Главная > Uncategorized > Ҳақиқат талх аст, вале воқеият ин аст

Ҳақиқат талх аст, вале воқеият ин аст

Дар сайти АМИТ «Ховар» ва ҳафтаномаи «Пайкон» мусоҳибаи Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Нуралӣ Саидов — котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон зери унвони «Андешаҳои Зойиров аз воқеияту ҳақиқат фарсахҳо дур аст ба чоп расид. Нуралӣ Саидов ба чанд андешаи ман, ки «атрофи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ» баён шудааст, мулоҳизаҳои худро ироа карда, моҳияти масъалаҳоро аз биниши худ «возеҳ намуд», ки масъалаҳо дар ҳақиқат «аз воқеъияту ҳақиқат фарсахҳо дур гаштанд» ва ман вазифадор ҳастам, ки камтарак ба «андешаҳои» Н. Саидов равшанӣ андозам.

Сараввал, масъалаи мавзӯи баҳс. Н. Саидов менависад, ки «Пеш аз ҳама сухан дар бораи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ меравад». Аммо ман фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро таҳлил накардаам (ин масъалаи алоҳида мебошад!). Яъне, воқеан, сухан дар бораи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ намеравад. Сухан дар бораи ташкили кори Шӯрои ҷамъиятӣ ва риоя нагардидани Низомномаи он меравад, ки аз мавзӯи тавзеҳи Н. Саидов «фарсахҳо дур аст».
Ё дигар мисол. «Бояд бигӯям, ки,- таъкид менамояд Н. Саидов,- Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1996 дар асоси ду ҳуҷҷати муҳим — Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст». Дар ин хусус бояд гуфт, ки Шӯрои ҷамъиятӣ барои иҷрои Аҳднома созмон дода шудааст, баъдан дар бораи ин созмон Низомномаи он қабул гардидааст, на ин ки дар асоси Низомнома Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст.
Акнун ба моҳият наздиктар шавем. «Аз 8 ҳизби сиёсии дар кишвар фаъол буда,- мегӯяд Н. Саидов (савол пайдо мешавад, ки дар кишвар боз чанд ҳизби фаъол набуда бошад?,- Р. З.),- 7-тои онҳо Аҳдномаро ба имзо расонидаанд ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мебошанд. ҲСДТ Аҳдномаро ба имзо нарасонидааст, бинобар ҳамин ин ҳизб аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳисоб карда намешавад».
Оид ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ бояд қайд кунам, ки ман соли 1996 яке аз муаллифони ин Аҳднома ҳастам ва азбаски дар он вақт раиси ягон ҳизби сиёсӣ набудам, имзои ман байни иштирокчиёни ин Аҳднома қарор надорад. Дар таҳия ва қабули Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ман соли 1996, 1999 ва 2002 бевосита ширкат доштам, яке аз муаллифони асосӣ мебошам, мазмуну мӯҳтавои онро медонам ва аз ин нигоҳ риояи ин Низомномаро талаб дорам.
Даъвои Н. Саидов оид ба он, ки ҲСДТ Аҳдномаро имзо нагузоштааст ва намехоҳад, асоси воқеӣ надорад. Қазоват кунед. ҲСДТ соли 1998 созмон ёфт, соли 1999 ба қайд гирифтанд. Худи ҳамин сол Суди Олии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати адлияи Тоҷикистон ғайриқонунӣ як рӯз пеш аз эъломи интихоботи Президенти кишвар қайди ҲСДТ-ро бекор кард. Гӯед, ки ҳизби ба қайд гирифтанашуда Аҳдномаро имзо карда метавонад?
Дуюм бор ҲСДТ 20-уми декабри соли 2002 ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ҳоло ҳизб корҳои ташкилиро анҷом надода, тағйироту иловаҳо оид ба ворид кардан (феврал — марти соли 2003) ба Конститутсияи Тоҷикистон оғоз ёфт. Ман дар ин вақт мушовири калони Президенти кишвар оид ба сиёсати ҳуқуқӣ будам. ҲСДТ бо мавқеи худ нисбати ин тағйироту иловаҳо баромад кард (апрели соли 2003). Баъд аз қабули ин тағйироту иловаҳо ман ба истеъфо рафтам ва аз соли 2003 ҲСДТ барои ҳукумат ҳизби номатлуб гашт. Муҳимаш, аз соли 2003 то имрӯз ҳоло ягон бор ба ҲСДТ пешниходи расмӣ (хаттӣ ё шифоҳӣ) оид ба имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар амал ҷой надошт.
Акнун оид ба риоя гардидан ё нагардидани Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ. Н. Саидов менависад, ки «Инчунин, Р. Зойиров мегӯяд, ки дар фаъолияти чандинсолаи Шӯрои ҷамъиятӣ Низомномаи он риоя карда намешавад. Ин ҳам ба ҷуз аз бӯҳтон чизи дигаре нест». Ин бӯҳтон нест! Бояд боз як бор қайд намоям, ки ин Низомнома риоя намегардад. Ҳамагӣ ду мисол меорам:
А) Худи Н. Саидов менависад: «Дар ҷаласа мувофиқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба рӯзномаи ҷаласа гузошта мешавад». Мебахшед Н. Саидов! Дар Шӯрои ҷамъиятӣ вазифаи раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ҷой надорад, зеро Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси баробарӣ байни мақомоти давлатӣ (Президент, Маҷлиси Олӣ ва ғайра) аз як тараф ва байни ҷомеаи шаҳрвандӣ (ҳизбҳои сиёсӣ, СГД ва ғайра) аз тарафи дуюм, имзо гузошта шудааст. Аз ин рӯ, нақшаи корӣ аз ҷониби ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ қабул мегардад, ки органи олии Шӯрои ҷамъиятӣ мебошад;
Б) Дар мусоҳибаи Н. Саидов дуруст зикр гардидааст: «Зарурати пайдоиши Шӯрои ҷамъиятӣ аз он иборат буд, ки дар шароити хеле ҳам душвори Тоҷикистон зарурате ба миён омад, ки як иттиҳодияе созмон дода шавад, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ, ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд ва фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд». Аммо дар давоми он омадааст, ки «Аз рӯи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ аъзо шудан ба Аҳднома озод аст, ҳар ҳизби сиёсӣ ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ нияти аъзои Аҳднома шуданро доранд, мо тамоми шароитҳоро ба онҳо фароҳам меорем». Ин пурра ба воқеият ихтилоф дорад. Масалан худи Н. Саидов иқрор мешавад, ки «Дар айни замон Аҳдномаро 84 ташкилоти ҷамъиятӣ имзо кардаанд». Яъне, ҳамагӣ 84 ташкилоти ҷамъиятӣ. То декабри соли 2007 дар кишвар зиёда аз 3500 иттиҳодияи ҷамъиятӣ амал мекард, имрӯз зиёда аз 2000 . Ғайр аз ин, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 иттиҳодияи динӣ, зиёда аз 3500 масҷид ва ғайра амал мекунанд. Аммо, барои чӣ ба онҳо барои имзо кардани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон шароит фароҳам оварда нашудааст? Ё онҳо аз ҷомеаи Тоҷикистон нестанд?
Мо Аҳдномаи ризоияти ҷомеаро эътироф дорем, аммо азбаски Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ риоя намегардад, яъне баробарии мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз як тараф, худи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа, дар дохили ҷомеа ба гурӯҳҳо тақсим мегарданд (ба худӣ ва бегона), имрӯз Шӯрои ҷамъиятӣ аз номи ҷомеаи Тоҷикистон баромад карда наметавонад. Ана ин воқеият аст. Биёед Низомномаро риоя кунед ва ҲСДТ тайёр аст узви Шӯрои ҷамъиятӣ гардад.
Мехостам боз нисбати ду «андешаи» Н. Саидов посух гӯям. Якум. «Раҳматилло Зойиров даъво дорад, ки,- мегӯяд Н. Саидов,- ӯро ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ даъват накардаанд. Аз сабаби оне, ки ҲСДТ Аҳдномаи Шӯрои ҷамъиятиро (акнун Аҳднома аз Шӯрои ҷамъиятӣ шуд!?,- Р.З.) имзо накардаст ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ намебошад, аз ин рӯ, ӯ ба ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро, ки 4-уми ноябр, ки бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ доир шуд, даъват нагашт. Зеро тибқи Низомнома дар ҷаласа танҳо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд».
Ман дар ҳақиқат даъво дорам, азбаски, агар, ҳатто ба ҷаласаҳои навбатӣ имкон дорад, ки дар ҷаласа танҳо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок кунанд. Аммо, 1) дар «ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро» ба ҷаласа вобаста аз рӯи мавзӯи ҷаласа даъват карда мешаванд. Ин тақозои ҳуқуқ ва принсипҳои демократия мебошад. 2) Барои Президенти кишвар моддаи 64-и Конститутсияи ҶТ аз меъёрҳои нонавиштаи Шӯрои ҷамъиятӣ болотар мебошад. Ин бе эъломи ӯ оид ба кафили интихоботӣ буданаш ҳам амал хоҳад кард. 3) Инро бо дигар роҳи калимасозӣ худи Н. Саидов тасдиқ менамояд. Дар ҳамин мусоҳиба ӯ мегӯяд: «Шаффофияти баргузории интихоботро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар кафолат доданд, ки интихоботи парлумонӣ дар сатҳи баланди демократӣ ва дар асоси санаду меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад». Яъне, худи Н. Саидов иқрор аст, ки мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ буд, на бо Шӯрои ҷамъиятӣ дар умум.
Дуюм. «Инчунин, Р. Зойиров дар мусоҳибааш мегӯяд, ки,- мегӯяд Н. Саидов,- «панҷ рӯз қабл дар Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар мавзӯи «ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парлумон ҷаласа гузаронида шуд, аксарияти раисони ҳизбҳои сиёсӣ иштирок надоштанд». Н. Саидов «андеша» дорад, ки ин «гуфтаҳои мӯҳтарам Раҳматилло Зойиров ба воқеъият наздик нест» ва мехоҳад гуфтаҳои маро инкор кунад, аммо баръакс, танҳо тасдиқ мекунад. Худатон қазоват кунед. Худи Н. Саидов иқрор мешавад, ки «Зеро дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр» танҳо раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ғайр аз Р. Зойиров — раиси ҲСДТ,- Р. З.) иштирок дошт, раисони ҳизбҳои демократ ва наҳзати ислом дар сафари хидматӣ будаанд, аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳеҷ кас иштирок накард, аз дигар ҳизбҳо намояндаҳошон ширкат карданд. Аз ин танҳо як хулоса бармеояд, ки «дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр» аз 8 раиси ҳизби сиёсӣ танҳо 2 нафар иштирок доштаанд, яъне хулосаи умумӣ — «аксарияти раисони ҳизбҳои сиёсӣ иштирок надоштанд».
Дар умум инсони бомантиқ танҳо ба як хулоса омада метавонад: ҳам ҳизбҳои сиёсӣ, ҳам иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хусусан иттиҳодияҳои динӣ ва ғайра барои мақомоти давлатӣ ва худи Президенти кишвар бар зидди меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон ба худӣ ва бегона тақсим гаштаанд. Ва ин ҷараёнро худи пешниҳоди Президент оид ба аъзои КМИР боз як бор исбот кард. Дар ин бора боз як мисол меорам. Дар давоми 7 соли охир (аз рӯзи дуюмбора ба қайди давлатӣ гирифтани ҲСДТ ) намояндаи ҲСДТ ба ягон чорабиниҳои умумидавлатӣ расман даъват нагаштааст. Ин масъаларо ман соли гузашта дар чанд баромадам қайд намудам. Дар ин ҳолат охири моҳи ноябри соли 2008 аз ман талаб карданд, ки ду нафар намояндаи ҲСДТ-ро ба 100-солагии Б. Ғафуров барои иштирок дар маҷлиси тантанавӣ пешниҳод намоям. Ман худам ва муовини раиси ҲСДТ Диловаршо Ҷӯраевро, азбаски ӯ писари хурди дӯст ва акахони Б. Ғафуров Акашариф Ҷӯраев мебошад, пешниҳод намудам. Дар давоми 25 рӯз ман чандин бор ба шахсони мутасаддӣ телефон кардам. Ахиран гуфтанд, ки Дастгоҳи Президент ҷавобашро се рӯз пеш аз маҷлиси тантанавӣ мегӯяд. 3 рӯз монд, ҷавоб нашуд. 2 рӯз монд, боз ҷавоб нашуд. Вақте як рӯз монд (рӯзи 23.12.2008), ҷавоб омад, ки Дастгоҳи Президент барои ҷой ҷудо кардан имконият надорад. Дар давоми соли 2009 намояндаи ҲСДТ ба ягон чорабинии давлатӣ, ҳатто ба 15-солагии Конститутсияи ҶТ даъват нашуд. Мана ин воқеият аст. Ин чӣ мазмун дошта бошад?

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: