Главная > Uncategorized > Ҳастед-мӣ, ҷаноби вазирон?

Ҳастед-мӣ, ҷаноби вазирон?

Панҷ рӯз дар роҳ ва ё рӯзи сиёҳи сафаракӣ

Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилии ҶТ А. Қаҳҳоров,
вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ О. Бобоев,
раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ Ҳ. Латипов


Дар шумораи нахустини ҳафтаномаи «Пайкон» аз 19-уми марти соли 2009 гузорише бо номи «Зам. Министр» кист ва чӣ супориш медиҳад?» ба табъ расид, ки ба масъалаи мушкилоти роҳи Хуҷанд — Душанбе бахшида шуда буд. Дар ин мақола зикр карда мешуд, ки бинобар риоя накардани фармони муштараки собиқ вазири корҳои дохилӣ ва собиқ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ дар мавриди манъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти чорчархаи ҳаракат надошта тавассути ағбаи Шаҳристон, роҳи аз шаҳри Хуҷанд то маркази ноҳияи Айниро дар давоми 14 соат тай намудаанд. Сабаби асосиро муаллифи мақола дар он медонист, ки мошинҳои транзитии «Опел»-ро барои ҳаракат тавассути ағбаи Шаҳристон иҷозат дода будаанд.
Пас аз нашри мақола ҷавобнома омаду онро нашр кардем. Аз аввал то ба охир худсафедкунӣ буд. Ғайр аз оҳ кашидан дигар илоҷе надоштем. Охир, мо — рӯзноманигорон дарди мардумро мегӯем, азоби ӯро рӯи қоғаз меорем, ки андаке ҳам бошад, мушкилаш осон шавад. Вале афсӯс…
Чӣ моро водор намуд, ки бори дигар ба ин мавзӯъ баргардем?
Дар сафари хизматӣ будему хостем тавассути ағбаи Шаҳристон ба шаҳри Душанбе баргардем. Ин дафъа роҳи байни шаҳри Хуҷанд то шаҳри Душанберо дар 3 шабонарӯз тай намудем ва бо амри тақдир баъди ба шаҳри Душанбе расидан боз сӯи нақби «Истиқлол» роҳ пеш гирифтем ва ду рӯзи дигар ҳамқисмати онҳое будем, ки зери барфу тарма меистоданд. Ба хулосае омадем, ки ҳар рӯзи сафарамонро ба таври хеле мушаххас рӯи қоғаз орем. То ки масъулон, онҳое, ки барои бехатарии сафари ронандагону мусофирон вазифадоранд, аз хоби гарон хезанд.
Қурби фармони вазир
Санаи 18-уми декабри соли равон ба шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифтем. Тақрибан соатҳои 13-и рӯз ба дидбонгоҳи мавзеи Охтангии ноҳияи Шаҳристон наздик шудему корвони мошинҳои боркаши «Камаз»-ро дидем, ки ададашон аз 200 зиёд буд. Ба дидбонгоҳ наздик шудему аз он ҳам зиёдтар мошинҳои гуногунтамғаи сабукрав меистоданд. Дар каноре истода ба гуфтугузори мардум гӯш додем. Мегуфтанд, ки аз рӯзи гузашта инҷониб истодаанду аз рӯи ваъдаи кормандони БДА бояд соати 14 роҳро кушоянд.
Соат ба 17 наздик мешуд. Дар дидбонгоҳи муваққатӣ нозире, ки рутбаи капитани милиса дошт, ҳар дам ба куҷое занг мезад, вазъиятро мепурсид, ахбор медод. Ногоҳ садояш шунида шуд, ки мегуфт: «Ба мошинҳои майда иҷозат нест, дар ин бора фармони вазир ҳаст». Ҳамиин сухани ӯ ҳисси таваҷҷӯҳамонро боло намуду оҳиста — оҳиста ба «будка», ки ронандагону мусофирон печонда гирифта буданд, наздик шудем. Худро шиносондему аз капитан ному насабашро пурсидем.
— Ман Шуморо мешиносам, ному фамилияи маро чӣ кор мекунед?,- ба пурсишамон посух надода, бо суол ҷавоб дод.
— Модоме ба мошинҳои «майда» иҷозати гузаштан набошад, пас чаро ин мошинҳои бе чор чархи ҳаракаткунанда истодаанд?,- мошинҳои транзитиро, ки аксарашон «Опел» буданд нишон додем.
— Намедонам барои чӣ истодаанд, хоҳу нохоҳ мо онҳоро сар намедиҳем,-гуфт корманди БДА.
Соат аз 18 гузашту ҳаракати мошинҳо аз самти ағба оғоз ёфт. Ронандагон набудани имконияти гузаштанро нақл карда, меафзуданд, сабаби манъ шудани ҳаракати роҳ зиёда аз 50 мошини транзитӣ будааст, ки чорчархи ҳаракаткунанда надоштаанду ба самти шаҳри Душанбе мерафтаанду роҳро банд кардаанд.
Ниҳоят, ҳамон нозири БДА эълон кард, ки ин бегоҳ ба касе иҷозати гузаштан дода намешавад. Мо ба сӯи шаҳри Хуҷанд рафтем. Бисёр ронандагон ҳам ба қафо баргаштанд. Вале наздикии соати 24 ронанда моро аз хоб бедор намуда гуфт, ки роҳи ағба кушода шудаасту мошинҳоро барои ҳаракат иҷозат додаанд. Мо саросема ба мошин нишаста боз сӯи ағба раҳсипор гардидем…
Рӯзи аввали сафарамон чунин буду пеш аз он ки дар бораи рӯзи дуюм ҳарф занем, чанд нуктаро шарҳ доданӣ ҳастем. Аввал ин ки, дар бораи тавассути ағба иҷозати ҳаракат ба мошинҳои бе чор чархи ҳаракаткунанда набударо нозири БДА ба мо нишон дод. Он дар девори ҳамон дидбонгоҳи муваққатӣ (будка) часпонда шуда буд. Модоме чунин буд, пас чаро он мошинҳои транзитиро иҷозати сафар доданд? Наход қурби фармони вазири корҳои дохилӣ ҳамин бошад, ки нафарони зертобеъ ба он итоат накунанд? Ё ин ки, дар асл чунин фармон несту барои манфиат чунин рафтор мекунанд? Мо ҷавоби ин суолҳоро дақиқ гуфта наметавонем. Зеро барои муайян намудани асли он ваколат надорем. Умедворем, мақомоти ваколатдор ин масъаларо рӯшод мекунанд.

Барфзанӣ не, муштзанӣ дар ағба
Тақрибан соатҳои 0:30 дақиқаи санаи 19-уми декабри соли 2009 боз ба дидбонгоҳи Охтангӣ омадем. Дар роҳ ягон мошини боркаши «Камаз» ё сабукрави мусофиркаш намеистод. Мошини моро ҳамон капитани милиса нигоҳ дошт. Аз ӯ пурсидем:
— Мошинҳо канӣ?
— Ба тарафи ағба рафтанд.
— Пас чаро ба мо гуфтед, ки ин бегоҳ ба касе иҷозати ба тарафи ағба рафтан нест ва мо ба шаҳри Хуҷанд баргаштем?
Чизе нагуфту баргашта ба ҳамон «будка» даромад. Роҳро идома медодему маро суоле ором намегузошт. Дар ин ҷо чӣ муаммое бошад? Чаро хизматчии давлатӣ, оне, ки дар тан либоси низомӣ дорад, ба мардум дурӯғ мегӯяд? Барои чӣ аввал «роҳ баста» гуфта эълон намуду баъди ба қафо баргаштани қисми зиёди мошинҳо ва ториктар шудан иҷозати ҳаракат медиҳад?
Ба корвони мошинҳои «Камаз», ки дар каноре меистоданд, расидем. Соат тақрибан 1:30 дақика буд. Зиёда аз 200 мошини боркашонро пеш гузаштему дигар имкони ҳаракат кардан набуд. Дар пеш мошинҳо дар ду қатор меистоданд. Аз мошин пиёда шуда, ба пеш рафтем. Ронандагон гуфтанд, ки дар мавзеи Афшон мошини боркаше роҳро банд кардааст. Дохили мошин омадани рӯзро интизор будем. Субҳ ҳам дамиду рӯз равшан шуд. Тақрибан соати 8:00 техникаи идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон омаду ронандагон ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, аз мошинҳо фуромада, аз дунболи он мерафтанд. Баъди соате боз яктои дигар чунин техникаи борбардор (погрузчик) омад. Соат аз 9 гузашту як мошини хизматии БДА ҳам гузашта рафт. Ниҳоят соати 12 мошинҳои боркаши «Камаз» аз самти ноҳияи Айнӣ ба сӯи шаҳри Хуҷанд ҳаракатро оғоз карданд. Зиёда аз 250 мошини боркаш ва сабукрав гузашту навбати ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳристон оғоз ёфт. Соат кайҳо аз 14 гузашта буд. Аз сад зиёд мошини чор чархи ҳаракатдорро, ки дар аввал меистоданд, иҷозати ҳаракат доданд. Мошинҳо бе ягон мамониат гардиши якумро гузаштанд. Ҳамин вақт мошини «Камаз» ба ҳаракат даромаду аз пасаш мошини сабукраверо мекашид. Каме ҳаракат намуду истод. Мошини сабукравро ҷудо карданд. «Камаз» бо азобе ба пеш ҳаракат намуду бо ҳамин ҳаракати мошинҳо қатъ кардид. Ҳатто мошинҳои тамғаи «Нива» ва «Ҷип» баромада натавонистанд.
Мо ҳам ба пеш рафтему дидем, ки ҳамаи он мошинҳои транзитии бе чорчархи ҳаракаткунанда бегоҳии рӯзи гузашта дар дидбонгоҳи Охтангӣ буда истодаанд. Ба болотар баромадему нафарони зиёд, чӣ мусофиру чӣ ронандаи аз гурӯснагию хунукӣ ба дод омада бо як прапоршики БДА баҳс доштанд, ки чаро барои ҳаракат мошини «Камаз»-ро, бар замаш барои кашидани мошини сабукрав иҷозат дод? Вай мегуфт, ки ронандагон ба ӯ итоат намекунанд.
Тоқат накарда, пурсидем:
— Модоме итоат накунанд, чаро либоси милисагиро пӯшидед?
— Ба ин кори ту набошад. Худат кистӣ, ки ба ман чунин муносибат мекунӣ?,- посух дод нозири роҳ.
Ба ӯ ҳуҷҷати рӯзноманигориро нишон дода, худро шиносонда, боз пурсидем:
— Ин мошинҳои сабукрави транзитиро кӣ иҷозат дод? Оё ҳаракати онҳо тавассути ағба мумкин аст?
— Не, ҳаракати онҳоро манъ кардаанд. Намедонам чӣ хел гузаштаанд.
Чанд нафар ронанда ба назди ҳамон техника (погрузчик) баромада, баргардонда оварданд, то ки роҳро аз нав тоза намояд. Он техника ба ҷои барфро тоза намудан худаш дар як ҷой чарх мезад. Ба пеш мерафту ба қафо меомад, ягон кораш аниқ набуд. Шамол бошад, ҳар лаҳза барфи зиёдеро ба рӯи роҳ мефуровард. Соате ба чунин минвол гузашту боз аз самти ноҳияи Айнӣ корвони мошинҳо сарозер шуд. Зиёда аз 500 мошини боркашонӣ ба тарафи муқобил ҳаракат дошта, тавассути садодиҳак (сигнал) чун нишони эътироз садо баланд карданд. Ронандагону мусофирон ба сӯи ронандаи мошини аз ҳама пеш ба поён ҳаракаткарда шитофтанд. Милисаи дигаре мегуфт, ки ба поён ҳаракат кардани мошинҳоро ӯ фармудааст. Кашокашӣ оғоз ёфт. Ниҳоят ба муштзанӣ анҷомид. Он ронандаро аз мошин фуроварда, зери мушту лагад гирифта, даҳону биниашро хуншор намуданд. Мардони солор ба азобе ронандаи якравро аз зери мушту лагад халос намуданду вай ба мошинаш нишаста, чанд мошини сабукраву боркашро «пачақ» намуда, ба поён раҳсипор шуд.
Мо пиёда ба сӯи қуллаи ағбаи Шаҳристон роҳ пеш гирифтем.
Дар гардиши дигар тамоми мошинҳои сабукрави ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат дошта меистоданду корвони мошинҳои боркаш, ки шумораашон аз 150 зиёд буд, оҳиста — оҳиста ба сӯи поён ҳаракат мекарданд.
То сари ағба расидем. Дар поёнтар як трактори тасмачархи идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон кор мекарду техникаи дигарашон (пагрузчик) мошинҳои транзитиро то сари ағба мекашид. Соате он ҷо истодем. Як нозири БДА-и ноҳияи Айнӣ намегузошт, ки мошинҳо ба поён фароянд. Чунки ҳаракати мошинҳои аз поён баромадаро мушкил менамуданд. Ронандагони зиёде меистоданд. Чун фаҳмиданд, ки рӯзноманигорем, илтимос намуданд, ки арзашонро ба масъулини Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ расонем. Аз рӯи гуфтаи онҳо, идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон умуман ба ин қисмати роҳ, хусусан дар фасли зимистон аҳамият намедодааст. Ронандагон иброз доштанд, ки агар роҳро дуруст тоза кунанд, ягон хел мушкилоте боқӣ намемонад.
Ҳаракати мошинҳо аз самти поён оғоз ёфт. Мо ба яктои он нишаста то чойхонае расидем. Ронандаи мо бошад, тақрибан соатҳои 24:00 ба маркази ноҳияи Айнӣ омад.
Рӯзи дуюм ба чунин минвол ба охир расид. Ин ҷо ҳам чанд нукта шарҳро металабаду суолҳо ҷавоби худро тақозо менамоянд. Борҳо таъкид шуда буд, ки сабаби асосии дар ағба ба мушкилӣ дучор омадани ронандагон ин ҳаракати мошинҳои сабукрави бечорчархи ҳаракаткунанда мебошад. Вале ин таъкидҳо ба гӯши касе намефораду боз барои мушкилотро ба амал овардан чунин мошинҳоро иҷозати ҳаракат медиҳанд. Вақте ки корманди БДА надонад, ки мошин чӣ хел гузашт, пас чӣ ҷойи гила кардан аст? Охир, мошинҳои «Опел» парранда нестанд, ки парвоз карда оянд-ку! Норизоии ронандагон ҳам дар мавриди ба қисмати роҳи ҳудуди маъмурии ноҳияи Шаҳристон аҳамият надодани таъмиргарони роҳ асос дорад. Ҳарчанд нисбат ба тарафи дигари ағба ин мавзеъ хеле хатарнок асту тоза намудани он мушкилии зиёд дорад. Вале аз чист, ки таъмиргарони идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ роҳро тоза намудаанду ҳаракати ду тарафаи нақлиётро таъмин кардаанду таъмиргарони идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон наметавонанд. Чунон роҳро тоза карда буданд, ки каме шамол барфро меоварду ҳаракати нақлиёт боз қатъ мегардид. Мегӯянд, ки ҳама сол дар мавриди зимистон аҳвол чунин аст. Наход, ин масъаларо ҳал кардан имкон надошта бошад?!
Кӣ мушкилӣ эҷод мекунад?
Рӯзи сеюм, яъне 20-уми декабри соли 2009 аз ноҳия Айнӣ ба сӯи шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифтем. Аз самти муқобил танҳо ду-се мошини Ҷип омад. Гумон доштем, ки дар ягон ҷой тармае фуромадааст. Ба нақби «Истиқлол» расидем. Чанд нафар болои нақбро бо лойоби семент «дарбеҳ» мекарданд. Чанд дақиқа истодему иҷозати гузаштан доданд. Аз нақб мегузаштему найзаҳои сарозери яху ҳавзчаҳои аллакай яхбастаро дида, меандешидем, ки дар давраи тобистон ҳаракати нақлиётро тавассути нақб манъ карда буданд, пас чӣ корро анҷом доданд? Худо хоҳад, пас аз чанде дохили нақб боз уқёнуси яхбастаи шимолӣ мешавад. Хайр, ин мавзӯи дигар аст.
Аз нақб гузаштем, ки абр роҳро каме печонида буду мо бе ягон мамониат поён шудем. Ба мавзеи Майхӯра расидем. Ҳамоно аз самти муқобил мошин намеомад. Ба мавзеи Ҳушёрӣ соати 11расидем. Дар он ҷо дидбонгоҳи кормандони БДА-и ноҳияи Варзобро ташкил карда буданду корвони мошинҳо пасу пеш, наздики 200 адад меистод. Ронандагон аз мо вазъияти роҳро пурсиданд. Посух додем, ки роҳ хуб асту ягон мушкилие нест. Яке аз ронандагон гуфт, ки аз соати 9 боз истодааст. Бо баҳонаи дар роҳ тарма фуромадан онҳоро нигоҳ доштаанд.
Намедонем, бо кадом мақсад дар ин дидбонгоҳ ба ҳаракати нақлиёт иҷозат надодаанд. Вале яқинам, ки яке аз сабабҳои дар байни тармаҳо ба ҳам вохӯрдани воситаҳои нақлиёту ба ҳаракати номӯътадил оварда расондан, ҳамин бе ягон сабаб нигоҳ доштани мошинҳо дар дидбонгоҳҳо мебошад. Ин ҳолат на танҳо дар ин дидбонгоҳ, балки дар дидбонгоҳи мавзеи Охтангӣ ҳам дида мешавад, ки дар боло ёдовар шудем. Ин рафтори кормандони милисаро ба ҷуз худашону Худо каси дигар намедонад. Шояд ин дафъа сабаби он ба тариқи ҷиддӣ бозпурсӣ карда шавад?

Зери тарма чанд нафар мурд?
Саҳарии санаи 21-уми декабри соли 2009 омодаи ба кор рафтан будам, ки тавассути телефон аз фоҷеае хабар доданд. Боз сӯи нақби «Истиқлол» роҳ пеш гирифтем. Дар шаҳри Душанбе борони сахт меборид. Ба ноҳияи Варзоб расидему борон ба барф мубаддал гашт. Дар дидбонгоҳи мавзеи Ҳушёрӣ иҷозати идома додани роҳро надоданд. Мошини мо ба қафо гашту мо пиёда озими роҳ гардидем. Дар роҳ мошинеро киро намуда, илтимос кардем, ки то мавзеи Майхӯра барад. Розӣ шуд. Барф бениҳоят бошиддат мебориду роҳ тоза карда шуда буд. Ба самти Майхӯра сафарамонро идома додем.
Ба оби Сиёма омада, ба мошину техникаҳои аз мо пеш ҳаракаткунанда расидем. Як трактору як грейдер барфро тоза мекарданд. Аз паси онҳо ду мошини «Ҷип» ва се «Нива» мерафтанд. Онҳо намояндагони Вазорати нақлиёт, РБДА ҶТ, КҲФ буданд. Ронандаи мошини кирокаш аз онҳо қафотар фосиларо нигоҳ дошта, ҳаракат менамуд. Чанд худсохти аз тарма муҳофизаткунандаи сохтаи чиниҳоро (галерея) гузашта, дар дохили якеи он меистодем, ки ногоҳ мошинҳои аз мо пеш ҳаракат дошта бо суръати баланд ба қафо баргаштанду ронандаи аз ҳама пеш меомада нидо кард:
— Ба қафо гардед, тарма ба ҳамин тараф гашт!
Мо ҳам ба қафо баргаштем. Тарма самти обро дигар карда буду на тарма, балки оби дарё барфро шуста меовард. Тракторҳо тармаро тоза карданд. Об маҷрои худашро гирифт. Боз роҳро идома додем.
Дар даромади нақби кофтаи чиниҳо, поёнтар аз мавзеи Майхӯра тарма фуромада, як мошини «Камаз»-ро аз роҳ бароварда буд. Чанд нафар корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз мошин пиёда шуда, белҳоро гирифта ба тоза кардани барфи зери чархи ин мошин шурӯъ намуданд. Дар ҳоле ки ба ин амал ягон эҳтиёҷ набуд. Нафаре аз онҳо бо шавқ ин ҳаракатҳоро акс мебардошт.
Ҳайрон будем, ки чаро чунин карда истодаанд. Ҳолдоне иброз намуд, ки барои ҳисобот. Мегуфтаанд, ки ба мардум чунин кӯмак кардем.
Тахминан соати 15 ба мавзеи Майхӯра расидем. Аз тарафи нақб занон пиёда мефуромаданд. Ҳама намояндагон онҳоро печонда гирифтанду нахустин суол ин буд:
— Ягон нафар зери тарма монда намурдааст?
Ҷавоби радро шунида, ба фикрам, ҳама оҳи сабук кашида, ба қафо баргаштанд. Воқеан, то ба ин мавзеъ расидани намояндагон роҳи ба тарафи нақб мебаромадаро ягон техника тоза намекард. Онҳо омаданду аз куҷое ду техникаи дигар пайдо шуда, ба тоза намудани роҳ машғул гардид.
Пиёда роҳамонро идома додем. Агар худсохти аз тарма муҳофизаткунандаи чиниҳоро ба назар нагирем, қариб дар ҳама ҷо тарма фуромада буд. Роҳи фаромадаи сафаракиҳо хандақҳои давраи ҷангро мемонду аён буд, ки баландии барф аз як метр зиёд аст. Дар рӯ ба рӯи деҳаи Панҷхок мошинҳо зери барф меистоданд. Ҳар қадар болотар мешудем, ҳамон қадар шумораи мошинҳои зери барф монда зиёдтар мешуд. Дар дохили худсохти аз тарма муҳофизаткунанда мошинҳо дар ду қатор меистоданд. То соати 19 роҳ гаштем. Барф торафт баландтар мешуду имкони роҳ гаштан набуд. Ниҳоят ба қафо гаштем. Маҷбур шудем, ки қариб 2 километр роҳи баромадаамонро гашта фароем. Ронандае моро дар кабинаи мошинаш ҷой карда, нақл намуд, ки аз рӯзи 17-уми декабр инҷониб дар роҳ асту ҳоло ҳам ба шаҳри Душанбе намерасад.
Шоҳиди манзараи аҷибе гардидем. Яке нон мепурсиду дигаре об, сеюми сӯзишворию дигаре барои хабар расондан телефон. Ронандагон, мусофирон маводи доштаашонро байни худ тақсим менамуданду ба ҳамдигар кӯмак мерасонданд. Оҳиста-оҳиста овози одамон хомӯш гардиду ҷои онро садои моторҳо пахш намуд.
Вақте ки ин ҳолатро дидем, нахустин ҳамон рафтори кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пеши назарамон ҷилвагар шуд. Чаро занон пиёда ин қадар роҳро тай карда фуромаданду мо то куҷое, ки имконият буд, пиёда баромадему кормандони КҲФ натавонистанд? Охир, дар ихтиёри ин Кумита афсарону аскарони зиёде ҳастанд. Онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат нигоҳ дошта мешаванду буҷа дар асоси андози супоридаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ пур мешавад. Бале, аз ҳисоби онҳое, ки байни тармаю барф ташнаю гурӯсна чашмашон дар роҳи имдод меистоданд. Пас чаро барои кӯмак ба онҳо ин Кумита таъхир мекунад? Магар имкон надошт, ки даҳ нафар аскарро ҷудо намоянду онҳо ақаллан 5-килоӣ маводи хӯрокаро то назди мусофирону ронандагон бароранд? Ё аскарҳои ин Кумита бор бардоштану дар барф роҳ гашта наметавонанд? Агар чунин муносибат ба шаҳрвандони ба сахтӣ дучор омада бошад, пас чӣ ҳоҷат аз ин Кумита? Аминам, ки агар ягон хешу табори ягон соҳибмансаб (зану фарзанд он тараф истад) онҷо мебуд, чархболҳо қатор мешуданд. Афсӯс, ки ин роҳ барои нафарони навъи аз ҳама поён пешбинӣ шудааст. Хоҳ муранд, хоҳ зери тарма монанд, касе парвое надорад. Охир, ҳамин роҳ аст, ки ҳар сол на бо айби ронандагон, балки бо дигар сабабҳо ҷони даҳҳо одамро мерабояд.

Кампири азҳушрафта ва хонаҳои латагин
Банди ин ва дигар андешаҳо шабро саҳар кардем. Барф ҳамоно меборид. Чун дидем, ки имкони ба боло баромадан нест, ноилоҷ қафо гаштем. Ронандагону мусофирони азми ба поён фаромадан дошта ҷамъ шуданд. Чанд нафар занон ҳам буданд. Барф чунон баланд буд, ки аз 100-150 қадам зиёд рафтан намешуд ва нафари дар пеш мерафтаро каси дигар иваз менамуд. Кампире роҳ гашта натавониста аз ҳуш рафт. ӯро бардошта ба қафо бурданду дар як мошин ҷой карданд. Ба чунин минвол то мавзеи Майхӯра дар соати 11 расидем. Техникаи рӯзи гузашта кор мекарда дар гӯшае меистод. Касе барфро тоза намекард. Ба фикрам, бо рафтани намояндагони омада онҳо ҳам истироҳат кардаанд. Дар канори роҳ се нафар бо либоси низомӣ ва чанд каси дигар бо либоси оддӣ меистоданд. Низомиёни КҲФ рӯзи гузашта омада буданд. Пас аз одоби муошират аз онҳо ҳам ному насабашонро пурсидем. Посух доданд, ки роҳбар доранду бе иҷозати ӯ чизе намегӯянд. Тавба гуфтем, ки бе иҷозат ҳатто ному насабашонро намегӯянд. Он андешаҳое, ки дар боло ба хотир оварда будаму таъкид намудам, ба онҳо гуфтам. Гуфтанд, ки роҳбаронашон омада истодаанд, ба онҳо гӯям.
Аз нақби Майхӯра гузашта хеле поён фуромада будем, ки аз пеш боз ҳамон техникаҳои роҳтозакун ва ҳамон намояндагон, ки ҳайаташон тағйир ёфта, омаданд. Як мошини КҲФ изофа шуда буд, ки дар болояш хонаҳои латагӣ (палатка) дошт. Нафаре пиёда меомад, ки либоси низомӣ дошт. Ба ӯ гуфтем, ки ба одамон хонаҳои латтагӣ не, хӯрока лозим аст. Посух дод, ки ҳасибу консерва овардаанд…
Пиёдаю савора то мавзеи Ҳушёрӣ омадем. Дар он ҷо ба як мошини кирокаш нишастем. Қад-қади дарёи Варзоб меомадему худ ба худ фикр мекардам, ки мо одамони навъи охирин бо вуҷуди ин қадар азоб кашиданамон нафақаамонро барои бунёди «Роғун» медиҳем, фарзандамонро хонадор накарда, маблағи пасандозро барои бунёди «Роғун» мегузаронем. Шир намехӯрем, говамонро фурӯхта ба «Роғун» мефиристем. Аз баҳри хӯрдани равған мебароем, қандро фаромӯш мекунему танҳо чойу нони хушк мехӯрем, то ки «Роғун» бунёд гардад. Пас онҳое, ки дар ду соҳилаки ин дарёчаи шӯх истироҳатгоҳҳои боҳашамат сохтаанд, чаро хомӯшанд?! Мегӯянд, ки арзиши баъзе чунин истироҳатгоҳҳо аз миллион доллари амрикоӣ зиёд будааст…

Чӣ бояд кард?
Вақте гуфтанд, ки роҳи Душанбе — Хуҷанд пулакӣ мешавад, ба ростӣ хандаам омад. Чунки ин роҳ кайҳо пулакӣ шудагӣ. Танҳо кас намедонад, ки он ба чоҳи бетагӣ кӣ меравад. Агар баъзе мошинҳои хизматиро сарфи назар намоем, ҳама маблағ медиҳанд. Дар баъзе дидбонгоҳҳо яке ҳуҷҷати ронандагӣ мепурсаду дигаре иҷозатномаи одамкашонӣ (литсензия), сеюми даст дар киса худро аз УБНОН меномаду чоруми патент талаб мекунад. Хуллас, ғайр аз намояндагони Вазорати фарҳангу маориф ҳама меистанд. Агар аз ин вазоратхонаҳо ҳам истода санъаткорию дониши ронандагонро санҷанд, намедонам чӣ мешавад.
Аз мавзӯъ андаке дур рафтем. Дар бораи мушкилоти роҳ, ки бо чашми худ дидему шоҳид будем, аз сад якеро гуфтем. Ҳоло зимистон дар пеш асту рафтуомад ногузир. Нақби «Истиқлол» кушода шуду ҳама гумон доштанд, ки мушкилот пурра роҳи ҳалли худро меёбад. Вале табиат табиат аст, кори худро мекунад. Соли гузашта то 15 рӯз роҳи мошингузари Хуҷанд — Душанбе бинобар зиёд боридани барф маҳкам шуда буд. Имсол ҳам ҳол чунин аст. Пас чӣ бояд кард?
Мо ба касе кор омӯзонданӣ нестем. Танҳо фикрамонро иброз менамоем. Барои он ки ҳаракати нақлиёт бонизом бошад, бояд кормандони БДА танҳо аз рӯи реҷаи муқарраркардашуда мошинҳоро иҷозати ҳаракат диҳанд. Лозим аст, ки аз тарафи нозирони РБДА аз болои кормандони зертобеъ назоратро пурзӯр намоянд. Рейду санҷишҳо гузаронда, фаъолияти дидбонгоҳҳоро мудом зери назорат гиранд.
Масъулони идораҳои роҳсозӣ музди меҳнати кормандони дар фасли зимистон дар роҳ фаъолиятдоштаро як баробар зиёд намоянд. Дар он сурат кормандон ҳавасманд шуда, хубтар кор мекунанд. Ғайр аз он, техникаҳои пуриқтидор лозим аст. Бо ин техникаҳои чинӣ — погрузчикҳо, ки баробари кафлес барф мебардоранд, роҳро мунтазам тоза нигоҳ доштан ғайри имкон аст. КҲФ бошад, баробари пайдо шудани мушкилӣ бояд барои аз вартаи сахтӣ раҳонидани мусофирону ронандагон тадбирҳои бетаъхир андешад.

Ҷумъаи ТОЛИБ, Хуҷанд – Душанбе

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: