Главная > Uncategorized > Ғурури миллиро паст назанед!

Ғурури миллиро паст назанед!

Вақтҳои охир дар байни аҳолӣ, алалхусус онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, иваз кардани шиносномаҳо бо ному насаби тоҷикӣ мӯд шуда истодааст. Сабаб маълум: аз Русия онҳоро бо ҳар баҳона бозпас мефиристанд, ба истилоҳе «депорт» мекунанд. Аммо ягона рӯзии онҳо дар он ҷост. Яъне агар нараванд, рӯзашон намегузарад. Пас, онҳо боз ба ин иқдом даст мезанад. Яъне, ному насаби тоҷиконаашонро ба тарзи русӣ аз нав кардаву боз ба сӯи Русия раҳсипор мешаванд.
Мардум аз он сабаб интихобкорона шиноснома, зоднома (шаҳодатномаи таваллуд)- и худро дигаргун мекунанд, ки имрӯз ягона роҳи наҷоти онҳо ҳамин давлати рус аст. На тобутҳои ҳаррӯзаи паёпайи «Груз», на таъқибу озори тоссарҳову пулис ва хадамоти муҳоҷирати Русия онҳоро аз ин роҳ баргардонда наметавонад. Имрӯз Каъбаи умеди тоҷикон ҳамон кишвари паҳновари рус аст. Ҳатто аз паси партаи мактабӣ хеста, бо ёру бародар, падар ва шиноси худ ба ин давлат мераванд. Дар ҷустуҷӯйи «қишлоқи тиллоӣ». Вале баъди рафтан мебинад, ки орзуяшон танҳо орзу будааст. Аммо мераванд. Зеро хондагиҳои дипломдор низ баъди 5 сол бо ҳамин роҳ равонанд.
Устод Мирзо Турсунзода, ки пешорӯи 100-солагиаш қарор дорем, замоне дар Ҳиндустон афғонбачаеро дида, «Қиссаи сайёҳи Ҳинд»-ро эҷод карда буд. Шояд ягон адиби русе тоҷикбачаи аробакаши бозори Черкизи Маскавро дида, чизе нависад, ё аллакай навиштаасту мо бехабарем.
Ҳоло аз сари мақсад дур наравем. Намояндагони миллати арман, озар ва ё гурҷӣ бо шиносномаҳои худ дар Русия озодона гаштугузор доранд. Аввалаш ин ки, ҳукуматҳои ин давлатҳо ба сиёсатмадорони рус таъсир расонда метавонанд. Сониян, онҳо муттаҳиданд. Ва саввум, дар шиносномаҳои онҳо ҳарчанд ному насаб миллист, вале ҳар се сатр пур аст. Ба мисли Артунян Сержин Аршакович, Мамедов Элгин Фозил-уғли, Какалашвили Отарий Василевич ва монанди ин.
Аммо шиносномаҳои мо, ки дар хориҷа тайёр шудаанд, сатрҳои фамилия (насаб), имя (ном) ва отчество (номи падар) доранд. Дар кишвари Русия ба номгузории нави мо ё одат накардаанд, ё қасдан аз ҳисси бадбинӣ муҳоҷиронро бозпас мефиристанд. Бояд сафорату консулгариҳо, вазорати хориҷӣ ва умури дохилӣ, Хадамоти муҳоҷират онҳоро пешакӣ огоҳ менамуданд ва пайи дастгирии ҳамватанон мешуданд…
Тобистони ҳамин сол яке аз хешовандонам хост, ки шиноснома гирад. Аз шӯъбаи шиносномадиҳии ШКД-и Панҷакент ӯро ба САҲМ-и ноҳияи Айнӣ равон карданд. Зеро шаҳодатномаи таваллудаш бо ному насаби тоҷикӣ буд. Баъди се рӯзи сарсонӣ бо маблағи 50 сомонӣ шаҳодатномаи таваллудро иваз карда омад. Бозпас ба комиссариати ҳарбӣ фиристонданд, то шиносномаи даъватшавандагиро низ бо тарзи русӣ иваз кунад. Баъди 3 рӯзи даводав ин корро низ ба сомон расонд. Албатта дар ҳар ду маврид ҳам бо мадади шиносҳояш. Вале боз маълумотнома аз ҷои таҳсил ва гувоҳномаи хатми синфи 9-ро дархост карданд. Ноумед шуда, аз баҳри шиносномааш гузашт. Зеро муҳассили литсейи тоҷикӣ — туркӣ буд. Ва як занг аз кадом идораи болоӣ сабаб шуд, ки шиноснома дар як рӯз тайёр шавад.
Аслан дар байни халқҳои славянӣ тарзи истифодаи «отчество» ҳам он қадар маъмул нест, алалхусус дар тарзи гуфтугӯӣ: Константин Федин, Владимир Путин, Алла Пугачёва, Леонид Чигрин, Наташа Ростова ва ғайра. Вале ба қавли мардум, ҳоло асри қоғаз аст (бумажный век). Нақши асосиро шахсият не, ҳуҷҷат мебозад (то что написано ручкой, не рубишь топором).
Тоҷикон дар давоми ҳазорсолаҳо ба ганҷинаи тамаддуни олам бо маҳсули тафаккури фарзандони барӯмандашон ғановат бахшидаанд. Албатта онҳо бе ному насаб набуданд, унсуру қолабҳои номгузории худро доштанд. Тайи солҳои Ҳукумати Шӯравӣ бидуни андешаву тааммул тарзи номгузории русиро қабул кардем, ки имрӯз ҷабри он бар сари мост. Дар ҳоле, ки ному насаб низ нишонаи миллат аст. Магар баъди чанд сол ҳамватани соҳибзавқ Деваштич Намозович, Фирдавсӣ Зиёевич, Хайём Қосимович, Сиёвуш Маҳкамович ва амсоли ин хуш садо медиҳад?
Ҳамватанон ва ҳаммиллатони азиз! Ғурури миллиро паст назанед! Саросемавор ному насаби худро дигар накунед! Ба осиёби душманони миллат об нарезед! Мардуми дигарро аз ному насаби миллӣ дилхунук накунед!
Худи ҳамин сол вақти тартиб додани рӯйхати баҳрабардорони кӯмаки башардӯстона диққат додам, ки ному насаби тамоми таваллудшудагони солҳои 2008 — 2009 ба тарзи русӣ аст. Ҳукумат оҷилан бояд пайи ислоҳи ин кор шавад. Ба воситаи садову симо ва матбуот ба ин масъала рӯшноӣ андозанд, то баъд мушт ба сари худ накӯбем. Дар қонуни нави забон ба тарзи номгузории миллат бояд моддаи алоҳида ҷудо карда шавад.

Ҳасан АЛИМЗОДА, деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Декабрь 13, 2009 в 12:04 пп

    Assalomu alaykum.
    Muallim shumo hakked!!!
    Hudovand barakotaton dihad!
    In mushkilot imruz boloi mo donishjuyon niz omadaast!!!!!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: