Главная > Uncategorized > Шикастхӯрдаҳои пирӯз

Шикастхӯрдаҳои пирӯз

Юсуф ё Расулеро парваридан бори чанд даҳсолаест

Ба гоҳе ки дар Олимпиадаи Пекин Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев ҳарифони муқтадири худро ба сад оҳангу ребу ранги ватанхоҳона меафтонданд, сар ба гардун месудем аз ин ифтихор. Он рақибонеро, ки паҳлавонҳои мо шикаст доданд, осон набуду осон нест пушт бар замин кардан. Чаро ки ҳар кадоме то Пекин омадан ба гӯши сар бишнида буданд он ҳама подошҳои моддию маънавиро билоивази натиҷаҳои чашмраси худ. Ва ҳар касеаш девонавору ҷазмӣ набард мекард, то пирӯз ояду паттаи (солим ё подош) муқаррарнамудаи давлати қадршиносашро ҳалол кунад, ки ба ҳафт пушташ мерасид ва дар қиёс бо ваъдаҳои давлати мо фузунтар аз сад карат буд ки кам не. Аслаш рахнаҳо бар иродаи варзишгарони худ қабл аз сафари Пекин, оваҳ ки ворид сохтем, ба ҳине ки на мушаххасу рӯшану рӯшод, балки мармузу пардапечу таҳдору маҷозандуда гуфтем: «Ғалаба кунед, баъд як чӣ — ним чӣ мешудагист?!». Неши нохуни ҳама саҳлангориҳое бад-ин нағмаю усул дар устухону решаи ҷони варзишгарони мо кора карда бошад ҳам, вале Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев азбаски паҳлавонзодаҳои покизаи порсо буданд, «Қаҳрии аввалу оштии охир» нагуфтанд, балки ба талқини ҳикмати дигари тоҷикона «Вақти ном асту нанг, на ғоти ҷидолу ҷанг», рӯҳи рушидаи худро таскин бахшиданд. Ва дар арсаи майдондориҳо дирафши ковиёнии тоҷикиро баланду боло ба боди шуртаи пирӯзиҳои худ парафшон намуданд. Дар тахти мӯҳташами варзишӣ Юсуф Абдусаломов мақоми дуюмрову Расул Боқиев ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Агар толеъ каме мадад мекарду заррае доварон рӯ ба раҳми Худо оварда адолатро пешаи худ медонистанд, Расул Боқиев унвони қаҳрамони олимпиро ба касе намедод. Далел? Бифармоед. Дар вазне, ки Расул андар овезу ситези ҷавонмардона буд, ҳама ҳарифон иқрори нерӯи таҳамтанию рӯҳи ношикасту ҳунари беҳамтояш танҳову танҳо аз ӯ ба дил ҳарос мепарвариданд. Қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дзюдочии куриёӣ Вон Ки Чун ҷуз Расули тоҷик касеро ҳамтои худ намедонист ва аз ӯ дилаш меларзиду таҳ мекашид. Зеро Расул ӯро дар Бозиҳои Осиёӣ гӯштови сахте дода буд. ӯйи яккатози майдонҳои бузургтарини ҷаҳонро як бачаи зӯровари тоҷик иродаву тобу тавонашро шикаст, ки ягон ҳиллаву шигирди дилхостаашро ба кор бурда натвонист. Хушбинии доварони мусобиқот ба зӯровари куриёӣ буд, ки гӯё бар иллати ғайрифаъолӣ Расул Боқиевро огоҳӣ доданду Вон Ки Чунро бар тахт нишонданд. Баъди фарҷоми зӯрозмоӣ ӯ гирдогирди Расул парвонавор мечархиду ҷону танаш месӯхту банду бозӯи паҳлавони тоҷикро парвосида месанҷиду меозмуд, бад-он мазмун, ки ин чӣ махлуқе буд оҳаниниродаву матин, то дар баробари ӯ баробар поист?
Дар олимпиадаи Пекин онҳо боз дар оварди нимниҳоӣ ба ҳам чахиданд. Расул эътимоди қавӣ дошт ин дафъа. Боз ҳам қаҳрамони ҷаҳон варзишгари номвар, азбаски размсуда буду бар доварони ҷонибдораш хушбовар, ба як гуфти халқии тоҷикӣ мардак воре гӯштӣ нагирифт, балки ба шеваи қадима реб рафта рев кард. Боз Расул Боқиев огоҳӣ гирифт. Қаҳрамони ҷаҳон бошад ба ҳар нағмае, гӯиё дар ҳаракати дов худро рӯи фарш меандохт ё аз майдон по мекашиду бурун мебаромад, чашмҳоро хок мепошиду фурсати сабқатро кӯр мекард. Ин огоҳӣ, ки баҳои «шидо» аст, боз Расули паҳлавонро зи дарёфти мақоми довталабӣ бар унвони қаҳрамонӣ канор афканд.
Аз эътибор мондани Расул Боқиев Элнур Мамедлии озариро даҳкарата тӯшу тавону рӯҳу равон бахшид. ӯ дове пайдо кард, ки шояд тамоми зиндагӣ дар орзуяш ба сар мебурд. Зеро Мамедлӣ мурданивор аз Расул метарсид. Чаро ки паҳлавони мо барояш ҳарифе будӣ носозу ноқулай. Ҳар боре, ки бо Расул рӯи татами меафтид, меафтид.
«Чоҳкан зери чоҳ аст», ки қаҳрамони ҷаҳон Вон Ки Чунро Элнур Мамедлии рӯҳбаланд аз бохти Расул дар 30 сония бо як усули фавқулодда зебое сарафканда карду шарманда. Дар чархи каҷабоз каҷаи Элнур гул кард, ки ӯйи дар баробари Расул заиф қаҳрамони олимпӣ гардиду варзишгари тоҷик қурбони ғиромбозиҳои тақдир. Вале шикасти мазкур кош ноомаде будӣ мустасно.
Бахти варзишгарони тоҷик баргашта буда, ки шикаст андар шикаст омад. Муштзани моҳиру шуҷоъи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов низ қурбонии чунин амалҳои нотавонбинона гардид. Ҷаҳон муштзани ӯзбекистонӣ Атоевро, ки довталаби асосии мақоми олӣ буд, мағлуб намуд. Ва боз бо Шоналиеви қазоқ сар ба сар омад. Дар мусобиқоти ҷаҳоние, ки қаблан дар шаҳри Чикагои ИМА доир гардида буд, Ҷаҳонро, ки бартарии куллӣ бар ӯ дошт, дасисаи доварон аз майдон ронд. Ҷаҳон Қурбоновро ноадолатии пешин дар рагу паяш реша давонда буд, ки ҳарифашро пешорӯяш дидан замон, зери муштборонаш кашид. Аммо боз ҳамон Аҳмади поринаву нағмаву ҳиллаҳои дерина. Ва Ҷаҳон Қурбонови ҷавонмарди тоҷик азбаски майдонозмудаву таҷрибанавардида буд, сабру таҳаммулу боварро бар ҳақиқатсолории доварон аз даст дода, як амали ноҷоро раво дид. ӯро аз арсаи муштзанӣ бадар карданд. Аслаш ин як эътирозе буд ба рағми ноҳақиҳо дар варзиш аз ҷониби ӯ. Ва ҳам забони кас месӯзад дар накӯҳишу сарзаниши Ҷаҳон. Дастандаркорони бокси ҷаҳонӣ низ фаҳму фаросат карда буданд ва азоби виҷдон мекашиданд аз ин каҷбозӣ, ки зомини қаҳрамони воқеӣ шудаанд. Ин аст, ки Ҷаҳонро маҳруми ҳуқуқи ширкат дар мусобиқоти минбаъда нанамуданд. Вагарна барои чунин хато, гаҳвораат аз осмон омада бошад ҳам, хотиратро намебинанд.
Яъне танҳо бад-ин иллат, саҳеҳтараш аз ноҳақиҳои доварон, Тоҷикистон ду медали тиллоро аз даст дод.
Бо захмҳои рӯногирифтаву қалбҳои хуншор, аммо мисли як сарбози ватандори ғолиби корзор сарбаланду бовиқор сар ба сӯи Тоҷикистон оварданд онҳо, бад-он бовар, ки рагу пайи решидаи худро ба хоки меҳан доруву даво мебахшанду ромиш, аммо…
Аммо беэътиборию беэътиноӣ дар амри қадршиносии моддии ғолибони маъракаи ҷаҳоншумули варзишии Пекин андар шумори намакест пошида ба реши носури онҳо. Дуруст аст, ки аз ҷиҳати маънавӣ қадр гардиданду бо ордени «Шараф» мукофотонида шуданд Юсуф Абдусаломову Расул Боқиев.
Мо, тоҷикон, насиҳатзадаему хуб медонем, ки «Ҳубби ватан ҳадисест саҳеҳ», вале чи чора, ки замона дигар гаштаву кохи рӯзгори кунуниро болои бунлоди дигар арзишҳо пай афкандаанд. Ин арзишҳоро ном «суду зиён» аст. Агар мо ба варзишгарони ҷаҳоншумуле чун Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев андаке бештар аз 2-3 ҳазор доллари амрикоӣ подош медиҳему боз болошон миннат мегузорем, эй вой ватан, вой!
Ё роҳбарони даст ба кори соҳаи варзиши мамлакатро «дурнигарӣ»-и дигаре сӯи худ кашидааст? Яъне аз Юсуфу Расул интизоре надоранд, чи ки онҳо ба синну сол хеле бузург шудаанду ҳадди ҳунаршон ҳам сайқалро нопазируфтанист? Пас… то Лондон, ки фосилаву фурсат хеле дур аст, ин ҳарду варзишгар маъзур аст, зеро «Ҳамчу тақвими куҳан аз эътибор афтодаанд».
Дар ин андешаи ғалат агар бошанд, рӯйдодеро зи тадбири кишвари ҳамсоя дар амри ташаккулу тақвияти соҳаи футбол, маҷбурем чун намунаи дурандешӣ мисол оварем. Зимомдорони риштаи варзиши ӯзбекистон билоивази 6 миллион доллари амрикоӣ футболбози машҳури бразилиягӣ Ривалдоро, ки фурсати ғуруби ҳунараш ҳам кайҳо гузаштааст, ба дастаи «Бунёдкор»-и худ даъват карданд. Аз ин харҷи ҳангуфт ҳадаф чист? Ҳадаф ном аст, номи Ривалдои футболбози дастон, то ҳазорон иштиёқмандони ҳунару маҳораташ аз шумори кӯдакону наврасон, гарояндаву гирифтори ӯ шаванд, сеҳри пойбозиашро бо тӯб омӯзанду фаро бигиранд. Яъне оинаи ибратро ҷилваи тоза бахшиданд.
Мо бошем, варзишгарони дастони зиндаи худро аз зикр афтонданием, ҳарчанд то ғуруби ҳунаршон фосила ҳанӯз хеле дур аст. Ва ҳам варзиш ба ғояте ҳунару пешаи мармузест, ки касе ҳатто як нафасашро дақиқ фол зада наметавонад. Таъриху таҷриба гувоҳ аст, ки як зумра варзишгарон агар ба сини то 20-25-солагӣ бар ситеғи маҳорат бароянд, зумрае баъди 25-солагӣ муваффақ мешаванд, бархеи дигар бошанд, баъди 30-солагӣ фатҳи қуллаи мурод мекунанд. Пас Абдусаломову Боқиев оинаи ибрат ҳам буда метавонанду ғолиби сабқат ҳам. Агар ҳадаф Лондон бошад, боз ҳам далелу дастаке дорем қотеътару раднопазир. То олимпиада қувваозмоиҳои зиёди нуфузманди ҷаҳонӣ баргузор мегарданд. Магар дар онҳо наметавонанд Юсуфу Расул Тоҷикистонро намояндагии шоиста кунанд?
Медонам, хуб медонам, ки чандин солҳо паёпай омору гузоришҳои фаъолияти касбии худро шумо, маснаднишинҳои соҳаи варзиш, аз кору пайкори шоистаи гӯштигирони номвари кишвар Юсуфу Расул оро медиҳаду ребу ранги сазовор, ҳарчанд дар ин дастбурдҳо ҳиссае ҳам агар афзудаед, хеле заъиф асту камарзиш. Чаро ки Расул дар Русия марҳалаи тамрину омодагиҳоро таҳти сарварии мураббии рус Елчанинов (сад аҳсану ташаккур бар ӯ бод) дар шаҳри Маскав пушти сар месохту барои пардохти музди истифодаи толори варзишӣ фориғ аз машқҳо шабонгоҳон таксикашӣ менамуд. Юсуф бошад одатан дар зодгоҳаш Доғистон, ки мактаби бузургтарини гӯштини тарзи озодро дорост, машқу сайқали маҳорат мекард. Пас акнун худ қазоват кунед, ки то кадом андозаест ҳиссаи шумо ба пирӯзиҳошон?!
Бино бар овозаҳову валвалаҳое, ки баъди Олимпиада гирди номи варзишгарони мо хест, гӯё қаҳрамон нашудани Юсуфу Расул андаке малоли хотири шумо, мутасаддиёни курсинишини соҳаи варзиш, гардидааст.
О, бародарон, як андешаву мулоҳизаи солим кофист дар ин бора, то дарк бинмуда бошем, ки варзишгарони мо доди қаҳрамонӣ додаанд. Тоҷикистон тибқи омори расмии байналмилалӣ аз ҷиҳати рушди варзиш дар яке аз мақомҳои пасттарин асту Юсуфу Расулро дар тахти мусобиқаи ҷаҳонӣ ҷойи 2-3 насиб гардида!
Ба ҷойи ранҷишу гилаву гузор нақшаи мукаммали тайёриҳоро ба Олимпиадаи Лондон таҳияву матраҳ мебояд сохт. Ҳолиё «дар гӯши фил» хобеду ҳай фориғболед ва ҳам ба шумурдани борони медалҳо масруфед. Аксаран ин армуғонҳову дастбурдҳои варзишии тоҷикон аслан аз мусобиқоти байналмилалии камнуфузанд ё дар намудҳои ғайриолимпӣ. Тамоюли медалшумориро дар баҳогузории мақомоти варзиш барҳам мебояд зад. Он намудҳои варзишеро таблиғу тарвиҷ кардан ва рушд додан зарур аст, ки ба феҳрасти мусобиқоти олимпӣ шомиланд ё лоақал дар наздиктарин солҳо имкони вуруд ба онро доранд. Дар ин замина ҷуз Дилшод Назаров, оё метавон дигар варзишгареро ном бурд ифтихоромез? Ана ҳамин аст баҳои воқеии омори медалҳои шумо, роҳбарони соҳаи варзиши ҷумҳурӣ! Имрӯзҳо, ки фароҳаму фориғболед, оқибаташ ба хайр ояд. Аз шумо ҳамин ҳоло бояд пурсиду талаб кард, ки ба Олимпиадаи навбатӣ тахминан чанд варзишгаронро парварида, метавонед бурд ва дар кадом ришта? Барои дарёфти роҳхат ба Олимпиада аз кадом тадбирҳои ҳавасмандгардонии моддӣ кор мегиред, мушаххасан музди подош чанд аст? Ё боз таваккал мекунем ба пиндори «Шавад обӣ, нашавад лалмӣ».
Даставвал барои ба даст овардани эътиқоду эътимоди варзишгарони умедбахш, афзудани боваршон ба қадршиносии сазовори дастовардҳошон ихтилофи мавҷудаи миёни варзишгарони соҳибномеро чун Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев аз як сӯ ва роҳбарияти мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ аз дигар сӯ, рафъ бояд сохт.
Агар фароҳаму хотирҷамъед, ба худ оед, то сари тасмими дурусте расидан тавонед. Юсуф ё Расулеро парваридан бори чанд даҳсолаест. Ҳанӯз фурсат ҳаст, ки Юсуфро бо таъмини манзили буду бош дар Тоҷикистон таҳҷоӣ бигардонем, ба номаш мактаби махсуси гӯштии тарзи озод ихтисос бидиҳем, то наврасонро бо ҳунари волои худ ошно бигардонад, гоҳ-гоҳе аз ватани бобоияш Доғистон мураббиёни бузургро ба кишвар бихонад ё паҳлавонбачаҳои умедбахши тоҷикро пайи тамрину сайқали маҳорат он ҷо бибарад. Медонам, муносибати сарди шумо Расулро маҷбур сохт ҷилои Ватан кунад.
Дар бораи Расул чизе намегӯем. ӯ ҳини ранҷурию ранҷиш агар гилаву гузоре бинмудааст, сад дар сад ҳақ дорад. Агар ӯро рӯ — рӯи даст ҳам, ки бигардонем, ҳақи ӯ меравад, зеро зарби зӯроварии тоҷиконаи худро ба дили ҳама ҳарифонаш дар ақсои гетӣ нишонд. Сад афсӯс, ки ангезаи ҳикмати «Баландном нагардад касе, ки дар ватан аст»-ро дар дили ҳассоси ранҷидаи Расул ба тадбире ё таъбире фурӯ нишондан касе натавонист. Агар ӯ рафт аз мо, яъне илоҷи дигаре надошт. Хоҳишу сад илтиҷо, ки «хоинаш»-нахонед. Ифтихор дорам, ки боз ҳам Расул паҳлавони зӯрпанҷаи беҳамто буданашро собит сохт ва каҳрамони давлати муқтадире чун Русия гардид. Дар тахт ба сар тоқии миллӣ ниҳоду медали тилло гирифт. ӯ аз мо рафт, чаро ки кӯшише дар пайи нигаҳдошташ накардем. Вале ҳамин тоқӣ кофист, то бигӯем ӯ аз худ нарафта. Тоҷик буд, тоҷик ҳаст, тоҷик мемонад Расул. ӯ бе ватан нест, чаро ки бо ёди ватан аст. Ҳар иллате ки ҳаст, дар мост. Ҳамчун як тоҷики камтарини Ватан аз ӯ ва Юсуф пузиш мехоҳаму дуову дурудшон мефиристам бад-ин дастур: «Корномаи шумо ҷовидона аст, Юсуфу Расул. Агар дучори шикасте будаед, на дар набарди ҷавонмардона. Ба қавли Нодир Нодирпур шумо аз насли «Шикастхӯрдаҳои пирӯзед!».

Файзи ОЛӣ

PS:Ҳама зӯроварони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи дзюдо дар мусобиқоти Осиёӣ ва ҷаҳонӣ, ки чанде пеш баргузор шуда буд, шикаст хӯрданд, турфа шикасте, ки касешон лоақал бӯи медалеро нашамид.
Юсуф ё Расулеро парваридан бори чанд даҳсолаест…

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: