Главная > Uncategorized > Тасодуфе бо вазир

Тасодуфе бо вазир

ё чаро хориҷиён бо фарзияҳои ноҷои худ истеҳком месозанд?

Сайти интернетии «IzRus.co.il» бо такя ба гуфтаҳои Авраам Пинхасов, раиси форуми Анҷумани ҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ навиштааст, ки сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон боис шуда, ки вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз сафар ба Исроил худдорӣ кард.
Ҳамкорӣ ба хотири фардо
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо вуҷуди давлати кӯчак буданаш, бо кишварҳои бузургу пешрафта, ба монанди Русия, Хитой, Амрико, Эрон ва ғайра пурқувват шуда истодааст.
Албатта, ин яқин аст, ки беғараз касе барои нафаре кореро ба сомон намерасонад, қарзи бебозгашт намедиҳад ва ё сармоягузорӣ намекунад. Ва инро дар мисоли НБО-и Сангтӯда-1 ва бисёр сохтмонҳои бузурге, ки аз ҷониби дигар кишварҳо сармоягузорӣ шуда истодаанд, шарҳ додан мумкин аст. Аммо мақоли халқии дигаре ҳам аст, ки «Хонаатро сахт гиру ҳамсояро дузд не». Яъне, инро ки Ҳукумати Тоҷикистон акнун эҳсос кардааст, сохтмони НБО-и «Роғун»-ро намехоҳад бо сармоягузории хориҷӣ созад.
Аз мавзӯъ дур нарафта, бояд зикр кард, ки чунин ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон низ хеле васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву кишоварзӣ ва энергетикӣ, ки дар нигоҳи аввал хеле самарабахш ба назар мерасад.
Аз натиҷаи ин ҳамкориҳо чизе намегӯем, чун ин мавзӯи дигар аст. Вале ҳастанд аксар кишварҳо ва ё шахсони алоҳидае, ки пешрафти Тоҷикистонро намехоҳанд ва сар мекунанд ба вайрон намудани муносибати шарикони стратегии кишвари Тоҷикистон.
Албатта, дар амалӣ кардани ин ҳадафҳо нақши васоити ахбори омма хеле калон аст. Ин ҷо ҳар кадоми онҳоро номбар намекунем. Танҳо бо гуфтани он ки чӣ «нақш»-е доштанд, кифоят мекунем. Масалан, дар сард кардани муносибатҳои Русия бо Тоҷикистон бархе расонаҳои хориҷӣ хеле «ташаббус» нишон доданӣ шуданд. Сар карда аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия то одитарин қонунҳои дохили Тоҷикистонро тобиши сиёсӣ дода, пайваста хабару мақола ва барномаҳои ҷиддиву ғайриҷиддӣ пахш мекунанд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Исроил
Дар Тоҷикистон бисёр миллатҳо, новобаста аз дину мазҳаб озодона умр ба сар мебаранд. Ва бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо аз рӯи зисти шаҳрвандони хориҷӣ низ мебошад. Масалан, дар замони Шӯравӣ шумораи зиёди яҳудиёни бухороӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, ки аввалҳои соли 1990 аз сабаби нооромиҳо қисми бештарашон тарки кишвар карданд.
Вале чун ҳоло вазъ беҳтар гардида истодааст, омилҳои зиёди ҳамкории иқтисодӣ бо дигар кишварҳо, хусусан бо Исроил мавҷуд аст.
Дар ин маврид Семен Шойхетброд — як тоҷири исроилӣ дар мусоҳибааш бо сайти интернетии IzRus чунин изҳор доштааст: «Бояд робитаҳоро дар сатҳи байниҳукуматӣ баррасӣ кард. Барои он ки ин ҳама амалӣ шавад, бояд ба яҳудиёни бухороӣ такя кард. Зеро тоҷикон бо яҳудиён ҳамеша муносибати хуб доштанд. Яҳудиёни бухороӣ асрҳо бо тоҷикон паҳлу ба паҳлу зиндагӣ кардаанд ва бо миллати тоҷик дар соҳаи фарҳангу маданият, забон, санъати театр, мусиқӣ ва ғайра умумияти калон доранд».
Воқеан, ҳунармандони яҳудитаборе, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, дар рушди илму фарҳанг ва ҳунари тоҷик нақши калоне доштанд. Яке аз онҳо Борис Наматиев, овозхони маъруфи яҳудитабори тоҷик аст, ки ҳоло дар Исроил умр ба сар мебарад ва рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ 80-солагияшро қайд карданд.
Тибқи хабарҳои пешакӣ пахш кардаи сайти мазкур, барои ширкат дар ин маросим Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ин кишвар даъват шуда буд.
09.11.2009 сол дар мавриди сафари вазири фарҳанг Авраам Пинхасов, раиси форуми Анҷумани ҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ ба IzRus чунин хабар дода буд: «Мо ҷаноби Асрориро барои ширкат дар маросими таҷлил аз 80-умин солгарди Борис Наматиев — овозхон, режиссёр ва драматург, ки дар Тоҷикистон бисёр маъруф аст, 5-уми январ даъват кардаем. Моҳи май, вақте ман дар кушодашавии Синагог дар Душанбе, бо вазир сӯҳбат доштам ва ӯ ҳамон вақт розӣ шуда буд, то аз Исроил дидан кунад».
Бояд гуфт, ин расона муносибатҳои Тоҷикистону Исроилро аз 16.07.2009 сол пайгирӣ карда, пайи ҳам хабару мусоҳибаҳо пахш карда буд, ки дар ин маврид пойинтар муфассал хоҳем гуфт.
Ҳамчунин, ба қавли ин тоҷири исроилӣ, сохтан ва тӯҳфа кардани Синагог дар Душанбе барои табақаи яҳудиён нишонаи дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Исроил мебошад.
Тоҷикистон миёни ду кишвари ба ҳам зид
Тавре дар боло ёдрас шудем, таваҷҷӯҳи бархе хабаргузориҳои хориҷӣ ба сафари вазири фарҳанги Тоҷикистон ба Исроил шояд дар муносибати нохуби Исроил бо Эрон бошад. Зеро Исроил ва Эрон аз замони ба вуҷуд омадани инқилоби исломии Эрон аз соли 1979 то имрӯз бо ҳам ҳеҷ робитае надоранд.
Ҳамчунин, маротибаи дуввум ин сайт хабареро аз қавли Авраам Пинхасов, раиси форуми Анҷумани ҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ навиштааст, ки на президенти Тоҷикистон ба Исроил ва на аз Исроил ба Тоҷикистон ҳатто бо сафари ғайрирасмӣ боре дар кишвари ҳамдигар набуданд.
Аммо равобити Тоҷикистону Эрон дар солҳои ахир мустаҳкамтар шуда истодааст. Масалан, маротибаи сеюм ба Тоҷикистон сафар намудани Президенти Эрон гувоҳи он мебошад.
Аммо ин сайти интернетӣ 05.01.2010 сол зери сарлавҳаи «Аҳмадинажод сафари вазири тоҷикро вайрон кард» хабари дигареро пахш кард. Дар он Авраам Пинхасов изҳор доштааст, ки азбаски Эрон дар ин замон ба Тоҷикистон сафар дошт, вазири фарҳанги ин кишвар ба худ раво надидааст, ки ба Исроил сафар кунад.
Ин иддаоро дар Вазорати фарҳанг рад карда, иброз доштанд, ки даъвати вазири фарҳанг ба ин чорабинӣ ғайрирасмӣ буд ва дар ҳамин рӯзҳо Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни сафари корие дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд қарор дошт.
Аз сӯи дигар, бархе мегӯянд, маъмулан сафарҳои хориҷии узви Ҳукуматро дар сурате пешакӣ ба назар мегиранд, ки агар даъватнома расман тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ворид шуда, бо Ҳукумат мувофиқа гардида бошад.
Шояд нарафтани вазири фарҳанг ба Исроил бо сафари раиҷумҳури Эрон Аҳмадинажод ба Тоҷикистон тасодуфе беш набошад. Вале чуноне дар аввал қайд кардем, пахши чунин ахбор шояд баҳонаи навбатӣ барои сард кардани муносибати Тоҷикистон бо Эрону Исроил бошад.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: