Главная > Uncategorized > Чӣ водор кард, ки саҳмия харед?

Чӣ водор кард, ки саҳмия харед?

Аз рӯзи аввали фурӯши саҳмияҳои «Роғун», яъне 6-уми январи соли 2010 сар карда, шаҳрвандон ба харидорӣ пардохтанд. Бахусус дар нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо дар пойтахт мардуми зиёде гирд омадаву ҳар кас ба қадри имкон саҳмия мехарид. Бояд зикр намуд, ки ин маърака акнун оғоз шуда ва алҳол идома дорад. Дар зимн, сарусадое ҳам шунида мешуд, ки гӯё мардумро барои харидани саҳмия маҷбур мекунанд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мухбирамон бо чанд нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ сӯҳбати сарироҳӣ дошт. ӯ ба шаҳрвандон бо чунин савол муроҷиат намуд:
Азиз ҚАЮМОВ, корманди Кумитаи андози ҶТ:
— Ба хотири ободии ватану осудагии миллатам саҳми худро гузоштам. Бори аввал ба маблағи 5 ҳазору сад сомонӣ саҳмия харидам, ҳозир бошад, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ.

Назригул ФАЙЗУЛЛОЕВА, сокини шаҳри Душанбе:
— Ман ҳам мисли дигарон ба қадри имконияти доштаам, яъне ба маблағи 100 сомонӣ саҳмия харидорӣ кардам. Ин саҳмияро ба хотири ободии ватанам харидам. Мехоҳам ояндаи фарзандонам нек бошад, ободӣ бошад, рушноӣ бошад.
Абдуҳамид НАЗАРОВ, муовини директори Кохи Борбад:
— Рости гапро гӯям, дар рухсатии меҳнатӣ будам. Баъд аз он, ки муроҷиатномаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунидам, хостам аз одамоне, ки саҳми худро дар ин маъракаи муҳим мегузоранд, қафо намонам ва саҳми худро гузоштам. Чунки ин нерӯгоҳ ору номуси ҳар яки мост. Сарбаландии халқи тоҷик ва бошандагони Тоҷикистон аст. Боварӣ дорам, ки бунёд гаштани нерӯгоҳ ҳамаи масъалаҳои иқтисоди байнидавлатӣ ва мушкилотҳоро ҳал мекунад. Як бори дигар мардуми тоҷик нишон доданд, ки онҳо бо Президент ҳастанд, ҳамфикру ҳамақидаанд ва тамоми мушкилотеро, ки пеш меояд, ҳал карда метавонанд.

Бозоралӣ НУРОВ, сокини пойтахт:
-Ман саҳмияро ба хотири оянда харидорӣ кардам. Ба хотири ояндаи ватан, ояндаи фарзандонам. Мехоҳам, ки ин саҳмияи харидаи ман дар оянда ба фарзандонам кӯмак расонад. Ман ба маблағи 500 сомонӣ ба номи худам ва ҳамин миқдор ба номи занам саҳмия гирифтам. Насиб бошад, баъдтар ба номи фарзандонамон низ саҳмия мегирем.
Ҳамида СОБИРОВА, сокини шаҳри Душанбе:
— Иқдоми пешгирифтаи сарвари давлатамонро дастгирӣ намуда, бо аҳли оила маслиҳат кардем ки саҳмия мехарем. Ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидем. Умед дорем, ки Тоҷикистон ба кишвари нур мубаддал мегардад.
Илҳом НЕЪМАТОВ, сокини ноҳияи Синои пойтахт:
— Ба хотири рушди истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба маблағи 5 ҳазору сад сомонӣ саҳмия харидам.
С. УМАРОВ, корманди мақомоти андоз:
— Мехоҳам саҳми худро дар сохтмони НБО-и «Роғун» гузорам. Ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаму мехоҳам дар оянда боз аз ин зиёдтар маблағ гузорам. Мехоҳам кишварамон ҳамеша пешрав бошаду ободу сарсабз.
МАҚСАДҶОН, сокини шаҳри Душанбе:
— Пеш аз ҳама, ман барои ободонии кишварамон ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидам. Мехоҳам, ки Тоҷикистони азизи мо нурафшон бошаду аз барқ ҳеҷ гоҳ танқисӣ накашем.
Ҳоҷихӯҷа АЗИЗОВ, сокини пойтахт:
— Ба номи Худованди бахшандаю меҳрубон. Саҳмияро пеш аз ҳама барои хайр кардан дар роҳи Худо холисанлиллоҳ харидам, ки хайр бошад. Барои он хайр кардам, ки фарзандонамон дар оянда ба мушкилот дучор нашаванд.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: