Главная > Uncategorized > Дар хоб шикамсерӣ хӯрдам…

Дар хоб шикамсерӣ хӯрдам…

Ду нафар донишҷӯй саргарми сӯҳбат ва баҳсу мунозира чӣ тавр ба назди корпуси ёздаҳум расиданашонро нафаҳмиданд ва ҳарду дар як вақт бо дидани чанд нафар одами калонҷусса дар ҷояшон шах шуда монданд. Зеро дар назди дар ректори донишгоҳ, проректорҳо ва чанд декани факултаҳо рост меистоданд. Донишҷӯён бошанд, дар гардан галстук наовехта буданд. Ректор ба донишҷӯён як назар андохта, табассумкунон гуфт: «Биёед писаронам, боз барои чӣ шах шуда мондед?».
Донишҷӯён яке бар дигаре нигоҳ карда, ҳайрон шуданд ва боварияшон намеомад аз он чизе, ки бо чашми сар медиданд. Онҳо рост ба назди дар омада, ба ректору муовинонаш салом доданд ва дар ҳамин фурсат ректори донишгоҳ пас аз посухи салом ба сухан даромад:
— Донишҷӯёни азиз, дигар ба мо аҳамият надорад, ки галстук мебандед ё не, ба дарс меоетон ё не. Чунки имрӯз донишгоҳи миллӣ ва умуман аксар донишгоҳҳои кишвар ба низоми нави таҳсил даромада истодаанд ва кӯшиш карда истодаанд, ки ба талаботи ҷаҳони имрӯза мувофиқат кунанд. Худи шумо воқиф ҳастед, ки дар системаи кредитӣ донишҷӯй озод аст ва мо бошем ба низоми кредитӣ дохил шуда истодаем.
Дар андак вақт, ки ректор сухан мегуфт, донишҷӯёни зиёде ҷамъ омада, моил ба шунидани суханҳои ӯ шуданд. Ректори донишгоҳ ба суханонаш давом дод:
— Имрӯз ман пас аз чанд муддати зиёд андешаронӣ ба чунин хулосаҳо омадам. Зеро замона инро тақозо мекунад. Ман соли равон маблағи шартномаи донишгоҳро барои он боло бардоштам, ки сафи донишҷӯён камтар гардад. Гумон мекунед, ки ин маблағҳо дар буҷаи донишгоҳ мемонад. Албатта не. Мо имрӯз ба хулосае омадем, ки панҷоҳ фисади он маблағро ба соҳибонашон баргардонем. Ман фикр мекунам, ки ин кори хайре мешавад барои донишҷӯёни камбизоат, ки дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар соли оянда кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёни тасодуфӣ чӣ дар гурӯҳҳои шартномавӣ ва чӣ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба донишгоҳ дохил нашаванд. Сабаби асосии баланд бардоштани маблағи шартномаҳо ва ҳам пули хобгоҳҳо аз тарафи раёсати донишгоҳ аслан ин ҳамон таъсири кризис буд. Имрӯз, ки аз бӯҳрони молию иқтисодӣ раҳо ёфтем ва дар буҷаи донишгоҳ андак сармоя ҳам гирдоварӣ шуд, ба хулосае омадем, ки панҷоҳ фоизи маблағҳои шартномавӣ ва сесад сомониеро, ки донишҷӯён барои хобгоҳ дода буданд, баргардонида диҳем.
Зиёда аз сад нафар донишҷӯе, ки ҷамъ омада буданд, аз ин суханони ректор бисёр хушнуд шуда, кафкӯбӣ намуданд. Дар ҳамин вақт комменданти хобгоҳи рақами шаши донишгоҳ аз куҷое пайдо шуда омад. Ректор бо дидани коммендант асабонӣ шуда, боз ба сухан даромад:
— Рафиқ комендант, мувофиқи маълумоти расида, шумо ва муовинонатон дар хобгоҳ маркази савдо кушодаед. Яъне, равшантар карда гӯем, барои донишҷӯёнро дар хонаҳои дуодама ҷой кардан шумо аз онҳо маблағ талаб менамудаед. Баъзе донишҷӯён шикоят намуданд, ки шумо ва муовинонатон аз онҳо ба маблағи сад сомонӣ гирифтаед. Гӯш кунед комендант, худи ҳозир ба хобгоҳ баргашта, он маблағҳоеро, ки аз донишҷӯён гирифтед, баргардонида диҳед. Боз нашавад ки касе аз донишҷӯён ба назди ман барои шикоят ояд. Супориши дигар ин ки, аз ҳамин рӯз иборатан дар мағозае, ки дар поёни хобгоҳ фаъолият дорад, нарху наворо панҷоҳ фоиз арзон кунед. Нашавад, ки як нон як сомонӣ бошад, онро бояд панҷоҳ дирам фурӯхт. Натанҳо нон, тамоми лавозимоти зарурӣ ва хӯрока бояд ҳамин хел арзон шавад, зеро ҳамаи он чизҳоро буҷаи донишгоҳ таъмин мекунад. Чизи дигар ин аст, ки рафиқ комендант, худи ҳамин рӯз ба масъулини хобгоҳ фармон медиҳед, то ҳар камбудие дар хобгоҳ ҳаст, бартараф намоянд. Он мизу курсӣ ва катҳои хоберо, ки шикастаанд ва ё фарсуда шудаанд, зуд таъмир кунед ва навҳояшро аз бозори Султони Кабир дастрас намуда биёред. Масъалаи дигар оби гарм аст. Соли гузашта чанд нафар аз донишҷӯён барои сар надодани оби гарм шикоят карда буданд. Акнун ки фасли сармо расидааст, сари ин масъала чораҷӯйӣ намоед, ки боз гапҳои гуногун сар нашавад.
Баъд аз ин ректор ба ҷониби донишҷӯён гашта гуфт:
— Як хабари хуши дигар донишҷӯёни гиромӣ, мо аз фонди хайрияи донишгоҳ барои донишҷӯёни хобгоҳи рақами шаш ғамхорие кардем. Яъне, ошхонае, ки дар поёни хобгоҳ аст, аз ин рӯз иборатан ба доишҷӯён хӯроки ройгон медиҳад.
Ректор ҳаминро гуфту дигар донишҷӯён ба ӯ фурсати сухан гуфтанро надоданд. Хурсандиву кафкӯбии донишҷӯёнро ҳадду канор набуд. Онҳо намедонистанд ки чӣ гуна миннатдории худро изҳор намоянд.
Ману рафиқам, ки пагоҳии саҳар ношто накарда будем, дарс аз хотирамон баромаду ба хобгоҳ рафтем. Дар хобгоҳ моро хурсандона пешвоз гирифтанд. Шикамсерӣ хӯрок хӯрда, пас аз он ба донишгоҳ баргаштем. Суханронии ректор ҳоло ҳам давом меёфт. Ба соати дастам назаре андохтам. Соат аз 11:01 гузаштааст. Ҳамин вақт занги марғуладори корпуси ёздаҳум беист садо баланд кард. Осемасар ба донишгоҳ даромаданӣ шудаму ногоҳ пешпо хӯрда ба замин афтодам. Зуд ба хотирам омад, ки дар қафо чӣ қадар донишҷӯён истодаанд. Онҳо маро дида, бар ҳолам механданд. Бо ҳамин фикр якбора аз ҷоям ҷаҳида хестам. Овози занг ҳоло ҳам давом меёфт, аммо дар атроф касе набуд, ҷуз чор девори атрофи хона. Дурустар зеҳн монам, фаҳмидам ки он садо садои занги корпуси ёздаҳум не, овози занги будилникест, ки худам барои аз хоб бедор шуданам шаб дуруст карда монда будам.
Пас аз чанд лаҳзаи бедор шудан афсӯс мехӯрдам, ки ҳама чизро дар хоб дида будаам ва орзу кардам, ки кош дар бедорӣ ҳам онро медидам.

Эҳсони АБДУЛЛО, донишҷӯй

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: