Главная > Исфандиёри ХАЛИЛ > «Аудио-наркотик» ё таҳдиди «фарҳанги нав»

«Аудио-наркотик» ё таҳдиди «фарҳанги нав»

Агентии мубориза бо маводи мухаддири назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст мусиқии аудиоиеро мавриди омӯзиш қарор диҳад, ки дар он эҳтимоли тарғиби баъзе маводи мадҳушкунанда вуҷуд доштааст. Ба андешаи бархе аз коршиносони хориҷӣ, ин навъи мусиқӣ махсус таҳия карда шудааст, ки дар сурати гӯш додан ба он эҳсоси истеъмолии намудҳои мухталифи маводи мадҳушкунанда, инчунин, нашъа бедор мешудааст. Муштариён сараввал чунин мусиқиро, ки мӯҳлати истифодааш кӯҳна шудааст, аз сайтҳо ройгон ба даст меовардаанд. Баъд аз он, ки кайфияташро хуб эҳсос карданд, мусиқиҳои навро бар ивази пул харидорӣ менамудаанд.
Мусиқие, ки
нашъаманд мекунад
Асосан, таблиғи мусиқиҳои аудиоӣ барои ҷалби хоҳишмандон тариқи сайтҳои интернетӣ сурат мегирад. Дар баъзе кишварҳо, аз қабили Русия чунин сайтҳоро мубаллиғи маводи мухаддир унвон кардаанд.
Дар кишвари мо раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Рустам Назаров ба гурӯҳи таҳлилии агентӣ дастур додааст, то мавзӯи мазкурро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ба гуфтаи Рустам Назаров, дар ҳар сурат бояд пеши роҳи сайтҳои таблиғотӣ гирифта шавад.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз ҷавонон чунин андеша доранд, ки сабтҳои махсуси аудиоӣ, ки ба одам то дараҷае таъсир мерасонад, дар сайтҳои интернетӣ ниҳоят зиёданд ва эҳтимол ҷилавгирӣ аз он ғайриимкон бошад. Далер, як ҷавони мудом бо интернет сарукоргиранда мегӯяд, бештари ҷавононе, ки кор бо интернетро хуб мефаҳманд, мусиқиҳои садои шаҳвонидошта ва як каме эҳсосангезро дар сайтҳои гуногун борҳо вохӯрдаанд. Шояд махсус барои гӯш кардани чунин мусиқиҳо, онро ҷустуҷӯ кунанд ё эҳтимолан, дар вақти кор бо интернет баногоҳ пайдо шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар сурат шумори ин гуна мусиқиҳо дар интернет зиёд аст ва бе хоҳишу ғайричашмдошт низ дар назар ҷилва мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Ботур Залимов, равоншиноси маркази мубориза бо нашъамандӣ мегӯяд, истифодаи оҳангҳо барои таъсир ба мағзи инсон таҷрибаи беш аз садсолаҳо дорад. Вале бовар кардани он ки мусиқӣ битавонад инсонро ба истеъмоли маводи мухаддир водор созад, душвор аст. Ба андешаи ӯ, сайтҳое, ки маводи мухаддирро таблиғ мекунанд, бояд баста шаванд. Зеро ҷавонон пас аз шунидани ин гуна оҳангҳо метавонанд ба дарёфти маводи мухаддири воқеӣ рӯй оранд.

Фишор ба асаб дар мағзи сар
Ба андешаии мусиқишиносон, мусиқии ғамангез инсонро ба олами рӯъё ва хаёлот мебарад ва аз оҳанги сабук энергия ҳосил мешавад. Вале оё мусиқӣ кайфиятеро эҳё карда метавонад, ки мисли таъсири наркотик бошад? Ин суол шояд дар назар бемаънӣ намояд. Лекин дар ҳамин ҳол, якчанд веб-сайтҳо мавҷуданд, ки дар онҳо аудиофайлҳои махсус ба таври ройгон ва пулакӣ ҷой дода шудаанд.
Мусиқие, ки ба қавли коршиносон мадҳушкунанда ва кайфиятовар аст, «Аудио-наркотик» ном дорад ва дар сайтҳои гуногун ҷой дода шудааст. Аз интернет ҷустуҷӯ карда, якчанд сайтро ёфтем, ки ба таври ройгон ва пардохти маблағ «Аудио-наркотик»-ҳои аз рӯйи кайфият (доза) гуногунро таблиғ мекунанд. Онҳо дар формати mp3 сабт шудаанд, вале ҳар яке бо нишон додани аксе аз доруворӣ ва ё сурати занҳои урёну нимбараҳна ба маърази тамошои хоҳишмандон гузошта шудааст. Дар сайтҳои мазкур саропо тарғиби мадҳушкунӣ ва лаззат бурдан аз мусиқӣ мушоҳида мешавад.
Дар яке аз ин сайтҳо дар бораи мусиқии мазкур чунин тафсир баён шудааст: «Аудио-наркотик: ин нахустин нашъаи қонуниест, ки ба саломатӣ зарар надорад. Танҳо ба садои мусиқӣ гӯш диҳеду ҳаловат баред. Истифодаи аудио-наркотик комилан қонунист ва ҳеҷ ҷавобгарие надорад. Мусиқии мазкур дар шакли mp3 таҳия шудааст, онро ба плейри худ гузаронед ва гӯш кунед. Нашъаи электронӣ дар оянда яке аз воситаҳои машҳури лаззат ва ҳаловат бурдан хоҳад шуд, ки ба саломатӣ зараре надорад».
Аммо ба назари коршиносон, чунин гуфтаҳо тарғибе беш нест. Зеро барои тарғиби он ширкати истеҳсолкунандаи мавод пул медиҳад.
Николас Теодор, сардухтури машҳури асабшинос чунин мешуморад, ки гӯш кардани «Аудио-наркотик» инсонро барои истеъмоли маводи мухаддир ва дигар маводи хатарнок омода месозад. ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд фурӯшандаҳои «Аудио-наркотик» дар сайтҳо менависанд, ки ин мусиқӣ ба асаби одам ҳеҷ таъсире намерасонад, танҳо хуморро мешиканад, аммо дар асл ин тавр нест. Дуруст аст, ки шунидани мусиқиҳои хос дар аксар ҳолат асабро ором ва рӯҳро болида месозад, вале «Аудио-наркотик» мусиқии махсус барои омода кардани асаби одам ба истифодаи маводи мухаддир мебошад,- мегӯяд Н. Теодор. Зеро ҳангоми гӯш додан ба он аз ду гӯш садо ба мағзи сар таъсир мерасонад. Дар ҳамин ҳол, аз ду гӯш навои ҳархела садо медиҳад. Он дар мағзи сари инсон қисми мувофиқеро ишғол мекунад ва дар натиҷа як ҷузъи фаъолияти асаб дар мағз ба ихтиёри ин мусиқӣ мегузарад. Ин қисматро мавҷи фаъолияти асаб дар мағз меноманд. Қисмати мавҷи фаъолияти асаб гуногун мешавад. Он ба ҳолати ҳаргунаи рафтори инсон мутобиқат мекунад, яъне чун ҳолати оромшавиву сукут варзидан ва ҳолати шӯридагиву изтиробангез. Тахминан, мусиқии мазкур мавҷеро, ки дар мағзи сар ба вуҷуд омадааст, бо садои мусиқӣ ҳамовоз, якҷоя ва вобаста месозад.

Фурӯши героин тавассути интернет
Сайтҳое низ мавҷуданд, ки танҳо ба таблиғи маводи мухаддир ва тарзи таҳия кардану фурӯши он машғуланд. Генерал Назаров афзоиши сайтҳои таблиғгари нашъамандиро ба сифати мушкили ҷиддие унвон карда, гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз нахустин марҳилаи пайдоиш бояд аз он ҷилавгирӣ карда шавад.
Ба иттилои Интерпол, хариду фурӯши маводи мухаддир тариқи Интернет осонтар шудааст. Хатари он аз хариду фурӯши оддӣ бештар гашта, рӯз то рӯз инкишоф ёфта истодааст. Даниел Алтмер, як масъули Интерпол дар форуми умумиҷаҳонӣ, дар шаҳри Стокголм баромад карда, гуфтааст, ки харидани маводи мухаддир тавассути Интернет воқеан осон аст ва барои он танҳо вориди интернет-кафе шудан ва бо худ бурдани картаи кредитӣ кифоя аст. Ба андешаи вай, дар якчанд соли охир тавассути сет фурӯши маводи нашъадор зиёд ба қайд гирифта шудааст. Тариқи чат ва гуфтугӯйи махфӣ дар бораи хариду фурӯш маслиҳат мекунанд ва бо як пахши тугма хостаашон бароварда мешавад. Аммо дар ҳамин ҳол, шахсияти фурӯшандаву харидорро муайян кардан хеле душвор аст,- изҳор доштааст Д. Алтмер.
Дар яке аз сайтҳо роҳи дигари харидани маводи нашъадорро тариқи банкҳои «WebMoney? Yandex-денег, E-Gold» ва ғайра нишон медиҳанд. Ҳамаи сайтҳо чунин шарт мегузоранд, ки бе ягон вохӯрӣ бояд харидро анҷом дод.
Сайтҳое, ки ба фурӯши маводи мухаддир машғуланд, шумораашон ниҳоят зиёд аст. Барои мисол, номи чанде аз ин сайтҳоро зикр кардан мумкин аст, ки ба фурӯши кадом навъи маводи нашъадор машғуланд.
Яке аз сарчашмаҳои бузурге, ки дар он оид ба тайёр кардани маводи мухаддири машҳур маълумот дода мешавад, сайти «Drugusers» мебошад. Дар ин сайт тарзи тайёр кардани ҳероин бо якчанд варианташ маслиҳат дода шудааст, ки таҷрибаи шахсии худи муаллифи таҳиякунанда мебошад. Инчунин, сайтҳои зиёде мавҷуданд, ки ба таблиғи истеъмоли маводи мухаддир ва хариду фурӯши он сару кор мегиранд. Аз қабили «Palata X», «Yahoо», «http://cocainmsk.hut2.ru/», «Narcozona», «beHigh» ва амсоли ин, ки бевосита бо маводи мухаддир сарукор мегиранд. Ҳарчанд агентиҳои зидди маводи нашъадор амал мекунанд, вале теъдоди чунин сайтҳо рӯ ба афзоиш аст.
Сайтҳое, ки бевосита ба тарғиби «аудио-наркотик» машғуланд, «Anti-qlob.ru/st/narkmuz.htm», «Aspasia-roma.livejournal.com», «Hypno-video.com» ва ғайра мебошанд, ки мусиқиро ройгон ва пулакӣ пешниҳод мекунанд.
Ба андешаи доктори асабшинос Николас Теодор, пешгирӣ аз ин амал хеле душвор аст. ӯ мегӯяд, набояд фаромӯш кард, ки чунин мусиқиҳо инсонро барои истеъмол низ таҳрик мекунанд. Аз ин рӯ, ба кӯдакони хурдсол мудом хавфу хатари онро бояд фаҳмонид ва яқин шуд, ки эшон таҳдиди «фарҳанги нав»-ро дуруст дарк кардаанд. Зеро масофа байни маводи мухаддири электронӣ ва воқеӣ хеле кӯтоҳ аст.
— Вале дар ҳамин ҳол, фаҳмонидан ба ҷавонони ба синни балоғат расида чандон натиҷа намедиҳад,- мегӯяд ӯ. Ба андешаи Теодор, ин гуна ҷавонон вобаста ба хоҳишашон метавонанд аз кайфияти мусиқӣ баҳра баранд ё дар канор бошанд. Ҳамааш вобаста ба дараҷаи тафаккур ва идораи эҳсосоти рӯъёиву шаҳвонии онҳост.
Аммо ба андешаи Саъдулло Раҳматуллоев, сардори Маркази иртибот бо ҷомеаи Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте аз мусиқӣ бӯйи нашъа наояд, чӣ гуна масту мадҳуш шудан имкон доштааст? ӯ мегӯяд, ки «маводи мухаддири электронӣ» номи шартӣ аст. «Шароби электронӣ» ё «сигори электронӣ» унвон кардан шояд дурусттар буд. Ба андешаи С. Раҳматуллоев, ҳар чӣ аз меъёр зиёд истифода шавад, хатар дорад. Аз ин рӯ, мавзӯи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додан зарур аст. Омӯхтан даркор, ки матни ин мусиқӣ аз чӣ иборат аст, чиро таблиғ мекунад, оҳангҳояш бо кадом асбоб навохта мешавад ва баъдан, хулоса кардан мумкин аст, ки ин маводи электронӣ хатар дорад ё не.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: