Главная > Uncategorized > Гӯштоб

Гӯштоб

Аз он кӯдакон метарсанд, аммо ширкатҳои сохтмонӣ чӣ?

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сохтмони як қатор иншоот ба роҳ монда шуд, ки ин иқдоми неке буд барои аҳли ҷомеа. Зеро дар пойтахт биноҳои баландошёна кам дида мешуд. Аз ҳамин хотир, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ширкатҳои сохтмонӣ ба кор шурӯъ карданд.
Феълан дар Тоҷикистон беш аз 1200 ширкати сохтмонӣ ба кор?ои сохтмонӣ машғул ҳастанд, ки дар як соли ахир зиёда аз 30 бинои баландошёнаро ба истифода додаанд. Дар ҳамин ҳол, масъулини ни?одҳои давлатӣ гуфта буданд, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба нақшаи кории ин ширкатҳо таъсири манфӣ намерасонад ва онҳо дар соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҳудуди 30 бинои нави баландошёна сохта, ба фурӯш хоҳанд гузошт.
Худро таскин медиҳем…
«Қомат афрохтани биноҳои баландошёна боиси ифтихори миллат аст» гуфта, масъулин барои кушодашавии ҳар яки он бо тантана лента мебуранд. Мардум бошад, қарсакзанон табассум мекунанд, ки мо ҳам рӯзе ба пояи давлатҳои абарқудрат хоҳем расид. Яъне, ба офису меҳмонхонаҳои замонавӣ, мактабу дармонгоҳҳо, ки ҳар як сари қадам ба назар мерасанд, нигариста, «ҳусни кишварро зебо мегардонанд» мегӯему худро таскин медиҳем. Вале…
Таассуфовар аст, вақте иншооте, ки ба истифода медиҳанд, пас аз ду — се моҳ ё фурӯ меравад, ё торс — торс мекафад, ё ин ки бо боридани борон обшӯста мешавад. Мисоли оддӣ, вақте барои бунёди як маҷмаъи замонавии фароғатӣ мавсум ба «Аквапарк» дар пойтахти Тоҷикистон зарурат ба миён омад, тибқи қарордод сохтмони ин маҷмаъро шурӯъ намуданд. Пас аз чанде бо сабаби ба анҷом нарасонидани иншоот ва бесифат сохтани бинои «Амфитеатр»-у аз Тоҷикистон хориҷ шудани ширкати «Эмек иншоот»-и Туркия, раиси ҳукумати шаҳри Душанбе ширкати мазкурро ба додгоҳ кашида буд. Зеро пеш аз ин, ҳангоми маросими кушодашавии бинои «Амфитеатр», ки аз ҷониби ҳамин ширкат сохта шуда буд, дар назди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонҳои олиқадр як ҷузъи бино фурӯ рафт.

Кӣ кафолат медиҳад?
Дар пойтахт сохтмони биноҳои нав ҳам ба назар мерасад, ки шаҳрро то андозае зебо нишон медиҳад. Вале ин ҳама зебоӣ сокинони ҷавони Душанберо ба қадри зарурӣ қонеъ намегардонад. Вақте ки дар муддати хеле кӯтоҳтарин як қисми бинои баландошёнаи «Пойтахт — 80»-ро дар маркази шаҳр сохта ба истифода доданд, намуди зоҳирияш бениҳоят зебо ба назар мерасид. Пас аз ду — се моҳ аллакай як тарафи бино мисли харита доғҳои зард пайдо карда, кафида буд, ки дарҳол бо фармони фармоишгарон онро таъмири рӯякӣ карданд. То он хоҷаҳое, ки хонаҳоро харидорӣ мекунанд, ҳолати биноро дида, аз роҳ нагарданд. Чунин биноҳо зиёданд. Дар хиёбони Рӯдакӣ боз як бинои вайронаро, ки ба таври замонавӣ таъмир карда буданд, пас аз чанд моҳ даромадгоҳаш фурӯ рафта буд. Ҳар гоҳе мардум аз назди чунин биноҳои зебову диққатҷалбкунанда мегузаранд, даст афшонда, писханд мезананд, ки баъд аз ду рӯз чаппа мешавад.
Аз инҷо бармеояд, ки мо ё масолеҳи сохтмониро дуруст истифода бурда наметавонем, ё сохтмончиёни хуб надорем, ё масолеҳи бесифатро ба кор мебарем. Агар не, пас чаро маҳз биноҳои наве, ки ба истифода дода мешаванд, дар муддати кӯтоҳ фарсуда мегарданд? Дар ин ҳол кӣ кафолат дода метавонад, ки биноҳои баландошёнаи замонавӣ мустаҳкаманд? Саросема сохта ба истифода додани чунин биноҳо ба зарари худи ширкатҳои сохтмонист-ку!

Пойи бачаҳо ба дари ҳоҷатхона мерасад…
Аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ мегузаштем. Як қатор биноҳои баландошёнае, ки пай дар пай қомат афрохтаанд, диққатамонро ҷалб карданд. Зеро аз дур бениҳоят зебо менамуданд. Маҳз ҳамин биноҳоро худи сарвари давлат ва раиси шаҳр бо як шаҳомати хоса кушода, ба хотири ободони кишвар суханронӣ карда буданд. Сохтмони ин биноҳо барои он зуд сурат гирифта буд, ки истиқоматкунандаҳои баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанберо кӯчонидан мехостанд. Ва ҳамин тавр ҳам карданд. Баъд аз кӯчонидани сокинон ба ин биноҳои нави хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, тасмим гирифтем аз вазъи чунин биноҳо баъди ба истифода дода шуданашон хабар гирем. Вақте ба биноҳои кӯчаи Исмоили Сомонӣ наздик шудем, назарамон ба айвони ошёнае афтод, ки оҳакаш хеставу семблокҳояш намоён аст. Ба худ гуфтем, ки шояд аз боронгариҳои зиёд ба чунин ҳолат омада бошад. Вале ба даромадгоҳи бино расидему ҳуш аз сарамон парид. Аз биноҳое, ки сохта шудаанд, ҳамагӣ се блокашро ба истифода додаанду халос. Худ тасаввур кунед! Даромадгоҳи биноро дида намешуд аз зарби чирку партов. Дар ҳар тараф ғел задани қоғазу баклашкаҳоро нагӯед! То ба ҳамин ҳол оварда расонидаанд бинои навро. Гипсакартоне, ки аз якум то дуюм ошёна задаанд, мисли девори биноҳои филмҳои боевик сӯрох — сӯрох аст. Наход дар се моҳ кафелҳои фарш хеста равад!? Он деворҳои сафедро ҳамчунон рассомӣ кардаанд, ки ҳисобаш гум. Он бӯи баде, ки аз даруни хонаҳои нав мебарояд, дилбеҳузуркунанда аст.
Аз паси зане, ки ба хонааш мебаромад, гапзанон баромадем, то ҳолати дарунии хонаҳоро бубинем. Вай чунин гуфт:
— Моро аз маҳаллаи Буни Ҳисорак кӯчонида, ба ин биноҳои нави Исмоили Сомонӣ оварданд, ки тӯли се моҳ аст зиндагӣ мекунем. Шароити хуб дорем, вале аз ҳамон рӯзе, ки ба ин хонаҳо ворид шудем, намедонем аз чӣ бошад, деворҳояш кафидагӣ буданд. Рӯз то рӯз деворҳо мисли хок рехта истодаанд.
Кӯдакони назди бино бошанд, бо шунидани ин ки мо корманди рӯзномаем, аз пасамон омада, мегӯянд, ки охир ин хонаҳои «аварийний».
Хонаеро, ки дар он таъмир рафта истода буд, зери мушоҳида гирифтем. Соҳибхоназан Гулдона таъмир кардани хонаи навашро чунин шарҳ дод:
— Барои мо ҳамин чор девори қоқ додагӣ, ҳеҷ чиз надошт. Таъмири сар — сарӣ дошт ҳам гӯем, хато намекунем. Баробари ба хонаи нав даромадан онро аз сари нав таъмир кардем. Хоҳ — нохоҳ ин хонаҳоро одамон ба таври худ таъмир карда истодаанд. Ана, ваннаву хоҷатхонаро аз нав таъмир кардан даркор. Барои он ки, ҳамаи ин хонаҳо ба таъмир ниёз доранд. Зеро оҳаки деворҳояшон рехтаву канда шуда истодаанд. Ҳавлиҳое, ки мо доштем, бениҳоят калон буд. Дар он ҷо 13-14 дар хона доштем. Барои мо чорхонагӣ доданд, сехонагӣ барои як бачам, як якхонагӣ барои писари дигарам ҷудо карданд.
Зулфия, истиқоматкунандаи дигари ҳамин бино мегӯяд, ки куҷо расад ба он хонаҳои заминӣ, ки мо доштем. Ҳарчанд ҳуҷраҳои хонаҳо калон бошанд ҳам, ҳоҷатхонааш бисёр хурд аст. Бачаҳо мешинанд, зонуҳояшон ба дари он мезанад. Агар камтар одами фарбеҳтар бошад, намеғунҷад.
Ваъда доданд, ки бо фаро расидани фасли сармо оби гармро медиҳанд, боз намедонам. Мана чанд моҳ мешавад дар ин бино ворид шуданамонро. Аллакай тамоми деворҳояшро кӯдакон чиркин карданд. Кӯчарӯб ҳам доштем, аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир тоза намекунанд. Шояд моҳонаашонро кам медиҳанд. Ду нафар кор мекунанд, ки 40 сомонӣ маош мегирифтаанд. Бо шарту шароити имрӯза маблағи мегирифтаи онҳо чӣ мешавад? Барои ҳамин, худамон баромада, рӯбучин мекунем.

«Ҳама ҷоро об зер кард…»
Сабаби зуд фарсуда гаштани биноҳои баландошёнаро ҷонишини сардори хадамоти назорати сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Ислом Раҳимов чунин шарҳ дод, ки тибқи қарори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июни соли 2009 таҳти №7 дар бораи ҷамбасти фаъолияти раёсати шӯъбаҳо ва ташкилотҳо системаи агентӣ дар панҷ моҳи соли 2009, ки аз супоришҳои мушаххаси президенти кишвар нисбати сифати пасти сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дода буданд, аз тарафи нозирони хадамот нақша тартиб дода шуда, санҷишҳо аз рӯи меъёрҳои амалкунандаи сохтмон ва меъморӣ дар тамоми иншооти шаҳри Душанбе, алалхусус хонаҳои истиқоматии баландошёна, ки бо маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон бунёд шуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Умуман дар давоми соли 2009 тамоми чор ноҳияи шаҳри Душанбе оид ба сохтмони хонаҳои истиқомотӣ зери назорати доимӣ қарор доранд. Масалан, нисбати сифати пасти сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Назаршоев, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ камбудиҳо ошкор карда шуд. Барои бартараф намудани ин норасоиҳо нисбати онҳо чораҳо андешида шуд. Дар баробари ҳамаи ин, ба фармоишгарон ва пудрадчиён тавсия дода шуд, ки барои азнавсозии утоқҳои гигиенӣ кӯшиш намоянд, то ки он ҷавобгӯи талаботи миллӣ бошад. Масалан, он сохтмонҳое, ки то ин давра буд, бисёрашон нотамом буд. Он норасогиҳое, ки нисбати хонаҳои истиқоматӣ буданд, аз тарафи нозирони хадамот ва хадамоти иҷозатномадиҳӣ дар якҷоягӣ бо пудрачиён — ҶММ «Пойтахт» ва ЖБК -1 бартараф гардид. Сабаби асосии зуд фарсуда шудани биноҳои истиқоматиро дар он мебинам, ки технологияи корҳои сохтмониро риоя намекунанд. Яъне, масолеҳи сохтмонии пастсифатеро истифода мебаранд, ки сертификат надорад. Барои ҳамин, истифодаи чунин масолеҳ сифати сохтмонро паст мекунад.
Аз ин бармеояд, ки ширкатҳои сохтмонӣ ба сифати масолеҳи сохтмонӣ аҳамият намедиҳанд, ё бо нархи арзонтар онро харидорӣ намуда, оқибаташро фикр намекунанд.
Гуфтем, ки шояд биноҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ нисбат ба ин бино беҳтар бошад, зеро ҳар биноро ширкатҳои гуногуни сохтмонӣ месозанд. Аммо «кал додари кӯр» гуфтагӣ барин, биноҳои ин хиёбон аз биноҳои Исмоили Сомонӣ монданӣ надоранд. Истиқоматкунандаи ҳамин бино, зане бо номи Нисо ба чунин ҳолат гирифтор шудани биноро ба сари иҷоранишинҳо бор карда, гуфт:
— Алҳол аз панҷум ошёна боло қариб ки ҳамааш «квартирант» шинондагӣ ҳастанд. Барои ҳамин подъездҳои мо ҳамаш чиркин мешавад, аҳамият намедиҳанд. Ба ҳар ҳол, дар зимистон онқадар азоб накашидем. Як сол зиёд мешавад, ки дар ҳамин бино зиндагӣ мекунем. Гуфти модарам; «давлат ба ҳамиқатун мета!». Аз ин рӯ, мо он хонаҳои сафедро боз таъмир кардем. Ин хонаҳоро бар ивази хонаҳои бараке ба мо доданд, ки паси ҳукумати шаҳр буданд. Аввал моро ба 7-километрии шаҳр бурданд, вале намедонам аз чи сабаб буд, ки боз инҷо оварданд. Ҳамааш хуб аст, вале одамои кӯдакдорро худ медонед чи хел мешаванд… Ҳарчанд назорат кунанд ҳам, ба тозагӣ риоя намекунанд. Ҳамин сол дар зимистон оби гарм доданд, турбаҳо кафиданд, ҳама ҷоро об зер кард. Баъд аз он, дигар оби гармро ҳам маҳкам карданд. Бовар мекунед, кор то ҷое расид, ки аз дигар хонаҳо умивалник, унитаз ва чанд чизи дигарро низ дуздида бурданд.

«Раиси маҳалла иҷозат намедиҳад»
Ислом Раҳимов мегӯяд, — умуман сохтмони ҳамин биноҳои хиёбони Ҳофизи Шерозиро пудрадчиёни ҶММ «Пойтахт» ва ЖБК-1 бар ӯҳда доштанд. Ин иншоот ҳоло ҳам дар зери назорати мо қарор дорад. Чунки дар ҳамон санаде, ки тартиб дода будем, онҳо ваъда дода буданд, ки камбудиҳоро бартараф мекунем. Дар ҳақиқат бартараф карданд, вале боз мӯҳлат дорад, мо рафта назорат мекунем. Агар камбудиҳо бартараф нашуда бошанд, иҷозатномаи онҳо баргардонида мешавад, ки дар оянда фаъолият накунанд.
Ҳарчанд ҷонишини сардори Хадамоти назорати сохтмон ва меъморӣ қайд карданд, ки мо супориш дода будем, вале ҳанӯз ҳам наметавон гуфт, ки камбудиҳо пурра бартараф карда шудаанд. Ҳарчанд барои тасдиқи андешаҳо нусхаи санади тартибдодаи ширкатҳои номбурдаро ба мо пешкаш карда бошанд ҳам, ҳолати бино ҳамоно бетағйир аст. Зеро истиқоматкунандаи худи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ Амонуллоҳ мегӯяд: — Ин биноҳоро саросема сохта ба истифода доданд. Дар аввал ҳолати хонаҳо хуб буд. Ҳозир бошад, нигоҳ карда намешавад. Кӯдакон бесарӣ мекунанд. Мо маслиҳат карданием, ки ба номи раиси шаҳр як ариза нависем, то девори дуюм ошёнаро ягон шкатури ғафс зананд. Пеш аз ин як маротиба қарори раиси шаҳр баромад, ки ширкатҳои сохтмонӣ омада аз сари нав биноҳоро таъмир кунанд. Вале ду биноро ширкатҳои сохтмонӣ омада таъмир карданду халос. Ҳамин одамони бетолеъ мо будем, ки чор бинои дигарро таъмир накарда рафтанд. Як рӯз намояндаҳои ширкатҳо омада, як аз назар гузарониданду рафтанд. Бо ҳамин, дигар наомаданд. Ин биноҳо таъмирталаб шудаанд. Биное, ки мо зиндагӣ мекунем, сохтмончиён дар сохтанаш хатои калон кардаанд. Зинапояҳои ноҳамвор, оҳак ва сементи бесифат истифода бурдаанд, ки ҳар замон хеста истодааст. Кӯчарӯб дорем, дар як ҳафта як маротиба омада тоза карда меравад. Мо хостем аз бинои худамон ду нафарро интихоб кунем, маош диҳем, худашон тоза кунанд, вале раиси маҳалла иҷозат надода истодааст.
Бархе дар фарсуда гардидани биноҳо кӯдакони худи истиқоматкунандагонро гунаҳкор медонанд. Дуруст, онҳоянд, ки беаҳамиятӣ зоҳир намуда, банди бозиҳои кӯдаконаи худ дохили биноҳоро ифлос мекунанд. Ин як камбудии ҷузъӣ ва ислоҳшаванда аст. Яъне, метавон ин кӯдаконро гӯштоб дод. Вале ширкатҳои сохтмониро кӣ барои камбудиҳои куллияи вобаста ба худи онҳо гӯштоб медода бошад?

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: