Главная > Uncategorized > 300 ҳазор сомонӣ ба «Муллотоҷикстандарт» не, ба «Роғуншоҳ»!

300 ҳазор сомонӣ ба «Муллотоҷикстандарт» не, ба «Роғуншоҳ»!

— Эй занак! Як дамакак дамта гир! «Муш дар ҷонканию гурба дар бозӣ!». Биё, як маслиҳат кунем. Ана, бачу кач ҳам нишастаанд. Боз нагӯянд, ки нашунидем. Ҳозир ба як қарор меоем. Бояд иҷроишаш барои ҳама ҳатмӣ бошад. Ба маҷлис кампири модарро даъват накунем ҳам мешавад. ӯ чӣ қароре қабул накунем, розигӣ медиҳад. Кайҳо боз мегуфту боз таъкид намуд, ки «ними умрро деҳу ҷӯшоӣ хар, ҳамаи умрро деҳу рӯшноӣ». Барои ҷӯшоӣ ҳамон гови шохшикаста ними умрашро сарф карда буду базӯр харид, акнун мегӯяд, ки шир-пир намехӯрад, ҳамонро ҳам фурӯшеду рӯшноӣ харед. «Агар нафурӯшед,- мегӯяд ӯ,- кафании харидаамро мефурӯшам. Бе кафан зери хок мераваму ин ориятро намебардорам. Охир, ман нанг дорам, номус дорам!!!». Барои ҳамин, бибиятонро даъват накунед ҳам мешавад. Боз ягон сухани ноҷо мегӯеду фишораш баланд мешавад. Маҷбур мешавем, ки аз нӯги маблағи ҷамънамуда боз дору харем. Биёед, ба асли мақсад оем. Ҳама огаҳӣ доред. Замони мардӣ, ватандӯстӣ… замони худро нишон додан расид. Барои ҳамин, фарзандонам, то ба итмом расидани иншооти бузурги аср зану шавҳар намешавед…
— Муаллим, ҳой муаллим!! Чиҳо гуфта истодаед?,- гӯён Фарангис ба китфам зад.
Бовар кунед, аз шарм надонистам, ки чӣ кор кунаму чӣ гӯям. Дар як утоқи танги ошёнаи 14-и бинои Шарқи Озод, ки зиёда аз 10 нафар ҳайати эҷодии «Пайкон» нишаста буданду маҷлис мегузарондем, гумон кардам: «Кунҷи сандалии хонаи бобоӣ нишастааму бо фарзандон сухан мегӯям».
— Бахшиш, сад бахшиш… Агар директори Шарқи Озод Манзурхон Додохонов инсоф мекарду як ҳуҷраи калонтареро медод, эҳтимол чунин намешуд. Бовар кунед, муҳити нишаст таъсир карду хаёл маро ба деҳа бурд…
— Ҳамон хонаҳои тангу тори кӯҳистон аз ин ҷо беҳтар. Ақаллан халоҷо бе қулфу калид аст…- бе ягон истиҳола луқма партофт Азимҷон.
— Зиқ нашав!,- тасалло додам ӯро. Поёни шаби сиёҳ сафед аст. Худо хоҳаду Роғунро созем, ҳамааш хуб мешавад. Дар бораи қулфу калид доштани ҳоҷатхонаи ошёнаи 14 парво накун. Ҳоло ҷавон ҳастед. Ба ошёнаҳои поён фуромада баромадан мегиред. Охир, хизмати комуналиро ҳамин тавр мерасонанд-дия! Ҳоҷатхона қулф задагӣ, об нест, лифт гоҳ кор мекунад, гоҳ не. Вале бояд маблағи комуналиро супорем. Ҳоло хеле қарздорем…
Бори дигар аз кормандон узр пурсидаму сари мақсад омадам:
— Мӯҳтарам ҳайати эҷодӣ! Мақсади асосии ҷамъ омаданамон аз он иборат аст, ки бояд ба як қарори қатъӣ оем. Бубинед, сар то сари ҷумҳурӣ сағиру кабир, пиру барно барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳм гузошта истодааст. Мо чӣ? Бо кадом роҳ ба ин иншооти аср саҳмгузор бошем? Танҳо бо навиштани мақола, эълон намудани озмун кор буд намешавад. Бинед, ҳисси миллии одамонро бинед, ки фарзандашро, ҷигарбандашро Роғуншоҳ ном гузоштааст. Аҳсан!!! Духтарашро Саҳмия номидааст. Чӣ хел номи шинам!!! Ҳайронам! Ин Фазлиддин ёфтагеш танқид. Охир, танқидро чӣ кор мекунӣ? Ҳама ҳамин тавр. Саида ба барқ часпидааст, Фарангис гӯё ба ҳизбҳо ошиқ шудааст, Исфандиёр кораш ба вазирон расидан, Мавзуна аз «Ховар» ҷудоӣ надораду Азимҷон аз ДТИКТ. Аҳлиддин — ин домуллои будагӣ. Дар бораи домуллоҳо менависад. Хайр, Эҳсон ба наздикӣ барои хондан ба Покистон меравад, бисёриҳо аз ӯ халос мешаванд. Дигар танқид навиштан бас аст. Роҳе ёбем, ки бо дигарон шарик бошем. Медонед, мегӯянд, ки «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамрангӣ ҷамоат бош».
— Рӯзноманигоронро барои ба рафти кори нерӯгоҳи «Роғун» аз наздик шинос шудан даъват карданд,- гуфт Саида,- вале касе моро хабар накард. Агар мерафтему кору борашонро аз наздик медидем, эҳтимол ягон пешниҳоди ҷолибе мекардем.
— Мо хор дорем, мехалем. Барои ҳамин хабар намекунанд,- якбора ба шур омад Фарангис ва ба тарафи Саида нигариста,- ҳаминро медонистӣ, чаро худат нарафтӣ? Моро хабар намекунанд. Ба як ҷамъомади расмӣ ҳам хабар накарда буданд. Ман ба масъули он занг задаму гуфтам, ки мо ҳам ба воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон алоқамандӣ дорем, чаро моро даъват намекунед? Ноилоҷ номи маро навиштанд.
— Гапро ба дигар тараф набаред,- сарашро хорида — хорида ба сухан сар кард Фазлиддин. Мақсад ба сохтмон ёрӣ расондану саҳм гузоштан бошад, бояд аз ҷиҳати молиявӣ ёрӣ расонем. Ман дар квартира зиндагӣ дорам. Ҳамсарамро ба деҳа мебараму шабона худам дар утоқи корӣ меистам. Ҳамон маблағро ҷамъ мекунему кӯмак мерасонем.
— О, дар ин ҷо чӣ хел шабона меистӣ?,- пурсид Аҳлиддин ва ба рӯзномаҳои аз фурӯш гашта ишора намуд. Нишастан намешаваду… Ин роҳи ҳалли масъала нест. Ман оиладор шуданӣ будам. Аниқтараш, волидонам маро хонадор карданӣ буданд. Онро мавқуф мегузорем. Зеро хоҳу ноҳоҳ дар рӯзи тӯям ягон тӯҳфа мехаред.
— Мо ҳам… баробар хандиданд Саидаю Фарангису Мавзуна.
— Бо ин суханон масъала ҳал намешавад. Роҳеро ҷӯстан лозим аст, ки кӯмак расонем. Пешниҳоди Фазлиддин қобили қабул нест. Чунки пас аз ду — се ҳафтаи дигар ҳатто барои компютерҳо ҷой намемонад. Пас ӯ чӣ хел дар ин ҷо зиндагӣ мекардааст? Зану шавҳар накардан ҳам номумкин аст. Чунки тақдирро тадбир карда намешавад. Кӣ мегуфт, ки Парвона шавҳар карда ба Кашмири Ҳундустон меравад?,- файласуфона гуфт Фирдавс.
— Маоши бе он ҳам намегирифтаамонро тамоман нагирем,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Исфандиёр, ки хомӯш дар гӯшае рост меистод. Аз холаи Гулчеҳра илтимос кунем, ки панҷ дирами ба болои рӯзнома монда мефурӯхтаашро нагирад. Қарзи нашрияи «Оила — принт»-ро напардозем. Роҳпулии ба Эҳсону Фаридун медодаро надиҳем. Фазлиддин аз баҳри иҷора гузараду Аҳлиддину Саидаю Мавзунаю Фарангис зану шавҳар накунанд ҳам, ба «Роғун» кӯмак карда наметавонем.
Ҳама лаҳзае хомӯш ба ӯ нигаристем.
— 300 ҳазор сомонии ба манфиати «Тоҷикстандарт» ҷарима бастаи суд,- бе ягон шарҳ гуфт Исфандиёр.
Чашмони ҳама сӯи ман дӯхта шуд.
— Рост мегӯяд, аввал ғами пардохти он маблағи «Тоҷикстандарт»-ро хӯрдан лозим аст!,- нидо кард Фарангис.
— Бале, аввал «ғами «Тоҷикстандарт»-ро хӯрдан лозиму мо ба «Роғун» кӯмак мерасонем,- гуфтам ман.
— Ҷарима чӣ мешавад?,- пурсид Фаридун.
— Синфи чандумро тамом кардӣ, ки ин суолро мепурсӣ? Ҳиссаҳои нутқро хондаӣ? Исм гуфтагӣ ҳиссаи нутқ ҳасту он ҷондору беҷон мешавад. Боз ҳамин ҷондораш ба ду савол ҷавоб мешавад: Кӣ? ва Чӣ? Одам ба саволи кӣ ҷавоб мешавад. Одами ҷондор шаъну шараф дораду эътибори корӣ. Роғуншоҳ шаъну шараф дорад! Саҳмияхон ҳам! Агар Муллотоҷикстандарт ё Бибитоҷикстандарт мебуд, Тоҷикстандартқул ё Тоҷикстандартгул мешуд, Тоҷикстандартбой ё Тоҷикстандартбону мегуфтанд, Абдутоҷикстандарт ё Тоҷикстандартхон номгузорӣ мекарданду шумоён шаъну шараф ва эътибори корияшро паст мезадеду ба суд муроҷиат мекард, он вақт дуруст буд. Дар мавриди имрӯза: Чӣ? Санг! Чӣ? Вахш! Чӣ? Кулӯх! Чӣ?…Чӣ?…Чӣ? «Тоҷикстандарт». Исми беҷон магар шаъну шараф доштааст? Бигзор ҳалнома баровардан гиранд. Он судя исми ҷондору беҷонро эҳтимол фарқ накунад. Шояд танҳо аъзои ҷумла: пуркунандаро донад… Бо як ҳаяҷон ҳарф задаму хомӯш мондам.
Ҳама ҳайрон ба ман нигаристанд, ки чӣ пешниҳоде дорам.
— Моро барои нашри Муроҷиатномаи ба унвони Раиси ҷумҳур навиштаи соҳибкорон ҷарима баста буданд. Ин амаламонро идома медиҳем ва ҳар каҷравиеро, ки дар сохмони НБО-и «Роғун» ва берун аз он вомехӯрем, фош намуда, ба дасти нашр медиҳем…
… Чӣ тавр кӯмак расонданамонро ҳам гуфта будам. Вақте ки шумораи навбатӣ ба нашр омода мешуд, Фазлиддин хандон ба ман саҳифаеро пешниҳод кард. Он рӯз «рафти маҷлис»-ро Фарангис сабт намуда будааст. Пешниҳод оид ба кӯмакро хат задаму чанд ҷумлаеро дар бораи ҳолати рӯҳии худ ва рафти сӯҳбат илова намудам ва ба дигар навиштаҳо чизе нагуфта барои нашр ризоият додам.

Ҷумъаи ТОЛИБ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: