дунёанд, ки барои моли дунё ботилро бар сари ҳақ ғолиб кардаанд. Оре. Судягӣ кори басо сахт аст. Сахт аз он нигоҳ, ки гоҳ нафси ҳайвонӣ (моддӣ) касро аз роҳи ҳақ берун мекунаду гоҳ ҳукм ва талаби аҳли рикоб (давлатдорон) ӯро аз роҳи адл, ки роҳи Худост, берун мебарорад. Аммо ин ҳама баҳонаҳо наметавонад ҷони судро аз ҷабри Худои Қаҳҳор ва Ҷаббор эмин дорад. Дар курсии қазоват ба муқобили адли Худо амал кардану шабона саҷҷодаи намозро густурдан ва бо «моли ғорат» дар роҳи Худо «хайру саховат кардан» ба василаи ба ҷайби «қироатчии Қуръон» аз пули «ғорат» пул андохта гуноҳ «харидан» аҷаб ҳиллаест, ки фарзанди Иблис аз он шарм мекунад. Гӯё Худо ҳам мисли ин қазоватчии гирифтори нафси ҳайвонӣ мӯҳтоҷ ба «пора» бошад. Аҷаб худфиребие…
Қазовати судӣ масъулиятест, ки бар сари Президент нест, бар сари Прокурор нест, бар сари генералу адмирал нест. Аммо қазовати судӣ баҳо додан ба арзиши кулли давлат аст. Моддаи 84-и Конститутсияи Тоҷикистон фармудааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз мекунад». Суд ҳокимият аст. Ҳокимияте, ки беадолатии ӯ маънои беадолатии ҳокимиятро дорад. Доғи беадолатии ӯ дар домани тамоми ҳокимиятҳои дигар хоҳад афтод. Нобоварӣ ба суд маънои нобоварӣ ба ҳокимият дар маҷмӯъро дорад. Пас, хатои суд нобахшиданист…

Зуҳури Омбудсмен
А. С. Филатова решаи ин вожаро аз вожаи «ombud» — «қувва, обрӯ, нуфуз» донистааст. Дар фаҳми истилоҳ маънои омбудсменро «боварии боэътимод ба шахси новобаста» шарҳ дода, ташкили институти омбудсменро «тахаюйли ноҷо» шуморидааст.
Институти омбудсмен дар Тоҷикистон бо фармони Президент аз 29-уми июни соли 2009, таҳти № 673 ташкил шуд. Қонун дар бораи омбудсмен бо номи «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз 20-уми марти соли 2008, таҳти №372 қабул гашта буд. Мақсади ташкили институти омбудсмен ва қабули қонуни онро «тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон» ташкил намудааст.
Саволе пайдо мешавад, ки ташкили институти омбудсмен нобоварӣ ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ё чӣ?
Агар не, зарурати таъсиси боз як институте, ки аз буҷаи давлат харҷ дошта, танҳо ҳамчун қувваи нобоварӣ ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал менамояд, чӣ зарурат дорад? Агар ҳа, куҷост кафолати он ки институти омбудсмен ҳам ҳамон хоҳад кард, ки дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ карданд (мекунанд). Чун, омбудсмен ҳам итоатгар ва вобастаи аҳли рикоби давлат буда, ҳамеша ба иродаи аҳли рикоб вобаста аст. Ҳадди ақал агар ин институт дар шакли ҷамъиятӣ (бо роҳи интихоб) ташкил мешуду давлат ваколат ва хароҷоти онро ба ӯҳда мегирифт, мустақилияти ин институт як андоза воқеитар мебуд. Дар он сурат аз омбудсмен чизеро дар ҷодаи таъмини адолати иҷтимоӣ интизор шудан мумкин буд. Аз тарафи дигар, магар имкон надорад, ки ба ҷои ин ҳама харҷҳои иловагии буҷавӣ масъулият ва ҷавобгарии мақомоти давлатии ҳифзи қонун (ҳуқуқ ва озодиҳо) баланд бардошта мешуд? Ин амал ҳеҷ ишколе надорад. Далелҳои қонушикании алалхусус судяҳои ҷудогона дар саҳифаи матбуоти озод ҷилд-ҷилд аст. Аммо таассуф, «шутури сафед дидӣ, не». Ба ҳар навъ, вақт собит хоҳад намуд, ки омбудсмен чӣ хоҳад кард…

Ҳақиқати ҳол
Ва инак, қиёси як назария ва амалия дар ҳақиқати ҳаёти ҷамъиятӣ бо инобати формулаи ҳаёти сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон.
Мӯҳтавои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, асноди зери қонунӣ: «Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст» (моддаи 22-и Конститутсия).
«Хусусӣ намудани хонаҳои истиқоматии хизматӣ ва хонаҳои хобгоҳҳои умумӣ манъ аст» (моддаи 115-и Кодекси манзили ҶТ).
«Аз хобгоҳҳои умумӣ бидуни додани манзили дигари истиқоматӣ дар ҳолати зерин шахс кӯчонида мешавад:
— ба анҷом расидани мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ, анҷоми таҳсил, бе узр аз тарафи корманд яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, дағалона вайрон кардани қоидаҳои зисти хобгоҳ, агар шахс манзилро хароб кунад, аз таъинот берун истифода бурдани манзили зист, маҳрум шудан аз ҳуқуқи падару модарӣ ва имконнопазирии зисти якҷояи оила, бекор кардани ордер бо сабаби ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба он, худсарона дигар кардани тарҳи хона, ки он ба бехатарии дигарон таҳдид кунад (моддаҳои 54, 70, 71, 76-и КМҶТ).
Аз хобгоҳ бидуни додани манзили зисти дигар дар ҳолати зерин кӯчонидан манъ аст:
— «Ашхосе, ки корро дар дигар асос (аз ҷумла, барҳам хӯрдани корхона) қатъ кардаанд, коргарону хизматчиёни муваққатӣ, муҳассилони муваққатӣ, шахсоне, ки дар корхона 10 сол собиқаи хидматӣ доранд, шахсоне, ки муносибати меҳнатиро бо ташкилот қатъ накардаанд, шахсоне, ки бо сабаби барҳам хӯрдани корхона ё ихтисори ҷойи кор аз кор озод шудаанд, нафақахӯрони пиронсол ва хидматӣ, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2, шахсони танҳо, ки кӯдаки ноболиғ доранд, оилаҳое, ки 5 ва аз он зиёда фарзанд доранд, бе додани манзил аз хобгоҳҳо кӯчонидан манъ аст (моддаи 83-и КМҶТ).
«Хусусӣ намудани манзилҳои истиқоматии хидматӣ роҳ дода намешавад» (моддаи 4-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии фонди манзили ҶТ», қ. 6-и Низомнома «Дар бораи хусусигардонии фонди манзили ҶТ», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4-уми июни соли 1996, таҳти №226 тасдиқ шудааст).
«Фонди манзиле, ки дар ихтиёри корхонаю ташкилот мебошад ё муассисаҳо онро барои идораи оперативӣ додаанд, дар мавриди хусусигардонии ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бояд ҳамроҳи онҳо бо шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун хусусӣ гардонида, ё ба мақоми дахлдори маҳаллии иҷроия (Ҳукумат) дода шавад». (Моддаи 14-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии фонди манзили ҶТ», қ. 5-и Низомнома «Дар бораи хусусигардонии фонди манзили ҶТ», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4-уми июни соли 1996, таҳти №226 тасдиқ шудааст).
Бубинем, ки ибораи «бо шартҳои муқарраркардаи ҳамин қонун» чӣ маънӣ дорад? Ба ин савол меъёри моддаи 1-и ҳамин қонун ҷавоб додааст, ки он чунин аст:
«Хусусигардонии манзил бо роҳи дар асосҳои ихтиёрӣ ба таври бепул ва ё дар асоси фурӯш додани манзили истиқоматӣ ба шахсони ин манзилро ишғолкарда (яъне, истиқоматкунандагони он,- М. Н.) дар манзили фонди давлатӣ сурат мегирад».
Инак, савол: Дар хобгоҳи 48/9 истиқоматкунандаи он 64 хоҷагии фақиру мискин, нафақахӯру маъюб буд ё Саъдуллоев Баҳодур?

Сиёсати Президент:

«Ҳадафи асосиву ниҳоии ин давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад».
Масъалаи баҳс дар домани назари Прокурор ва амали суд:
Хобгоҳи №48/9-и кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе дар идораи оперативии ташкилоти комбинати «Хонасоз»-и Душанбе (ДДК)-и Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ қарор дошт. Корхонаи мазкур бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4-уми июни соли 2006, таҳти 31-7/1626 ба ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Хонасоз» табдил дода шуд (яъне хусусӣ гардонида шуд). Комбинат дар ихтиёри худ 4 хобгоҳ дошт. Баъд аз хусусӣ гардонидани комбинат хобгоҳҳои он дар асоси санад аз 7-уми августи соли 2006 ба тавозуни (баланси) Бозрасии давлатии сохтмон гузаронида шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки «Хонасоз» яке аз корхонаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ буда, ҳуқуқи идораи оперативиро нисбати хобгоҳҳо на мустақиман, балки ба воситаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ дар ихтиёр дошт. Яъне, хобгоҳҳои мазкур фонди манзили хидматиро ташкил мекарданд. Аз ин ҷо, ҳангоми хусусӣ намудани «Хонасоз» ба тавозуни корхонаи дигари Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ гузаронидани хобгоҳҳо амали дурусти ҳуқуқӣ мебошад.
Вале ҷои тааҷҷуб аст, ки баъд аз як соли дар тавозуни (баланси) Бозрасӣ қарор доштани хобгоҳҳо ва баъд аз ду соли хусусӣ гардонидани «Хонасоз», яъне соли 2007 қасди хусусӣ кардани яке аз блокҳои хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Борбад (48/9) ба миён омад.
ҶСШК «Хонасоз» ба идораи КФББТИ барои пешниҳоди маълумотнома оид ба арзиши хобгоҳи 48/9 муроҷиат кард ва КФББТИ дар таърихи 21-уми апрели соли 2005 ба «Хонасоз» дар ин хусус маълумотнома дод ва нархи биноро 29923 сомонӣ муқаррар намуд. Дар таърихи ҳамин рӯз, яъне 21-уми апрели соли 2005 «Хонасоз» аз КФББТИ хоҳиш кардааст, ки барои блоки 9-и бинои 48 шиносномаи техникӣ (техпаспорт)-и ҷудогона созад. Дар сурате ки бинои 48 бинои ягона буда, дорои як шиносномаи техникӣ аст (бояд бошад).
Дар таърихи 12-уми сентябри соли 2005, таҳти №159 Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ ба воситаи қарори мушовараи худ комиссия дар бораи аз тавозуни (баланси) «Хонасоз» «ҷудо» намудани хобгоҳи Борбад 48/9 таъсис дод ва комиссия бо Протоколи №2-и худ аз 14-уми сентябри соли 2005 ин амалро ба сомон расонид. Яъне, бинои 48/9-ро аз «Хонасоз» «ҷудо» намуд. Саволе пайдо мешавад, ки: Дар ҳоле ки хобгоҳи мазкур дар чунин ҳолати ҳуқуқӣ қарор дошт, яъне агар онро Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ аз «Хонасоз» «ҷудо» карда, дар ихтиёри худ гирифта буд, пас, дар кадом асос ин бино дар асоси санад аз таърихи 22-юми августи соли 2006 ба тавозуни (баланси) Бозрасии давлатии сохтмон гузаронида шуд? Дигар, Протоколи №2-и комиссия дар бораи «ҷудо кардани хобгоҳи 48/9 чӣ маънӣ дорад? Яъне, ифодаи «ҷудо карда шавад» аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар чӣ маънист? Магар ҳамаи ин амалҳо маънои онро надорад, ки бино соли 2006 ба баланси Бозрасӣ гузаронида шуд ва соли 2007 масъалаи «хусусӣ кардани он пухт ва чун Бозрасӣ «гапнодаро» буд, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба воситаи «Хонасоз»-и «гапгӯшкун» барои ба мақсад расидан тайёр карда шуд. Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ бо кадом ҳуқуқ фонди манзили дар ихтиёри Бозрасӣ бударо ба воситаи корхонаи кайҳо хусусишудаи «Хонасоз» ҳуҷҷат кард?
Аз тарафи дигар, агар чунин шуморем, ки Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ дар таърихи 14-уми сентябри соли 2005 хобгоҳи 48/9-ро аз тавозуни (баланси) «Хонасоз» «ҷудо карда» дар ихтиёри худ гирифт (яъне агар ба тавозуни (баланси) Бозрасӣ гузаронидани онро сарфи назар намоем), пас, дар соли 2007 ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ (вориси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ) барои чӣ муроҷиат намуд, ки барои фурӯхтани бинои 48/9 ризоият диҳад? Оё ин худ маънои онро надорад, ки Протоколи №2-и комиссияи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ аз 14-уми сентябри соли 2009 санади қалбакӣ аст? Агентии сохтмон дар мактуби худ аз 23-юми феврали соли 2007, таҳти №1/301 ин хоҳиши Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро рад намуд. Дар таърихи 26-уми феврали соли 2007, таҳти №71 Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ — вориси Бозрасии давлатии сохтмон ва меъморӣ ба унвонии Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ мактуби эътирозӣ навишта, изҳор намудааст, ки хобгоҳи мазкур 7 моҳ боз дар тавозуни (баланси) вай қарор дошта, корҳои таъмиру тармимӣ гузаронида шудааст ва хобгоҳ барои корхона ҳамчун манзили хидматӣ зарур аст ва фурӯхтани онро қотеъ рад мекунад.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ хобгоҳро ба фурӯш бароварда, дар музояда аз 19-уми марти соли 2007 онро ба ҷавони 17-18-сола Саъдуллоев Баҳодур фурӯхт.
Инак, чанд савол дар муносибат ба сиёсати Президент: Агар фурӯхтани ин бино ин қадар зарур мешуд, магар зиёда аз 60 сокини хобгоҳ онро наметавонист хусусӣ кунад? Агар низ наметавонист, магар манфиати даҳҳо сокини аз лиҳози ҳуқуқӣ имтиёзи хусусикунӣ дошта зарур буд, ё «хурсанд кардан»-и як нафар? Магар аз лиҳози худошиносӣ мумкин аст, ки 60 хоҷагии баробар ба 250-300 касро дар кӯча партоему 1 нафарро сармоядор созем? Агар Саъдуллоев ин қадар сармоя дошт, чаро ба ӯ замин дода нашуд, ки мувофиқи табъаш хона созаду мардуми фақир дар ҳамин хобгоҳи фақирона сарпаноҳ дошта бошад? Бо кадом рӯ Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ болои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо, сиёсат ва таъкиди Президенти кишвар по ниҳод? Прокуратураи генералии ҶТ ин амали дағалонаи қонуншиканиро эътироз намуд ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ҳалномаи худ аз 19-уми июни соли 2007 Протоколи натиҷаи музоядаро беэътибор донист ва тарафҳоро ба ҳолати ибтидоии ҳуқуқӣ овард. Асоси эътирозро риоя накардани талаботи моддаҳои 4, 8-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусусигардонии моликияти давлатӣ» ва моддаи 4-и КМҶТ ташкил додааст. Табиист, ки асосҳои эътироз моҳиятан ба баҳс ба таври дахлдор ва мушаххаси қонунгузорӣ хос ва нишонрас набуданд. Аммо судя Собиров масъаларо пурра аз нуқтаи назари қонун шарҳу тафсир намуда, ҳалномаи асоснок ва қонунӣ баровард. Аз ҷумла, дар ҳалнома масъалаи риоя нашудани манъи фурӯши хобгоҳҳо, беасосии мактуби Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ дуруст шарҳ дода шудааст, (Судя дуруст шарҳ додааст, ки мактуби ризоияти Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ эътибори ҳуқуқӣ надорад, зеро ин Кумита бо фармони Президент аз 30-юми ноябри соли 2006 ва қарори Ҳукумати ҶТ аз 26-уми декабри соли 2006, таҳти №614 барҳам дода шуда буд. Амали фурӯши бино бошад, соли 2007 сурат гирифтааст. Ҳатто ҷонишини Сарвазири ҶТ А. Ғуломов бо амри худ аз 23-юми апрели соли 2007, таҳти № 29/1978-15-5 фурӯши хобгоҳҳои Агентии сохтмонро махсус манъ карда будааст). Такя намудани судя ба меъёрҳои моддаҳои 327, қисми 1 ва 481-и КГҶТ хеле касбӣ ва босалоҳиятона сурат гирифтааст.
Аз болои ҳалнома намояндаи ваколатдори Саъдуллоев Б. Бобошеров У. А. аризаи шикоятӣ (аппелятсия) навишт ва он дар дафтардории суд таҳти №821 аз 6-уми июли соли 2007 ворид гашт. Ваҷҳҳои аппелятсия ба ҷузъ аз суханбозӣ ва ба ғалат шарҳ додани ҳодисаҳо ҳеҷ асоси қонунӣ надоранд. Меъёрҳои ошкоро ва бебаҳси қонунгузорӣ оид ба масъалаи баҳс пурра сарфи назар шудаанд.
Марҳалаи аппелятсия таҳти раёсати судя Ширинҷонова М. М. дар таърихи 30-юми июли соли 2007 сурат гирифт. Қарори суди марҳалаи шикоятӣ шикояти намояндаи Саъдуллоевро қонеъ намуда, ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанберо пурра бекор карда, қарори моҳиятан нав қабул кард.
Аз маънии қарори қабулкардаи марҳалаи аппелятсия бармеояд, ки судя Собиров дар дарки баҳс аз меъёрҳои мурофиавӣ то меъёрҳои баҳодиҳии баҳсро пурра хато фаҳмида бошад. Хулосаи ин қарор асоси ба бесалоҳиятӣ айб задани Собиров шуда метавонад. Аммо воқеият чунин нест. Балки эҳсос мешавад, ки Собиров дар амалиёти худ пурра талаботи қонунро дар ҳалли баҳс муносиб ба савганди суд риоя кардааст. Аммо қарори марҳилаи аппелятсионӣ дидаву дониста ба ғалаткашии қонунҳои дахлдори баҳс буда, боиси нигаронии сахт аст.
Дар қисмати тафсири қарори марҳалаи аппелятсия омадааст, ки маводҳои парвандаро омӯхта, баёноти намояндагони тарафҳоро шунида, ваҷҳҳои аризаи шикоятиро санҷида, марҳалаи шикоятӣ бо чунин асосҳо бекор намудани ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 19-уми июни соли 2007, қабули ҳалномаи нав, рад намудани аризаҳои шикоятиро лозим донист (саҳ 4-и қарор). Саволе пайдо мешавад, ки суд чӣ тавр дар як вақт ҳам ҳалномаи суди марҳалаи аввалро бекор кардаасту ҳам аризаи шикоятиро рад намудааст. Ҳамин мазмун дар саҳифаи 5-и қарор такроран зикр шудааст.
Дар қисмати боқимондаи қарор суд аз асли даъво худро канор гирифта, ба масъалаи риоя шудан ё нашудани қоидаҳои музояда дахл карда, ба ҳар васила кӯшидааст тарафи даъворо дар домани амалҳои қонунӣ нишон диҳад. Дар ин мазмун, қарори Ҳукумати ҶТ аз 4-уми июни соли 1996, таҳти №226 Низомнома дар бораи хусусигардонии фонди манзилро тамоман сарфи назар карда, амали худро дар зери ниқоби Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» зери ниқоб кашидааст. Ин амали суд аз ду ҷиҳат дидаву дониста ба ғалатандозии масъала аст. Яке ин аст, ки меъёри моддаи 8-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ», қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи рӯйхати объектҳое, ки хусусигардонии онҳо манъ аст, наметавонанд моли муқоисаи мавзӯи баҳс бошанд.

Ин амали суд ҳаракати истифодаи аналогияи ҳуқуқ ва аналогияи қонун мебошад, ки амали тамоман нораво аст. Зеро аналогияи ҳуқуқ ва аналогияи қонун танҳо дар мавриде истифодашаванда аст, ки агар муносибати ҷамъиятӣ мушаххасан ба воситаи қонун ё асноди зериқонунӣ ба танзим дароварда нашуда бошад. Аз тарафи дигар, моддаи 70-и Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқукӣ» дар бораи тартиби бартараф кардани ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъин намудани афзалият ва аввалиндараҷагии санадҳои меъёрӣ (қонунҳо ва асноди зериқонунӣ) мушаххасан таъин кардааст, ки: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилофҳо дар ҳолати зерин қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад:
— агар мавзӯи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санадҳои ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус бошад».
Аз ин ҷо, дар кадом асос суди марҳалаи аппелятсия меъёрҳои қонуни махсуси хусусигардонии манзилро як тараф гузошта, талош кардааст мақсади худро бо меъёрҳои қонуни умумӣ оид ба хусусигардонии амволи давлатӣ амалӣ гардонад?
Ҷуръати суд то он ҷо расида, ки санади дар соли 2005 қабулкардаи Кумитаи сохтмон ва меъмориро дар бораи додани ризоияти фурӯши хобгоҳи 48/9 соҳибэътибор дониста, фармоиши Сарвазири ҶТ, мӯҳтарам А. Ғуломовро аз соли 2007 дар бораи манъи фурӯши хобгоҳ санади беарзиш ва беэътибор донистааст.
Суд беасосии қарори худро бо ин рӯпӯш карданист, ки гӯё дар амали хусусигардонии хобгоҳ ҳуқуқи конститутсионии 64 оила ба манзил халалдор нашудааст. Чунончи, дар қарор омадааст: «Мавзӯи баҳс бошад, ин аз манзили истиқоматӣ кӯчонидани истиқоматкунандагон нест».
Гӯё суд хабар надорад, ки молик нисбати амволи худ ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ карданро дорад. Яъне, ӯ ҳар гоҳ хоҳад, бошандагони хобгоҳро метавонад аз хобгоҳ хориҷ намояд. Ҳадди ақал, суд ба он эътибор медод, ки дар шартҳои музояда ақалан шарт дар бораи нигоҳ доштани таъиноти хобгоҳ, риоя кардани ҳуқуқи манзили сокинони он сурат гирифтааст ё не.
Воқеият ҳамин аст, ки мақсади ниҳоии хусусигардонӣ нисбати ин хобгоҳ бидуни баинобатгирии ҳуқуқи манзили сокнинони он сурат гирифтааст. Агар хобгоҳ хусусӣ мешуд, рақами аввал хусусигардонии он ҳуқуқи истиқоматкунандагони он аст, на аз кадом каси дигар. Агар як ҷавони 17-18-сола мабалғи хусусигардонии ин хобгоҳро пайдо кард, магар бо вуҷуди ҳама фақирӣ 64 оила наметавонист ин маблағро пайдо кунад? Агар пайдо карда ҳам натавонад буд, магар Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ, ки худ чеҳраи давлат аст, ҳуқуқ дошт, ки дар муқобили қонунҳои фитрии ахлоқӣ, таълимоти ислом ва имондорӣ, дар муқобили сиёсати халқпарваронаи Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, ки эҷодгари қонунҳост, 64 оилаи дар он мавҷудбудаи ятимон, маъюбон, фақирон, бевазанҳо, пиронро ба кӯча партояду як нафарро «соҳибкор» намояд?
Оё Кумитаи сармоягузорӣ Тоҷикистонро Ҳиндустон сохтанист, ки фақирон танҳо бояд дар зери осмон боми зиндагӣ дошта бошанду як тӯда ашрофон дар қасрҳову котеҷҳо? Бо ин ҳам, магар Кумита намедонад, ки иқлими Тоҷикистон иқлими Ҳиндустон нест. Як даҳаи фарорасии зимистони сарди пуррутубат ва намноки Тоҷикистон кифоят мекунад, ки ин маъюбону фақирон пеш аз вақт ҷон ба ҷонофарин супоранд.
Ҷои нигаронӣ аст, ки дар қарори суди марҳалаи аппелятсия ба ин далел эътимод шудааст, ки Кумитаи саромоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ аз таърихи 5-уми майи соли 2005 барои фурӯши хобгоҳ ризоияти худро додааст. Гӯё суд ин далели бебаҳсро надидааст, ки ҳамин Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ ба мактуби шикоятии сокинони хобгоҳ аз таърихи 6-уми июли соли 2007, таҳти №2-101289 (яъне, баъд ду аз моҳи додани мактуби ризоият оид ба фурӯши хобгоҳ аз тарафи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ) ҷавоб гардонидааст, ки:
«Ба сокинони хобгоҳи 48/9… Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки то ҳол бинои номбаршуда ба музояда бароварда нашудааст ва агар бароварда шавад, танҳо бо розигии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории ҶТ баррасӣ карда мешавад. Бинобар ин, ваҷҳи мактуби шумо оиди он, ки соҳибмулк гӯё бинои хобгоҳро ба савдо гузоштааст, асосе надорад».
Яъне, «агар зери коса нимкоса нест», чаро Кумитаи саромоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ дар ҷавоби мактуби сокинони хобгоҳ ҳақиқатро нагуфт? Нагуфт, ки: «Бале, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ кайҳо ризоияти худро (ғайриқонунӣ) барои фурӯши бино додааст»! Хулоса аз ин фандкориҳо як аст:
Мансабдорони онрӯзаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ бо Кумитаи саромоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ дар нисбати сокинони хобгоҳ бозии сепаратистӣ кардаанд, ки онро дар қонунгузории Тоҷикистон амали коррупсионӣ меноманд.
Прокуратураи генералӣ амали суди марҳалаи аппелятсиониро қонуншикании ошкоро дониста, ба тариқи кассатсионӣ қарори онро аз таърихи 28-уми августи соли 2007, таҳти №7-9нд-2007/6 бо имзои муовини Прокурори генералии ҶТ Шарифов М. Р. шикоят намуд. Дар шикояти мазкур асосҳои воқеии қонуншиканӣ ба таври ошкор ва босалоҳиятона исбот карда шуданд.
Суди марҳалаи кассатсионӣ аз таърихи 21-уми сентябри соли 2009 шикояти кассатсионии Прокуратураи генералиро рад намуд ва қарори марҳалаи аппелятсияро бетағйир гузошт. Прокуратураи генералӣ бо имзои муовини Прокурори генералии ҶТ Раҷабов Ш. Б. аз таърихи 16-уми ноябри соли 2007 нисбат ба қарори марҳилаи кассатсионӣ эътирози назоратӣ намуд.
Раёсати Суди Олии иқтисодии ҶТ бо қарори худ аз 26-уми декабри соли 2007 эътирози назоратии Прокуратураи генаралиро рад намуд ва қарорҳои марҳилаи апелатсионӣ ва кассатсиониро бетағйир гузошт.
Мутаассифона, шикояти кассатсионӣ ва эътирози Прокуратураи генералӣ ба таври касбӣ тартиб дода нашудааст. Чунончи, дар ин санадҳо ба сифати асоси аз ҷониби суд вайронкунии талаботи қонун моддаи 4-и Кодекси манзил ва моддаи 8-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» зикр шудааст. Прокуратураи генералӣ худ ба суд имконият додааст, ки домани баҳсро аз қонуни мушаххас ва дахлдори танзимкунандаи масъала ба як тараф кашад ва амалҳои қонуншикании худро парда пӯшад.
Дар эътироз Прокуратура судро ба риоя накардани талаботи моддаҳои 146 (тартиби боздоштан ва аз нав оғоз кардани парванда), 155 (баррасии парванда ҳангоми пешниҳод накардани изҳори назар…), 157 (мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ), 162 (музокираҳои судӣ), 174 (эълони ҳалнома), 175 (фиристодани ҳалнома ба шахсони иштирокчии парванда)-и Кодекси ҶТ дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ айбдор донистааст, ки ин айбдоркунӣ басо ғайрикасбӣ ва бемантиқ сурат гирифта, табиист, ки ба суд имкон додааст эътирози Прокуратураи генералиро «бебокона» рад намояд. Ёдоварии моддаҳои 5, 6-и Кодекси манзил, моддаи 36-и Конститутсия ба ҷузъ аз зиёд кардани ҳаҷми эътироз эроди арзишноке нестанд.
Шояд ҳамин шикояту эътирози умумигӯии Прокуратураи генералист, ки судяҳои марҳилаи аппелятсия, кассатсия ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ ба воситаи пардозҳои беасос ва умумигӯӣ талаботи Прокуратураи генералиро рад карда, бовар намудаанд, ки «қонуншиканӣ»-и онҳо аз назар пӯшида мемонад.
Чунончи, дар қарори марҳалаи кассатсия дар ҳаҷми 5 варақ маълумоти тафсирӣ — нақли ин тараф ин гуфт, он тараф он гуфт (такрори ҳодисаҳои доиршудаи мурофиаҳои пешин) дода шуда, дар ҳаҷми 1,5 варақ хулоса ва қарори суд зикр шудааст. Ин ҳам зикри асосҳое, ки танҳо бағалатандозии кор асту халос.
Масалан, суди кассатсионӣ зоти масъала — оё хобгоҳ объекти хусусигардонӣ ҳаст ёне,- ро ба як сӯ (махсус) гузошта, дар бораи гузаронидани музояда, риоя шудани қоидаҳои музояда сухан карда, Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар ҶТ»-ро, ки ягона санади дахлдори танзимкунандаи баҳс мебошад, махсус як тараф гузошта, ба таври ғалатмаънидодкунӣ навиштааст, ки «дар асоси қисми 1-и моддаи 8-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ»:- дар сурате, ки:
— моддаи 8 қисм надошта, аз ду банд иборат аст ва банди яки он 4 зербанд дорад.
Чӣ тавр Суди иқтисодӣ як тарфаро «гӯл зада» навишта, ки «бахш ва воҳидҳои сохторӣ, ки силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад, объекти хусусигардонӣ шуда метавонад. Гӯё Суди иқтисодӣ намедонад, ки агар хобгоҳ ва дигар фонди манзил дар мантиқи «бахш ва воҳид»-и корхона меғунҷид, Маҷлиси Олӣ аз бекорӣ қонуни махсус дар бораи татиби хусусигардонии фонди манзилро таҳия ва қабул намекард. Ё ба қавли Суди иқтисодӣ дар мақомоти қонунгузории кишвар шахсоне фаъолият доранд, ки чӣ кор кардани худро намедонанд?

Дар қарор омадааст, ки «хобгоҳ бахши ғайриистеҳсолӣ буда, хусусӣ гардонида мешавад». Ин «гӯландозӣ» ба чӣ хотир? Дар сурате ки дар асоси меъёри моддаи ба он «эътимодкардаи суд» фарқ байни бахши истеҳсолӣ ва ё ғайриистеҳсолӣ буданро не, балки он қисми корхонаро дар назар доштааст, ки вай қисми таркибии ҳиссашавандаи корхона буда, ҳангоми ҷудо намудани он корхона таъиноти худро аз даст намедиҳад. Фонди манзил дар ин масъала чӣ дахл дорад? Магар Суди иқтисодӣ дар мундариҷаи моддаи 144-и КГҶТ, ки мазмуни корхонаро баён кардааст, ҷое вожа ё ибораи «манзил» ё «фонди манзил»-ро пайдо кардааст? Пас, ин бағалатандозӣ чӣ маънӣ дорад?
Ва ё суд «чун далели қотеъ» навиштааст, ки моддаи 4-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар ҶТ» хусусигардонии ҳуҷраи алоҳидаро манъ кардааст, на хобгоҳро. Ин шарҳи зиддиқонунӣ аз куҷо? Моддаи 4 аз ду банд иборат буда, банди як хусусигардонии манзилҳои садамавиро манъ карда, банди 2 ба маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқ додааст, ки барои хусусигардонии манзилҳои коммуналии совхозҳо ва хоҷагиҳои ба он баробар қарор қабул кунад ва он ҳам танҳо дар асоси дархости коллектив, яъне дар асоси дархости истиқоматкунандагони ин фонди манзил, на дар асоси иродаи Кумитаи сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ ва на барои «соҳибкор». Чунин «дом»-гузории суд ба кадом хотир?
Ва дар анҷоми чунин тавзеҳоти сар то по беасос суди марҳалаи кассатсионӣ ба хулоса омадааст, ки барои қонеъ кардани шикояти кассатсионии Прокуратураи генералӣ асос нест. Ва дастгоҳи бузурги Прокуратураи генералӣ — назоратчии риояи бечунучарои қонунҳоро ба надонистани қонун мулзам кардааст.
Раёсати Суди Олии иқтисодӣ ҳам дар қарори худ қарори айнии суди марҳалаи кассатсиониро пуштибонӣ карда, ҳамон тавзеҳоти «ғалатмаънидодкунӣ» ва ба самти чаптобдиҳии асли масъаларо такрор карда, танҳо ба таври илова ҳаминро баён кардааст, ки: «Ваҷҳи эътироз оиди он, ки ҳангоми хусусигардонии хобгоҳи баҳсӣ ҳуқуқҳои манзилии сокинони он поймол шудаанд, беасос мебошад, чунки ҳангоми хусусигардонии ин объект фақат соҳибмулк дигар шудааст, ҳуқуқи манзилии сокинон бошад, поймол нашудааст».
Ин чӣ баён аст? Бесалоҳиятӣ ё бағалатандозӣ? Магар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маводҳои парванда надид ва қабул надорад, ки:
1. Дар шартномаи хариду фурӯши хобгоҳ байни Фонди хусусигардонӣ ва Саъдуллоев хобгоҳ бидуни ягон шарт фурӯхта шудааст. Яъне, ҳадди ақал аз рӯи инсоф шарти риояи таъиноти хобгоҳ ҳамчун фонди манзил дар шартнома зикр нашудааст.
2. Оё соҳибмулк нисбати амволи худ ҳуқуқи соҳибӣ кардан, истифода ва ихтиёрдориро надорад? Пас, магар Кумитаи сармоягузорӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ намедонист, ки як рӯз Саъдуллоев ҳамчун молик ҳуқуқ дорад ин биноро ба замин яксон карда, ҷои он «заправка» бунёд кунад, як рӯз хобгоҳро қиморхона созад, як рӯз ҷои хобгоҳ «котеҷ»-и шахсии қасрӣ бунёд кунад?
Ва инак, ба самъи Раёсати Суди Олии иқтисодӣ мерасонем, ки Саъдуллоев тӯли зиёда аз як соли охир тавассути вакилони худ барои бидуни додани манзили истиқоматӣ кӯчонидани даҳҳо сокинони ин хобгоҳ, ки дар онҳо бевазану ятим, маъюбу нафақахӯр зиндагӣ доранд, дар суди умумии ноҳияи Фирдавсӣ танҳо аризаи даъвогӣ пешниҳод дораду аллакай иддае аз онҳоро ба таҳхонаҳову кӯчаҳо андохта? Вале ин ба қавли раёсати Суди Олии иқтисодӣ поймолкунии ҳуқуқи манзили сокинон нест!
Саъдуллоев дар аризаҳои даъвогӣ кӯчонидани сокинони хобгоҳро ба он асоснок кардааст, ки ӯ мехоҳад биноро таъмир намояд. Аммо суоле пайдо мешавад, ки оё иродаи Саъдуллоев аз ҳукми қонун боло аст, дар сурате ки дар моддаҳои 65-67-и Кодекси манзил, таъиноти қарорҳои Пленумҳои Суди Олии ҶТ аз 20-уми марти соли 1997 №1 ва аз 16-уми августи соли 1999 №3 таъкид шудааст, ки ҳангоми доир кардани таъмири асосӣ (капиталӣ) сокинони хонаҳои хидматӣ танҳо дар ҳолате метавонанд кӯчонида шаванд, ки агар ба онҳо то саршавии таъмир манзили ба талабот ҷавобгӯи истиқоматии дигар таъмин карда шавад.
Моддаи 83-и Кодекси манзил бошад, муқаррар кардааст, ки шахсони зеринро бидуни додани манзили дигари истиқоматии ба талабот ҷавобгӯ кӯчонидан манъ аст!:
— маъюбон (қисми 1);
— касоне, ки 10 сол собиқаи корӣ дар корхона доранд (қисми 6);
— касоне, ки муносибатҳои меҳантияшон бо корхона бо сабаби ихтисори ҷои кор, барҳам хӯрдани корхона қатъ шудааст (қисми 8);
— нафакқахӯрон (қисми 9);
— аъзои оилаи шахсони фавтида (қ. 10);
— шахсони якка (бевашудагон), ки фарзанди ноболиғ ва оилаҳое, ки 5 ва аз он зиёд фарзанд доранд (қ. 12).
Ниҳояти баҳси бавуҷудомада сари меъёри ду банди моддаи 115-и Кодекси манзил ҷамъбаст мешавад:
— банди 3: …хонаи истиқоматиро ба кироягирандагон бо шароити имтиёзнок ё бепул хусусӣ кардан мумкин аст.
— банди 6: Хусусӣ кардани хонаҳои истиқоматии хидматӣ ва хонаҳои хобгоҳҳои умумӣ манъ аст!
Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикиситонро набояд сарфи назар бошад, ки Кодекси манзил ва қонунҳои Тоҷикистонро Маҷлиси Олии ҶТ қабул карда, Президенти Тоҷикистон имзо мегузорад. По гузоштан болои арзишҳои қонун по гузоштан болои манзалати ин мақомоти олии давлатӣ ва шахсиятҳои роҳбари он аст.
Моддаи 14-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили коррупсия» ҳамаи ҷиноятҳои ғаразнокро амали коррупсионӣ номидааст, ки ҷинояти дар моддаи 314-и КҶҶТ таъингардида: истифода аз ваколатҳои хидматӣ аз зумраи онҳо мебошад.
Эҳтиром ба Президенти Тоҷикистон, Маҷлиси Олии ҶТ, Конститутсия ва қонунҳо на ба воситаи «чапакзаниҳои пурмавҷи бардавом» дар маҷлисҳо, ҳангоми аз минбар суханпардозӣ кардан, балки ҳангоми сухан кардан «аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳангоми дар пеши мардум чун ходими давлатӣ бо сухан ва амалу беамалӣ чеҳра зоҳир кардан зоҳир мегардад.
Ҳикмати Афлотунро ба хотир бояд овард, ки гуфта: «Ҳокимияти давлатӣ барои халқ аст, на халқ барои ҳокимияти давлатӣ».
Мо ҳама иддаои имондорӣ ва мусалмонӣ дорем. Пас, Худованди қодир фармудааст: «Ба заифони худ раҳм ва шафқат кунед, то ман ба Шумо раҳм ва шафқат намоям». Низ фармуда: «Дуои ятимон, фақирон, беваву муздуронро иҷобат хоҳам кард ва золимони онҳоро бо дасти золиме ба ҳар навъе ба азоби дунё ва охират мубтало хоҳам кард»…

Муҳаммадалии НУРАЛӣ, адвокат

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: