Главная > Uncategorized > КӮМАКИ 11-ҲАЗОРАИ «ПАЙКОН» БА «РОҒУН»

КӮМАКИ 11-ҲАЗОРАИ «ПАЙКОН» БА «РОҒУН»

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 13-уми январи соли 2010 аз ҷониби кормандони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ба сохтмончиёни НБО-и «Роғун» 11 ҳазор нусха ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» ройгон тақдим гардид.
Ба гуфтаи ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» Фазлиддин Асозода ин кӯмаки ночизи онҳо, ки иборат аз нусхаҳои 44 шумораи нашрия будааст, аз ҷониби сохтмончиён хуб пазируфта шуд. Ҳамзамон, ӯ ба сардори Раёсати корҳои ҶСК НБО-и «Роғун» Гурез Боев аз номи кормандони нашрия миннатдорӣ баён намуда, гуфт: «Агар мӯҳтарам Гурез Боев намебуд, шояд барои расонидани нусхаҳои ҳафтанома ба сохтмончиён мушкил пеш меомад, зеро барои вуруди мошинҳои шахсӣ ба НБО «Роғун» иҷозат намедоданд. Бо мусоидати ӯ тавонистем кӯмаки маънавии худро ба заҳматкашон расонем».
Аҳамияти чунин як амалро Фазлиддин Асозода шарҳ дода, меафзояд: «имрӯз ҳама барои сохтмони нерӯгоҳ талоши кӯмак кардан доранд, мо низ тасмим гирифтем ба кормандони ин иншооти аср ёрии маънавӣ расонем, то онҳо аз рӯйдоди муҳими ҷомеа огаҳ бошанд.
Ҳафтаномаи «Пайкон» тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта барои сохтмончиёни НБО-и «Роғун» шумораҳои нашрияро ройгон ирсол намояд, то кормандони он тавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор мутолиа кунанд.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. Март 3, 2011 в 10:23 пп

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: