Главная > Uncategorized > Ба ДТИКТ «ҳуҷум» карданд

Ба ДТИКТ «ҳуҷум» карданд

28-уми декабри соли 2009 як гурӯҳ ҷавонон, ки бо асбоби гуногун мусаллаҳ буданд, вориди бинои ягона донишкадаи мустақили ҷумҳурӣ ДТИКТ шуда, рафти таълиму тарбияро халалдор намуда, ба донишҷӯёни ин донишкада дарафтоданд.
Дар натиҷаи задухӯрди байни донишҷӯёни ДТИКТ ва гурӯҳи авбош он чанд нафар донишҷӯён зарари ҷисмонӣ диданд. Ба ҷойи ҳодиса кормандони ҳифзи тартибот омаданд. Вале авбошон аз ҷойи воқеа ғайб зада буданд.
Нисбат ба ин масъала аз тарафи ШКД-и ноҳияи Сино парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, айни ҳол тафтишот идома дорад.
Барои ба рафти тафтишот халал нарасондан ҳодисаро пурра шарҳ надодем. Ҳарчанд тадқиқоти мо дар ин самт аз рӯзи аввал оғоз ёфта буду идома дорад. Дар бораи ин ҳодиса фикру ақидаи гуногун асту баъзе онро фармоишӣ меноманд.
Хотиррасон мекунем, ки баҳси навбатии судии байни Вазорати маориф ва ДТИКТ санаи 7-уми январи соли 2010 аз нав шурӯъ мегардад. Ин дафъа барои бекор намудан иҷозатномаи (литсензия) фаъолияти Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон Вазорати маориф ҳамчун даъвогар дар суд баромад мекунад.

Фаридуни УМАРБЕК,
БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: