Главная > Uncategorized > Ҳар чизе муфт ба даст ояд, муфт аз даст меравад

Ҳар чизе муфт ба даст ояд, муфт аз даст меравад

Ҳар вақте ба бозор меравам, бачаҳои ҳамсинну солам ва ҳатто кӯчактар аз худамро мебинам, ки аробакашӣ ё мошиншӯӣ доранд ва ё дар ҳоли пул ҷамъ намудан аз мардум мебошанд, ба иборае, талабандагӣ мекунанд. Ҳамеша аз худам ин суолро мекунам, ки чаро бачаҳо даст ба ин кор мезананд? Оё вазъи зиндагии онҳо сахт аст? Ба ин хотир, тасмим гирифтам ба бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд сар бизанам, то бо бачаҳое, ки бо ин кор машғуланд, ҳамсӯҳбат шавам.
Бо навҷавоне, ки тақрибан 15-16 сол дошт, ҳамсӯҳбат шудам, ки худро ба исми Раҷаб муаррифӣ кард. Ин писар борҳои мардумро ба ароба гузошта, то ҷое, ки мехоҳанд, мерасонд. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ сабаб шудааст, ки ӯ мактабро тарк кардааст? ӯ гуфт, ки аз синфи ҳаштум боз бо ин кор машғул аст. ӯ гуфт: «Дар синфи ҳашт мехондам, падарам ба Русия барои кор рафт ва кӯмакашро ҳам ба хонавода қатъ кард. Падарам барнагашт ва ман маҷбур шудам, мактабро раҳо карда, ба аробакшӣ машғул шавам. Модарам ва ду бародару хоҳарам, ки аз ман ду сол кӯчактар ҳастанд, дарс мехонанд ва ба кӯмак ниёз доранд. Модарам низ мариз аст. Чун алъон ман сарпарасти хонавода ҳастам, маҷбурам кор бикунам, рӯзи дарёбам. Орзу доштам дар оянда ҳуқуқдон шавам, аммо афсӯс натавонистам бишавам. Иншоллоҳ, бародар, хоҳарам ва фарзандам ба орзуҳои худ бирасанд!».
Вақте бо ӯ худоҳофизӣ мекардам, чашмонашро саршор аз меҳр дидам. Меҳре ки ба инсон дошт ва қалбаш пур аз умед буд, умед ба оянда. Худхоҳӣ дар вуҷуди ӯ дида намешуд.
Дар Душанбе бо кӯдаке низ ҳамсӯҳбат шудам, ки машғули мошиншӯӣ буд. Худро ба номи Фирдавс муаррифӣ кард. Аз ӯ пурсон шудам, ки чаро бо ин кор машғул аст? Оё вазъи зиндагӣ сахт аст? Дарс мехонад ё на? ӯ гуфт, ки дар синфи ҳашт мехонад ва дар вақтҳои холигӣ ба мошиншӯӣ машғул аст. Муддати се сол аст, ки кор мекунад. Барои он ки, хонаводааш ба пул ниёз доранд ва барои худ низ лавозими мактабӣ бихарад то худро низ таъмин намояд.
ӯ гуфт: «Дар хонаводаамон фақат падарам кор мекунад. Ду бародари дигарам дар донишгоҳ дарс мехонанд. Хулоса, таъмини хонавода барои падарам сахт аст ва ман кӯмак мекунам. Баъзан ба дарс намеравам, бо муаллимон сӯҳбат мекунам, фақат сӯҳбати пулакӣ (зери лаб механдид), то дар чорякҳоям баҳои хуб гузоранд. Ҳама чиз бо пул ҳал мешавад! Зиндагӣ худаш пул аст. Агар пул дошта бошӣ, соҳиби ҳама чиз мешавӣ».
— Соҳиби маънавиёт ҳам?,- суол кардам. Дар посух гуфт: «Маънавиёташ чӣ?». Гуфтам: «Маънавиётро бо пул харида намешавад». Фирдавс бо тааҷҷуб ба ман менигарист.
Ман бо ӯ худоҳофизӣ кардам ва бо худ гуфтам: «Афсӯс, ки сарфаҳми хеле чизҳо нест. Вақте мефаҳмад, дер мешавад. Ин мушкилот фақат мушкилоти ӯ нест.
Вазъи зиндагии Фирдавсро бо баъзе аз ҳамсабақҳоям муқоиса кардам, онҳо зиндагии хуб доранд, ҳар рӯз 20-30 сомонӣ дар ҷайбашон пул ҳаст, такягоҳи асосияшон падару модар. Ба гуфти худашон, ояндаашон ҳам таъмин. Агар падару модар пул дошта бошанд, дар беҳтарин донишгоҳ дарс метавонанд бихонанд. Фикр мекунам: «Ин ҳама худбоварӣ аз куҷост?».
Бо муаллима Набиева, ки аз фанни ҳуқуқ ба мо дарс медиҳанд, дар ин замина ҳамсӯҳбат шудам ва назари эшонро дар бораи вазъи навҷавонон ва ҷавонон дар Тоҷикистон пурсидам. Суоли аввалини ман аз эшон чунин буд:
— Чаро имрӯз ағлаби навҷавонон ва ҷавонони мо дар назди ҷомеа эҳсоси масъулият надоранд? Бо худ кор кардан ва аз худ кор кашиданро дӯст надоранд. Мехоҳанд ҳама чизро муфт ба даст биёваранд ва мушкилиро дӯст надоранд?
Муаллима гуфтаҳои маро тасдиқ намуда, илова карданд:
— Бале, имрӯз на танҳо навҷавонону ҷавонон дар назди ҷомеа эҳсоси масъулият надоранд, балки бузургтарҳо низ ин эҳсосро аз вуҷудашон пок карданд. Бубин, бархе аз волидайн мегӯянд, ки муаллимон аз бачаҳо пул талаб мекунанд ва бо ин ҳарф обрӯи тамоми муаллимонро мерезанд. Вақте мепурсӣ, ки чаро дар рӯ ба рӯяшон чунин ҳарфҳоро намегӯед, ҷавобашон чунин аст: «Намехоҳам муносибати фарзандам бо муаллимонаш ва мактаб бад шавад».
Ҳақи худро талаб кардан ҳам худ масъулият аст. Қаблан мо комитети падар ва модарон доштем, ки вазифаи он на танҳо барқарор кардани робитаи хонавода бо мактаб буд, балки дифоъ аз ҳуқуқи ҳам муаллим ва ҳам аз донишомӯз буд. Мо бо аз даст додани масъулиятҳои худ дар назди ҷомеа бисёр арзишҳоро аз даст додаем, ки яке аз онҳо обрӯ ва манзалати муаллим дар ҷомеа аст.
Дар иртибот бо шуғли бачаҳо дар бозору хиёбонҳо гуфтаниам, ки ин мушкилӣ на танҳо мушкилии ҷомеаи мо, балки мушкилии тамоми кишварҳои ҷаҳони сеюм аст. Имрӯз вазъи зиндагии бештари хонаводаҳои тоҷик сахт аст ва бисёре аз ин хонаводаҳо бачаҳоро маҷбур ба кор кардан дар хиёбону бозорҳо мегузоранд. Тибқи эъломияи ҳуқуқи башар, бача то синни 18-солагӣ ҳақи кори вазнинро надорад, аммо вазъ агар маҷбур кунад, метавонад дар муассисаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ кор кунад. Ин шароитро бояд давлат муҳайё бисозад, то бо ин васила ҳам дониши бача боло равад ва ҳам мо битавонем эҳсоси масъулиятро дар бачаҳо тарбият кунем.
Ва аммо назари муаллима Шарифова дар ин маврид чунин аст:
— Ба назари ман, дар бозору хиёбонҳо ба кору талабандагӣ машғул гаштани бачаҳо аз бемасъулиятии хонаводаҳо сар мезанад. Қаблан чунин бачаҳоро мо намедидем. Иллати асосии ин дар он аст, ки бояд баррассӣ кард, ки бача дар кадом шароит ва дар кадом хонавода тарбият ёфтааст. Агар ҳар як падару модар қабл аз таваллуди фарзандаш дар бораи шароит ва тарбияи фарзандаш фикр кунад ва тавонад дар вуҷуди фарзандаш аз кӯдакӣ эҳсоси масъулиятро дар ҷомеа ва хонавода бедор кунад, ҷомеа бе ҳеҷ мушкилӣ пеш хоҳад рафт.
Ва баъд, назари худи донишомӯзон дар ин робита чӣ гуна аст?
Комил Бобоёров мегӯяд:
— Ба назари ман, иллати асосии аз мактаб дур афтодани бачаҳо ҳам хонавода ва ҳам мактаб мебошад. Чун мактаб аз бача сари ҳар моҳ пул талаб мекунад ва хонавода низ дар таъмини он оҷизӣ мекашанд.
— Падару модар низ бар ин ақидаанд:
— Агар ҳама чиз пулакӣ бошад, пас бачаи ман бо ин вазъ хонда чӣ мешавад?
Парвина Мирҳоҷиева мегӯяд:
— Ман ҳар вақт бачаҳои талбандаро дар бозору хиёбон дида, дилам ба ҳолашон месӯзад. Ояндаи онҳо чӣ мешуда бошад? Дуруст аст, ки имрӯз онҳо бо ин амали худ ба хонаводаашон кӯмак мекунанд, вале фардо чӣ? Наход тамоми умр талабандагӣ кунанд ва аз роҳи муфт пул ба даст оранд!
Ба назари ман, мошиншӯӣ ва ё пулҷамъкунӣ дар минибусҳо гарчанде, ки вақт сарф кунанд ҳам, барои ояндаи онҳо ягон нақше намебозад. Беҳтар мешуд, агар имрӯз барои омӯхтани илму ҳунар вақт сарф мекарданд ва бо азияти имрӯз фардои беҳтари худро месохтанд.
Бале, ҳақ бар ҷониби Парвина буд. Ҳеҷ чиз ба роҳатӣ ба даст наёмадааст. Имрӯз бояд ранҷ кашид, то фардо ганҷе ба даст биёварем ва кишварро обод кунем. Зеро ҳар чизе ки муфт ба даст меояд, аз ёд набарорем, ки муфт аз даст меравад ва ояндагон низ ин аъмоли моро ба некӣ нахоҳанд ёд кард.

Комрони ЛУҚМОНЗОДА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: