Главная > Мусоҳиба > «АМИТ «Ховар» ба манфиати шахсони алоҳида кор намекунад»

«АМИТ «Ховар» ба манфиати шахсони алоҳида кор намекунад»

Ҳафтаи гузашта Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» 84-сола шуд. Вобаста ба ҷашни Агентӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти он сӯҳбате доштем бо директори расонаи иттилоотии мазкур, ки пешкаши хонандаи азиз мегардад.
— Мӯҳтарам Садриддини Шамсуддин, нахуст 84-солагии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро ба Шумо ва ба кулли миллати тоҷик муборак мегӯем.
— Ташаккур! Дар ҳақиқат нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус АМИТ «Ховар» дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон назаррас аст. Агентии «Ховар» дар давоми 84 сол рисолати расонаии худро ба таври назаррас таъмин намуда, минбаъд низ онро бомуваффақият идома хоҳад дод. Моҳи декабри соли ҷорӣ мо 85-солагии АМИТ «Ховар»-ро қайд менамоем ва умед дорем, ки Шумо низ яке аз меҳмонҳои фахрии ин ҷашнвора хоҳед буд.
— АМИТ «Ховар» таърихи тӯлоние дорад ва дар ин давом чанд бор ном иваз кард. Сабаб чист? Иваз шудани номи як расонаи иттилоотӣ то кадом андоза метавонад стратегияи кори корхонаро тағйир диҳад?
— Агентии телеграфии «ТоҷикТА», ки то замони ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ «ТАСС» фаъолият менамуд, 10-уми апрели соли 1992 ҳамчун як сохтори мустақил ба ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Ҳангоми муайян кардани мақоми расмии он дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пеш омад, ки ин сохтор тағйири ном кунад. Бинобар ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 117 аз 10.04.92) номи расмии «ТоҷикТА» ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» табдил дода шуд. Аммо ин номи нав («Маркази иттилоотӣ») ҳангоми аз забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони муоширати байни миллатҳо (русӣ) тарҷума кардан («Информационное агентство») маънои дигарро ифода менамуд, ки чунин тарҷумаи нодуруст (марказ-агентство) дар натиҷа ба мақоми ин сохтор таъсири манфӣ мерасонд. Бо мақсади ислоҳ кардани ин ғалат 30-юми апрели соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи МИТ «Ховар» ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Национальное информационное агентство Таджикистана «Ховар» при Правительстве Республики Таджикистан) мубаддал гардид. Айни замон Низомномаи нави Агентӣ тасдиқ карда шуд. Тибқи Низомнома, мақоми расмии АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Аз ин рӯ, гуфтанист, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, қариб ҳамаи сохторҳои давлатӣ ба хотири муайян намудани мақоми расмии худ тадриҷан тағйири ном карданд, ки Агентии иттилоотии «Ховар» низ дар ин радиф шомил буд.
— Гуфта мешавад, ки ТАСС дар замони фаъолияташ дар як моҳ 100 хабар пахш мекард. Аммо имрӯз доираи пахши хабарҳои АМИТ «Ховар» 300 ва зиёдтар аз ин дар як моҳ аст. Ин аз кадом ҳисоб аст: афзудани шумораи кормандон, дастрасӣ ба техникаи муосир, оҷилият ва ё кӯмаки бештари молиявӣ ба хабарнигорон?
— Ин пеш аз ҳама дастрасӣ ба техникаи муосир, ки бевосита ба оҷилият мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил бо аксари кишварҳои сайёра рӯз то рӯз муносибатҳои дипломатияшро тақвият медиҳад, ки дар натиҷа доир гардани чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар хориҷи кишвар бо иштироки ҷониби Тоҷикистон бештар мегардад. Аз ин рӯ, зарурати инъикоси ҳамаҷонибаи онҳо ва бештар муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боис мегардад, ки шумораи хабарҳои АМИТ «Ховар» зиёд гарданд. Дигар ин ки, имрӯз талаботи ҷомеа ба иттилои саҳеҳ ва оҷилӣ хеле афзудааст ва вазифаи асосии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳам ҷамъоварӣ ва паҳн намудани ахбори саҳеҳу оҷил тариқи воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриву хориҷӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии давлат, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотӣ дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамарӯза бо таваҷҷӯҳ ба набзи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон пайваста фаъолият дорад. Бартарии фаъолияти АМИТ «Ховар» назар ба фаъолияти дигар воситаҳои ахбори умум дар он аст, ки тавассути Агентӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна на камтар аз 100 маводи иттилоотӣ интишор мегардад. Агар то моҳи январи соли 2008 шумораи истифодабарандагони сайти Интернетии АМИТ «Ховар» дар як рӯз то 800-900 нафар бошад, пас дар давоми соли 2009 ин шумора ба таври назаррас (1000-1500 нафар) афзуд.
— Андешае мавҷуд аст, ки гӯё «Ховар» ҳамчун корхонаи давлатӣ бештар ба пахши хабарҳои расмӣ машғул аст ва аз воқеияти ҳангомадор худро канор мегирад. Ин андеша то куҷо воқеият аст?
— АМИТ «Ховар» кӯшиш менамояд, ки ягон воқеаи дорои аҳамияти ҷумҳурӣ ва байналмилалии кишвар аз доираи назари иттилотӣ берун намонад. Қобили зикр аст, ки Агентии «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотӣ мекӯшад тамоми рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷи кишварро ба таври возеҳу саҳеҳ, бо такя ба сарчашмаҳои расмӣ инъикос намояд. Дигар ин ки, АМИТ «Ховар» мисли расонаҳои хабарии дигар дар ниқоби «расонаи хабарӣ» ба манфиати шахсони алоҳида ё давлатҳову созмонҳои манфиатдор кор намекунад. Аз ин рӯ, рӯйдодҳоро холисона, албатта бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ инъикос намуда, ба ҳар гуна иғво ва валвалаҳои бегонагон дода намешавад.
— Коршиносон бар ин ақидаанд, ки АМИТ «Ховар», сарфи назар аз пахши хабари зиёд, миёни аҳолии кишвар маҳбубият надорад. Пас, тафовути он аз дигар расонаҳои иттилоотӣ чист?
— Фикр мекунам ин саволатон давоми мантиқии саволи пешина аст ва аллакай ман ба як паҳлӯи муҳими ин масъала дар боло дахл кардам. Имрӯз агар аз нигоҳи холисона нигарем, расонаҳои ҳангоматалаб бештар дар байни киҳо «маҳбубият» доранд? Инро аллакай, фикр мекунам, пай бурдед. Албатта ба ҳамагон маълум аст, ки дилхоҳ ташкилот ё ҷамъият новобаста аз шакли фаъолияташ, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ё созмону давлатҳо маблағгузорӣ мешавад, ба ҳамон хизмат карда, ҳамеша мекӯшад манфиати онро боло гузорад.
Ҳаминро ҳам махсус таъқид мекунам, ки мо нисбат ба фаъолияти дигар расонаҳо ягон шубҳа ва нигоҳи бегонапарастӣ надорем, вале бояд ҳамеша манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои дигар боло гузорем. Бигзор хонандаи нуктасанҷ худаш донад, ки расонаи хабарии маҳбуб кадом аст.
— Имрӯз як камбуди журналистикаи тоҷик танзими нокофии фаъолияти мухбирони минтақавист. Бигӯед, ки хабарнигорони минтақавии АМИТ «Ховар» чӣ шароитеро дар ихтиёр доранд?
— Саволатон бисёр ба маврид аст, зеро АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотӣ бояд тамоми ҳодисаву рӯйдодҳои саросари ҷумҳурӣ ва бо қадри имкон берун аз онро оҷилан инъикос намояд. Биноан, ба кори пурсамари шабакаи маҳаллии мухбирон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Агентӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Мухбирони махсуси АМИТ «Ховар» дар ВМКБ (2 нафар), дар вилояти Суғд (3 нафар), дар вилояти Хатлон (3 нафар) ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (4 нафар) ба таври самарабахш фаъолият менамоянд. Ҳамаи мухбирони минтақавӣ дар баробари кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ низ бо дастгоҳҳои муосир ва шароити хуби корӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин, фаъолияти эшон низ қобили қаноатмандист.
— Бе ҳамкориҳои судманд бо расонаҳои бузургмавқеи хориҷӣ ва доштани намояндагони худ дар хориҷи кишвар расонаи иттилоотии дар сатҳи миллӣ аз тарғиби шоистаи фарҳангу сиёсати миллӣ қафо мемонад. АМИТ «Ховар» дар ин самт чӣ чораҷӯиҳое намудааст?
— Гуфтанист, ки фаъолияти АМИТ «Ховар» бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад, ки ин боиси васеъ шудани доираи муштариён гардидааст. Маводи иттилоотии АМИТ «Ховар»-ро радио ва телевизони Тоҷикистон, рӯзномаҳои ҳукуматӣ, ҳизбӣ ва як қатор нашрияҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои давлатҳои ҷаҳон, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, истифода мебаранд.
АМИТ «Ховар» бо агентиҳои иттилоотии «Синхуа» (Чин), «РИА-Новости», «ИТАР-ТАСС», «Би-Би-Си Мониторинг», АПП (Покистон), давлатҳои араб ва агентиҳои миллии иттилоотии баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Маводи иттилоотии АМИТ «Ховар» ба воситаи шабакаи Интернет тавассути сайти махсус (www.khovar.tj) паҳн мегардад ва ин сайт, ки тақрибан дар тамоми низоми интернет аз қайд гузаштааст, аз ҷониби вобастагони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет манбаи асосии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст.
Сайти иттилоотии АМИТ «Ховар» дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет соҳиби домени алоҳида аст ва почтаи электронии он робитаи дутарафаро бо аҳли ҷаҳон таъмин менамояд. Сайти Агентӣ ба шахсоне, ки бо шабакаи интернет пайваст ҳастанд, аз ҷумла ба сокинони минтақаҳои дур аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саривақт бо иттилооти дақиқи сатҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ ошно шудан шароити мусоид фароҳам меоварад.
Маврид ба зикр аст, ки нахустин маротиба дар таърихи Тоҷикистон шабакаи мухбирони махсуси бурунмарзӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар тӯли беш аз 80 сол (аз соли 1924) мухбири махсуси ҳеҷ кадом аз мақоми иттилоотӣ дар хориҷа фаъолият намекард.
Дар соли 2005 мухбирони махсуси АМИТ «Ховар» дар қисми аврупоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2 нафар), дар Иттиҳоди Аврупо (1 нафар) ва дар давлатҳои Шарқи миёна ва наздик (1 нафар) ба фаъолият пардохтанд. Таъсиси шӯъбаи махсуси АМИТ «Ховар» дар ҳавзаи уқёнуси Ҳинд (Покистон, Ҳиндустон, Хитой, Афғонистон) дар мадди назар аст.
Мо таъсиси радиои «Ховар»-ро ба нақша гирифтем ва моҳҳои наздик он ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки бешубҳа ба фаврияти пахши хабарҳо ва болоравии нуфузу мавқеи Агентӣ мусоидат мекунад.
— Маълумоте паҳн шудааст, ки ба воситаи хабарҳои «Ховар» бори аввал калимаҳои «Вахшстрой», НБО «Норак», «ТадАз», «Пахтаи маҳинах», «Лимӯи тоҷик» ва «Ёвон» ба воситаи агентиҳои иттилоотии дигари умумииттифоқӣ дастраси шунавандагони тамоми ҷаҳон гардонида шудаанд. Пас, АМИТ «Ховар» боз чӣ нақшаҳое дорад? Умуман, муаррифию таблиғи кадом марҳилаи тақдирсоз ва кадом истилоҳи муҳим дар назар аст?
— Бале, дуруст аст, ки бори аввал номҳои зикршуда тавассути «ТоҷикТа», имрӯза «Ховар» паҳн шуда, ба воситаи расонаҳои хабарии умумииттифоқӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шудаанд. Ин рисолатро имрӯз низ АМИТ «Ховар» дорост, зеро дар тӯли фаъолияти худ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар АМИТ «Ховар» тавонист тамоми дастовардҳои даврони истиқлол, аз қабили бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо, пулҳо, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар масоили аҳамияти ҷаҳонидоштаро инъикос намуда, ҷаҳониёнро аз ҷараёни онҳо огоҳ намояд. Умедворам, ки минбаъд низ дар тарғиби сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон, пешравию дастовардҳои миллати тоҷик ва алалхусус дар инъикоси мунтазами ҷараёни корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки имрӯз ба майдони нангу номуси созандагӣ табдил ёфтааст, комёб хоҳем шуд. Ҳаминро ҳам махсус бояд таъкид намуд, ки то имрӯз роҷеъ ба бунёди НБО «Роғун» даҳҳо хабару гузоришҳо ва шарҳу гузоришҳои мусаввар тавассути АМИТ «Ховар» паҳн шудаанд, ки аз онҳо дар саросари олам мардуми таваҷҷӯҳманд баҳра бардоштаанд.
Дар баробари ин, мо тасмим гирифтем аз ҳисоби пасандоз ва маошу ҳаққи қалам ҳар моҳ (дар давоми соли 2010) ба маблағи 1000 сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ намуда, дар бунёди ин сохтмони ваҳдатафзою тақдирсоз иштироки фаъолона дошта бошем.

Мусоҳиб
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
БМСТЖ

Рубрики:Мусоҳиба
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: