Главная > Uncategorized > 2009 аз Абдуҷаббор Раҳмонов розӣ рафт?

2009 аз Абдуҷаббор Раҳмонов розӣ рафт?

Доир ба баҳсҳо ва хабарҳову овозаҳое, ки дар матбуоти мустақили кишвар давоми соли 2009 дар бораи Вазорати маориф ва соҳаи омӯзишу парвариш дарҷ гардидааст, хостем ба таври кӯтоҳ тавзеҳ диҳем.
Оғози соли 2009 соҳаи маориф бо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд, ки нахуст вазъи нигаронкунанда дар мавриди дохилшавии донишҷӯён ба донишкадаву донишгоҳҳо буд. Тамоми факултаву бахшҳои ҷудогона дар омӯзишгоҳҳо як-ду баробар арзишашон афзуд. Аммо вазири маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов вазъиятро чунин шарҳ дод, ки гӯё ба хотири кам дохил шудани донишҷӯён нархи шартнома дар омӯзишгоҳҳоро баланд кардаанд. Лекин боз теъдоди дохилшавандагон ҷойи он ки кам шавад, афзудааст. Ба ҷойи он ки дар Вазорати маориф чораҳои зарурӣ андешида шавад, то ба муасиссаҳои олии кишвар теъдоди дохилшавандагон афзояд, вазири маориф тасмим гирифта, ки теъдоди ин нафаронро камтар кунад. Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии худ бо зиёиён ва аҳли илму маориф қайд кард, ки солона дар мактабҳои миёна ва таҳсилоти ҳамагонӣ ҳудуди 180 ҳазор хонанда хатм мекунад ва аз ин шумора танҳо бештар аз 3 ҳазор довталаб ба донишгоҳҳо қабул карда мешаваду халос. Вале вазири маориф А. Раҳмонов дар як ҳисоботи худ сабаби кам дохил шудани донишҷӯён ба муассисоти олиро аз нарасидани ҷой ва кам будани теъдоди донишгоҳҳо дар кишвар маънидод карда буд. Аз рӯйи маълумотҳо, ҳоло дар ҷумҳурӣ 65 ҳазор ҷойи нишаст намерасад. Ё ин ки аз сабаби нарасидани мактаб, дар 17 омӯзишгоҳи шаҳри Душанбе ба хонандагон дар се баст дарс мегузаранд. Барои ҳар як донишҷӯ дар донишгоҳ 8 метри квадратӣ ва дар академияҳо 6 метри квадратӣ муайян шудааст. Аммо ба гуфти вазири маориф, дар ягон омӯзишгоҳ ин меъёр риоя намешавад. Пас суоле матраҳ аст, ки тақдири беш аз 170 ҳазор нафар хатмкардаи макотиби миёна ва умумӣ чӣ мешавад? Оё чунин вазъ боис нашудааст, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар меафзояд? Ё сафи бекорону дуздон ва аробакашон дар раставу бозорҳо зиёд мешавад? Вале бархе аз коршиносон бар онанд, ки дар кишвар таҳсил карда, ҷойи кори шоистаро ёфтан ғайриимкон аст ва бештари хатмкардаҳои муассисоти олӣ низ баъди дипломро гирифтан ба кишварҳои дигар барои хондан ё муҳоҷирати корӣ сафар мекунанд.
Соли ҷорӣ бо тасмими Вазорати маориф дар бештари донишгоҳҳои кишвар таҳсил аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуд. Дар бораи суду зиёни ин низоми таҳсил гарчанде таҳлилҳои зиёд ба рӯи сафҳаи нашрияҳо омада бошанд ҳам, билохира бо дарназардошти системаи пешрафта будан ва дар кишварҳои аврупоӣ маъруфият доштанаш, вазорат қатъӣ будани тасмимашро нишон дод. Бархе аз коршиносон ба таври тестӣ супоридани имтиҳонҳоро ёдрас шуда, чунин меҳисобиданд, ки ҳоло ҷомеаи Тоҷикистон барои гузаштан ба ин низом омода нест. Зеро донишҷӯёни бе ин ҳам хомӯшу безабонро ин тарзи имтиҳонсупорӣ тамоман гунгу лол месозад. Аммо иддаи дигар даъво мекарданд, ки шахс агар мақсади хондан надошта бошад, дар низоми классикӣ низ забонаш гӯё намешавад, Аз ин рӯ, ҳарчи тезтар гузаштан ба манфиати кор аст.
Имсол бештари гурӯҳҳои буҷавӣ барҳам хӯрданд ва гурӯҳи шартномавӣ зиёд шуд. Дар мавриди таҳсил дар шакли ғоибона бошад, Вазорати маориф тасмим гирифт, ки шумораи онҳоро кам кунад ва дар Донишгоҳи омӯзгориву баъзе факултаҳо, ки мушаххас нест кадомҳоянд, чунин тарзи таҳсил боқӣ монаду халос. Вале ҳоло таҳсил дар бахшҳои ғойибона идома дорад.
Баҳс дар мавриди иҷоза надодани духтарони сатрпӯш ба муассисоти омӯзишӣ каме пештар оғоз шуда, то ҳанӯз идома дорад. Вале бо шурӯи соли таҳсили нав танзими либоси ягона барои хонандагон ва донишҷӯён ҷорӣ шуд, ки бояд таҷрибаи муосир ва хусусияти миллӣ ба инобат гирифта мешуд. Лекин, ахиран баҳсҳое дар матбуот сари пӯшиши куртаҳои тамоман кӯтоҳи духтарона, ки аз хусусияти миллӣ берун баромада, ба дараҷаи ифрот расидааст, ба миён омад.
Баҳси дигар, ин дар мавриди ба муаллимон омӯхтани пӯшиши либос ва мондани риш дар матбуот авҷ гирифт. Ҳарчанд вазири маориф исрор кард, ки муаллим зиёист ва бояд тарзи либоспӯшияш аз дигарон фарқ дошта бошад, лекин таҳлилгарон ин ақидаро мувофиқи мақсад намеҳисобиданд. Онҳо бо нишон додани маоши ночизи омӯзгорон, изҳор мекарданд, ки барои харидани як костюм-брюк маоши 3-4 моҳаро қурбон кардан лозим меояд. — Агар замони шӯравиро ба ёд орем, пӯшиши муаллим бе омӯхтани Вазорати маориф дар сатҳи олӣ қарор дошт ва ба ин хотир, тақозои замон ва тавоноиро ба инобат гирифтан зарур аст,- мегуфтанд таҳлилгарон.
Баҳси риш бошад, тамоман мавриди хандахариш қарор гирифт. Пеш аз ҳама таҳлилгарон бар он таъкид мекарданд, ки хоҳиши ҳар фард аст, ки дар ҷомеаи демократӣ чӣ гуна риш монад. Дигар ин ки, сатҳи маърифатии масъулони маорифро зери суол мебурданд ва мегуфтанд, ки ҷойи масхара аст, замоне сатҳи донишу савод дар макотиби миёнаву олӣ коҳиш меёбаду масъулони соҳа гӯё мушкили дигар надошта бошанд, баҳсро аз ришу бурут оғоз кардаанд.
Дар ин миён, бо супориши Президент вазири маориф дар мактабҳо тадриси ҳатмии алифбои форсиро ҷорӣ кард. Дар соли ҷорӣ сохта ба истифода додани якчанд мактаб аз ҷониби давлат ва соҳибкорони алоҳида сурат гирифт. Аммо тавре Президент Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бо аҳли илму маориф гуфт, мушкил дар бунёди мактабҳои нав низ мавҷуд аст. Зеро мактаб бунёд мешавад, лекин бе ягон шароит. Дар лоиҳа китобхона, ошхона, майдони варзишӣ ва дигар шароитҳо ба инобат гирифта намешавад.
Вале баъзе нигарониҳо дар мавриди таҳсил дар литсейҳои туркӣ дар матбуот дарҷ гардид. Гуфта мешуд, ки ҳарчанд дар ин литсейҳо бо забони тоҷикӣ-туркӣ ба тадрис машғуланд, аммо дар афкору ақидаи донишҷӯён таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Бо ин далел, ки ақидаҳои пантуркистӣ аз аввал ба мисли Фитрат донишмандонро ба зидди миллат тарбия кардааст ва имрӯз низ метавонад чунин вазоифро иҷро намояд.
Овозаҳо дар мавриди сафир шудани Абдуҷаббор Раҳмонов ва вазири маориф таъин гардидани Нуриддин Саидов низ дар матбуот пайдо шуд. Нуриддин Саидов пас аз он ки вазифаи ректориро ба ӯҳда гирифт, Донишгоҳи давлатии миллӣ ба Донишгоҳи миллӣ тағйири ном кард ва баҳси бардоштани ошхонаҳои соҳибкорон дар «Ҷазира» ба миён омад. Абдуҷаббор Раҳмонов бошад, овозаҳо дар мавриди сафир таъин шуданашро рад кард ва гуфт, ки беасос аст, вале агар Президент ба ҳар вазифа монад, содиқона хидмат хоҳад кард.
Баҳси ғулғуладор ва пурсарусадо дар мавриди баста шудани Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон миёни Вазорати маориф ва ин муассиса ба вуҷуд омад. Тарафҳо далелу арқоми худро баён мекарданд. Ректори ДТИКТ Садриддин Акрамов бо овардани далелҳои зарурӣ бо Вазорати маориф ҷанги рӯйростро дар матбуот оғоз кард. Вазири маориф дар як нишасти ҳисоботӣ ба меъёр ҷавобгӯ набудани онро далели басташавияш шарҳ дод. Аммо ба эътимоди Акрамов, агар ДТИКТ ба меъёри соҳаи маориф ҷавобгӯ набошад, бештари донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон вазъияти аз ин бадтарро доранд. Вале ДТИКТ ҳоло фаъолият дорад.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон, аз рӯйи маълумоти вазири маориф, муассисоти кишвар сад фоиз таъминанд. Як қатор мактабҳо бо ангишт, қисмате бо ҳезум ва боқимонда бо маводи биологӣ: «таппак» таъмин карда шудаанд. Вале нишондиҳандаҳо далели он аст, ки ҳама сад фоиз нест. Зеро аз рӯйи маълумотҳо, дар Душанбе хонандагон ва донишҷӯён дар бебарқӣ таҳсил мекунанд, аммо синфхонаҳо бо ангишту ҳезум гарм намегардад.
Дар як нишасти матбуотӣ вазири маориф оид ба 4 соли фаъолияташ маълумот дод. Дар ин ҳисобот қайд кард, ки мушкили бо кадр, яъне муаллим таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ ҳал гардидааст. Аммо изҳор дошт, ки танҳо мушкили бо кадр таъмин кардан ҳал шудааст, лекин маълум нест, ки ин кадрҳо чӣ гуна кадранд. Аммо Президенти кишвар дар вохӯрии худ бо аҳли илму маориф қайд кард, ки ҳоло омӯзгорони баландихтисос намерасанд, чунки дар вақташ тайёр накардем ва то кай аз хориҷа омӯзгоронро бо маблағи калон даъват кунем? Аз ин рӯ, нарасидани кадр низ эҳсос мешавад.
Соли 2010-ро Президенти кишвар соли «маориф ва фарҳанги техникӣ» эълом доштааст. Акнун умед мебандем, ки дар соли оянда вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудии комил орад. Соли нав бо соли маориф ва фанноварӣ барои тамоми мардуми кишвар муборак бошад!

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: