Главная > Uncategorized > Очайе… Очайе…

Очайе… Очайе…

Зиндагӣ дар даруни чоҳ ва ё тақдири як оворагарди тоҷик


 ӯйи 24-сола аз 5-солагӣ оворагард аст…
 ӯйи оворагард ғурур дораду гадоиро ба худ ор медонад…
 ӯ шунавандаи ваъзи Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо аст…
 ӯ аз мо чизе намехоҳад, ба ҷуз шиноснома…
 ӯву иродаи ӯро мушкилот нашикаста…
 ӯю иродаи ӯ мушкилотро шикаста… ӯро ном Кабир асту худ сағир…

Ин ҷавонписари 24-сола насабашро тамоман намедонад. Кадом нафаре ба ӯ гуфтааст, ки биё ному насабатро Кабири Эмомзода мемонем. Ҳамин тавр ӯ худро Кабири Эмомзода муаррифӣ менамояд. Аз синни хурдӣ зиндагияш дар кӯча гузаштааст. Падару модарашро дар ҷангҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба қатл расондаанд. ӯ ҳанӯз аз синни 5-солагӣ ятим монда, кӯчаро макони зиндагии худ интихоб кардааст. Вақте дар қатори дигар гурезаҳо ба пойтахт меояд, шабро дар рӯйи қубурҳои обгузари назди Боғи Дӯстӣ рӯз мекунад. Ҳамин тавр, ба гурӯҳи бомжҳо ҳамроҳ шуда, оворагардиро ба худ касб мекунад.
Кабир тӯли се сол дар боғу болои қубурҳои обгузари бозори «Саховат» зиндагӣ мекунад. Гоҳе ба бозоракиҳо кӯмак мерасонаду гоҳи дигар мошин мешӯяд ва дар ивазаш ягон музди ночиз мегирад. Вақте аз онҷо пешаш мекунанд, ба бинои нимсохтаи назди «Садбарг» меравад. Онҷо дигар бомжҳо низ зиндагӣ мекардаанд. Олами бомжҳо аз зиндагии шаҳрвандони орому осоишта тамоман фарқ дорад. Онҳо як сарвар доранду танҳо ба ӯ итоат мекунанд. Сарваронашон кӯдакону наврасони оворагардро таҳқир карда, барои дарёфти маҳсулоте, ки дар партовгоҳ партофта шудааст, истифода мебаранд. Кабирро, ки ба онҳо итоат кардан намехоҳад, борҳо зери шаттаву шаллоқ гирифтаанд. ӯ ҳамроҳи дигар оворагардон гурехта ба Тавилдара меравад. Дар масҷид хоб мекунаду аз муллоҳо қоидаҳои хондани намозро меомӯзад. Баъди онҳоро аз масҷид берун кардан, ӯ боз ба Душанбе меояд. Ба дарди шукуфа гирифтор мешаваду ба беморхонаи касалиҳои пӯст медарояд. Сардухтури беморхона аҳволи ӯро дида, супориш медиҳад, ки ройгон табобаташ кунанд. Кабир баъди чор моҳи табобат кофта — кофта чоҳеро макони зисти худ интихоб мекунад, ки дар наздикии Сирки давлатӣ воқеъ аст. Қариб 6 моҳ аст, ки ӯ миёни партови ин чоҳ маскан дорад. Болинаш замину кӯрпааш партов аст. Вақтҳои бекорӣ ӯ бо сӯзи дил мехонад:
Оча, очайе, чида калонум кардӣ…
Ширум додӣ, ба ғарибӣ равонум кардӣ…
Оча, очайе дар номи покут ҷонум…
Соате ки бо Кабир сӯҳбат мекардем, ба қавле «туф аз ҳаври даҳон ях мебаст». Зарра — зарра барфи сафед меборид. Кабир либоси тобистона ба бар дошту аз сардӣ дарақ — дарақ ларзида, дод мегуфт: «Эй Худоҷон хунук хӯрдаме!…».
— Кабир, ту агар мактаб мехондӣ, кӣ шудан мехостӣ?
— Ман қории Қуръон мешудам. Бисёр ҳам ба омӯзиши илми исломӣ шавқ дорам. Ба масҷидҳо рафта, ваъзи Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзоро гӯш мекунам. Афсӯс, ки савод надорам. Вале аз Худо доимо илтиҷо мекунам, ки ноумедам нагардонад. Вагарна, кайҳо аз дасти милисаҳо худкушӣ мекардам.
— Милисаҳо азобат медиҳанд?
— Оре, гоҳо дастгир карда мебаранду то субҳ маҳкам мекунанд. Раванд бомжҳои хавфнокро дастгир намоянд! Ана ҳаминҷо ду бомжи дигар зиндагӣ доранд. Маро гоҳо латукӯб мекунанд. Яктояш корд дорад. Бачаҳои нашъаманд бисёр аст дар тарафи «Садбарг». Мисли ман бесоҳибу бепадару модаранд. Аллакай ба нашъаву ширешу моддаҳои мадҳушкунанда моил шуда, барои дастрас кардани он ба ҳама ҷинояткорӣ қодиранд.
— Агар рӯ ба рӯят мири шаҳр мебуд, чӣ кӯмак мехостӣ?
— Ба ман шиноснома диҳанд, бас аст. Мехоҳам шиноснома дошта бошам, то барои кор ба Русия равам. Пул кор карда, илми мусулмониро азхуд намоям. Дигар чизе барои ман лозим нест. Ризқро Худо худаш медиҳад.
— Чаро мисли дигар оворагардон талбандагӣ намекунӣ?
— Агар сарамро буранд, гадоӣ намекунам. Боз мегӯям, ки ризқро Худо медиҳад. Баъзан вақтҳо рафта дар «Садбарг» меистам, боркашӣ мекунам, пул меёбам. Вале талбандагӣ намекунам. Баръакс, баъзе вақтҳо милисаҳо омада аз ман нос металабанд.
— Ту нос мекашӣ?
— Ман танхо нос мекашам. Дигар оворагардон ҳама намуди бангу нашъаро истеъмол менамоянд.
— Агар пул наёбӣ — чӣ? Чӣ мехӯрӣ?
— Ҳеҷ чиз, рӯза мегирам.
— Магар дар масҷидҳо кӯмакат накарданд?
— Беҳтарин ҳадяашон намоз ёд додан аст. Ман панҷ вақт намозамро ҳеҷ гоҳ тарк намекунам.
— Шабҳо шоҳиди чӣ воқеаҳо мешавӣ?
— Ман худам бесоҳибам. Бесоҳибӣ гандатарин чиз будааст. Назди оламу одам касе нестӣ. Касе хоҳад, мезанад, касе хоҳад, таҳқир мекунад. Вале як чиз маро девона мекунад, ки шабҳо ҷавонони соҳибдор бо мошинҳои хориҷӣ омада истода аз роҳ духтарони сабукпоро яксоата харидорӣ менамоянд ва ё доду вой карда, дар кӯча мо баринҳоро таги шатта мегиранд. Ба ҷойи он ки аз неъмати худододӣ истифода бурда, илм омӯзанд! Ба онҳо нигариста, аламам меояд, ки кош ман ҳам модардору падардор мешудам… (Ин дам Кабир худро дошта натавониста, зор — зор гирист).
— Чӣ хоб мебинӣ?
— Соҳиби шиноснома гаштаам.
— Боз орзуе дорӣ?
— Оре, боз ҳам соҳиби шиноснома шуда, ба Русия коркунӣ рафтан…
Дар як зум тамоми атрофро сапедии барф фаро гирифт. Ҳатто мо ки либосҳои гарм доштем, аз чунин сардӣ ба ларза афтодем. Кабир ба «хоначааш» даромада, бо мо хайрухуш кард.
Раҳ ба раҳ ману Фазлиддин андеша мекардем, ки агар сарнавишт бо Кабир чунин бераҳмӣ намекард, шояд ин лаҳза ӯ дар хонаи гарм боз занеро хушбахт карда, манфиаташ ба ҷомеа мерасид.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, журналист

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: