Главная > Uncategorized > Буни Ҳисорак вайрон мешавад

Буни Ҳисорак вайрон мешавад

Субҳи 12-уми январи соли ҷорӣ ба вайрон кардани биноҳои маҳаллаи навбунёди Буни Ҳисораки шаҳри Душанбе шурӯъ намуданд. Дар ҷараёни гузаронидани чунин як амалиёт раиси ноҳияи Сино Раҳматулло Таваров, раиси суди ноҳияи мазкур, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Суди Олӣ ва ҳукумати шаҳр иштирок доштанд.
Барои хароб кардани манзили зисти сокинон 3 булдозер, 1 автомашинаи борбардор, 2 автомашинаи КАМАЗ ва 3 адад ЗИЛ истифода бурда шуд.
Сабаби вайрон кардани ин биноҳо дар он аст, ки аз рӯйи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ, дар ин мавзеъ бояд «Боғи фарҳангиву фароғатии умумишаҳрии пойтахт» бунёд шавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Наврӯз ба ин маҳалла омада, ба мақомоти шаҳрдорӣ супориш дода буд, ки сокинони маҳалларо бояд бо хонаҳои замонавӣ таъмин намоянд ва пас аз он ба сохтмони боғ шурӯъ кунанд.
Вале сокинони маҳалла мегӯянд, ки 33 хонавода соҳиби хонаи нав шуда, 13 хонаводаи дигар бо баҳонаи набудани қарори раиси шаҳри Душанбе бо манзил таъмин нашудаанд.
Дар зимн, сокини маҳаллаи номбурда Матлуба Воҳидова мегӯяд: «Аз саҳарӣ, соати 8 омаданду ба кандани хонаҳо шурӯъ карданд. Ман соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Аз соли 1995 ҳаминҷо зиндагӣ дорам. Ҳар гоҳе аъзоёни коммисия меомаданд, ваъда медоданд, ки хона медиҳанд. Дар охир омада чаппа карданду хона надоданд. Ман шароити хонаандозӣ надорам. Шавҳарaм дар ягон ҷо кор намекунад. Худам дар ҳамин ҷо базӯр зиндагиямро пеш бурда истодам. 8 моҳ шуд, ки даводав дорам барои хонагирӣ. Хонаҳои холӣ ҳаст, намедиҳанд. Рӯзи гузашта омада гуфтанд, ки агар бо дастони худатон хонаҳоро гардонед, ба шумо аз Теппаи Самарқандӣ замин медиҳем. Агар не, бе хона мемонед».
Икром Тешаев, сокини дигари ҳамин маҳалла ва ҳамзамон, муаллими Донишгоҳи аграрӣ мегӯяд: «Президент омада маҷлис гузаронду гуфт, ки дар инҷо боғ бунёд мекунанд, вале ба ҳамаи истиқоматкунандагон хона дода мешавад. Баъд аз ин раиси маҳалла бе ҳалномаи суд омада хонаҳоро гардонд».
Тахриби биноҳои маҳаллаи номбурда дар ҳоле сурат гирифт, ки зимистон аст ва сокинон аз сардӣ андеша доранд. Аммо барканор кардани биноҳо ҳоло ҳам идома дораду маълум нест, ки талаботи 13 хонаводаи дигар кай қонеъ мегардад.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: