Главная > Uncategorized > Агар Шумо Бобои Барфӣ мешудед, ба мардум чӣ тӯҳфа мекардед?

Агар Шумо Бобои Барфӣ мешудед, ба мардум чӣ тӯҳфа мекардед?

Мирзошоҳрух АСРОРӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— Агар Бобои Барфӣ мешудам, ба мардуми азизи кишвар меҳру муҳаббат тӯҳфа мекардам. Зеро оромӣ, осудагӣ ва тинҷиву амонии на танҳо оилаи тоҷик, балки Тоҷикистони азиз низ аз ин ду чиз вобастагӣ дорад.

Гулмаҳмад ҚАЮМОВ, директори генералии ширкати «ТТ мобайл»:
— Агар ман Бобои Барфӣ мешудам, ба мардум барқ тӯҳфа мекардам. Гузашта аз ин, боз ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ, некномӣ мехоҳам.

Муҳиддин КАБИРӣ, раиси ҲНИТ:
— Як лаҳза худро Бобои Барфӣ тасаввур намуда, ҳаминро гуфтаниям, ки ба кӯдакон ханда тӯҳфа мекардам. Дигар ҳеҷ чиз. Чун чеҳраи аксари мардум маҳзун аст, табассумро ҳадя кардан мехостам, ки ҳамеша дар лабонашон табассум ҳувайдо бошад.
Маъруф РАҲИМОВ, ҷонишини раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— Ман аслан Бобои Барфӣ шудан намехоҳам. Вале, фаразан, агар ягон шароити фавқулоддае шуд, ки Бобои Барфӣ шудам, пайравони Масеҳият ва ҷашнгирандагони Соли нави масеҳиро амр мекардам, ки васияти Исоҳи Масеҳ: Пайғамбар будани Муҳаммад (с) ва дини барҳақ будани Исломро бипазиранд. То бошад ки растагор шаванд. Яъне раҳмати худовандӣ шомили ҳоли масеҳият гардад.

Субҳон ҶАЛИЛОВ: корманди радиои «Ватан»:
— Бобои Барфӣ мешудам, пеш аз ҳама ба мардуми беинсоф инсоф ҳадя мекардам. Ба онҳое, ки дар торикӣ нишастаанд, рӯшноӣ, ба бегазон дар сармо газ, ба бепулон маблағ тӯҳфа менамудам.

Масъуд СОБИРОВ, раиси ҲДТ:
— Агар Бобои Барфӣ мешудам, хурдтарин имконият мешуд, дар мавриди даст доштан ба ягон қудрате тамоми хушбахтиҳои дунёро барои мардуми Тоҷикикистон шоиста медонистам. Ва то андозае таъмин мекардам. Масалан, агар мансабдор мешудам, баҳри беҳ гаштани авзои ҷомеа ва рӯзгори мардум кӯмак менамудам. Дигар чӣ ҳам гӯям?…

Султон ҲАМАД, рӯзноманигор:
— Азбаски дар арафаи Соли нави мелодӣ ширкати «Барқи тоҷик» қимати пардохти як киловатт соат барқро 25 фисад боло бурд, агар тавону қудрати Бобои Барфии мӯъҷизаофарро медоштам, ба хотири ҷуброн кардани ин амали начандон хушоям ҳаҷми маоши тамоми кормандони давлатӣ ва нафақаи пиронсолону маъюбон, ятимону бесарпарастон ва онҳоеро, ки бознишаста ҳастанд, ҳадди ақал панҷоҳ дар сад зиёд мекардам.

Ҳоҷӣ Акбар ТӯРАҶОНЗОДА, вакили Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— Ин сол Соли нави ман нест, на аз ҷиҳати эътиқоди динӣ, на аз ҷиҳати миллӣ. Ин соли нав нест. Бобои Барфӣ ҳам аз шахсиятҳои миллию мазҳабиямон нест. Ин аслан барои касоне ҳаст, ки фарҳанги Аврупо, Русияро ба худ гирифтаанду онро муқаддас мешуморанд. Соли нави мо аввали моҳи муҳаррам аст. Дирӯз 10-уми моҳи муҳаррам буд. Даҳ рӯз пеш сар шудааст. Мутаассифона, имрӯз мусулмонони мо соли нави динияшонро ҳам намедонанд.
Ман ягон касро ба ин Соли нави масеҳӣ табрик намекунам.

Фирдавс МИРЗОЁРОВ, корманди ДМТ:
— Агар Бобои Барфӣ мешудам, ба халқи азизам шӯълаи умед мебахшидам, то онҳо дар роҳи худшиносӣ пеши пояшонро бинанд ва арзишҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Баъдан, ба онҳо маблағи муайяне тӯҳфа мекардам, то саҳмияҳои «Роғун»-ро бихаранд.

Алишер ҚАНОАТЗОДА, сароянда:
— Азбаски ҳунарманд ҳастам, агар чунин имконият даст медод, ки Бобои Барфӣ бошам, ба тамоми мардуми Тоҷикистон беҳтарин сурудҳои тозаэҷодамро ҳадя мекардам.

Фароҳамсозон: Фарангиси МУЗАФФАР, Саида ҚУРБОНОВА

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: