Главная > Uncategorized > Плагиатор

Плагиатор

Ё худ, шахсоне, ки шӯҳратро аз ҳисоби дигарон ба даст меоранд

Имрӯз туфайли рушди техникаи замонавӣ кашфиётҳои нодири илмӣ рӯйи кор омада, торафт зиёду доираи истеъмолашон васеъ шуда истодааст. Пайдоиши Интернет имкон дод, ки инсон бештар маълумотҳои заруриро дастрас намояд, ахбори нав ба навро фарогир бошад. Шахсе ки бо Интернет сарукор дорад, метавонад аз хона набаромада, ҳамаи мушкилоти худро ҳал намояд. Аҷоиби кор дар он аст, ки шахс бо ёрдами ин асбоби навбаромад «плагиат — эҷодкор» ҳам шавад. Рӯйбардоркунии мактабро ба хотир оварда, онро дар Интернет ба кор бурдан кифоя, ки шахс «ҷӯянда», «эҷодкор», «олим»-и давр шавад. Албатта чаласавод!

АКСИОМА
Лозим аст баъзе мафҳумҳоро шарҳ дод, то ки хонандаи азиз аз маънои он огоҳ бошад. Плагиат калимаи лотинӣ буда (plagio-дуздидан), асардузд маъно дорад. Шахсе, ки асар, эҷоди нафари дигарро бо роҳҳои гуногун аз они худ мекунад, худро муаллифи он меҳисобад, плагиатор мебошад.
Дар асри мо плагиаторҳо ду тоифаанд: тоифаи якум онҳое ҳастанд, ки мазмуни асарро эҳтиёткорона, бо иваз намудани ҷумлаҳову ибораҳо аз худ карда, рӯбардоркуниро устокорона ба ҷо меоранд. Гурӯҳи дуюми плагиаторҳо аз ин сарҳад бебокона гузашта, чун ғоратгарони биёбон амал мекунанд, яъне асарро бо пуррагӣ рӯбардор карда, зери он номи мубораки хешро мегузоранд.
Вақтҳои охир дар мақолаҳои рӯзномаҳои «Суғд ҳақиқати», «Тонг» доир ба мавҷуд будани асардуздӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардид. Аз ҷумла, ба мақолаи «Уз қадрини билган элни алдаб булмайди»-и рӯзномаи «Тонг» эродҳои мо (И. Юсупов) пешкаш гардида буд. Муқобили эродҳоямон баъзеҳо истодагарӣ карда, «мушаххас исбот кунед!»,- гӯён, ба ҷону ҳоламон намонданд. Афсӯс, ки пас аз эроду танқидҳо ҳоло ҳам эҷоди дигаронро бо роҳи номашруъ — дуздӣ аз они худ гуфтанҳо ҷой дорад. Ташвишовар он аст, ки асарҳои илмиро шарм надошта аз они худ кардан, заҳмату меҳнати дигаронро бо осонӣ моли худ донистан моро ба куҷо мебарад…
Панҷ — шаш моҳ муқаддам маҷаллаҳои дар вилоят нашршавандаро варақгардон кардем. Дар шумораи (№1 (6), моҳи апрели соли 2009) маҷаллаи «Суғд юлдузи»-и (Сармуҳаррир А. Мингбоев) нашрияи ҷамъияти ӯзбекони вилоят мақолаи «Абуҳанифа ва у кишининг мазҳаблари» (сармақолаи маҷалла)-ро хондем. Матлабро маркази илмӣ — тадқиқотӣ омода намудааст. Дар ҳайрат мондем. Охир ин матлабро пештар дар ким-куҷо хонда будем. Ба хотир омад он ва ҳайратамон афзуд, ки дидаю дониста асари дигар шахсро бо пуррагӣ рӯбардор карда, номи дигарро сабт намудан чӣ зарурат дорад?!
Муаллифи матлаб шайх Муҳаммад Содиқ буда, мақолаи «Абуҳанифа ва у кишнинг мазҳаблари» аз сайти «forum.islom.uz» рӯбардор карда шудааст. Бе ҳеҷ шарҳу эзоҳ.
Ҳой дузд! Дар урфият мегӯянд, ки «дузд бошу боинсоф бош!». Асарро дуздида лоақал лозим надонистӣ, ки аз кадом манбаъ ё асар истифода бурданатро қайд намоӣ? Ана инсофу диёнат. Андаке шарму ҳаё ҳам накардӣ!
Ҳой мунаққиди нодон! Оё хабар надорӣ аз ин қабил ҳаромхӯрҳо! Онҳо ба хӯрдани оши тайёр ҳозиру нозиранд. Роҳи осони зиндагиро меҷӯянд, на меҳнату ковишро. Шӯҳратро аз ҳисоби дигарон гирифтан мехоҳанд. Онҳо ба нидои виҷдон ҳам гӯш намеандозанд. Алҳазар аз ин қабил эҷодкорон!
Тадқиқотчиён барои эҷод вақт наёфтанд магар, ё парии илҳомашон ҳозир нашуд ва ё асари мазкур барояшон маъқул гардид, ки онро ба пуррагӣ рӯбардор карданду моли худ номиданд?
Эй, бечора роҳзан, асари Муҳаммад Содиқро хонда, мафтуни сеҳри қаламаш гаштӣ, ки нафсат ба ҷунбиш омаду тамаъро пеша кардӣ! Инҷо сухани Муқимӣ ба хотир меояд: «Курганда суфи кундуз, оқшом қароқчи хоҷам» (бошад суфӣ рӯзона, роҳзан шавад шабона).
Дар бораи Абӯҳанифа тадқиқот бурдан, осори ӯро омӯхтан, боз корҳои зиёди илмиро анҷом додан корест шоистаю савоб, ки ба он номи маркази тадқиқоти илмӣ гузоштаанд. Аммо дуздӣ ҳам илм аст? Магар маркази плагиаторӣ ташкил карданӣ ҳастанд?! Алҳазар, аз ин хел марказҳо, ки танҳо садоҳои «пит-пилиқ ва ваҷ-ваҷ рӯбардор мекунам, медуздам?…» шунида мешавад.
Ҳой, ту барин эҷодкор аз буда набуданаш хубтар! Ҳашарот эҷодкор-ку, забондарозӣ карда, сар бардошта мегардӣ. Ҳайрон мо…
Аз куҷо пайдо шудааст сармуҳаррири ин маркази тадқиқотӣ? Тавба, шутур барин ном додаанд ба марказ…
Шояд фикр кунанд, ки аз Интернет рӯбардор кардани моро одамон аз куҷо медонанд? Ба он ақлашон нарасидааст, ки сирашон охир фош мешавад. Дар ин бора хаёл ҳам накардаанд. Одамон донанд:
— Ҳазл кардем,- мегӯем, надонанд беҳтар, мо сарбаландона мегардем. Бо таваккал кор бурдан мумкин нест-ку!
Таърифу тавсифро дар Франсия меписанданд. Ба он ҷо рафта чӣ қадар тавонед, худро таъриф кунед, лоф занед, худнамоӣ кунед. Онҳо забони ӯзбекиро намедонанд. Ба шумо бовар мекунанд.
Эҳ, аттанг, афсӯс, тадқиқотчиёни илмии марказии ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд «дузд-роҳзан» шудаву ба аксарият маъқул шуда метавонанд?! Дар асл, маҳз онҳо бояд ташкилотчиён — тарғибгарони хуби ташаккули маънавиёти ҷамъият бошанд.
Дар ҳоле, ки барои тарбияи ҳаматарафаи камолоти маънавии насли наврас шароит муҳайё сохтанро замон ба миён мегузорад, ин ҳолро чӣ хел шарҳ бояд дод?
Охир, дар ҳолати истифодаи асари шахси дигар манбаъ муаллифи онро нишон додан лозим-ку!… Эътироф бояд кард, ки асар аз они кист, муаллифи он кист. Қаламкаш — журналисти ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба ин кори нангин — асардуздӣ даст намезанад. Наход инро ҳам фикр намекунанд кормандони маркази номбурда?! Ку виҷдону ғуруру ифтихори миллӣ?!
Дар банди охири асари Муҳаммад Содиқ, ки плагиаторон азони худ кардаанд, чунин омадааст: «Аллоҳ таъоло… боқимондагонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз гумроҳӣ нигоҳ дорад». Ин суханҳо магар ба шумо таъсири акс карданд, ки ба гумроҳӣ қадам задед? Бекор нагуфтаанд: «Дарди бадро давои бад».
Шояд Интернет маҳз барои ҳамин қабил плагиаторон ихтироъ шуда бошад. Ҳай — ҳай накунӣ, асарҳои илмиро ҳам рӯбардор карда, аз они худ мекунанд.
Натиҷа он аст, ки дар вилояти Суғд сафи «олимони эҷодкор» меафзояд. Гурбаашро пишт нагӯй, шуд, олимон зиёд шудан мегиранд.
Ба дилатон наояд, ҳақиқат ҳамин тавр аст. Рӯзе меояду ниқоб бардошта мешавад. Сир фош мегардад. Дардро пинҳон кардан ва ё офтобро бо доман пӯшондан мумкин нест. Бо забони формула гӯем, ин аксиома аст, бародар! Дар рӯзи равшан барои шӯҳрат, мартаба асардӯздӣ мекунад, менависад.
Бояд иқрор шуд; «Дастаҳояшон наларзида! Дилҳояшон ба ҳаяҷон наомада» ин қабил «эҷодкор» — тадқиқотчиён, ки ба маънавияти миллат хиёнаткорона муносибат менамоянд, оё дарк мекунанд, ки шаъну шарафи илмро паст карда, худ ба ҷиноят роҳ мекушоянд? Ин роҳест, ки тафаккури одамонро ба сӯи каҷкориву фиребгарӣ моил мегардонад. Одамон ба чӣ хулоса меоянд дар ҳаққи ин қабил олимон, ходимони фалон маҷалла…
Ин иллатест нобахшиданӣ, ки касро на танҳо ба гумроҳӣ мебарад. Гузашта аз он, хавфи иҷтимоӣ мусибат аст барои аҳли маърифату фарҳанги миллату кишвар.
Дар моддаҳои Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 156) поймол намудани ҳуқуқи муаллиф, беэътиборӣ нисбати он, асардуздӣ барин масъалаҳо акси худро ёфтаанд.
Дарвоқеъ, омилҳои асосии пайдоиши падидаи номатлуби асардуздӣ дар он аст, ки аввало савияи донишу илмӣ паст буда, сониян, камаҳамиятӣ ё беаҳамиятӣ дар ҳимоя намудани ҳуқуқи муаллифӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.

ТЕОРЕМА
Сухани ҳақ талх асту на ба ҳама кас маъқул. Аммо то кай ҳақиқатро, сухани ҳақро дар қафаси сина нигоҳ дошта, бузӣ мекунем. Имрӯз ҳақиқатро бояд гуфт, ки баъзе асарҳои илмӣ бо роҳи дуздӣ аз худ кардани заҳмати дигарон пайдо шуда истодаанд. Дар диссертатсияҳо фикру ақида, таълиму тарбия, натиҷаи корҳо, хуллас ҳамааш аз русҳо. Забони онҳоро донӣ, боз беҳтар. Он гоҳ «олим»-и ягона хоҳӣ шуд.
Рост, пештар манбаъҳои асарҳои истифодашударо нишон дода, андак — андак аз онҳо рӯбардорӣ мекарданд, ҳоло тамоман дигар. Усули «прогрессив»-ро кор фармуда, матнҳоро бе ҳеҷ тағйирот, дигаргунӣ рӯнавис кардан одат шудааст. Ин хел «роҳзанон» номи нашриётро нишон дода, саҳифаҳоро ба пуррагӣ аз они худ мекунанд. Номи муаллиф, соҳиби асарро ба хотир ҳам намеоранд.
Дар ҳолати даъво, ки: — чаро номи муаллиф нест, ҷавобашон: — номи нашрия нишон дода шудааст-ку-ро пеш меоранд. Дар чунин ҳолатҳо исботи ҷавобгарӣ мураккаб мешавад.

Айни замон, боз як ҳақиқати дигарро хотиррасон кардан лозим. Баъзе шахсони ба кори илмӣ машғул чун булҳавасони муқаллиданд. Хусусан дар мавриди тарбияи оила. Дар бораи одобу ахлоқ мавзӯи илмӣ навиштани бонувони худ мӯҳтоҷи тарбия касро ба ҳайрат наоварда наметавонад. Сиёҳро аз сафед, некро аз бад ҷудо карда натавониста, ба дигарон ёд додан чӣ маъно дорад? Халқ мақоле дорад дар ҳаққи ин қабил «олимон»: «Олим шудан осону одам шудан душвор». Педагоги машҳури рус Н. К. Крупская гуфтааст: «Модар шудан аломати балоғат бошад, тарбияи кӯдак аломати балоғати психикӣ аст». Назди толибилмон худнамоӣ карда, он чӣ ба даҳон ояд, гуфтан, некро аз бад фарқ карда натавонистан шахсро ба андеша водор мекунад ва беихтиёр мегӯӣ: Аввал омӯз в-он гаҳ ба дигарон гӯй, масхарабозӣ даргоҳи илм!
Бо ин тоифаи олимон ҳамсӯҳбат шавед, ҷигарбирён хоҳед шуд. Аз доираи соҳааш берун чизе гуфта наметавонад. Даъвои олимӣ дораду аз оламу одам бехабар. Шояд инҳоянд «олимон» ё ба таъбири халқ: «нимчамулло».
Саводаш ба таълим додани бачагони синфҳои ибтидоӣ кифоя намекунаду ӯро мудири илмӣ аз куҷо ёфта бошад-а? Рӯи диҳанда ширин-дия! Чӣ ҳам мегуфтем…
Чашм набояд пӯшид! Қадру қиммати илмро паст назанед! Он матоъ нест, ки ба савдояш гузоред!
Ин тоифаи олимон чун ҳубоби мағзоба ё боронӣ лаҳзае дурахшида, пас ноаён мешаванд.
Бо ин суханҳо мо шахсияти онҳоро паст заданӣ нестем, лекин мақомоте нест, ки ба онҳо гӯшзад намояд: «Ба кӯрпаат нигоҳ карда, по дароз кун!».
Боз як гап. Ҳоло ашхосе пайдо шудаанд, ки диссертатсия менависанд. Мавзӯъро маълум намоеду ҳаққи қаламашонро диҳед, кифоя. Ончунон дар навиштани асари илмӣ устод шудаанд, ки аз ду диссертатсия боз яктои дигар эҷод мекунанд. Суханбозӣ, иборасозӣ, ҷумласозиҳои нав ба нав, лекин маъно як. Аҷибаш дар он аст, ки рӯнавис ё фикрдузд рақамҳои омориро насанҷида, таҳлил накарда, рӯйбардор мекунад.
Мешавад ҳолатҳое, ки роҳбар унвони баланди илмиро гирифтан мехоҳад. Аз ин тоифаи диссертатсиянависҳо истифода бурданро лозим медонанд. Вале агар олимони ҳақиқӣ ба қадри илм расанду донанд, ки рӯйнависӣ ҷиноят аст, ЕВРО диҳед ҳам, наменависанд.
Боз мулоҳизаи дигар. Афсӯс аз он, ки баъзе олимони донишгоҳҳо аз корҳои илмии донишҷӯён истифода бурда, заҳмати онҳоро моли худ мегардонанд. Ба меҳнати шогирдон ҳақгузорӣ карда намешавад.
Рафту дониши ҳақиқии номзадҳои илм санҷида шавад, бо боварӣ метавон гуфт, ки аз даҳ номзад се — чор нафарашон лоиқи номи олим намешаванд. Эҳ, гап бисёру…
Бо танқид камбудиҳоро бартараф кардан хуб аст. Ба фикри мо, барои ин иллатҳоро нест кардан аз таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами дунё истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст: яъне, ба ҳисоб гирифтани натиҷаи корҳои илмӣ, ки ба ҷамъият ва илм чӣ фоида оварда тавонистанд.
Барои ин аз санҷиш — аттестатсия гузаронидани корҳои илмии номзадию доктории олимонро дар давоми солҳои 1992-2008 лозим аст. Ин якум. Санҷидани рӯйхати номгӯи асарҳо — маҷмӯаҳое, ки олимон аз онҳо истифода бурдаанд. Ин дуюм. Сеюм, гирифтани тақриз ба асарҳое, ки ба унвони номзадӣ ё докторӣ навишта шудаанд. Чорум, ҷорӣ намудани нашри матни пурраи асар дар сайти коммисияи олии аттетстатсионӣ (ВАК) то вақти ҳимоя.
Имрӯз дар ҷумҳуриямон намудҳои зиёди иншооти ҳуқуқи муаллифӣ амал мекунанд. Аз байни онҳо бисёр плагиаторҳоро номбар кардан мумкин.
Барои дурустии фикрҳои дар боло зикршуда, мисолҳо овардан зарурият надорад. Зеро он чи ба қалам дода шуд, дар асоси ҳақиқати воқеӣ рӯйи қоғаз омад, ки бо ифодаи математикӣ теоремаи объективист.

ХУЛОСА
Плагиатор дар ҳар давру замон, дар ҳар ҷамъият, дар ҳар соҳа вуҷуд дорад. Табиист, ки нусхабардорӣ, рӯйнависӣ нест намешавад. Лекин аз он истифода набояд бурд. Дастгирӣ кардан лозим, ба шарте, ки ба обрӯю шаъну шарафи муаллиф зарар наоварад. Аз услуби муаллиф истифода бурда (на ба пуррагӣ), онро тақвият додан мумкин.
Табиист, ки ба эҷодкор қонуни ягонаи аз доираи чаҳорчӯба берун набаромада эҷодкорӣ намуданро касе талаб намекунад. Асарҳои фармоишие, ки бо тавсияву хоҳиши дигарон эҷод мекарданд, ба дарди касе дармонбахш шуда наметавонанд. Ин қабил асарҳо монанд ба ҷеғи бемаҳали хурӯсанд, ки шунавандаро нороҳат, асабашро вайрон мекунанд. Мо гуфтанӣ нестем, ки «ой фалонӣ, ин тавр навис, он тавр эҷод кун, аз дигарон ибрат гир!» ва ғайраҳо. Кас қобиляти эҷодкорӣ дошта бошад, қаламаш доим тез асту фикраш тозаю ақидааш устувор. Аммо ин хислатҳоро кас доро набошад, чӣ ҳоҷат қалам гирифта, қоғази сафедро аз ҳисоби дигарон сиёҳ кардану барои ёфтани шӯҳрат зӯр задан? «Зӯри беҳуда миён мешканад!» гуфтаанд, бародар!
Хуллас, Интернет дари худро ба рӯи одамон кушод. Ба он бо нияти хубу дили пок бояд ворид шуд, на бо ниятҳои нопоку ғаразнок.
Орзуи ошиқон якхела мешудааст. Расидан ба висоли маъшуқа. Бигзор ошиқон ба орзуяшон расанд. Халқи доно беҳуда нагуфтааст, ки «ба умеди оши ҳамсоя турб натарош!». Бо меҳнати ҳалол соҳиби обрӯ бояд шуд, на аз ҳисоби заҳмати дигарон.

Тилаболдӣ АБДУНАЗАРОВ, журналист,

Илҳом ЮСУПОВ,
номзади илмҳои педагогӣ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: