Главная > Uncategorized > «Тоҷикстандарт» ва «Пайкон»… Тавофуқ ё тазод? Кадоме беҳтар?

«Тоҷикстандарт» ва «Пайкон»… Тавофуқ ё тазод? Кадоме беҳтар?

Боре як журналисти собиқадору солхӯрдае, ки аз нисф зиёди умрашро дар замони Шӯравӣ ба сар бурдаву фаъолият кардааст, аз ман чунин суол кард: «Бигу, ки ҳамин нашрияҳои бешумори мустақил аз кадом ҳисоб чоп мешаванд ва дар ин шароити бӯҳрони чандинсолаи иқтисодии кишвар чи гуна метавонанд маблағи заруриро ба даст биёранду ба хабарнигорони боистеъдодашон аз расонаҳои давлатӣ дида маоши беҳтар диҳанд?». Дар посух гуфтам: «Аз ҳисоби сарпарастон, адади нашр ва бархе рӯзноманигорон ҳам аз ҳисоби худашон. Ҳамчунин, нашрияҳои мустақил аз ҳисоби реклама ва маводҳои марбут ба ин ё он барномаҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳодшуда низ метавонанд маблағе ба даст биёранд». Мусоҳибам пас аз лаҳзае андеша гуфт: «Бо таваҷҷӯҳ ба адами истеҳсолоти дохилӣ реклама низ чандон зиёд нест ва шумораи хонандагону ҳаводорони нашрияро ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ бешумор гуфта намешавад». Гуфтам: «Намедонам, ба назари ман, нашрияҳои маъруфе амсоли «Миллат», «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон», «СССР» адади нашри бештаре доранд ва ин гувоҳи хонандаи зиёд доштани онҳост. Пас, ин нашрияҳоро метавон расонаҳои серпул номид». Аммо баъд фаҳмидам, ки ман хато кардаам. Иштибоҳи худамро пас аз хондани мақолае зери унвони «Тоҷикстандарт акнун бой мешавад… «Пайкон» 300000 сомонӣ зарари маънавӣ медиҳад…» («Пайкон», №33 (33), 28.10.2009) фаҳмидам. Аҷоиб! Агар «Пайкон» тавони пардохти ин миқдор маблағро ба «Тоҷикстандарт» дошта бошад, пас, расонаест ба истилоҳ «чашмаи пул»! Ин маблағи ҳангуфтро раёсати нашрия аз куҷо меёфта бошад? Барои пайдо кардани посух ба ин суол ба Фазлиддин Асозода, ҷонишини сардабири «Пайкон» занг зада, шарҳи ҳол пурсон шудам. Гуфт: «Ин қадар маблағ медоштем, ҳафтаномаро ба рӯзнома табдил медодем».
Тавре аз мӯҳтавои мақолаи фавқуззикр бармеояд, нашрияи «Пайкон» дар яке аз шумораҳои гузаштааш номаи кушодаи як гурӯҳ соҳибкоронро ба Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп овардааст, ки дар он аз фаъолияти «Тоҷикстандарт» изҳори норозигӣ баён шудааст. Раёсати мӯҳтарам «Тоҷикстандарт» иддао дорад, ки ҷавобан ба мактуби кушоди соҳибкорон матлабе ба нашрияи «Пайкон» ирсол доштаанд, аммо нашрияи мазкур посухи онҳоро рӯйи чоп наовардааст. Ба андешаи раёсати ин ниҳод, ҳафтаномаи мазкур дар ин маврид мавқеъгирӣ намуда, ҷавоби эшонро қасдан чоп накардааст, то ба номи раёсати коргоҳ иснод оварад. Аммо масъулини нашрияи «Пайкон» мегӯянд, ки ҷавоби «Тоҷикстандарт» рӯзи 5-уми август таҳти №01-1059, аз 03.08.09 бе имзои роҳбарият ва масъулин, танҳо аз ҷониби Маркази матбуотии ин ниҳод ва он ҳам беимзо ба нашрия пешниҳод шудааст. Бинобар ин, масъулини нашрия бо Агентии «Тоҷикстандарт» дар тамос шуда ва ҳатто санаи 7-уми август таҳти №60 тариқи хаттӣ низ хоҳиш кардаанд, то дар зери мактуби ирсолдоштаи эшон имзои нафаре аз раёсат ва ё шахси ваколатдор гузошта шавад. Ҳамчунин, Муродқул Ашӯров, корманди Маркази матбуоти Агентӣ дар ин маврид огоҳ карда шудааст. Аммо дархости нашрия аз ҷониби «Тоҷикстандарт» иҷро нашудааст. Дар ин миён бошад, перомуни ҳамин масъала бо имзои директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи ҶТ Ф.Г.Саидов ҷавобномае ба нашрия расида ва ба чоп расидааст. Ин боиси шакку шубҳаи раёсати «Тоҷикстандарт» ҷиҳати диранги нашри ҷавобномаи раёсати он гаштааст ва эшон ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод кардаанд. Сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» ба назди раёсати ниҳоди даъвогар рафта, сабабҳои нашр нашудани ҷавобномаро фаҳмонида, ҳамчунин, иброз доштааст, ки дар натиҷаи тадқиқоти журналистӣ баъзе ваҷҳҳои овардаи соҳибкорон тасдиқи худро наёфтаанд. Бинобар ин, бо имзои директори агентии мазкур ҷаноби Д. Ҳотамов ҷавобнома 14-уми октябри соли равон дар шумораи №31-и нашрия ба чоп расидааст ва масъулини нашрияи «Пайкон» азм доштаанд аз нафароне, ки дар Муроҷиатнома номашон зикр шудаанд, бахшиш пурсанд. Аммо боз ҳам мушкил роҳи ҳалли худро намеёбад. Намояндаи ваколатдори «Тоҷикстандарт» натиҷаи аризаи даъвогиро талаб мекунад. Бинобар ин, 26-уми октябри соли 2009 Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳалномаи худро ба тасвиб мерасонад, ки тибқи он нашрияи «Пайкон» барои расонидани зарари маънавӣ ба «Тоҷикстандарт» бояд 300000 сомонӣ ҷарима диҳад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ду нуқтаи назари ба ҳам мухолифи «Пайкон»-у «Тоҷикстандарт» ва ҳамчунин, ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсӣ, тасмим гирифтам назари коршиносонро пурсон шавем. Сафар Қурбонов, узви Консорсиюми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон мегӯяд, вақте ҳуҷҷати беимзо ва бидуни номи муаллиф пешниҳод мешавад, ба фикри ман масъулини ягон нашрия чопи онро ба ӯҳда намегиранд. Зеро, дар сурати пайдо шудани мушкиливу камбудиҳо кӣ ҷавобгарии он маводро ба ӯҳда мегирад? Аммо агар мавод беимзо ба нашр расад, ҳатман мушкили дигаре метавонад сар занад ва пурра метавонанд ҷониби посухгӯ аз гуфтаҳои худашон бо далели беимзо пешниҳод шудани мавод даст кашанд ва ҷавобгариро ба ӯҳдаи раёсати нашрия вогузор намоянд. Ба назари ман, ин як бозии пасипардагист, на чизи дигар. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, дар ин маврид ман чизи дигареро намебинам.
Ба ин ё он ташкилот ё коргоҳ таллуқ доштани маводу ҳуҷҷатҳоро танҳо имзои раёсат ва мӯҳри коргоҳ тасдиқ мекунад, на чизи дигар. Ҳатто агар ҷавобнома дар бланка ё баргаи махсуси коргоҳ ҷойгир шуда бошад. Бидуни имзо ва мӯҳр он ҷавобнома мақоми ҳуқуқӣ надорад. Имрӯзҳо арзу шикоятҳои зиёде бидуни имзо ва бо ному насаби дигар ҳатто тавассути почтаҳои электронӣ ба ниҳодҳои мухталиф мерасанд. Аммо чи гуна метавон он арзу шикоятҳоро ҳақиқӣ шуморид, вақте имзо ва ному насаби даъвогар муайян нест. Агар нашрия бидуни имзо ва мӯҳри ягон корхона ё ташкилот ҷавобномаеро ба чоп расонад, пас, он ба моддаи 340-и Кодекси ҷиноятии ҶТ дар бораи ҳуҷҷати қалбакӣ марбут мебошад, ки дар натиҷа нашрия ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аммо ин ки нашрияи «Пайкон» бидуни имзои раёсат ва шахсони ваколатдор маводи ҷавобии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ба чоп нарасонидааст, дар ин маврид аз рӯйи қонун дуруст амал намудааст.
Баъд аз он, ки мусоҳиби ҳуқуқшиноси мо қазияи мазкурро шарҳ дод, тасмим гирифтам назару андешаи рӯзноманигоронро дар ин иртибот пурсон шавам. Ба чанд нафар аз эшон занг зада, пешниҳодҳо ва роҳи раҳоиро аз ҷанҷоли сарзада суол кардам, аммо мутаассифона, рӯзноманигорони азизи мо аз сӯҳбат худдорӣ карданд. Ҷавоби ҳар кадомашон як буд: «Аз қазия пурра огоҳ нестам!». Аҷиб! Ин ҳам дар ҳолест, ки қазияи мазкур бо тамоми ҷузъиёташ дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Пайкон» нашр шуда буд.
Ба ҳар ҳол, бархе аз коршиносону таҳлилгарон дар сӯҳбати бемикрофон андешаву пешниҳодҳои худро аз мо дареғ надоштанд. Эшон бар ин назаранд, ки Агентии «Тоҷикстандарт»-ро беҳтар мебуд сари ин мухолифати бавуҷудомада боандешагиро ихтиёр кунаду бо пешниҳоди сардабири нашрияи «Пайкон» ҷиҳати пурсидани узр аз камбудиҳои маълумшуда ва чопи маводи ҷавобии Агентии мазкур бо имзои раёсати он тавофуқ намояд. Дар сурати акси ҳол, ҳарду тараф ҳам баҳсро бохт мекунанд. Аз як ҷониб, ҳафтаномаи «Пайкон» шояд бо пардохти маблағи ҷаримашуда талафоти молӣ бинад, аз ҷониби дигар, Агентии «Тоҷикстандарт» боварии расонаҳои гурӯҳиро аз даст хоҳад дод. Ва агар бо ҳамин натиҷа ҷанҷоли «Пайкон» ва «Тоҷикстандарт» анҷом ёбад ҳам, баҳс сари ин қазия тариқи расонаҳо идома хоҳад ёфт. Бинобар ин, беҳтар мебуд ҳам раёсати мӯҳтарами «Тоҷикстандарт» ва ҳам раёсати нашрияи «Пайкон» ба тавофуқ бирасанду ҳар яке иштибоҳҳои худро мардона иқрор кунанд ва аз пайи ислоҳи он иштибоҳҳо шаванд. Вагарна, ҳамон гуна ки коршиносон қайд карданд, ҳеҷ кадоме аз тарафҳо аз ин ҷанҷол бурд нахоҳанд кард.

Парвини АЗИЗ, рӯзноманигор

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: