Главная > Uncategorized > Алӣ, Валӣ, дарахти себ ва профессор Отифӣ

Алӣ, Валӣ, дарахти себ ва профессор Отифӣ

Қисми II
Рӯзҳои гармо гузашт. Ҳаво сарду баргҳои дарахти себ зард шудан гирифт. Оҳиста — оҳиста баргҳо ҳама рехтанд. Дарахт ба навдаҳои ӯрёнаш нигариста, дар андеша шуд: «Ҳар роҳро поёнест, амалеро анҷоме! Ҳамин дирӯзакак буд, ки ҳарки мегузашт, зери сояат паноҳ мебурд. Аз чирико — чирики гунҷишкҳо гӯшҳоят қулф мезад. Бесаранҷом мешудӣ. Мегуфтӣ: «Куҷост боде, ки бивазад ва онҳоро аз таҳи баргу рӯи шохаҳоям ба дуриҳои дур бубарад, то овозашон нашунавам!?». Инак танҳоӣ! Касе ба ту халал намерасонад. Вале боз мехоҳӣ, ки нафаре наздикат шавад. Аммо чӣ афсӯс! Ҳатто он ду донишҷӯй ва муаллими пири печидаи надомати худат ҳам ба гирдгаштат намеоянд»…
Фикри дарахти себ ботил шуд. Садои суруд ба гӯшаш расид, ки сония ба сония наздик меомад. Чун чирратар гардид, Валиро дид, ки бозикунон, ҷаҳида — ҷаҳида ҷонибаш шитоб дошт.
«Не, ҳазён гуфтӣ! Гумон кардӣ, ки ба муҳит танҳо вақти бордор буданат лозимӣ! Чашмонатро калон кушо ва бубин, ки ҷавони нафринзадаат чандон бачаи бад нест! Ана, ӯ аз ҳолат хабаргирӣ омадааст!»,- худро коҳиш кард дарахти себ.
Ҳамин вақт Валӣ худро зери дарахт гирифт. «Ҳу — ҳу!,- девонавор нидои нишот сар дод.- Ҳе сағерайи Алийе! Фикр кард, ки Валӣ ягон падсани галуяй! Пишакворӣ қабу карда — қабу карда, туфлиҳома тайи ҷо зад. Хиёлш надидам короша. Ҳа — ҳа — ҳа! Ана, ай хов бхеза, мековайе… Неки намиёва! На туфлиҳои мара миёва, на бутсиҳои нимдошти хдша. Ҳа — ҳа — ҳа — ҳа!». Вақташ чоқ. Аммо аҷиб, ки арғамчини сари китфаш барои чӣ бошад!?
Интизорӣ дер накашид. Зуд арғамчинро ба даст гирифту тахтапораи канор хобидаро аз ду тарафаш баста, ба тани дарахт часпид. Пойҳояшро дар шохаи пасттарин чангак андохта, нӯгҳои арғамчинро ба он баст ва бо қади банд кашола шуда, поин фаромад. Алвонҷ тайёр! «Қандта зан! Ҷигитӣ, ҷигит, Валиҷон!!»,- гуфту мушт сари сина кӯфт ва болои алвонҷ нишаст. «Як, ду, се, рафтем! Ҳо — ҳо, ана кайф!! Кошке маълим Отифӣ ҳамиҷада мешид, ки як борак ҳой мерафт! Худо рӯҳша шод кна, баъди ҳаму севхриҳош атравит шид!».
Ҳар бор, ки Валӣ масти алвонҷхӯрӣ арғамчинро бештар аз пештар такон медод, тани дарахти себ ба сӯзиш медаромад. Бо алам фарёд мекашид: «Бало занад туро, падарсаги фисин!! Бадзоти оқипадар! Боз аз куҷо пайдо шудӣ!?». Вале чун дид, ки суханаш мисли пештара ба гӯши Валӣ намедарояд, худро таскин дод: «Ором шав, бад бо бадияш хубӣ намебинад! Ин рӯз ҳам мегузарад!». Валӣ бошад, бехабар аз пешомадаш ҳамоно сармасти бозиву ханда аррос мезад: «Давай Валиҷон, баландтар бпар, осмонда, натарс!!! Ҳо бале!».
Арғамчин ба зӯри шохаи пурқуввати дарахт ва ҷавони қайсар тоб наоварда, ришта — ришта мешуд. Ниҳоят… «Вой оча, бқапма!!»,- баланд шуд садои гӯшхароши Валиҷон. Рӯи сангу хок ба пушт афтод. Як пояш таги думбааш монда, лағзиш хӯрд. Саросема хесту лангон — лангон аз назди дарахт дур шуд.
Дарахти себ нигоҳашро аз арғамчини порашуда канда, ба роҳи рафтаи Валӣ дӯхт ва гуфт: «Донае баҳонае! Бадтинатон бо камтарин сабаб ҷазояшонро мегиранд!».

Қисми III
Аз чойхонаи донишҷӯён садои қаҳқаҳа омад, вале дар як зум хомӯш гардид. Муаллими ҳуқуқдон Диловаршо ва устоди мантиқ Носирҷон ворид шуданд. Гирди мизи чоркаса нишаста, хӯрок фармуданд. Носирҷон худро дар ҳоли ногувор дид. Бо оҳанги узрхоҳӣ гуфт:
— Диловаршо, аз дарс монондам туро!
— Ҳич гап не. Ҳар рӯз донишҷӯҳо дарсгурезӣ мекунанд, як бор мо ҳам гурехтем, осмон омада ба замин намечаспад!,- шӯхӣ кард Диловаршо.
Шӯхии ҳуқуқдон Алию Валиро, ки пушт ба устодон гардонида, рӯяшонро паноҳ медоштанд, андаке бесаранҷом кард. Кам — кам ба ҷунбиш даромаданд.
— Наҷм! Ранги таккайи шапшзадагӣ хта печутов нате, бо набинанмона!,- китф ба китфи Алӣ зад Валӣ ва илова кард: «Ку бинем, бо ай чӣ нохун мекнан!?».
Муаллимҳо ғизояшонро хӯрда, хестанӣ шуданд. Носирҷон ба Диловаршо рӯ овард:
— Ҷӯра, агар хоҳӣ, биё пагоҳ як ҷо меравем!
— Куҷо?
— Сари соли раҳматии Отифиро мегузаронанд. Оши наҳор будааст…
Чун ибораи «оши наҳор» ба гӯши Алию Валӣ расид, оби даҳонашон аз кунҷи лабонашон шорида рафт. Як лаҳза дар ҳолати карахтӣ «чашмаки ман, чашмаки ту» карда нишастанд. Вақте худро ба даст гирифтанд, аз устодон дарак набуд. «Йе — йе — йес!!! Браво!»,- нидо карданд бо як овоз ва аз ҷой парида хестанду дар ҳаво панҷа ба панҷаи якдигар заданд.
— Каллаварамо надиданмона!,- наъра кашид Алӣ бо хушнудӣ ва то он, ки Валӣ чизе гӯяд, ӯро сари мақсад овард:
— Шнидӣ чӣ гуфтан — ҳа!? Пагоҳ ошай, ошҷон!! Хела шид, ки ягон чизи рӯғанӣ нахӯрдем. Саҳар қатӣ хмона ҳамуҷада мегирем!…
Ҳавлии профессор Отифӣ. Аз хонаи дарун садои гиряи занҳо меояд. Одамон даробаро доранд. Ҳамин вақт дами дарвозаи калон Алию Валӣ пайдо шуданд. Рамида — рамида ба мизҳои пур аз себу ангур ва мағзу чағз наздик омаданд. Марди миёнасоле дастҳояшонро об гирифт ва аранге нешханд зада, онҳоро сари миз даъват кард. Бачаҳо хиҷолатзада болои харак, дар паҳлӯи мӯйсафедҳо ҷой гирифтанд. Вале чун ошро оварданд, шарм аз рӯяшон парид.
— Ку биё, бисмилло кн!,- муроҷиат намуд Алӣ ба Валӣ ва дулунҷа ба ошхӯрӣ даромад. Валӣ ҳам қафо намонд. Лаҳзае нагузашта, лаълиро холӣ карданд. Баъд ба хӯшаи ангур часпида, ташнагияшонро шикастанд. Пешашон дигар чизе намонд. Чашмони Алӣ руп — руп кард. Нафси саркашро дошта натавонист. Нимхез шуда, қулоч кашиду лаълии мағзу мавизро аз кунҷи дигари миз бардошта, назди мӯйсафеди паҳлӯяш гузошт. «Гирен, бобӣ! Мавизи сиёҳак доруйай, дарди дила даво мебахша!»,- гуфта, кафашро пур кард ва дона — дона ба даҳонаш партофтан гирифт. Валӣ ӯро нихта зад:
— Ҳе баднавс, бас кн, шарманда кардӣ ҳамара!!!
— Сафсатта нагӯ! Кӣ мешноса мора иҷада!?
— Я бор гашта пшта нигаҳ кн!
Алӣ эҳтиёткорона сарашро қафо тобонду ларза дар баданаш афтод. Деканашон Насибзода бо мудири кафедра Қодирқулов песонда — песонда онҳоро наззора доштанд.
— Остаҳак, ба ними борикит бхез, ҳӯй мехрем!!,- пичиррос зад Алӣ. Валӣ пешдаро шуду Алӣ бо сари хам қадамҳои ӯро шумурда — шумурда ба роҳ даромад.
Вақте бачаҳо аз ҳавлии профессор Отифӣ берун мешуданд, овози ду мӯйсафед ба гӯш мерасид. «Заб бачаҳои беадав бдиян! Ягон майда изо намекашан-е! Намеган, ки дар пешшон ришсафедо шиштиян!»,- шиква мекард яке. «Ҳич гап не. Табиати одам ҳамияй. Ҳамуворам ба синни мо ки расидан, ҷойи помонишона мефаҳман. Бо я балойе мешаван, ки дигарора ай мода хушрӯ насиҳат мекнан!»,- мегуфт дигарӣ.

Қисми IV
Алию Валӣ баъди хӯрдани оши наҳор аз хонаи раҳматии Отифӣ дур шуда, ба роҳи калони маҳаллаи Қарияи Боло баромаданд. Ҷастухезкунон сӯи донишгоҳ равон шуданд.
— Ана дидӣ — ҳа, бефаҳм!! Шикамчат, ки сер шид, барра ворӣ медавӣ! Айбай, айбай!! Дига ихели шансора ай даст нате!,- гуфт Алӣ ба Валӣ, вақте аз назди Боғи ҳайвонот мегузаштанд.
— Бахудойе, хдмона заб шарманда накардем!! Ҳами ҳайвонойи зопарк қади мо чашмгишнайи баднафс нестан!,- пичинг зад Валӣ.
Саргарми сӯҳбат то саҳни бинои донишгоҳ чи тавр расиданашонро надонистанд. Назди даромадгоҳ қарор гирифтанд. Валӣ майли ворид шудан дошт, вале Алӣ ӯро боздошт:
— Бест дар ҷот! Ними дарс гзаштай, серавно раҳмон наметан!
— Ба то званока чико мекнем? Мегардем ҳет — ҳет дар қади кӯча?,- пайи ҳам савол дод Валӣ.
— Нея. Ҳу ҳаму дарахти сев ба ёдтай? Ҳо дарахти порсола… Як сол шид, ки нарафтем. Ҳоли ба фикрм, ки меваҳош пухтай. Биё брем яшикамӣ бзанем, и хуб мешава!!
Чун Алӣ дар бораи дарахти себ гап кушод, Валиро бори охир рафтанаш ба он мавзеъ ёд омад. Чӣ тавр шикастани шохаи аз ҳама калони дарахт ва афтодану зарб хӯрданаш ба хотираш расид. Аммо чизе нагуфт. Бо ишораи «рафтем!» сар ҷунбонд.
Вақте бачаҳо назди дарахти себ расиданд, диданд, ки дар ду — се шохаи «нимҷон» чанд дона себ овезон асту халос.
— Кадом ҳаромзода навдайи зӯри зӯрша шикастайе!,- ангушти ҳайрат газид Алӣ.
Валӣ, ки гунаҳкори аз байн рафтани шохаи себ буд, ба таҳқири Алӣ тоб овард. Аммо дигар себ ҳам намефорид ба ӯ. Бехи кундаи дарахт нишасту пушт ба он такя дод ва гуфт:
— Алиҷон, ту бро, сев хӯрдан бигӣ! Ма монда шидам, камта сари ховма бигирм!
Алӣ болои дарахт баромад ва худро чунон вонамуд кард, ки гӯё ҳушу ёдаш тамоман банди себ аст.
Кӯфти роҳ Валиро беҳад хаста карда буд. Зуд хобаш бурд… Себи калони нимпӯсида талаппӣ карда болои сараш афтод. Аз тарс чашмонаш калон кушода шуд. Қошу мижаҳояш пир — пир паридан гирифт. Хост чашмонашро молиш диҳад, вале натавонист. Аз камарбанд то гарданаш дар тани дарахт арғамчинпеч буд. Гумон кард, ки ҳоло ҳам хоб асту рӯъё азобаш медиҳад. Аммо не. Ҳушёр шуд. Худро ҷунбондан хост. Баданаш ба дард даромад. Бо алам садо дардод:
— Ҳе Алӣ! Кӣ кард ҳами кора!? Кадом номусулмон!?
Алӣ хомӯш. Танҳо дарахти себ, ки аз қазия бохабар буд, нарм — нарм худ ба худ механдиду мегуфт: «Рӯйи одам ба одам сиёҳай!». Фақат дарахт шоҳид буд, ки чӣ тавр баъди ғанаб бурдани Валӣ Алӣ поён шуда, баргҳои тӯпро тагурӯ карду арғамчинро бароварда, дӯсташро маҳкам баст. Акнун бечора Валӣ беист оҳу вовайло дорад.
Алӣ ба доду фарёди рафиқаш тоқат накард. Дубора аз дарахт фаромад ва роҳ ҷониби марказ пеш гирифт.
— Э ҷӯра, кҷо мерай!? Ҳуй кн бандойи мара! Ҷӯрагӣ ихел намешава!,- нолиш кард Валӣ.
Дили Алӣ ягон зарра насӯхт. «Ба ёд биёр номаҳқулиҳота! Бутсиҳома баҷо карда, ай «свидания» мондима! Дам бигӣ ана ҳамиҷада! Ду — се рӯз ки шиками гишна қатӣ истодӣ, ба қадри ҷӯрагӣ мерасӣ!»,- гуфта, роҳашро давом дод. ӯ сония ба сония аз назар дур мешуду дарахти себ ҳамсадояш буд: «Ҳар чӣ, ки коштӣ, ҳамон медаравӣ!».

Қиёми САЪД

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: