Главная > Uncategorized > Алӣ, Валӣ, дарахти себ ва профессор Отифӣ

Алӣ, Валӣ, дарахти себ ва профессор Отифӣ

(Масали муосир) Қисми I
Алӣ Валиро сурандоз карда, паси бинои донишгоҳ бурд. Валӣ, ки монда шуда буду дамҳака мекашид, худро зери маҷнунбед ба пушт партофт. «Бас ҷӯра, бас шухӣ!! Биё, камта дам бигӣ дар сояи бед, баъд дарс медроем!»,- гуфт ба Алӣ. «Ҳе чурбан, чихелӣ дарс, чил минут гзашт!! Хубш биё ай ҳаму сев ятагӣ бзанем!»,- ситезид Алӣ ва ҷониби ягона дарахти себ шитофт, ки атрофашро ниҳолҳои бесамар печонида буданд. Чун наздик расид, якбора тиққӣ карда истод ва нидо баровард: «Э Валӣ, у пиракийи чумо чико мекна дар тайи дарахт!?».
Валӣ, ки ин замон расида омада буд, баробари дидани мӯсафед ҳуш аз сараш парид. Зуд бо даст даҳони Алиро пӯшонду бехи гӯшаш пичиррос зад: «Хап кн, ҷинӣ!! ӯ маълими фалсафа Отифияй!».
Пирамард дар ҳақиқат Отифӣ буд, ки баъди дуюм ҷуфти дарсаш «ҳавои тоза» гуфта, ба тамошои боғча баромад. Гашта — гашта, ногоҳ себҳои ҳил — ҳил пӯхтаро диду даҳонаш об гирифт. Ҷуфти сеюми дарсаш фаромӯш шуд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин замон ба тани дарахти себ такя карда буд ва сумкаи шикамдамидааш канортар мехобид…
Бачаҳо чанд дақиқа карахт шуда истоданд. Ниҳоят тоқати Алӣ тоқ шуду хомӯширо барҳам дод:
— Мараз дар кҷойе ҳамиқа рехтайш-ки, ба пош истода наметона!
— Дамта бигӣ! Мӯсафед кам — кам психават мекна! Ай афтш дарсда ғамш додиян! Сарш вайронай! Хдша успакойит кадестай! Хубш биё дур — дур грезем! Бо ягон бало — мало нашава, ки товони хдмон кнан!,- барошӯфт Валӣ ва хост роҳро чапғалат дода, қафо гардад, аммо фурсат нашуд.
Назари Отифӣ ба онҳо афтод. Нимхез шуд ва бо овози хаста фарёд кард:
— Ҳу бачаҳо, канӣ инҷо биёетон!
Алию Валӣ дили нохоҳам пойҳояшонро рӯи замин кашон — кашон сӯи ӯ омаданд. Алӣ, ки ба қавли ҳамсабақонаш «шустряк» буду «шайтонро чаппа савор мешуд», ба дурӯягӣ даромад:
— Устоди азиз монда шуданд магар!?
— Не — не. Себҳои пӯхтаро дидаму ҳавасам омад. Вале афсӯси ҷавонӣ! Бало занад ҳамин пириро! Ҳарчанд қулочак кашидам, дастам нарасид. Як касе не ки ягон дона афтонад…
— О мешапидед, устод! Инҷо чи бисёр сангу чӯбу кулӯх!,- луқма партофт Валӣ.
— Ҳо — ҳо! Бо ҳамин синну сол-а!? Айбро надониста…
Алӣ дарунакӣ бетоқатӣ дошт. Агар метавонист, каллаи Валиро барои лутфаш ба пиракӣ мисли думчаи каду меканд. Ҳатто чанд бор ҷониби ӯ ба маънии «вақти муносиб аст» лаб газид, чашмакӣ карду қошу абрӯ парронд. Дид ки намешавад, миёни гапи Отифӣ лагад зад:
— Ҳозир устод! Ҳозиракак худам шаппонда медиҳам!
Мӯсафед хост монеъ шавад, аммо Алӣ аллакай дар шохи себ овезон буд.
Як, ду, се! Чараққоси шикаста шудани навдаи дарахт. Себи ялаққосӣ афтону ғелон. Отифӣ аз қафои он. Қапида ҳарисона мегазиду нахоида фурӯ мебурд.
Валӣ ҳам ором истода натавонист. Дилаш қиҷ — қиҷ кард. Давида ба тани дарахт часпиду гурбавор боло шуд. Ҳар бор, ки пояшро бардошта ҷои дигар мемонд, дарахт ба нолиш медаромад: «Вой китфакам-е! Ҷонам дард кард-е! Фаро аз пуштам, нодидаи нохӯрдаи ношуд!!». Ва ҳар бор, ки Алӣ шохеро чангол мекарду «шаштаранг» мекашид, овозаш баландтар мешуд: «Вой, вой!! Дастамро шикастӣ, лаъин!!». Аммо шикваи дарахт ба гӯши ғоратгарон намерасид.
Рӯи замин аз шохи шикаставу себу барг пур шуда, харобазорро мемонд. Бо бағалҳои пурсеб аввал Алию Валӣ ва баъд бо қомати хамида профессор Отифӣ аз зери дарахт ғайб заданд.
Нолаи дардноки дарахти себ боз ба гӯши худаш мерасид: «Вой бар ин дунёи пуршӯру бевафо, ки на ба кабираш ибрат шудаву на ба сағираш!».

Қиёми САЪД

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Декабрь 29, 2009 в 12:52 пп

    Салом падари Миллат,Чаноби Оли,Хазорхо рахмать ба Шумо Чаноби Оли ки имруз Точикистонро гул гул шукуфон гардонден.Мо аз шумо минадорем Чаноби Оли.Чаноби Оли ма хоише дорам ба шумо ки илтимос ин хоиши маро дастгири намоед илтимос Чаноби олли.Ма истикомадкунандаи нохияи Сино Борбад 103 Номи ман Умед ман дар оила як нафар мебошам, падарам аз мо чудо ва модарам мехоад ки манам аз вай чудо шавам аминтавр шуд.Маро рузи 28.12.2009 аз хона сур кард илтимос маро ёри расонед Чагоби Олии илтимос !

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: