Главная > Иктисод > Чаро вазири саноат неву вазири иқтисод рафт?

Чаро вазири саноат неву вазири иқтисод рафт?

Ба иттилои масъулини Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, дар давраи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бештари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд. Тавре Амонулло Ашӯр, муовини вазири иқтисоди кишвар дар як нишасти матбуотӣ хабар додааст, дар семоҳаи аввали соли 2009 сӣ фисади корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 8,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Мувофиқи маълумотҳо дар кишвар 779 корхонаи бузурги саноатӣ мавҷуд аст, ки дар нимсолаи авали соли 2009 дусаду чордаҳтои он тамоман кор накардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба эътимоди Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, бештари корхонаҳо дар кишвар хусусӣ гардонида шуда, танҳо 13 фисади онҳо давлатӣ мебошанд. Ба гуфтаи вай ин теъдоди ками корхонаҳои давлатӣ 53,6 фоизи маҳсулотро истеҳсол мекунанд, вале бештари корхонаҳои хусусӣ муфлис шудаанд ё бар зарар кор мекунанд. ӯ мегӯяд, ки корхонаҳои хусусӣ на истеҳсол мекунанд, на аз ӯҳдаи кор мебароянд ва дар натиҷа истеҳсол, ки ба роҳ монда нашуд, андоз низ намесупоранд, ки бар зарари давлат аст. Дар оқибат замини корхона барои манзили истиқоматӣ ва бунёди хонаҳо фурӯхта мешавад. Шодӣ Шабдолов пешниҳод дорад, ки дар Тоҷикистон бояд ба шакли давлатӣ кардани моликият гузаранд.
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки мақсад аз қабули қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ва ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият баҳри рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ нигаронида шуда буд. Дар муддати 12 соли амали қонуни мазкур қариб ҳамаи корхонаю хоҷагиҳои давлатӣ хусусӣ гардонида шуданд. Вай гуфт: «Қисми корхонаҳое, ки шакли моликияташонро тағйир додаанд, ба он муваффақ гардидаанд, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, ҷойҳои кори иловагӣ ташкил кунанд ва андозҳои давлатиро сари вақт супоранд. Вале, мутаассифона, қисми зиёди ин корхонаҳою хоҷагиҳои хусусигардонидашуда аз фаъолият бозмондаанд ва ё бо зарар кор мекунанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар 9 моҳи соли 2008 корхонаҳои фаъолияткунандае, ки зарароваранд 25,5 фоизро ташкил додаанд. Бархе аз корхонаҳои шакли моликияташонро дигаркарда на танҳо аз фаъолият бозмондаанд, балки воситаҳои асосии истеҳсолотро фурӯхтаанд ва ҳатто ҳолатҳое низ ҷой дорад, ки заминҳои корхонаҳоро барои сохтмони манзил фурӯхта истодаанд».
Ба эътимоди ӯ, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», ки лоиҳаи он мавриди омӯзиш қарор дорад, метавонад дар ин самт таъсири мусбат расонад.
Семечкаву тухм аз хориҷа
Ба андешаи коршиносон, яке аз омилҳое, ки ба фаъолияти корхонаҳо таъсири манфӣ мерасонад, гаронии андоз ба ҳисоб меравад. Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки гӯштро аз худи Бразилия тавассути киштиҳо, аз он ҷо бо поезд ва сипас тариқи мошинҳои боркаш ба Тоҷикистон меоранд, вале нархи он аз қимати гӯште, ки дар фабрикаҳои гӯштбарории кишвар истеҳсол мешавад, арзонтар аст. Вай гуфт: «Зеро дар Тоҷикистон корхонаҳоро дастгирӣ намекунанд. Соҳибкорони хориҷӣ аз содир кардани гӯшт НДС (андоз аз арзиши иловашуда) намесупоранд, аммо дар мо андозро зиёд меситонанд. Аз ин хотир, маҳсулоти мо дар бозори дохиливу хориҷӣ рақобатнопазир мегардад. Дар натиҷа, савдогарони берунӣ тамоми молу маҳсулот, аз қабили тухму семечка, гандум ва себу тарбузро ба Тоҷикистон ворид мекунанд».
Матлуба ӯлҷабоева, раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкорон мегӯяд, барои корхонаҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба истеҳсолот машғуланд, андози баланд муқаррар гардидааст. Гарчанде андозро то 18 дар сад паст карда бошанд ҳам, дар шароити Тоҷикистон ҳоло низ гаронӣ мекунад. Зеро аз сабаби баланд будани андоз нархи маҳсулоти тайёр низ меафзояд ва маҳсулот дар бозори дохиливу хориҷӣ рақобатнопазир мегардад. Вай ба унвони мисол корхонаи ҷӯроббарории «Нафиса»-ро меорад, ки пештар бо ҷуробҳои худӣ аҳолиро таъмин менамуд. Имрӯз он қариб аз фаъолият бозмондааст ва бозори моро молҳои пастсифати чинӣ ишғол кардааст. Ба гуфтаи ӯ, комбинати нассоҷии Душанбе низ ба иқтидори пуррааш кор намекунад ва истеҳсолаш хеле кам аст. Маҳсулоти пахтагии он аз маҳсулоти пахтагии Чину Ҳиндустон гаронтар аст. Ҳамаи инро аз гарон будани андоз дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.

Барқ қимат, маоши шоиста куҷост!?
Иллати дигари муфлисшавии корхонаҳоро таҳлилгарон ба гарон будани арзиши барқ дар кишвар маънидод мекунанд, ки аз оғози соли 2010 сар карда, барои истифодаи 1 киловатт соат нерӯи барқ 10 дирам ё 2,5 сенти амрикоӣ супоридан лозим меояд. Масъулони «Барқи тоҷик» мегӯянд, ки болоравии қимати нерӯи барқ дар соли 2010 ба зарурати баргардонидани қарзҳои гирифта барои сохтмон ва таҷдиди иншооти энергетикӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ба мақомоти расмии Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки то соли 2010 қимати барқро ба 2,5 сент баланд бардоранд, то ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар шавад. Аммо бархе таҳлилгарон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи афзоиши қимати барқ вазъи иқтисодии бисёре аз хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон боз ҳам душвортар хоҳад шуд. Дар як соли ахир ин бори сеюм аст, ки қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад ва дар ин муддат нархи як киловатт соат барқ ду баробар афзуда, аз 4,8 дирам то 10 дирам расидааст.
Коршиноси масоили иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, намояндаҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ё Хазинаи байналмилалии асъор ба мақомоти дахлдори кишвар ёд медиҳанд, ки хеле хуб мешавад, агар дар Тоҷикистон нархи электроэнергияро 25 фоиз зиёд кунанд. Барои он ки оянда, агар арзиши барқ бо нархҳои ҷаҳонӣ баробар шавад, сармоягузорон аз хориҷ меоянд ва маблағгузорӣ мекунанд. Вай гуфт: «Аммо дар асл гиред, стансияҳои электрикӣ барои аҳолӣ, барои саноат, барои соҳаи кишоварзӣ, барои тамоми соҳаҳои иқтисоди реалӣ барқ истеҳсол мекунанд. Яъне ҳамаи онҳо истеъмолкунанда ҳастанд. Агар ҳар қадар барқ арзон бошад, ҳамин қадар қобилияти ҷалбкунии сармоя зиёд мешавад. Масалан, касе мехоҳад ба соҳаи хоҷагии қишлоқ сармоягузорӣ кунад, вале агар нархи барқро мо хеле баланд бардорем, ӯ фоида ба даст оварда наметавонад. Зеро об ба воситаи насосҳо меояд ва насосро барқ ба кор меандозад. Он гоҳ арзиши аслии пахтаю шолӣ, помидору сабзӣ ва ғайра зиёд шуда рафтан мегирад. Агар барқ арзон бошад, арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ низ паст мешавад».
Аммо мақомоти давлатӣ ба сармоягузории хориҷӣ шадидан ниёз доштанро исрор карда, ба баланд бардоштани арзиши нерӯи барқ талош доранд. Акнун аз мардум барои истифодаи нерӯи барқ пули бештар гирифта мешавад. Пас суоле матраҳ аст, ки маоши коргарон ва нафақаи аҳолиро кай зиёд мекунанд?
Нокомии Вазорати саноат
Ҳарчанд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо эълом дошта буданд, ки рушди иқтисоди кишвар новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявӣ дар соли сипаришуда 7 дар садро ташкил хоҳад дод, аммо ин нишондиҳанда ба 3 дар сад пойин рафт. Ин дар ҳолест, ки соли 2008 рушди иқтисод ба 8 дар сад баробар шуда буд. Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд яке аз сабабҳои аз мансаби вазирӣ рафтани Ғуломҷон Бобозода пастравии рушди иқтисод бошад, ки ҳисоботи он дар ҷамъбасти нӯҳмоҳаи соли 2009 сурат гирифт.
Аммо на танҳо Вазорати иқтисоди кишвар, балки дигар ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати саноат низ ба нокомиҳо рӯ ба рӯ шуд. Вале суоле матраҳ аст, ки чаро вазири иқтисод ва савдо аз мансаб рафту вазири саноат не?
Ба андешаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коҳиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ин ҳамон раванди ғайрисаноатикунонии Тоҷикистон аст. ӯ пешниҳод мекунад, ки Ҳукумати кишвар бояд дар ҷаласаи ҷамъбастии худ асосан ба масъалаи саноат ва дигаргунии кадрҳо дар соҳа аҳамият диҳад. Зеро на вазири саноат ва на он нафароне, ки дар ин бахш кор мекунанд, ба талаботи дар наздашон гузошта ҷовабгӯ нестанд. Вай мегӯяд, якум ба кадрҳо ва дуввум ба сиёсати ҷорӣ кардани табодули воридот аҳамияти ҷиддӣ бояд дод. Зеро сиёсати табодули воридот маънои барқарор кардани истеҳсоли ватанӣ мебошад. То имрӯз ҳаҷми воридот аз ҳаҷми содирот се маротиба зиёд мебошад, ки ин фалокати калон бар сари мамлакат аст. Ин хусусан ба саноат дахл дорад. Сеюм, бояд ба рушди инноватсионии кишвар диққат дода шавад. Вай гуфт, агар имрӯз роҳи рушди инноватсиониро пеш нагирем, зери пойи давлатҳои ҳамсоя мемонем. Ҳоло фондҳои асосии истеҳсолӣ дар ҳолате ҳастанд, ки тақрибан 90 фоизи онҳо фарсуда шудаанд. Таҷҳизоти технологиро нав кардан зарур аст.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Рубрики:Иктисод
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: