Главная > Сиёсат > Бен Ладен байни Тоҷикистону ӯзбекистон гардиш дорад?

Бен Ладен байни Тоҷикистону ӯзбекистон гардиш дорад?


Дар як мусоҳибаи дигараш А. Дубнов таъкид мекунад, ки он маълумотро аз Тоҷикистон ба ӯ расонданд. Он «маълумотрасон» эҳтимол гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонро ба тариқи худ тарҷума намуду фиристод, барои манфиат, барои ҳангома. Охир, дар мо ҳар чӣ шуданаш мумкин аст. Вақте ки директори заводи «Востокредмет»-и шаҳри Чкаловро ба ҷурми ҷосусӣ ба манфиати ӯзбекистон боздошт намудаву суд карданд, ман ҳайрон шудам. Ин нафар чӣ хел ба ин вазифа роҳ ёфт? Кӣ ӯро пешбарӣ намуду киҳо тавсия доданд? Мансаби директории як корхонаи калони саноатӣ, ки маҳсулоти аҳамияти стратегӣ дошта истеҳсол менамояд, вазифаи директории мактаб нест. То боздошт шудани ӯ ду нафар корманди баландпояи ин коргоҳро дастгир карда буданд.
Аз воситаҳои ахбори омма мехонед, ки дар вилояти Суғд чанд нафар ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиевро дастгир кардаанд. Ҳамчунин, чанде пеш яке аз тарафдорони ӯро барои ба ҷони раиси ҳукумати шаҳри Турсунзода қасд кардан боздошт намуданд. Пас, маълум мегардад, ки онҳо дар байни мо гаштугузор доранду мавриди муносибро интизоранд.
Чаро ин масъалаҳоро ёдовар шудам? Ба авҷи аълояш расидани баҳси обу қувваи барқ байни Тоҷикистону ӯзбекистон маро водор сохт, баъзе андешаҳои худро оид ба ин масъала иброз намоям, ки бе зикри овардаҳои боло намешуд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» пайдо шуду муносибатҳои ин ду давлат боз ҳам мураккабтар гардид. Баъзеҳо андеша доранд, ки Иттиҳоди Аврупо агар бо миёнравии худ муносибатҳои ин ду кишварро ҳал накунад, имкон дорад он боз шиддат гирад. Ба андешаи дигар таҳлилгарони сиёсӣ, муносибати кунунӣ ба манфиати ҳарду кишвар ҳам нест ва метавонад ин ихтилоф оқибатҳои «нохушии бузург»-ро ба миён орад. Ягон коршинос аҳамияти бузург доштани бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро барои Тоҷикистон инкор карда наметавонад. Онро ҳатман сохтан лозим аст. Ҷониби ӯзбекистон бошад, иброз доштааст, ки «агар аҳолияш ба беобӣ рӯ ба рӯ шавад, ҳеҷ гоҳ худро намебахшад».
Гузаштаи начандон дур, ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ маро пеши назар меояд ва дар як лаҳза фармудаи Рӯдакӣ ба хотирам мерасад: «Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Ҳеҷ н-омӯзад, зи ҳеҷ омӯзгор». Оё аз гузашти талхи халқамон ягон чизе омӯхтем? Имрӯзҳо ба таври ошкору ниҳон, ҳатто аз минбарҳои баланд мегӯем, ки мо тоҷиконро дигарон байни худ ҷанг андохтанд. Модоме чунин бошад, пас чаро аз дарси талхи зиндагӣ сабақ нагирифтаем?
Ҳодисаҳои охири минтақаро ягон шарҳу эзоҳе лозим нест. Ин муносибати сарди Тоҷикистону ӯзбекистонро дигарон метавонанд ба манфиати худ истифода баранд. Вақте мехонед ё мешунавед, ки дар куҷо будани террористи рақами 1 Бен Ладенро Амрико намедонистааст, дар ҳайрат мемонед. Агар ин давлати абарқудрат бо ин қадар тавоноӣ дар куҷо будани террористро надонад, пас кӣ гуфта метавонад, ки ӯ дар куҷост? Шоҳид будем, ки барои «дастгир» намудани ин террорист қӯшунҳои абарқудратон вориди ин ё он давлат мегардад. Вале қӯшунҳо муқимӣ мемонанду террористро пайдо намекунанд.
Беҳуда дар оғоз аз вохӯрӣ, ҷосусони хориҷӣ ва озодона гаштугузор кардани зархаридон ёдовар нашудам. Магар имкон надорад, ки «таркиш»-е ба амал ояду онро «террористон» ташкил намуданд, гӯён ягон абарқудрат барои «дастгир» намудан мудохила кунад?
Аз сомонаи интернетӣ оид ба вохӯрии Президенти ҷумҳурӣ бо рӯзноманигорон огаҳӣ ёфтам. Навиштаҳои А. Дубновро дар мавриди Самарқанду Бухоро мехондаму пеши назарам симои манфури онҳое пайдо мешуд, ки дурӯя не, балки садрӯя ҳастанд. Ҷояш ояд, барои як зарра манфиати худ аз баҳри номусу шарафу миллат мегузаранд. Намедонам дар он вохӯрӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзноманигорон чӣ гуфту ба чӣ тарз гуфт. Чунки асли воқеаро тариқи возеҳ аз ягон нашрияи Тоҷикистон, аз муаллиф — шоҳиди бевоситаи гуфтугузор пайдо накардам. Рӯзноманигорони мо аз чӣ метарсанд?! Агар суханони Президент барои нашр набуд, пас чӣ хел он ба берун баромад? Аз журналистон пешакӣ узр мепурсам. Вале ба ман як журналист нақл карда буд, ки собиқ сафире дар вохӯрӣ бо кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба таври нимшӯхию нимҷиддӣ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон гурӯснатарин мардум журналистонанд. Магар ба мардуми «гурӯсна» бовар карда мешавад?! Онҳо бар ивази чанд фулусе ҳама чиро мефурӯшанд. Кӣ кафил буда метавонад, ки дар байни он даъватшудагон «канизон»-и хадамоти беруна набуданд?

Одинаи ҶӯРА,
сокини шаҳри Душанбе

Advertisements
Рубрики:Сиёсат
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: