Главная > Тадкикоти журналистї > «Дойрабадастон»-и СУД

«Дойрабадастон»-и СУД

ва ё чӣ тавр баҳси як манзил дар Панҷакент 5 сол боз идома дорад

Намедонам, бори чандум аст, ки зане бо дили пуру чашмони маҳзун дари утоқи кориямонро панҷа зада, илтиҷо мекунад. Аз азобу машаққаташ дар давоми ин солҳо, пиёдаю савора тай намудани роҳ нақл менамояд.Вай ҳикоя мекунаду маро байте пеши назар тор метанад:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки ҳар чӣ кард бо ман, ошно кард.
Ин зан ҳам аз дигарон не, аз ҷабри хоҳару хоҳарзодааш аз соли 2005 инҷониб аз як дари судхона ба назди дигараш меравад. Оид ба масъалаи баҳсӣ се маротиба судяҳои Суди шаҳри Панҷакент ҳалнома қабул намудаанд. Се маротиба дар коллегияи гражданӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Суғд, як маротиба дар раёсати ин суд масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Биёед, маводҳои дар ихтиёрамон бударо якҷоя варақ занем. Онҳо бозгӯи ҳақиқии гузашта мебошанд. Хоҳу нохоҳ дар давоми ин солҳо тарафҳо камбудии худро донистанду гуфтаҳояшонро ба қонунгузорӣ мутобиқ мекунанд. Вале чизи навиштаро инкор карда намешавад…
Гулсара Ниёзова нақл мекунад, ки нияти ба писараш Эраҷ духтари апааш Ҳилоларо келин кардан дошт. Бо ҳамин мақсад 16-уми июли соли 2003 як манзили истиқоматӣ мехарад ва бо апааш маслиҳат карда, ба номи духтари ӯ Ҳилола ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. Ҳилола ба синни 17 мерасаду ӯро келин карда, меоранд. Пас аз як солу 3 моҳ зиндагӣ кардан Ҳилола қаҳр карда, ба хонаи волидонаш меравад ва ҳуҷҷатҳои хонаро бо худ мебарад. Гулсара Ниёзова ба назди апаву язнааш рафта, хоҳиш мекунад, ки ҳуҷҷатҳои хонаро баргардонда диҳанд. Онҳо посух медиҳанд, ки хона аз Ҳилола асту даъвояш бошад, ба суд муроҷиат намояд.
Ба Суди шаҳри Панҷакент муроҷиат мекунад. Аризаи ӯ бе ягон сабаб 7 моҳ бебаррасӣ меистад. Ариза дар истеҳсолоти раиси Суди шаҳри Панҷакент Б. Турсунов будааст. Бинобар кашол додани муҳокима Г. Ниёзова нисбат ба судя изҳори нобоварӣ мекунаду раддияи ӯро қабул менамоянд. Парвандаро судя О. Қосимова ба истеҳсолоти худ мегирад. Ин судя ҳам баррасии парвандаро кашол медиҳад. Умуман, пас аз 1 солу 2 моҳи ариза масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, судяи Суди шаҳри Панҷакент О. Қосимова чунин ҳал мекунад: «Даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Ниёзов Эраҷ ва Усмонова Ҳилола оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ рад карда шавад.
Аризаи зидди даъвои Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзов Эраҷ, Ниёзова Гулсара додааш оиди кӯчонидан аз манзили истикоматӣ бе додани манзили истиқоматӣ аз манзили истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 56 ш. Панҷакент бароварда шавад».
Коллегияи судии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ қарори бе таърихи рӯзи (дар кадом сана қабул намудани ин ҳалнома номуайян аст,- шарҳи мо) судя О. Қосимоваро бо таъиноти худ бетағйир мегузорад. Вале раёсати Суди вилояти Суғд дар таърихи
24-уми январи соли 2007 таҳти раисии М. Г. Ғуломов, аъзоёни раёсат Х. Н. Назаров, А. Н. Исҳоқов, Х. С. Сӯфиев, Х. Т. Асроров дар маҷлиси кушоди судӣ парвандаи гражданиро аз рӯи эътирози назоратии прокурори вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода, чунин қарор мекунад:
«Ҳалномаи Суди шаҳри Панҷакент аз 26-уми июли соли 2006 ва таъиноти коллегияи судӣ оид ба корҳои шаҳрвандии Суди вилояти Суғд аз 11-уми октябри соли 2006 бо даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Ниёзов Эраҷ ва Усмонова Ҳилола «Оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ» ва даъвои муқобили Усмонова Х. У. нисбати Ниёзов Э. ва Ниёзова Г. оиди баровардан аз манзил бекор карда шуда, парвандаи гражданӣ барои баррасии нав дар ҳайати дигари суд фиристода шавад».
Суди шаҳри Панҷакент таҳти раисии судя Ш. Ш. Илёсов дар таърихи 2-юми июли сол 2007 парвандаро бо даъвои Гулсара Ниёзова нисбати Ҳилола Усмонова, Шоимназар Насимов, Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ ва муайян кардани воқеияти соҳибмулкӣ ба хонаи истқоматӣ ва бо даъвои Ҳилола Усмонова нисбати Эраҷ Ниёзов оиди кӯчонидан аз хонаи истиқоматӣ баррасӣ кард:
«Даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Усмонова Ҳилола, Насимов Шоимназар, Идораи нотариалии давлатии шахри Панҷакент оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ ва басташуда ҳисобидани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ қонеъ карда шавад.
Шарномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматии воқеъ дар ш. Панҷакент, кӯчаи Рӯдакӣ №38 /56/, ки байни Насимов Шоимназар ва Усмонова Ҳилола Умарқуловна баста шудааст ва таҳти феҳрасти №4Д-199 аз 16-уми июли соли 2003 дар Идораи нотариалии давлатии ш. Панҷакент ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шавад.
Шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматии воқеъ дар шаҳри Панҷакент, кӯчаи Рӯдакӣ № 56, ки санаи 16-уми июли соли 2003 байни Ниёзова Гулсара ва Насимов Шоимназар баста шудааст, беэътибор эътироф карда шавад.
Аризаи даъвогии Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзов Эраҷ оиди кӯчонидан аз хонаи истиқоматӣ рад карда шавад».
Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда М. С. Қаландарова бо иштироки судяҳо Б. Н. Ашӯров ва М. М. Ҳоҷибоев дар маҷлиси кушоди судӣ дар 5-уми декабри соли 2007 ҳалномаи Суди шаҳри Панҷакент аз 2-юми июли 2007 аз рӯи даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Усмонова Ҳилола, Насимов Шоимназар, Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент оиди боэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ ва басташуда ҳисобидани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ қонеъ карда шуда, шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Панҷакент, кӯчаи Рӯдакӣ 56, ки байни Насимов Шоимназар ва Усмонова Ҳилола Умарқуловна баста шудааст ва таҳти феҳрасти №4Д-199, аз 16-уми июли 2003, ки дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шуда, шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Панҷакент, кӯчаи Рӯдакӣ 56, ки санаи 16-уми июли 2003 байни Ниёзова Гулсара ва Насимов Шоимназар баста шудааст, боэътибор эътироф карда шуда, даъвои Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзов Эраҷ оиди кӯчонидан аз хонаи истиқоматӣ рад карда шудааст, бекор карда шуда, парванда барои баррасии нави судӣ ба ҳамон суд дар ҳайати дигар фиристода шавад.
Суди шаҳри Панҷакент дар ҳайати раисикунанда Д. М. Ризоева дар маҷлиси кушоди судӣ дар таърихи 02.12.2008 сол парвандаи гражданиро бо даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Ниёзов Эраҷ, Усмонова Ҳилола, Насимов Шоимназар ва Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент оиди боэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва муайян кардани воқеияти соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматӣ, даъвои муқобили даъвои Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзов Эраҷ ва дигар аъзоёни оилааш оиди кӯчонидан аз манзили истиқоматиро баррасӣ намуда, чунин ҳал мекунад:
«Даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Ниёзов Эраҷ, Усмонова Ҳилола, Насимов Шоимназар ва Идораи нотариалии давлатии ш. Панҷакент оиди боэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва муайян кардани воқеияти соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматӣ вокеъ дар суроғаи ш. Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, №38 (56) бинобар беасос буданаш рад карда шавад.
Даъвои муқобили даъвои Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзов Эраҷ ва дигар аъзоёни оилааш оиди кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ қонеъ карда шавад.
Ниёзов Эраҷ бо аҳли оилааш ва Ниёзова Гулсара аз манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи ш. Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, хонаи №38 (56) кӯчонида шаванд».
Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди вилояти Суғд таҳти раисии Ф. Н. Зиёдуллоев, аъзоён Н. Э. Эҳсонов ва Ч. С. Шеров бо иштироки ёрдамчии прокурори вилояти Суғд З. Нуруллоев дар маҷлиси кушоди судӣ дар шаҳри Хуҷанд 3-юми марти соли 2009 корро аз рӯи шикояти кассатсионии даъвогар Ниёзова Г. аз болои ҳалномаи Суди шаҳри Панҷакент аз 2-юми декабри соли 2008 мавриди баррасӣ қарор дод, ки бо он даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Ниёзов Эраҷ, Усмонова
Ҳилола, Насимов Шоимназар ва Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва муайян кардани воқеияти соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 56 (собиқ хонаи 38) рад карда шуда, даъвои мутақобилаи Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзов Эраҷ ва дигар аъзоёни оилааш «Оиди кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ» қонеъ карда шудааст.
«Ҳалномаи Суди шаҳри Панҷакент аз 2 декбари соли 2008 бо даъвои Ниёзова Гулсара нисбати Ниёзов Эраҷ, Усмонова Ҳилола, Насимов Шоимназар ва Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент «оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва муайян кардани воқеияти соҳибӣ, ки ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 56 (собиқ 38) » ва даъвои мутақобилаи Усмонова Ҳилола нисбати Ниёзова Г., Ниёзов Эраҷ ва дигар аъзоёни оила «Оиди кӯчонидаи аз манзили истиқоматӣ» бетағйир, шикояти кассатсионии даъвогар беқаноатбахш мононда шавад».

Дар боло асосан оид ба масъалаи дар судҳо баррасӣ намудани ҳодисаи баамаломада, яъне хариду фурӯши манзил, аниқтараш қарорҳои қабулнамудаи суду судяҳо иқтибос овардем. Ҳамин тариқ, хеле мушаххас, барои хонанда аз рафти масъалаи манзили баҳсӣ ёдовар шуда будем. Асли воқеа чӣ буд? Чаро то ба имрӯз Гулсара Ниёзова арзу шикоят дорад? Дар ин маврид тарафи муқобил, соҳиби хонаю дигар шоҳидон чӣ мегӯянд? Нишондоди қонун чӣ тавр аст?
Таъкид намуда будем, ки Гулсара Ниёзова бо мақсади ба писараш никоҳ карда додани духтари хоҳараш — Ҳилола хонаеро хариданӣ мешавад. Писаронаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанду ба ӯ маблағ мефиристанд. Аз пайи дарёфти манзили фурӯшӣ мешавад ва ниҳоят хонаеро пайдо намуда, хостгори харидани он мегардад. Бо соҳибхона маслиҳат мекунанду нархи онро муайян месозанд. Рӯзи харидани хона хоҳарзодааш Ҳилоларо, ки ҳоло ноболиғ буд, ба идораи нотариалӣ оварда, хонаро ба номи ӯ мегузаронад. Пас аз харидани ҳавлӣ ҳамроҳи шавҳари маъюбаш ба он ҷо мекӯчанд. Писарашро бо Ҳилола хонадор мекунанду якҷоя дар ҳамон манзили баҳсӣ зиндагӣ доштаанд. Муносибати писараш бо келинаш бад мешаваду қаҳр карда меравад. Бо ҳамин баҳси судӣ оғоз меёбад.
Дар як вақт Ҳилола Усмонова бо аризаҳои зиддидаъвогӣ муроҷиат намуда, далел меорад, ки хонаи баҳсиро модараш — М. Бобоҷонова харида, ба номи ӯ гузарондааст. Манзили баҳсӣ ба издивоҷи онҳо ягон алоқамандӣ надорад. Онҳо аз фурӯши манзили баҳсӣ тавассути эълони телевизиони шаҳри Панҷакент огоҳ шудаанд. Модараш аз хоҳараш Г. Ниёзова хоҳиш намудааст, ки оид ба нархи манзили баҳсӣ бо соҳибмулк гуфтугузор кунад. Чунки хона дар ҳамсоягии онҳо қарор доштааст. Пеш аз харидани манзил ӯ бо волидонаш ба хонаи фурӯшӣ рафта, онро аз назар гузарондаанд. Дар хонаи тағояш маърака будааст. Бинобар ҳамин, модараш маблағро ба холааш Г. Ниёзова дода, рақами пулҳоро навишта гирифтааст. Онҳо ба идораи нотариалии давлатӣ рафтаанду хонаро ба тариқи қонунӣ ба номаш гузарондааст.
Модари Ҳилола — Мунаввара Бобоҷонова гуфтааст, ки хабари хонаи фурӯширо тавассути симои шаҳри Панҷакент шунидаву мақсади харидани онро кардаанд ва бо хоҳараш (Ниёзова Гулсара,- шарҳи мо) рафта манзили фурӯширо аз назар гузарондааст. Хоҳараш Г. Ниёзова ба ӯ гуфтааст, ки ба соҳибмулк оид ба хариду фурӯши хона ӯ маслиҳат кунад. Зеро агар соҳибмулк соҳибкор будани онҳоро фаҳмад, нархи хонаро зиёд мекунад. Аз сабаби ба хоҳараш боварии зиёд доштан аз шавҳараш 9 000 доллари амрикоӣ гирифта, рақамҳои онро навишта, ба дасти ӯ дода таъкид намудааст, ки хонаро ба номи духтараш Ҳилола ба расмият дарорад.
Ба ҳамин ду нишондоди охирин, ки аз як ҳалнома гирифта шудаанд, каме таваҷҷӯҳ намоед. Ҳилола мегӯяд, ки хонаи баҳсиро ҳамроҳи волидонаш рафта дидаанд, модараш — М. Бобоҷонова бошад, иброз медорад, ки ҳамроҳи хоҳараш Г. Ниёзова. Ба гуфтаи кадоме аз инҳо бовар кунем? Ғайр аз он, 9 000 доллари амрикоӣ пули кам нест. Чаро махсусан дар рӯзи «маърака» будан ин хона мавриди хариду фурӯш қарор дода мешавад? Оё мумкин набуд, ки ба расмиятдарории онро ба дигар рӯз монанду ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯш яке аз волидони Ҳилола ширкат варзад? М. Бобоҷонова мегӯяд, ки маблағро аз шавҳараш гирифта, ба хоҳараш додааст. Дар мавриди маблағ бошад, шоҳиди дигар Ш. Давронова гуфтааст, ки моҳи июли соли 2003 дар хонаи духтараш Рисолат маърака будааст. М. Бобоҷонова дар як сетка пул оварда ба ӯ додааст, ки онро нигоҳ дорад. ӯ пулҳоро шумурдааст, ки 9 000 доллари амрикоӣ будааст. Баъди маърака Музаффара Бобоҷонова маблағро ба дасти хоҳараш Гулсара дода гуфтааст, ки ба идораи нотариалӣ рафта хонаи харидаашро ба номи духтараш Ҳилола гузаронад.
Боз каме таваққуф мекунем. М. Бобоҷонова мегӯяд, ки пулро аз шавҳараш гирифта ба хоҳараш Г. Ниёзова додааст. Ш. Давронова шаҳодат медиҳад, ки «пулро ба ман доду пас аз маърака баъд ба хоҳараш Г. Ниёзова дод». Ба гуфтаи кӣ бовар кунем? Ҳилола Усмонова таъкид мекунад, ки бинобар дар хонаи тағояш маърака будан модараш ба идораи нотариалӣ рафта натавониста, маблағро ба холааш Г. Ниёзова додаст. Ш. Давронова гуфтааст, ки пас аз маърака пулро ба Г. Ниёзова дод. Нишондоди кадоме дуруст аст?! Модоме «маърака» ба охир расида бошад, пас чӣ хоҷат буд, ки пулро ба Г. Ниёзова диҳанд? Чаро худи М. Бобоҷонова барои ба тасвиб расондани шартномаи хариду фурӯш ба идораи нотариалӣ нарафт? Гуфтем, ки барои ба идораи нотариалӣ рафтан «шарм» кард. Чаро пас аз бастани шартномаи хариду фурӯш ё то бастани он худаш ба назди соҳибмулк рафта маблағро надод?! Модари Ҳилола дар маърака банд буду ба идораи нотариалӣ нарафт, пас падари ӯ ба чӣ кор машғул буд, ки ҳангоми бастани шартнома ширкат наварзид? Дар нишондоди Ш. Давронова номи Рисолат қайд мешавад. Ана, Рисолат Бозорова чӣ мегӯяд:
«Ман Бозорова Рисолат, дар ҳақиқат рӯзи 10-уми июни соли 2003 рӯзи чоршанбе бо никоҳи мусулмонӣ ба шавҳар баромадам. Лекин 16-уми июли соли 2003 дар хонаи падарам ягон хел чорабинӣ нашудааст.
Ин забонхат бо дасти худам навишта шудааст ва ҳамааш дуруст мебошад».
Чун сухан сари маблағ рафт, дар бораи он ҳам ақидаҳо гуногунанд. Г. Ниёзова далел меорад, ки маблағро писаронаш аз Русия ба номи ӯ тавассути «Соҳибкорбонк» фиристодаанд. Дар ин бора маълумотномаи нуқтаи «Соҳибкорбонк» таҳти рақами 18, аз 28-уми феврали соли 2006 мавҷуд мебошад, ки дар он директор О. Баҳриддинов имзо гузоштааст. Маълумотнома аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз 1-уми феврали соли 2001 то 1-уми апрели соли 2003 ба номи Г. Ниёзова ба маблағи 7 500 доллари амрикоӣ маблағ дохил шудааст.
О. Баҳридинов бошад, нишондод додаст, ки ӯ аз моҳи июни соли 2003 инҷониб директори ФОАО «Соҳибкорбонк» будаасту интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ё аз дохил ба хориҷ тавассути бонки онҳо аз моҳи июни соли 2003 оғоз ёфтааст. Санҷиши гузарондани онҳо муайян кардааст, ки ба номи даъвогар Г. Ниёзова аз 1-уми феврали соли 2001 то 1-уми апрели соли 2003 аз Русия ба тариқи бонки онҳо аз ҷониби Э. Ниёзова маблағ ворид нашудааст. Маълумотномаи ба суд пешниҳодшударо қалбакӣ мешуморад. Зеро аз ҷониби бонки онҳо ба даъвогар дода нашуда, дар он мӯҳри аз эътибор соқитшудаи бонк бо имзои қалбакии ӯ гузошта шудааст.
Намедонем маълумотномаи пешниҳодшуда «қалбакист» ё ин ки нишондоди О. Баҳриддинов!? Номбурда таъкид мекунад, ки тавассути бонки онҳо воридоту содироти маблағ аз моҳи июни соли 2003 оғоз меёбад. Пас чӣ хел санҷиш гузаронда, чиро муайян кардаанд, ки аз 1-уми феврали соли 2001 то 1-уми апрели соли 2003 ба номи Г. Ниёзова маблағ ворид нашудааст? Канӣ мантиқ?! Ғайр аз он, чӣ хел мӯҳри аз эътибор соқитшуда дар бонк меистодааст? Охир, мӯҳр тарҳи (бланка) ягон маълумотнома нест-ку! Пеш аз дигар намудани он ба мақомоти дахлдор хабар дода мешаваду барои аз нав гирифтан иҷозатнома, ё баробари аз эътибор соқит намудани он ҳатман нобуд карда мешавад. Директори ФОАО «Соҳибкорбонк» О. Баҳриддинов имзои қалбакӣ ҳам доштааст?
Ҳайронам, ки «Соҳибкорбонк» соҳиб дорад ё не? Директор О. Баҳриддинов мегӯяд, ки маълумотнома тариқи бонки онҳо дода нашудааст. Вале М. Баҳриддинов дар суд нишон додааст, ки дар моҳи феврали соли 2006 (вақти додани маълумотнома,- шарҳи мо) ӯ мудир набуд. Директори бонк бародараш О. Баҳриддинов будааст. Бо илтимоси Г. Ниёзова маълумотномаро додаааст, ки гӯё ба номи ӯ 7500 доллари амрикоӣ ворид шудааст ва ғайриқонунӣ имзои бародараш О. Баҳриддиновро гузоштааст. Оид ба ин маълумотномаи додааш директори бонк О. Баҳриддинов хабар надоштааст. Ташвиши директори бонк О. Баҳриддинов беҳуда аст. Маълум мегардад, ки ба ҷойи ӯ ягон каси дигар не, бародараш имзои «қалбакияш»-ро мегузоштаасту мӯҳри аз эътибор соқиткардашударо кӣ бо худ нигоҳ медоштааст.
Худ аз худ маълум аст, агар маълумотнома «қалбакӣ» бошад, танҳо бо як илтимос дода намешавад. Мо аминем, ки дар Прокуратураи шаҳри Панҷакент барои дар асоси «илтимос» бо имзою мӯҳри қалбакӣ додани маълумотнома баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Судяҳо масъалаи ворид шудан ё нашудани маблағро тавассути Бонки Миллӣ муайян накардаанд. Ҳарчанд барои аниқ намудани он вазифадор буданд. Мо тасмим гирифтем, онро муайян созем ва он гуфтугӯи дигар аст.
Акнун ба нишондоди соҳибмулк, яъне фурӯшандаи хона мутаваҷҷеҳ шавед.
«Ман Насимов Шоимназар, дар ин бора баёнот медиҳам, ки хонаи дар кӯчаи Рӯдакӣ 56 зиндагонӣ мекардаамро ба фурӯш мондам. Як рӯз Ниёзова Гулсара бо ҳамроҳии писараш Ниёзов Эраҷ ба назди ман омада, хонаро харидорӣ кард. Эраҷ ба ман гуфт, ки дар Русия кор карда омадам ва мехоҳам, ки ҳавлӣ харам. Нархи хариду фурӯш ба онҳо маъқул шуд. Ва ман ҳавлиро дар санаи 16.07.2003 сол дар ҳузури дӯстонам Ҷӯраев Муртазо, Тошев Зайниддин ба Ниёзова Гулсара фурӯхтам. Дар вақти хариду фурӯши хона Бафоев Ихтиёр ва Ниёзов Эраҷ ба мо ҳамроҳ шуданд. Мо якҷоя ба нотариус, ба МБТИ, ба налог ва идораи ҳукумат рафта, соати 4-и бегоҳ баргашта ба хона омадем.
Дар ҳузури Ҷӯраев Муртазо, Тошев Зайниддин, Бафоев Ихтиёр, Ниёзов Эраҷ Ниёзова Гулсара пули ҳавлиро, ки 9000 ҳазор доллари амрикоӣ буд, ба ман дод ва ман пулҳоро гирифта, ба Зайниддин додам. Баъди пулҳоро гирифтан ман документи хонаро ба Ниёзова Гулсара супурдам. Дар вақти хариду фурӯш ё ягон вақти дигар ман падар ва модари Усмонова Ҳилоларо надидам ва намешиносам. Баъд мо якҷоя бо Ҷӯраев Муртазо, Тошев Зайнидин бегоҳӣ баромада рафтем».
На танҳо дар нишондоди хонафурӯш, балки дар тамоми далелҳои овардааш, дар зинаҳои гуногуни судӣ Г. Ниёзова таъкид менамояд, ки он рӯзи баста шудани шартномаи хариду фурӯши манзили баҳсӣ ва додани маблағ Ихтиёр Бафоев ҳузур доштааст. Ана, Ихтиёр Бафоев чӣ менависад: «Дар ҳақиқат пеш аз ба Русия сафар кардан ман мусофиркаши қонунӣ шуда кор мекардам. Дар санаи 16. 07. 2003 тақрибан соати 7:50 дар истгоҳи назди беморхона истода будам, ки Эраҷ бо модараш Гулсара ва Ҷӯраев Муртазо, Тошев Зайниддин, Насимов Шоимназар ба мошини ман нишастанд ва ду нафари дигар ба мошини шахсии худашон, ки рангаш хокистаранг буд. Мо ба идораи налог, МБТИ, пас ба идораи нотариалии шаҳр омадем. Пас аз чанд вақт Эраҷ баромада бо ман ба назди бозори лата рафтем. Ман аз мошин нафаромадам. Эраҷ ба бозор даромада, пас аз чанд дақиқа як духтареро ҳамроҳ гирифта овард, ки ӯ Ҳилола буд. Ҳамон рӯз ба хонаи Бозоров Карим нарафтем ва модари Эраҷро низ аз он ҷо нагирифтем. Аз бозор мо ба хонаи Ҳилола омада дар назди канали «горгаз» истодем. Ҳилола рафта аз хонаашон паспорташро гирифта омад. Пас мо боз ба идораи нотариалӣ омадем. Эраҷ ва Ҳилола аз мошин фаромада ба идораи нотариалӣ даромаданд. Пас аз чанд вақт Эраҷ бо Ҳилола баромада ба мошин нишаста, боз ба бозори лата рафтем. Ҳилола дар назди бозор фаромад. Мо бо Эраҷ ба идораи нотариалӣ баргаштем. Аз он ҷо модари Эраҷ ва Шоимназар ба мошини ман нишаста ва ду нафари дигар ба мошини худ нишаста, ба идораи ҳукумат, пас ба МБТИ ва баъд аз он ҷо ба хонаи Шоимназар рафтем. Мо ҳамакаса ба хонааш даромадем ва нишастем. Модари Эраҷ аз даруни қапчуқаш (ҳамён,- шарҳи мо) як даста пули долларро бароварда, ба дасти Эраҷ дод ва Эраҷ бо Зайниддин номерҳои долларҳоро навиштанд, ки дар он ҷо 90 дона саддоллараӣ буд, ки он 9 ҳазор доллар мешуд. Пас аз он Шоимназар пулҳоро гирифта, бо Эраҷ даст ба даст барака карданд. Яъне, хонаро Шоимназар ба модари Эраҷ фурӯхт. Шоимназар калидҳои ҳавлиро ба модари Эраҷ дода, фотеҳа дод. 18.07.2006″.

Охир, қонун қонун аст. Он суруди «якдона гул ду дона» нест, ки ҳар як сароянда ба таври худ: «якдона гул ду дона, ду дона гул як дона» хонад. Наход, дар Суди шаҳри Панҷакент қонунро ба суруди кӯчагӣ баробар карда бошанд?! Агар чунин бошад, пас «дойрадаст»-и он кист?! Оне, ки дар суд кор мекунад ё аз дур «дойра» мезанад?!
Дар бораи масъалаи хариду фӯрӯши хона бародари хоҳарон Гулсараю Музаффара Ҳаким Бозоров ба Суди вилояти Суғд чунин баёнот додааст:
«Ман Бозоров Ҳаким дар ин бора баёнот медиҳам, ки дар ҳақиқат Ниёзова Гулсара ва Бобоҷонова Музаффара хоҳарони ман мебошанд.
Мо аз як падару модар ҳастем. Барои ман ҳарду хоҳарон баробаранд. Дар ҳақиқат соли 2003 хоҳарам Ниёзова Г. мақсади харидани манзил дошт. Фарзандонаш Эраҷ ва Парвиз ба ҳайси «электросварщик» кор мекарданд, дар шаҳри Маскав ва аз он ҷо маблағ мефиристоданд. Аз сабаби бемор будани шавҳараш, ман ҳама вақт бо ҳамроҳии хоҳарам будам ва манзили баҳсиро мо ҳамроҳ ёфтем. Ба хоҳарам хона маъқул шуд ва бо маблағи 9000 доллари амрикоӣ харид.
Пас аз харидани ҳавлӣ дар санаи 17.07.2003 кӯчида омад ва то ҳол зиндагонӣ карда истодааст. Хоҳарам Бобоҷонова М. ягон хел пул надодааст ва хона нахаридааст. Ҳавлиро Ниёзова Гулсара харидааст. Дар мурофиаи судӣ гуфтаанд, ки гӯё дар хонаи Давронова Ш., зани бародари калонии ман ким чӣ хел маърака буд. Ин тамоман нодуруст буда, дар онҷо ягон хел маърака нашудааст. Инро Бозорова Рисолат, фарзанди Давронова Ш. ошкор кард ва баёнот дод, ки дар санаи 16.07.2003 дар хонаашон ягон хел маърака набуд. Дар рафти суд Усмонов бародари Ҳилола гуфт, ки гӯё фарзанди ман Бозоров Ф. ба хонаи Ниёзова Г. Рафта, бо мошини «Камаз»-аш амволи ӯро бурда бошад ва калиди ҳавлиро ба Усмонов Фурқат супорида бошад. Ин ҳама дурӯғ ва тӯҳмат аст. Дар ҳамон вақт фарзандам Фирдавс дар шаҳри Хуҷанд буд. Ҳавлӣ аз они хоҳарам Ниёзова Г. ва хоҳарам бо ҳамроҳии шавҳари маҷрӯҳи гурӯҳи 1 ва фарзандонаш то ҳол зиндагӣ мекунанд».
Фирдавс Бозоров бошад, дар баёноташ таъкид мекунад, ки ягон хел асбобу анҷоми хонаи аммаашро гирифта, ба дигар ҷой бурда, калидҳоро ба Фурқат Усмонов надодааст. ӯро раиси Суди шаҳри Панҷакент Б. Турсунов даъват намуда, чунин гуфтааст, ки нодуруст мебошад.
Вақте ки шартномаи хариду фурӯши манзилро дар Идораи нотариалии шаҳри Панҷакент ба тасвиб мерасонанд, синни Ҳилола ба балоғат нарасида будааст. Шартномаи хуриду фурӯши манзили баҳсиро Т. С. Обидов, ки бо қарори раёсати адлияи вилояти Суғд, аз моҳи июни соли 2003 то 20-уми августи ҳамон сол вазифаи нотариуси давлатиро дар шаҳри Панҷакент адо кардааст, ба тасвиб расондааст. Номбурда дар баёноташ чунин нуктаҳоро таъкид менамояд: «Агар дар вақти ба қайд гирифтани шартнома харидор Усмонова Ҳ. У. ноболиғ бошад, даъворо эътироф менамоям. (Даъвои Г. Ниёзоваро дар мавриди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш,- шарҳи мо). Дар вақти бастани шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ харидор Усмонова Ҳ. У. шиносномаашро пешниҳод карда буд, лекин ба ноболиғии ӯ ман эътибор надодагӣ будам».
Тибқи нишондоди қонунгузорӣ, дар мавриди ноболиғ будани яке аз тарафҳо дар вақти хариду фурӯш бояд намояндаи қонунии ноболиғ ҳатман ширкат намуда, ба тариқи хаттӣ ризоияти худро диҳад. Нотариуси давлатии шаҳри Панҷакент. Ш. Саидқулов чунин маълумотнома додааст: «Идораи нотариалии шаҳри Панҷакент ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аҳди хариду фурӯши манзили истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ҳавлии 56 байни Насимов Ш. ва Усмонова Ҳ.т /феҳрасти 4д-199 аз 16.07.2003 сол баста шудааст. Ҳангоми бастани аҳди хариду фурӯш намояндаи харидор иштирок нанамудааст ва ягон хел имзои худро хаттӣ нагузоштааст».
Дар бораи назари шоҳидони бевоситаи ин баҳс то андозае маълумот додем. Биёед ба нишондоди қонунгузор диққат диҳем. Чун баҳс асосан дар атрофи хариду фурӯши манзил меравад, ба ҳамин самт мутаваҷҷеҳ мешавем. Дар банди 1-и моддаи 22 «Қобилияти амали шаҳрванд» Кодекси граждании ҶТ зикр мешавад: «Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд».
Дар қонунгузорӣ оид ба дигар мавридҳои қобили амал эътироф намудани ноболиғ таъкид мешавад. Азбаски ба мавзӯи баҳси мо алоқамандӣ надорад, аз он ёдовар нашуда, нишондоди қонунро дар мавриди оқибати бастани аҳд аз тарафи ноболиғ таъкид менамоем. Дар банди 1 моддаи 200 «Беэътибории аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола бастааст» меояд:
«Аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бидуни ризоияти волидайн, фарзандхондагон ё парасторони худ бастааст, агар чунин ризоият мутобиқи моддаи 27 ҳамин Кодекс зарур бошад, мумкин аст бо даъвои волидайн, фарзандхондагон ё парасторон аз ҷониби суд боэътибор дониста шаванд».
Дар банди 1-и моддаи 27 «Қобилияти амали ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола»-и Кодекси мазкур гуфта мешавад: «Ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бо ризоияти хаттии намояндагони қонунии худ — волидайн, фарзандхондагон ва парасторон, ба истиснои аҳдҳои дар қисми 2 ҳамин модда номбаршуда, аҳдҳои дигарро анҷом медиҳад. Аҳдҳои анҷомдодаи чунин ноболиғон, инчунин баъди минбаъд онро хаттӣ маъқул донистани волидайн, фарзандхондагон ва парасторони ӯ боэътибор мебошад». Дар банди 2-и моддаи мазкур гуфта мешавад, ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола метавонад бе ризоияти волидайн ва парасторон чунин амалҳоро ба анҷом расонад: музди меҳнат, стипендияро гирад, ҳуқуқи муаллифӣ дошта бошад, дар муассисаҳои амонатгузорӣ амонат гузорад, аҳдҳои хурди маишӣ (аз қабили харидани китоб, дафтар, нон…) бандад, узви кооператив шавад.
Чӣ хеле ки дида мешавад, ба ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳуқуқи бастани шартномаи хариду фурӯши манзилро бе ризоияти хаттии волидайн ва дигар намояндагони ӯ қонунгузор иҷозат намедиҳад. Дар мавриди мавзӯи тадқиқотии мо бошад, ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши манзил Ҳилола ба синни балоғат нарасида буд. Падару модараш барои бастани шартномаи хариду фурӯши манзил ба тариқи хаттӣ ризоият надодаанд. Мувофиқи нишондоди ин бандҳои қонун бояд ин шартнома ҳатман бекор карда шавад. Ғайр аз он, тибқи талаботи моддаҳои 15,33, 148 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузор вазифадор менамояд, ки суд барои ҳаматарафа, пурра, объективона муайян намудани ҳолатҳои кор ба маводҳо ва баёнотҳои пешниҳодгардида маҳдуд нашуда, бояд далелҳои иловагиро бо ташаббуси худ ҷамъ намояд. Вале «ташаббуси ҷамъ намудани далелҳо» он тараф истад, баёнотҳои мавҷудаю нишоноди қонун ба эътибор гирифта намешавад. Чаро?!
Дар оғоз дар бораи баҳси ин манзил дар чанд зинаи судӣ маълумот дода будем. Ба онҳо барнамегардему танҳо ба масъалаи дигаре диққати хонандаро ҷалб карданӣ ҳастем. Дар моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои хоно навишта шудааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд». Гулсара Ниёзова бо такя ба ҳамин нишондоди Сарқонун нисбат ба раиси Суди шаҳри Панҷакент Б.Турсунов изҳор норозигӣ менамояд. Г. Ниёзова менависад: «Вақте ки парванда дар истеҳсолоти раиси Суди шаҳри Панҷакент буду баррасии он тӯл кашид, Б. Турсунов ҳамроҳи ҷавобгар Ҳ. Усмонова, падари ҷавобгар У. Усмонов, амакаш К. Усмонов, модараш М. Бобоҷонова ба манзили баҳсӣ омада, аз назар гузаронданду чӣ маслиҳате карданд. Дар дили ман шубҳа пайдо шуду аризаи норизогӣ нисбат ба Б. Турсунов навиштам». Баъди чанде аризаи ӯро қонеъ мекунанду баррасии парвандаро О. Қосимова ба истеҳсоли худ гирифта, ҳалнома қабул мекунад. Пас аз он якчанд маротибаи дигар ба Суди олӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурӣ шикоят навишта, аз Суди шаҳри Панҷакент изҳори норозигӣ менамояд, ки баҳси ӯро ягон суди беғараз мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вале дар Суди шаҳри Панҷакент «санги ман як ман» гуфта, аризаҳои радкунии ӯро рад мекунанд. Чунки дар моддаи 22-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати баррасии аризаи радкунӣ ба худи ҳамон судя дода шудааст, ки аз ӯ изҳори норозигию нобоварӣ карда мешавад. Дар ҳоле ки ҳар нишондоди ба Конститутсия мухолиф бояд қобили қабул набошад. Ин духӯрагии қонун мавриди баҳси дигар асту судяи Суди шаҳри Панҷакент Д. М. Ризоева ҳам чунин аризаҳои нобоварию радкунии Г. Ниёзоваро ба инобат нагирифта, баҳсро ҳал мекунад. Худаш хандаовар аст, ки шаҳрванд рӯйирост нависад, ки боварӣ надораду судя «Не, ба ман бовар кун, ман сазовори нобоварӣ нестам!» гӯён аризаи ӯро рад намояд. Агар ягон манфиатдорӣ набошад, чаро аризаи радкунӣ рад карда мешавад?! Гуфтем, ки судя худ нишондоди Сарқонунро иҷро накард. Пас мақомоти болоӣ чаро хомӯшанд? Г. Ниёзова 2 маротиба ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, 1 маротиба ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 маротиба ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 маротиба ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 маротиба ба Прокуратураи генералии ҶТ, 3 маротиба ба Суди вилояти Суғд, 2 маротиба ба Прокуратураи вилояти Суғд оид ба ин масъала муроҷиат намудааст. Вале касе ба тариқи ҷиддӣ ба арзи ӯ намерасад. Дар чунин маврид шаҳрванд боз ба назди кӣ равад, «сарашро ба кадом девор занад»?
Шавҳари Г. Ниёзова — Рустам Ниёзов, ки маъюби гурӯҳи 1 мебошад, ба унвони раиси ҷумҳур аз ҷумла менависад: «Бо амри тақдир аз ду дастам маҳрумам. Арзу шикояти мо камбағалонро касе намепурсад. Чун Шумо эълон доштед, ки ба бепарасторону маъюбону сағирагон парастор мешавед, илоҷи ягонаро дар муроҷиат ба Шумо донистам. Аз вақти беморие, ки ба сари ман омад, соли 1994, ҳамсарам мувофиқи қарори раиси шаҳри Панҷакент ҳамчун парастор таъин карда шудааст. Вале аз беадолатии судҳо 5 сол боз сарсону саргардон мебошад. Ман 12 маротиба ҷарроҳӣ шудам. Илтиҷо мекунам, ба ман дасти имдод дароз намоед». Наход барои ҳалли одилонаи баҳси манзил шаҳрванд ба Президенти мамлакат муроҷиат кунад? Пас судҳои мо кадом амалро иҷро мекарда бошанд?!
Оид ба дӯлобкориҳои зиёде, ки ҳангоми омӯзиши маводҳо дар ин қазия вохӯрдем, ҳарф намезанем. Танҳо баъзе суолҳоро таъкид менамоем. Агар воқеан маблағро М. Бобоҷонова дода бошаду хонаро ба номи духтараш харидорӣ карда бошад, чаро ҳуҷҷатҳои хонаро бо худ нигоҳ надошт? Чаро маблағро ба дасти духтараш Ҳилола надод? Барои чӣ ба хона кӯчида наомад, ё ягон иҷоранишин намонд? Барои чӣ баробари қаҳр карда рафтан Ҳилола ҳуҷҷатҳои хонаро бо худ бурд?
Ҳамаи ин саволҳо ҷавоб мехоҳанду дидаю дониста нодида гирифтани нишондоди қонун подош. Намедонем, ба онҳое, ки нишондоди қонунро дағалона вайрон мекунанд, чӣ мегӯянд? Охир, қонун қонун аст. Он шеъри «якдона гул ду дона» нест, ки ҳар як сароянда ба таври худ: «якдона гул ду дона, ду дона гул як дона» хонад. Наход дар Суди шаҳри Панҷакент қонунро ба шеъри кӯчагӣ баробар карда бошанд? Агар чунин бошад, пас «дойрадаст»-и он кист?! Оне, ки дар суд кор мекунад ё аз дур «дойра» мезанад?!

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Реклама
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: