Главная > Uncategorized > Паланг, Наҳанг, Гаранг, Таранг дар ТВ «Пойтахт

Паланг, Наҳанг, Гаранг, Таранг дар ТВ «Пойтахт

ва ё мӯҳтарам Раҳмон Остон ба осмон менигарист?

Сухан ба дарозо накашида, пӯсткандаи гапро мегӯям. Манзур як барномаи «фарҳангӣ»-и шабакаи телевизионии «Пойтахт» аст, ки дар майнаам доғи мағшуше гузоштаву намехоҳам ин доғро осон аз худ дур ва роҳандозони барномаро масрур намоям. Ин барнома саҳнаест монанд ба саҳнаи мазҳакаву таҳқири мардуми тоҷик ва бадтар аз тавҳим, ки шояд бо зиштияш собиқа надошта бошаду чандин нафари порсоро ба чоҳи жарфи пурғалат афганад.
Қариб ки шабакаи телевизиониеро наменигарам, ба истиснои баъзе мавориди ногаҳонӣ. Вале дар бисёр чунин мавридҳо назарам ба наворҳое меафтад, ки узубати каломро ба залилӣ расонидаву дархӯри тамошои тамошогари тоҷик нестанд. Хамин гуна наворро шаби 31-уми декабри соли 2009 ба 1-уми январи соли 2010 тариқи шабакаи телевизионии «Пойтахт» дидам. Дидам, ки барномаи солинавӣ буд ва чорнафараи масхарабоз бо саҳначаашон гӯё рӯҳияи ба 0 афтодаи мардумро боло мебардоштанд. Ин чорнафараро ном Паланг, Наҳанг, Таранг ва Гаранг буд. Онҳо миёни худ баҳс доштанд. Ҳар кадом ба таърифи сифоти худ ва соли худ машғул. Паланг аз тезчанголиву чаққонии худ меболиду Наҳанг зер — зери об шино карда, ҷойи сарояндаҳои «ҳавоӣ» ба Амрико рафтан мехост. Байни Гарангу Таранг ҳам гуфтугӯ атрофи номи санъаткорон бархост. Сарояндаи ӯзбекистонӣ Юлдузро мисол оварданд ва Таранг даҳон инҷ кард, ки ин санъаткор ба ӯ маъқул нест. ӯ иддао дошт, ки Юлдуз хуб намехонад ва дар идомаи иддаояш бо лаҳни пархошҷӯёнаву ночаспон ба сароянда тақлид намуд: «Ааа-ааааа-аа-а». Боз бадтар аз ин: «Ъаъ-ъаъ-ъаъ-ъаъ». Дар интиҳо: «Пппп». Чӣ фаҳше! Чӣ тамасхуре! Ин Тарангро чӣ расида, ки бе истиҳола садои шахсиятро ба овои улоғаке ташбеҳ додаву боз механдад!? Бовар дорам, агар Юлдуз ин наворро бубинад, тамоми талаботи қавонини ҷориро сӯйе гузошта, дархост мекунад, ки Тарангро аз пояш овезанд. Агар бо худи Таранг рӯ ба рӯ ояд, ҳатман хоҳад гуфт: «Канор бирав ва андоми худ ба оби шамар бинмо, то худ чеҳраатро бубиниву баъд ба таҳқири дигарон бипардозӣ!».
Гумон накунед, ки ҳамин ҷо «ҳунар»-и саҳначаороёни чоргона анҷом мепазирад. Баъд аз он ки нидои «Пппп» аз ниҳоди Таранг берун мешавад, Гаранги хушконҷ ба пасопушти ӯ менигарад ва ҳайратзада мегӯяд: «Инро бинед, аз қафояш дуд мебарояд». Гаранг ба Палангу Наҳанг муроҷиат мекунад, барои тасдиқи нутқи Гаранг. Онҳо низ мегӯянд, ки оре, аз қафои Таранг дуд баромада истодааст. Табассуми хунуке дар лабони Таранг ҳувайдо мешавад ва бо кароҳат мегӯяд: «Ҳарсетон ядудӣ намегирен!?». Ин гуна фаҳши бепардаро ба ғайр аз бефарҳангӣ боз чӣ ҳам баҳо додан мумкин аст? Ин тоифа санъаткорони хасакиро кӣ ҳуқуқ додааст, ки аз минбари мардум истода, ба мардум иҳонат зананд!? Агар онқадар вазнин шудаанд, ки худро натвонанд дошт, пас бубояд ба дуриҳо бираванд. Берун аз пойтахт шаванд, ки сокинонаш сомеони «Пойтахт»-анд. Бираванд ба домани адирҳои Варзобу Ромит ва ҳар андоза ки дилашон мехоҳад, «дудашонро холӣ кунанд»-у «дуд гиранд»!!!
Акнун бубинед, ки давоми барномаи солинавии ТВ «Пойтахт» чӣ шуд! Навори телевизионӣ гоҳ — гоҳ канда мешуд. Ҳамин буд, ки саҳначаи самоҷати чоргонаи сояхусби дар боло зикршуда расо се маротиба пайи ҳам пахш гардид. Ниҳоят, симои он чор нафар аз ойинаи нилгун ғайб заду ҷой ба баррандаи барномаи солинавӣ дод. Баранда мехост нишастагонеро аз тарабхонаи «Ёқут» муаррифӣ кунад, вале дарзамон навор канда шуд. Рӯйи экран симои шоири маҳбуби тоҷик Гулназар намоён гашт. Аммо боз навор кандид ва якбора корвони эълону реклом холигии бавуҷудомадаро пур намуд. Ин замон соат 23-ю 21 дақиқа буд. Баъд фосила бо пахши лаҳзаи лирикие, ки қадаммонии чанд нафар занро дар бар дошт. Соат 23-ю 28 дақиқа. Боз реклама!!! Соати 23-ю 28 дақиқа филми ҳунарӣ оғоз ёфт ва ман сар ба ҷайби хоб гузоштам.
Рӯзе аз сар гузашт. Шаби 1-ум ба 2-юми январ боз тугмаи шабакаи телевизионии «Пойтахт»-ро пахш кардам. Ин бор махсус. Барои донистани он, ки имрӯз шабакаи мазкур чи чизи ҷолибе пешкаши тамошогар менамояд. Тазодро бинед! Боз ҳамон саҳначаи фаҳши дирӯза! Биёед дигар дар ин боб нагӯям, ки забонам насӯзаду шумо хонандагони азизро дарди сар надиҳам! Зеро ин саҳнача тарқеъи ночаспону чиркинест ба барномаи фарҳангӣ.
Барномаи солинавӣ идома дорад. Соат 19-у 35 дақиқа. Ахиран баранда тавонист дар бораи чорабинии солинавии тарабхонаи «Ёқут» сухан гӯяд. Шоири маҳбуб Гулназар низ суханронии хубе дошт. Дар бораи душвориҳо ҳарф зад, оид ба фурӯши саҳмияҳои «Роғун» фикрашро баён намуду шеъри тозаэҷодашро қироат кард, ки мисраи баландпояаш ин аст: «Аё Роғун, мунаввар бош, шабохун зан, музаффар бош!». Соати 19-у 45 дақиқа суруди «Ватан»-и Қобилҷон Зарифӣ садо дод. Шамсиддину Ситора низ сарфи назар аз ҷавонияшон суруди равонеро пешкаши тамошогарон намуданд. «Қаҳқаҳа ханда кардӣ ту, бигардум»,- месуруд Шамсиддин ва Ситора дар ҷавоб мехонд:
Ошиқи зорат гаштаме, чӣ созам?
Нигоҳи ганда кардӣ ту, бигардум.
Сароянда Амони Аминзод рӯйи саҳна омад. Баробари дидани ӯ фикр кардам, ки чун аз Шамсиддину Ситора чанд сол бузургтар аст, шояд боз беҳтар суруд хонад. Вале ҳайҳот! Бубинед чӣ хонд:
Лайлӣ суроғат меравам,
Дидори ёрам меравам.
Лайлӣ баҳори манайе,
Чобу чолок меравам.
Ва боз:
Дар суроғат манаме,
Дар паноҳат манаме,
Дар ҳаёти зиндагӣ,
Дар канорат манаме.
Ана ҳамин хел! Ёбеду гиред! Фаҳмиши сарояндаҳои мо ба ҷое расида, ки ҳаётро аз зиндагӣ, чобукро аз чолок фарқ намекунанд. Чӣ нолем аз он, ки калимаи «чобук»-ро «чоб» мехонанд!?
Соат 21-у 54 дақиқа аст. Ҷавонон ба рақсу сурудхонӣ медароянд.
Биё, ки хилвати ман то ҳанӯз бӯи ту дорад,
Дили садпораи ман ҳаваси рӯи ту дорад,-
замзама мекунад Низоми Қутбиддин. Ман бошам, хеле — хеле хушнуд мешавам, ки ана, боз як сарояндаи ҷавону умедбахши дигар ҳам доштаем. Аммо ин дам Тарангро мебинам, ки миёни ҷавонон «замонавӣ» мерақсад.
Суруди Сӯҳроби Сафарзод, баъдан, аз Қобилҷон Зарифӣ садо медиҳаду соати 22-ю 05 дақиқа барномаи солинавӣ анҷом меёбад. Рӯйхати ному насаби гурӯҳи эҷодӣ рӯйи экран меояд. Дар охир номи Раҳмон Остон — мушовири барномаи солинавӣ. Акнун ба фикр фурӯ меравам: Ҳангоми таҳияи барнома, яъне пеш аз пахши он мӯҳтарам Раҳмон Остон ба осмон менигарист, ки роҳ ёфтани саҳначаи фаҳшро надид? Агар дида бошад, чаро садди роҳ нашуд? Охир, ӯ мушовири барнома аст-ку!Солҳои охир зиёд мешунавем, ки мунаққидони соҳаи журналистика фаъолияти шабакаҳои телевизионии давлатиро зери тозиёнаи танқид мегиранд ва аз боби берабтиву хандахаришии барномаҳои онҳо садо баланд мекунанд. Аммо, вақте барномаи фарҳангиеро дар ҷомаи ғариби фаҳшзо мебинед, зиёд андар зиёди андешаҳои ин қабил мунаққидон ботил мешавад. Бад-ин маънӣ, ки худ ба худ меандешед: «Ҳамин ахбори расмию забонзадаи ТВТ-ю «Сафина» ҳазор бор сотеъу муфид аз қилу қоли бархе ёвагӯён аст!».

Фазлиддин АСОЗОДА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Февраль 10, 2010 в 8:18 дп

    саломю
    матлаби шуморо хондам. хуб буд.

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: