Главная > Uncategorized > Ӯзбекистон «буққа»-ву Тоҷикистон «бачаи хуб»?

Ӯзбекистон «буққа»-ву Тоҷикистон «бачаи хуб»?

Дар давоми соли 2009 ҷониби ӯзбекистон барои аҳолии Тоҷикистон монеаҳои зиёде эҷод кардааст. Шурӯъ аз мушкилоти газу барқ ва сарҳаду нерӯгоҳҳо, монеаҳо ба вуҷуд омада истодаанд. Дар мавриди аз системаи воҳиди энергетикӣ хориҷ шудани ӯзбекистон ва аз шиддати фишор ба садама дучор шудани хати барқи «Норак-Регар» аҳолии Тоҷикистон ба мушкилӣ дучор шуда буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҳамзистии мусолиҳатомез, «бачаи хуб» буданашонро нишон доданд ва давлати ҳамсояро барои созиш ва ҳамкорӣ даъват карданд. Вале ӯзбекистон ҳанӯз ба монеаэҷодкунӣ идома медиҳад.

Мо метавоне ҷуброн рӯёнем?
Ҳамакнун, ба иттилои расонаҳои хабарӣ, на кам аз 1000 вагоне, ки масолеҳи сохтмониву хӯрока доранд, дар роҳи оҳани ӯзбекистон банд мондаанд. Шералӣ Муқимов, соҳибкори тоҷик, ки бо ширкати эронии «Шарқ» ҳамкорӣ доштааст, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки аз моҳи ноябр ин сӯ 76 вагони семент ва дигар масолеҳи сохтмонии онҳо аз Қаршии ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон ҳаракат карда наметавонад. Вай мегӯяд, теъдоди вагонҳои аз Эрону Русия ба ҷониби Тоҷикистон ҳаракаткунанда, ки дар банди идораи роҳи оҳани ӯзбекистон мондаанд, ба 1000 мерасад. Ба гуфтаи ӯ аз ӯзбекистон касе сабаби ин монеаро ба эшон намегӯяд. Вале бо вуҷуди ба таври хаттӣ ба мақомоти гумрук, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Роҳи оҳани Тоҷикистон муроҷиат карданашон, ҳанӯз ҷавобе наомадааст.
Талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои берун овардани қатораҳои молу коло аз банди роҳи оҳани ӯзбекистон натиҷае надодааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси муроҷиати тоҷирони тоҷик ба сафорати ӯзбекистон дар Душанбе ва ҳамчунин, тавассути сафорати Тоҷикистон дар Тошканд аз мақомоти кишвари ҳамсоя хостаанд, то дар ҳалли ин проблема мусоидат кунанд. Аммо дар муддати беш аз як моҳ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Акнун ба посухи ҷониби ӯзбекистон интизоранд ва умедвор мешаванд, ки ин қазия ҳалли мусбати худро меёбад.
Ин дар ҳолест, ки Гулсара Хоркашева, масъули идораи боркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, аз қазия огоҳӣ надорад, зеро дар ин маврид ҳеҷ дархосте ба таври расмӣ ва хаттӣ ба дасти онҳо нарасидааст.
Ҳодисаҳои мушобеҳ ба банд мондани вагонҳои молу ашёи Тоҷикистон дар ҳудуди ӯзбекистон пештар низ вуҷуд дошт ва то имрӯз ин мушкилӣ аз байн нарафтааст. Бисёре аз коршиносон ин рафтори ҷониби ӯзбекистонро сиёсӣ ва як навъ фишор ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, ки баъд аз тасмими сохтани нерӯгоҳҳо мухолифат бештар шудааст.
Аммо мақомоти ӯзбекистон сабаби монеаро мушкилоти фаннӣ дар роҳи оҳани хеш далел меовардаанд ё аз шарҳи ҳолат худдорӣ мекардаанд. Моҳи сентябри соли 2009 банд мондани 200 вагони Тоҷикистон дар ҳудуди кишвари ҳамсояро Бахтиёр Раҳимов, муовини раиси Кумитаи гумруки ӯзбекистон мушкили хеле беарзиш ва ҳалшаванда арзёбӣ карда, гуфтааст, ки барои тоҷироне, ки ба ин ду кишвар мол бурда меоранд, ин мушкил доимӣ нест ва дар вақташ ҳалли худро меёбад.
Тӯл кашидани боздошти вагонҳо дар ҳудуди ӯзбекистон то ҳол идома дорад, аммо тоҷирони тоҷик аз он шикоят мекунанд, ки масолеҳи онҳо ба монанди семент дар зери барфу борон монда, сифати худро гум мекунад. Вале Ҷовид Шарипов, яке аз масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, тибқи тавофуқоти миёни давлатҳои узви ИДМ мавҷудбуда, ҷуброни зиён аз сӯи кишваре сурат мегирад, ки мол дар ҳудуди он хароб шудааст. Инчунин, вай гуфтааст, ки агар соҳибкорон дар мавриди коҳиши сифати молашон аз «Тоҷикстандарт» ҳуҷҷат оранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моли онҳо андоз ситонида намешавад.
Вале дар тӯли 2-3 моҳ семент дар зери борону барф тамоман вайрон мешавад, ки аз он истифода кардан ғайриимкон мегардад. Пас дар ин маврид мақомоти Тоҷикистон оё метавонад бо ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ аз кишвари ӯзбекистон ҷубронро рӯёнад?
Мустақилият, ҷудоӣ, ё фишор?
Ҷумҳурии ӯзбекистон ба хотири худтаъминкунӣ аз системаи воҳиди энергетикӣ хориҷ шуд. Ҳамакнун мехоҳад дар водии Фарғона роҳи оҳани худро сохта, аз роҳи оҳани муштарак бо Тоҷикистон дигар истифода накунад. Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар пайи як амри Ислом Каримов, президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон моҳи декабри соли гузашта гирифта шудааст. Суоле ба миён меояд, ки давлати ӯзбекистон аз пеш гирифтани ин гуна иқдомҳо чӣ мақсад дорад? Оё бо Тоҷикистон ҷудоиро мехоҳад? Ҳарчанд мақомоти кишвари ҳамсоя даъво мекунанд, ки мустақилияти ҳамаҷонибаи худро таъмин карданиянд, аммо бисёре аз коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳадафи онҳо сиёсист ва чун дастак барои фишор истифода мегардад. Зеро аз қудратманд шудан ва мустақилияти иқтисодиву сиёсӣ ба даст овардани Тоҷикистон, баъзе бозингарони сиёсӣ гумон мекунанд, ки майдони фарохи «чавгонбозӣ» барояшон танг хоҳад шуд.
Аммо Владимир Соблаков, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки онҳо дар бораи аз Роҳи оҳани Тоҷикистон истифода накардани ӯзбекистон иттилоъ надоранд. Вале ҷонибдори он ҳастанд, ки хадамоти Роҳи оҳани худро бо қимати арзонтаре дар ихтиёри ӯзбекистон гузоранд.
Ҳоло тибқи тарҳи нави ӯзбекистон, таъсиси маркази такмилие дар шаҳри Ангрен, ки водиҳои дигари ин кишварро бо Фарғона мепайвандад, пешбинӣ шудааст. Аз рӯйи ин тарҳ, он борҳое, ки ҷониби Андиҷону Намангон фиристода хоҳанд шуд, тариқи мошинҳои боркашон интиқол меёбанд. Аммо Владимир Соблаков мегӯяд, ки роҳҳои мошингард ва ҳавоӣ мисли роҳи оҳан арзону муфид нахоҳад буд. Аз ин рӯ, ба эътимоди ӯ, эҳтимолан ин амри Ислом Каримов танҳо чархиши сиёсатҳои ӯзбекистон асту халос.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ки ӯзбекистон аз роҳҳои оҳани Тоҷикистон барои интиқоли молҳояш истифода кардан намехоҳад, дар ташвиш нест. Вале мабод он рӯз, ки ӯзбекистон монеи истифода аз роҳҳои оҳанаш барои Тоҷикистон шавад.
Роҳҳои оҳани Тоҷикистон дар шимоли кишвар бо мамолики хориҷӣ танҳо аз тариқи ӯзбекистон ва Туркманистон мегузарад. Масъулони роҳи оҳан ва муҳоҷирону соҳибкорони тоҷик аз мушкилоту монеаҳо ҳангоми убур аз ин кишвар шикоят мекунанд.
Бо нигаронӣ аз мушкили мусофирони тоҷик, ҷониби Тоҷикистон тӯли се соли ахир барои бунёди роҳҳои оҳани алтернативӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки чанд тарҳи сохтмони роҳҳои нави оҳанро дар нақша дорад, вале иҷрои он сармоягузории бузургеро тақозо мекардааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2009 Амонуллоҳи Ҳукуматулло, сардори корхонаи давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон ин ширкатро яке аз бойтаринҳо дар кишвар арзёбӣ карда буд. Вале барои бунёди тарҳҳои мазкур маблағи хеле зиёд лозим будааст, ки ин ширкат дар ихтиёр надоштааст. Аз ҷумла, як тарҳи бузург — ин роҳи оҳани Турсунзода — Хуҷанд мебошад, ки бидуни убур аз қаламрави ӯзбекистон сохта хоҳад шуд. Вале дар он кандани тақрибан 50 км нақб зарур будааст.
Ба андешаи таҳлилгарон, дар сурати бунёди Роҳи оҳани Душанбе -Мазори Шариф — Ҳирот — Машҳад, Тоҷикистон метавонад аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари миёна роҳ ёбад.
Монеаҳои ӯзбекистон бештар шудааст
Мушкили гузаштан тавассути қатора ва автобус дар қаламрави ӯзбекистон ҳамвора барои муҳоҷирони корӣ ва дигар мусофирони тоҷик мавҷуд будааст. Аз рӯи маълумоти корафтодагон, ҳатто дар бисёр ҳолат кормандони ҳифзи ҳуқуқи ӯзбекистон ба таҳқири муҳоҷирони тоҷик мепардохтаанд. Мисоли равшанро дар мақолаи журналисти тоҷик, Сайёфи Мизроб дидан мумкин аст, ки халтаи биринҷи мусофири тоҷикистониро низомиёни ӯзбек даронда, онро ба замин мерезанд ва боз маҷбур мекунанд, ки бо дастонаш бардорад.
Мушкили дигари ҳалталаб миёни Тоҷикистону ӯзбекистон ин хатари мина аст. То имрӯз бар асари таркиши мина, ки дар марзи ӯзбекистону Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти кишвари ҳамсоя гузошта шудааст, аз соли 1999 ба ин сӯ 74 нафар ба ҳалокат расида, 87 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо ҷониби ӯзбекистон бо баҳонаи он ки тавассути марзи Тоҷикистон эҳтимоли ворид шудани террористон ва ҷангҷӯён вуҷуд дорад, минаро тоза карданӣ нест. Вале то имрӯз ягон нафар террорист аз таркиши мина ҳалок нагаштааст ва танҳо мардуми оддӣ зарар мебинанд.
Мушкилот дар мавриди интиқоли газ аз ӯзбекистон борҳо ба миён омада, то имрӯз идома дорад ва ҳазор метри мукааб гази ӯзбекистонро 240-долларӣ Тоҷикистон харидорӣ мекунад. Дархости мақомоти тоҷик дар мавриде, ки нархи ҷаҳонии газ сӣ дар сад коҳиш ёфтаву ӯзбекистон бояд онро ба 170 доллар паст кунад, номаълум аст. Ин дар ҳолест, ки ҳар 1000 метри куби газро ӯзбекистон ба Қирғизистон 74-долларӣ мефурӯшад.
Дар мавриди бунёд накардани нерӯгоҳҳо дар болооб ӯзбекистон борҳо даъво карда буд ва барои насохтани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мухолифатҳои зиёд нишон дод. Монеаҳои ахир, аз қабили хориҷ шудан аз системаи воҳиди энергетикӣ ва банд кардани вагони молҳои тоҷирони тоҷикро низ бархе аз коршиносон як навъ фишору монеаи ӯзбекистон маънидод мекунанд. Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон мегӯяд, ин талоши дигари ӯзбекистон аст, ки мехоҳад вобастагиҳояш аз Тоҷикистонро коҳиш дода, минбаъд вобастагиҳои Тоҷикистон аз ӯзбекистонро ҳамчун фишанг истифода кунад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: