Главная > Uncategorized > Дар Русия мемонем, зеро барқро хомӯш намекунанд!!

Дар Русия мемонем, зеро барқро хомӯш намекунанд!!

Зиндагии серу пур! Чунин аст орзуи ҳар як инсони рӯи олам. Албатта барои ин маблағ лозим. Барои маблағ ба даст овардан кор кардан лозим. Вале аз куҷо бояд чунин корро ёфт? Дар Тоҷикистон? Не. Дар куҷои Тоҷикистон коргоҳе ёфтан мумкин, ки
онҷо ҳама табақаи одамон кор кунанд? Масалан, ҳам хондагиву ҳам нохонда, ҳам бою ҳам камбағал. Мо чунин ҷои кор ки надорем, ба Русия меоем. Ҳар гуна коре ки хоҳед, дар инҷо меёбед. Бинед, ки ҳатто одамони оддиву нахондагӣ ҳам қатори хондагиҳо дар Русия кор мекунанд. Онҳо на танҳо барои худ, балки ба буҷети ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон фоидаи калон меоранд.

«Хайрият, ҳамин Русия будааст!»
Воқеият ин аст, ки аз аввали роҳӣ шудани муҳоҷири тоҷик аз Тоҷикистон ба Русия, ӯ чандин мушкилиро аз сар мегузаронад. Аз харидории чипта то рӯ ба рӯ шудан бо милисаҳову гумрукчиёни дохиливу берунӣ ва ҷустуҷӯи кор.
Сокини вилояти Суғд Собир Каримов, ки дар шаҳри Маскав қарор дорад, мегӯяд: «Ман вақте хурд будам, бо ҳамроҳии бародарам ба Русия омадам. Он вақт аз ӯҳдаи иҷрои ягон кор намебаромадам. Хеле азоб кашидам. Бародарам дар як бинои сохтмонӣ кор мекард. Ман бошам, косаву табақи устоҳоро мешустам. Онҷо қариб ду сол кор кардем, вале ба мо як маротиба камтар маош доданд. Дигар намехостанд маошамонро диҳанд. Бо сабаби он, ки дигар ҷои рафтан надоштем, ҳамонҷо мондан гирифтем. Хуллас, бо азобҳои зиёд рӯзе дар шаҳр шиносе пайдо кардему омадем. Инҷо оҳиста — оҳиста кор ёфтем. Роҳи зиндагиро омӯхтем. Имрӯз ҳарчанд бор мекашонам, ҳарчанд корҳои вазнин мекунам, маоши хуб ҳам мегирам. Ватан албатта модари ман аст, аммо дар домони модар бишинӣ, ҳеҷ кас ба ту нон намедиҳад.
Зиндагии сериву пуриро ман дар Русия дидам. Аз омаданам ба ин ҷо хеле розӣ ҳастам. Хайрият, ҳамин Русия будааст!».
«Вақтҳои гармо ба ватан меравем…»
Имрӯзҳо дар шаҳри Маскав шумораи занҳои тоҷик низ зиёданд, ки барои дарёфти рӯзӣ омадаанд. Зарина сокини шаҳри Душанбест. ӯ мегӯяд, ки шавҳараш даҳ сол боз дар Маскав кор мекунад. «Агар дигарон ҳар сол барои хабаргирии оилаашон ба Тоҷикистон раванд, мо баръакс, бо фарзандонам ба Русия меоем. Фақат дар фасли зимистон. Чунки зимистон дар Тоҷикистон барқ нест, хонаҳо хунук, шиками кӯдакон гурӯсна, либосшуӣ хеле душвор. Дар ин ҷо бошад, хонаи гарм, оби гарм, ҳама шароит муҳайёст. Акнун, Худо хоҳад, вақтҳои гармо ба Ватан меравем…».
Инчунин, тоҷиконе ҳастанд, ки дар Русия бар замми ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул буданашон, боз дар макотиби олӣ таҳсил мекунанд. Сокини шаҳри Кӯлоб Саидраҳмон, ки аз шумори ҳамин афрод аст, мегӯяд: «Вақте падарам аз олам гузашт, модарам мо — ҳашт фарзандро бо азобу машаққати зиёд ба воя расонд. Зиндагиямон хеле вазнин буд. Пуле надоштем, ки ба мактаб равем. Ҳатто душвор буд шиноснома гирифтан. Баъд, аз як ҳамсояамон пул қарз гирифтаму ба Русия омадам. На касеро медонистам, на мешинохтам. Аз фурӯдгоҳ ба сӯйе рост мерафтаму мерафтам. Шаб шуда буду дар роҳ аз пешам як боғи калон баромад. Онҷо шабро саҳар кардаму се рӯзи дигар дар ҳамон мавзеъ мондам. Баъди се рӯз бо марде шинос шудам ва ӯ ба ман ҷои кор ёфт. Ҳамин мард сабаб шуду баъд аз он дар бисёр ҷойҳо кор кардам. Пули бисёр ки кор кардам, соҳиби ҳамаи чиз шудем. Бародаронам низ омаданд. Оилаамон имрӯз серу пӯшидаанд. Ман худам дар Маскав дар курси 4-ум мехонам. Ҳама шароитам хуб аст, аз Ҳукумати Русия миннатдорам».

«Беҳтараш дур бошам…»
Дар сарзамини рус тоҷикзанҳои дигареро низ вохӯрдан мумкин аст, ки бо оилаҳои худ ба умеди пайдо намудани ҳаққи хизмати арзанда омада, вале баръакс, ба мушкилоти дигар ғӯтидаанд. Тоҷикзан Азиза мегӯяд, ки бо шавҳараш пулкоркунӣ меоянд, аммо шавҳараш бо зани русе оиладор мешаваду ӯ қазияро дер мефаҳмад. «Акнун як фарзандамро худам мехӯронаму мепӯшонам, чунки шавҳарам дигар ба мо нигоҳ намекунад. Ана ҳамин хел, барои зиндагиямонро беҳтар кардан омадему онро якбора вайрон намудем».
Тоҷикзани дигари тоҷик Сурайё бошад, тани танҳо дар кишвари бегона машғули кор аст. ӯ мегӯяд: «Шавҳари ман дар Тоҷикистон хонашин аст, фарзандонамро нигоҳубин мекунад. Ман бошам, дар инҷо барои онҳо пул кор мекунам. Дар як қаҳвахона фаррошам. Ҳарчанд сардорҳои бисёр дағал дорем, аммо маоши хуб мегирам. Дигар илоҷ ҳам надорам. Роҳе нест, ки фарзандонро калон кунем».
Дар ҳамин росто, ҷавонони тоҷике ҳастанд, ки ба хотири пул ҷамъ кардану оила барпо намудан ба Русия омадаанд. Ҷавони тоҷик Фирӯз Султонов оид ба ниятҳои худ чунин ибрози назар намуд: «Агар Худо хоҳад, соли оянда ба ватан меравам. Оилаи худро барпо мекунам ва баъди тӯй боз меоям. Охир, агар дар онҷо монам, аз гӯшнагӣ мемурам. Дар ин ҳол занам ҳам маҷбур аст аз ман гурезад. Беҳтараш дур бошам, зуд -зуд доллар фиристонаму оилаи худро мустаҳкамтар кунам».
Арӯсҳои зебо ва ресторану дискотекаҳо
Вақте ки дар мавзӯи муҳоҷирати корӣ ва мушкилоти муҳоҷири тоҷик ҳарф мезанем, тамоми камбудиро бар сари як нафари умда, яъне худи ин муҳоҷири зиллаткашида бор менамоем. Бахусус надонистани забони русиро. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто нодонтарин ҷавони тоҷик баъди ба Русия омаданаш забони русиро меомӯзад. Яъне, ин мушкилро наметавон мушкили асосӣ ҳисобид, чун зудислоҳшаванда аст.
Сокини ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент Умар дар ин маврид мегӯяд: «Ман дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Вақте ба Русия омадам, ягон калимаи забони русиро намефаҳмидам. Имрӯз бошад, бисёр чизҳоро омӯхтам. Акнун ҳам бо забони русӣ сухан мегӯям, ҳам компютеру интернетро хуб истифода мебарам. Бисёр арӯсҳои зебост инҷо. Ресторану дискотекаҳо. Зиндагии ширину рангин. Бисёр хуб шуд, ки инҷо омадам, вагарна, мисли дигар ҳамдеҳагонам аз техникаву забондонӣ, аниқтарашро гӯям, аз дунё ақиб мемондам».
Инчунин, оилаҳои тоҷике ҳастанд, ки дар Русия ба таври доимӣ сукунат ихтиёр кардаанд. Ҷавони тоҷик Муҳаммад мегӯяд: «Ман ва падарам кӯшиш намудем бисёртар пул кор карда, дар Русия хона бихарем. Имрӯз дар шаҳри Тулаи Русия соҳиби хонаи шахсӣ шудем. Ҳамаи аҳли оилаамон инҷо зиндагӣ мекунем. Ман аллакай шаҳрванди Русия ҳастам. Дигар дар Тоҷикистон барои мо коре нест. Зиндагии ширин ва ором насибамон шудааст».

Ашки зор аз дидагон
Фикрҳо зиёданд. Ҳар касе, хоҳ мард ва хоҳ зан, ки дар Русия мардикор аст, дар дил дарду алам ва қиссаҳои ногуфта дорад. Ҳар яке бо ҳар сабабе дар инҷост. Инҷо гарчи пул бисёр аст, оби гарму барқ ҳаст, аммо харобаманзил аст. Инҷо зиндагии ширин асту осоиши рӯҳие нест. Инҷо ҷогаҳи нарму хонаи гарм ҳасту хоби хушу ором нест. Зеро ҳама бо ваҳму воҳимаи милисаву дигару дигарон зиндагӣ мекунанд. Ҳама барои ватани азиз ашки зор аз дидагон мерезанд…

Бибиҷон АШӯРОВА, Маскав – Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: