Бедодӣ!

Оё духтари 17-солаи таҷовузшударо ҷонишини прокурор зани дуюм карданӣ буд?!

Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде қабл дар як барномаи шабакаи телевизонии Русия — «Федеральная судя» масъалаи таҷовуз ба номус мавриди баррасии судӣ қарор дода шуда буд. Дар курсии айбдорӣ нафаре менишаст, ки барои ду маротиба ғайри хоҳиши фурӯшандаи магазин алоқаи ҷинсӣ намудан, тибқи талаботи қонунгузорӣ мебоист ҷавоб гӯяд. Рафти воқеа чунин буд, ки фурӯшанда аз қафои борбардори магазин — ҷавон давида меояду аз оинаи тиреза ба поён нигоҳ мекунад. Дар ҳамин вақт касе аз пасаш омада, ғайри хоҳишаш алоқаи ҷинсӣ мекунад. Фурӯшандазанак аз он ҷавон гумонбар шуда, ба нозири минтақавӣ муроҷиат менамояд. Нозири минтақавӣ аризаро гирифта, ба ҷойи ҳодиса омада, он ҷавонро ёфта, фурӯшандазанакро назди ҳамон тирезаи бори аввал таҷовуз шуданаш гузошта, худ ба поён мефурояд, то ки аз поён нигоҳ карда, ба дурустии гуфтаи муроҷиаткунанда боварӣ ҳосил намояд. Ҷавон ин ҳолатро дида, дари хонаро аз дарун маҳкам намуда, ба он занаки дар назди тиреза дар ҳолати якуми таҷовуз шуданаш истода, алоқаи ҷинсӣ мекунад. Вақте ки ин саҳнаро судшавандаю ҷабрдида ва таҳкиқгар — корманди бо ин амалаш аз вазифа сабукдӯшшудаи милиса нақл мекарданд, ҳатто судя механдид. Судшаванда иқрор шуд, ки вай як маротиба бо ин хонум алоқаи ҷинсӣ кардааст. Ҳамон ҳам бошад, дар натиҷаи эксперимент гузарондани нозири минтақавии милиса.
Рафти маҷлиси судӣ маълум намуд, ки он фурӯшандазан тамоман ахлоқан вайрон буда, ба танфурӯшӣ машғул будааст. Ҳатто дар ин бора шавҳари занак, ки кайҳо ҷудо шуда будаанд, иброз намуд. Вале судя ҷавонро барои дидаю дониста, бар хилофи иродаи зан алоқаи ҷинсӣ намуданаш 3 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ин масъала дар Русия асту онро ба ман дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ҳамон ҷойе, ки ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медодам, нақл намуданд. ӯзбекзани шаробнӯше доимо масту аласт мегаштаасту мудом бо мардҳо алоқаи ҷинсӣ мекардааст. Ба ӯ фарқ надоштааст, ки ҳамхобааш кӣ мешавад. Бар ивази як шиша вино ӯро, новобаста чанд нафар мард, истифода мебурдаанд. Он занак боре аз як ҳамнишинаш хоҳиш мекунад, ки як стакан вино харида диҳад. Вале он мард хоҳиши занакро рад мекунад. Ҳамон занак ба прокуратураи ноҳия ариза менависад, ки ӯро таҷовуз карданд. Дар асоси аризаи ҳамон фоҳиша парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиш гузаронда, парвандаро ба суд мефиристанд ва суд он мардро 8 сол аз озодӣ маҳрум мекунад…

… Дар рӯ ба рӯи ман ягон нафари танфурӯш ё шаробнӯши аз ягон чиз рӯй намегардонда не, духтараке меистод, ки ҳамаги 19 сол дошту ҳанӯз дар синни 17-солагияш, ҳангоми дар мактаби миёна хонданаш тамоми орзую ҳавасашро ба якборагӣ барбод доданд. ӯ аз ҳаяҷон сухан гуфта наметавонист, аз дидагонаш ашк чун борони баҳор сарозер буду модараш ҳолати духтарашро дида, ба паҳлудари хона такя намуда, бесадо мегирист. Намедонам ин ҳолат чанд дақиқа идома ёфт. Ба назарам хеле тӯл кашид, ба солҳо дакка хӯрд. Хостам духтаракро таскин диҳам. Аммо сухан дар гулӯям печиду дарди гулусӯзе вуҷудамро сӯзонд. Ноилоҷ хомӯш истодаму гуфтаҳои Гулрухсор ба ёдам расид:
Гул рафт, агар баҳор меояд боз,
Ин дарс маро ба кор меояд боз.
Паймони маро шикаст, агар номарде,
Марде ба дили фигор меояд боз.
Бале, рӯзе мерасад, ки ҳаёти ин духтараки қурбони нафси ҳайвонӣ гардида боз дурахшон мешавад. Оила барпо мекунад, кӯдакони дӯстрӯякро ба дунё меорад. Шояд он чизи дидааш, он ҳолати аз сар гузарондааш ҳам ба мурури замон ба гӯшаи фаромушӣ равад. Вале сабақи зиндагӣ, дарси ҳаёт фаромӯш намешавад.
Модараш моро ба хона таклиф намуд. Ҳамоно духтараш чун ҳайкал байни айвони хона истода, мегирист, сахт мегирист. Модараш наздик шуду чизе гуфт, ки духтарак бо тамоми овоз ба сӯи модараш дод зад. Модари хиҷолатзада ба наздамон даромада:
— Ана ҳамин тавр, ягон сухан гуфта намешавад. Пас аз он ҳодиса шабҳо аз хобаш овоз бароварда мехезад… Ва боз ашк ба ӯ имкони сухан гуфтан надоду аз хона берун баромад.
Пас аз муддате ҳамроҳи духтараш омад. Аз гиря ду рухсораи духтарак лолагун буд. Вай ҳиққосзанон гиря карда мегуфт, ки ба ӯ кормандони прокуратура гуфтаанд: «Беҳуда шикоят накун, ҳеҷ кор аз дастат намеояд».
ӯро тасаллӣ додаму ба дасташ чанд варақ дода, аз ҳодиса не, пас аз он рӯзи наҳс чӣ шуданашро пурсон шудам. Зеро намехостам бори дигар аз сарнавишти талхаш, аз ба бод додани орзую ҳавасаш ёд кунаму ба захми дили ӯ намак пошам, ба тори асаби бе он ҳам хароби духтараки аз сад гулаш як гулаш нашукуфтаю бо амри тақдир рӯ ба пажмурдагӣ оварда нохун занам. Дар рӯ ба рӯямон нишаста, ба навиштан шурӯъ намуд. Вале баробари ҳар ҳарф донаҳои ашк ҳам ба рӯи саҳифаи сафед, ки шабеҳи пардаи номусу иффаташ буд, чакида онро доғдор менамуд…
Тоқати дар наздамон нишастан накарда, ба хонаи дигар гузашт. Модараш лаб ба сухан кушод. Ба нақли ҳодисае пардохт, ки борҳо аз духтараш шунидааст… Духтараш дар назди кормандони мақомоти дахлдор нақл кардааст…
Озода (Ин номи шартии мост ва барои нигоҳ доштани шаъну шарафи духтару аҳли оилаашон номи духтаракро дигар намудем. Ҳамчунин, номи деҳа низ ёд карда намешавад. Ному насаби таҷовузкору кормандони мақомоти қудратӣ дар шакли асл оварда мешавад. Номаи модари духтарак дар яке аз шумораҳои рӯзнома нашр шуда буд. Мутаассифона то ҳол аз Прокуратураи генералӣ ягон посух нагирифтем,- муаллиф). И. Бобораҷабовро ҳамчун ҳамдеҳаашон мешинохт, ки дар як мактаб аз ӯ се синф боло мехонд ва бо писари амакаш ҳамсинф буданду ба хонаи амакаш рафтуомад дошт. Шахсан ӯ бо Ином ягон хел муносибати наздик надошт. Санаи 2-юми ноябри соли 2008 духтари амакашро ба шавҳар медиҳанд. Тӯй дар хонаи домод, ки ҳамдеҳаашон буду дар маҳаллаи дигар мезист, баргузор мешавад. Тахминан соати 13:00 Озода бо модараш ва дигар хешу таборҳо аз тарафи келин ба хонаи домод, ба базми тӯй мераванд. Маърака тахминан то соати 16 ё 16:30 дақиқа давом мекунад. Дар ҳавлии домод базм буду ҳофизон суруд мехонданд. И. Бобораҷабов ҳам дар тӯй иштирок доштааст. Вақти суруду мусиқӣ Озода бо духтари аммааш ва дигар хешонаш ба саҳна баромада, давра гирифта рақс мекунанд. Ином омада аввал бо духтари аммааш рақс мекунад. Баъд Озодаро аз дасташ кашола карда, ба мобайни давра медарорад ва ҳарду рақс мекунанд. Ҳофизон суруди «ман ба хоразмӣ домод мешавам»-ро мехонад ва Ином «ман ба … домод мешавам» гуфта, номи модари Озодаро мегирад. Озода шарм карда, «ин хел нагӯед» гуфта, аз наздаш меравад. Бо ҳамин дигар дар тӯй И. Бобораҷабов ба Озода ҳамгап намешавад. Дар тӯй аллакай Ином дар ҳолати мастӣ будааст.
Баъди ба итмом расидани тӯй Озода ба хонаашон омада, либосҳояшро иваз карда, баъд ба хонаи амакаш меравад, ки ин вақт соат тахминан 17:30 ё 18 будааст. Ҳамроҳи дигар хешу табор ба ғундоштани асбобу анҷом ва шустани зарфҳо машғул мешавад. Тахминан соатҳои 19:30 Озода бо як хешашон аз Ҷумҳурии ӯзбекистон, ки ба тӯй омада буд, ба магазини деҳа рафтанӣ мешаванд. Ба кӯча мебароянд, ки ба хонаи амакаш И. Бобораҷабов омада медарояд. Вай дар ҳолати сахти мастӣ будааст ва аз Озода «ба куҷо рафта истодаӣ» гуфта мепурсад. Озода ҷавоб надода, аз пешаш гузашта меравад. Онҳо аз магазин баргашта, ба хонаи амакаш меоянд. Аз даруни хона Ином баромада, ба назди онҳо омада, ногаҳон «асалаки ман ин қадар меҳнаткаш» гуфта, рӯйи Озодаро мепучад. Озода ба банди дасти Ином зада, дасти ӯро аз рӯяш дур мекунад. Ин вақт аз қафо модараш омада, ба Озода «ба хона рав» гуфта, худаш ба тарафи хонаашон меравад. Ином дар назди ошхона истода будааст. Баъд Озода барои пӯшидани туфлияш, ки дар айвони хонаи амакаш меистод, меравад. Туфлияшро напӯшида, мебинад, ки дар даруни хона чандто тӯҳфа ба фарш афтидаанд. Озода ба хонача даромада, тӯҳфаҳои афтидаро ба тартиб дароварда, ба берун баромаданӣ мешавад, ки дар айвон Ином истода, пеши роҳи ӯро мегирад. Озода вайро «аз наздам дур шав» гуфта, бо дасташ тела медиҳад. Ином таклиф мекунад, ки ба гӯшае рафта сӯҳбат кунанд. Озода маст будани ӯро таъкид менамояд ва илтимос мекунад, ки аз наздаш дур шавад. Ином «ҳозир бо зӯрӣ туро кашола карда мебарам» гуфта, якбора Озодаро аз дасташ кашола мекунад, ки аз болои айвонча ба замин сахт фаромада, қариб меафтад. Ҳанӯз Озода ба худ наомада, Ином бо як дасташ даҳони Озодаро маҳкам дошта, бо дасти дигараш аз миёнаш оғӯш карда, кашолакунон ба қафои хона мегузаронад. Дар онҷо равшании барқ набудасту оғилхона ҷойгир будааст. Озодаро ба зӯрӣ ба онҷо кашола карда дароварда, ба кунҷаш тела медиҳад, ки Озода ба замин меафтад. Баъд ба Озода часпида оғӯш мекунад. Озода зорию тавалло мекунад, ки ин корашро бас кунад. Ином бошад, ба муқобилияту зориҳои ӯ нигоҳ накарда, боз бо як дасташ даҳони Озодаро дошта, аз оғилхона ба берун бароварда, ба ҳезумхонаи паҳлӯи он кашола карда дароварда, маҷбур мекунад, ки либосҳояшро кашад. Озода ин талаби вайро рад мекунад. Ином бо зӯрӣ аз банди паҳлӯи шими (брюк) Озода мекашад, шимаш аз дарзи паҳлӯяш медаррад. Баъд бо зӯрӣ шимашро кашида, ба як тараф мепартояд…
Ином Озодаро бо зӯрӣ ба замин хобонида, ба зорию илтиҷояш, даступозанияш нигоҳ накарда, бо зӯрӣ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Озода мефаҳмад, ки бокирагияш шикаст, гиря мекунад. Ином ӯро ором намуда, ба ӯ ваъдаи дар оянда оиладор шуданро медиҳад. Озода либосҳояшро пӯшида, аз он ҷо баромада, ба ҳавлии хонаи амакаш мегузарад, ки дар айвончаи хонаи тӯҳфадор духтари амакаш истода будааст. Озодаро дида дар куҷо буданашро мепурсад. Озода «Ином маро ба ҳезумхона кашола карда бурд» гуфта, дигар гап назада гузашта меравад. Вақте ки ба хонаашон меояд, модараш хавотир шуда, ӯро меҷустааст. Озода ҳодисаи рӯйдодаро аз модараш пинҳон медорад. Дар бевақтии шаб бошад, худи Ином ба модари Озода телефон карда, дар бораи он, ки бо Озода алоқаи ҷинсӣ кардааст, хабар медиҳад. Модараш аз ӯ мепурсад. Озода тасдиқ карда, ҳодисаи рӯйдодаро ба модараш нақл мекунад.
Саҳарии 3-юми ноябри соли 2008 И. Бобораҷабов ба хонаи онҳо омада, аз модари Озода узр пурсида мегӯяд, ки дар ҳолати мастӣ, нафаҳмида алоқаи ҷинсӣ кардааст ва падару модарашро ба хостгорӣ мефиристад. Озода бемор мешаваду се рӯз дар хонаашон хоб мекунад. Падараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст. Ҳолаш каме беҳ мешаваду бо модараш рӯзи 6-уми ноябри соли 2008 ба ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, ариза менависанд. Озодаро барои аз ташхиси тиббӣ гузаштан мефиристанд. И. Бобораҷабовро ҳам дастгир намуда, ба ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов меоранд. Нозири минтақавӣ аз тарафҳо баёнот гирифта, аз рӯи тобеият парвандаро ба прокуратураи ноҳия мефиристанд. Санҷиши парвандаро муфаттиши ҳамонвақтаи Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов М. Пардаев ба истеҳсолоти худ мегирад.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ — тиббии № 452 аз 8-уми ноябри соли 2008, бокирагии Озода вайрон шуда, он мумкин аст санаи 2-юми ноябри соли2008 ба вуҷуд омада бошад…
Ин саҳнаи ҳузангези модари Озода нақлнамуда дар маводҳои расмӣ ҳам аз рӯи гуфтаҳои Озода қариб айнан навишта шудаанд. Пас чӣ шуд? Гуфтаҳо, аниқтараш навиштаи Озодаро ба охир мемонем…
Барои бо мавод шинос шудан, ба тариқи шифоҳӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намуда, пурсидем, ки дар ҳолати мавҷуд будани мавод ба тарзи расмӣ дархост намоем. Посух доданд, ки мавод дар Прокуратураи ноҳияи Спитамен ё дар Прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад. Адвокати Озода бошад, маслиҳат дод, ки беҳуда вақтамонро сарф накунем. Барои шинос шудан иҷозат намедиҳанд. Нақл намуд, ки бо як мушкилие бо маводҳо шинос шудааст.
Хостем бо Ином Бобораҷабов ҳамсӯҳбат гардида, аз ҳодисаи рухдода пурсон шавем. Гуфтанд, ки пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса, вақте ки нисбат ба рафтораш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намекунанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаасту то ҳол барнагаштааст. Бо Ином вохӯрдану аз ӯ оид ба масъала пурсон шудан ҳам хандаовар буд. Зеро вай ба кирдори кардааш пурра иқрор шудаасту гуфтааст: «Санаи 2-юми ноябри соли 2008 дар тӯйи арӯсии рафиқаш иштирок намуда, якчанд маротиба бо Озода дар саҳна рақс карданд. Баъди тамом шудани тӯй ӯ дар хонаи домод бо дигар рафиқонаш нишаста арақ нӯшида маст шуд ва анҷомҳои тӯйро ҷамъ карда истода буд, ки тахминан соатҳои 19-30 ба ӯ худи Озода телефон карда, дар куҷо буданашро пурсон шуд. Баъди ин ба хонаи келин рафта, қатори дигарон нишаста, боз як-ду пиёлаи дигар арақ нӯшид ва ба берун баромада буд, ки Озода ӯро интизор шуда истода будааст. ӯ Озодаро аз дасташ гирифта, ба ҳезумхонаи хонаи келин бурда хост, ки алоқаи ҷинсӣ кунад. Озода ба ин розигӣ надод, вале «ӯ агар мо бо ҳам алоқаи ҷинсӣ накунем, ба ман падару модарам дигар духтарро зан карда медиҳанд» гуфта бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кард. Ин корро ӯ дар ҳолати мастӣ, оқибаташро фикр накарда анҷом дода буд». Ин нишондоди И. Бобораҷабов дар «қарори дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ», ки санаи 27-уми апрели соли 2009 муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Спитамен М. М. Имомов қабул кардааст, айнан оварда шуд. Қарорро мехонеду хулосабарориҳои муфаттиш ҳалнома ё ҳукми судро ба хотир меорад. Барои ба дарозо накашидани масъала аз таҳлили он худдорӣ мекунем.
Собиқ муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов М. Пардаев бинобар набудани таркиби ҷиноят парванда оғоз намекунад. Ба онҳо дар санаи 17-уми ноябри соли 2008 чунин посух медиҳанд: «Прокуратураи ноҳияи Ҷ. Расулов маводҳоро аз рӯи муроҷиати Шумо нисбати шаҳрванд Бобораҷабов И. Х. оиди ба номуси духтари ноболиғатон таҷовуз карда, бокираи духтариашро вайрон намуданаш, мавриди санҷиш қарор дод.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Бобораҷабов И. бо духтаратон Озода алоқаи ҷинсӣ карда, бокираи духтариашро вайрон намудааст, ки ин ҳолат исботи пурраи худро ёфт, аммо ҳолатҳои бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ва ё истифодаи он ба номуси Озода таҷовуз кардани Бобораҷабов И. тасдиқи худро наёфт.
Дар натиҷа, маводи мазкур бинобар дар ҳаракатҳои Бобораҷабов И. Х. исбот нашудани аломатҳои таркиби ҷиноят, бо дастрасии моддаи 5, банди 2-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд».
Дар ин ҷо таъкид намуданием, ки Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов иқрор кардааст, ки Озода «духтари ноболиғ» асту «шаҳрванд Бобораҷабов И. бо Озода алоқаи ҷинсӣ карда, бокираи духтариашро вайрон намудааст».
Озодаю модараш аввал ба унвони Прокуратураи вилояти Суғд, пас ба Прокуратураи генералию Дастгоҳи иҷроияи Президент бо ариза муроҷиат намуда, аз ин бедодӣ шикоят мекунанд. Дар як вақт нобовариашонро нисбат ба Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов изҳор менамоянд. Аз ин рӯ, ҳодиса дар Прокуратураи ноҳияи Спитамен санҷида шуда, боз ҳамон қарори аввала бетағйир гузошта мешавад.
Моро як чиз ба ҳайрат гузошт. Ду маротиба аризаҳои ба унвони Прокуратураи генералӣ навиштаи Озодаю модараш аз раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба прокурори вилояти Суғд ирсол карда шудааст. Яке санаи 26-уми феврали соли 2009 фиристода шудааст, ки дар он имзои кадом муовини ин раёсат меистаду дар санаи 11-уми июни соли 2009 сардори ин раёсат, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 А. Х. Холмуродов имзо гузоштааст. Матни ҳарду мактуб як буда, пурсида мешавад, ки ҳодиса таҳти санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор дода шавад. Вале мактубҳои дар фосилаи 5 моҳ навишташуда як рақам доранд: 15/р-09с. Ба супориши додаи сардори раёсат аллакай санаи 23-юми июни соли 2009 таҳти рақами 13/45а, пас азс 12 рӯз бо имзои муовини прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 А. И. Қаноатов чунин посух медиҳанд: «Муроҷиати такрории Шумо оиди норозигиатон аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи прокуратураҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен аз рӯи ҳодисаи таҷовуз намудан ба номуси духтари ноболиғатон Озода аз ҷониби Бобораҷабов И. Х. дар прокуратураи вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба Шумо такроран хабар дода мешавад, ки бо қарор аз 27.04. 2009 сол муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Спитамен Имомов М. М. бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар кирдори Бобораҷабов И. Х. дар асоси моддаи 5, банди 2-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад намудааст. Қарори қабулгардида бо ин маводи санҷишӣ қонунӣ буда, асос барои бекор намудани он мавҷуд намебошад».
Дар бораи ҳаракати мактуб ба воситаи шӯъбаи алоқа аз шаҳри Душанбе то шаҳри Хуҷанду аз он ҷо то прокуратураи вилоят чизе намегӯем. Маълум аст, ки то расидани мактуб чанд рӯз сипарӣ мегардад. Пас, дар рӯзҳои боқимонда киро пурсидаву чиро мавриди баррасӣ қарор дода бошанд?! Дар ин маврид ҳам хомӯш меистем. Чунки маводро наомӯхтем. Танҳо навиштаи «маводи санҷиши қонунӣ буда, асос барои бекор намудани он мавҷуд набуданаш» моро ба андеша мебарад. Беҳуда аз посухи Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов мафҳуми «ноболиғ» ва «шаҳрванд Бобораҷабов И. бо Озода алоқаи ҷинсӣ карда, бокираи духтариашро вайрон намудааст»-ро таъкид нанамудем. Дар дигар маводҳои расмӣ, аз он ҷумла қарорҳои қабулнамудаи муфаттишони прокуратура мафҳуми «ноболиғ» таъкид мешавад. Пас ноболиғ кист? Дар моддаи 86-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад: «Ашхосе ноболиғ эътироф мешавад, ки синни чордаҳсолагиро пур карда, вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст».
Дар мавриди синну соли Озода модараш иброз намуд, ки муфаттиш М. Пардаев ба ӯ гуфтааст: «Агар духтарат 16-сола мебуд, И. Бобораҷабовро ба ҷавобгарӣ кашидан имкон дошт. Чун духтари ту 17-сола аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ғайриимкон аст».
Маълум аст, ки вақти ба амал омадани ҳодиса Озода ноболиғ будааст. Бигзор Озода бо хоҳиши худ алоқа карда бошад. Ҳол он ки, даррондани шимаш (брюк), худиқрории Ином дар мавриди маст буданашу оқибати амалашро фикр накардан аз маҷбурӣ сурат гирифтани алоқаи ҷинсӣ шаҳодат медиҳанд.
Матни чанд саволу ҷавоби Озодаро, ки аз адвокаташ гирифтем, чунин аст ва он дар дохили маводҳо будааст:
Саволи адвокат:
— Барои чӣ Шумо ин ҳодисаро аввал аз дигарон пинҳон доштед? И. Бобораҷабов бо кадом роҳ тарсонд, ки ҳодисаро ба дигарон нагуфтед?
Озода:
— ӯ аввал даҳони маро бо дасташ маҳкам кард ва ман овоз бароварда натавонистам. Дар ҳезумхона бошад, баъди либосамро кашидан ман мақобилият нишон додам, ки ӯ маро як шаппотӣ зада, «агар овозатро барорӣ, ман туро зада мекушам, майда — майда мекунам» гуфт, ки ман сахт тарсидам.
Саволи адвокат:
— Шумо бо хоҳиши худ алоқаи ҷинсӣ кардед, ё ӯ Шуморо маҷбур кард?
Озода:
— ӯ маро маҷбуран алоқаи ҷинсӣ кард. Агар ман бо хоҳиши худам алоқаи ҷинсӣ мекардам, гиряю нола карда, аз ӯ зорӣ намекардам, ки бо ман алоқа накунад, духтариамро вайрон накунад, ман ҳоло мактабхон ҳастам…
Бори дигар таъкид менамоем, ки бигзор ин гуфтаҳои Озода дурӯғ бошанд. Боз ба қонун рӯй меорем. Дар моддаи 138-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 2, банди «д» омадааст: «Таҷовузе, ки нисбат ба духтари баръало ноболиғ анҷом дода шудааст» бо маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо пешбинӣ мешавад. Ин ҷо шарҳу эзоҳи зиёдатие лозим нест. Озода ноболиғ буду ба номусаш таҷовуз карданд. Наход «маводи санҷишӣ қонунӣ буда, асос барои бекор намудани он мавҷуд набуданаш»» ҳамин бошад?! Дар бораи поймол намудани дигар ҳуқуқҳои мурофиавии Озода, ки иброз намуд, ҳарф намезанем. Қонуне, ки мо мехонему мебинему аз рӯи он амал мекунем, онро Президент имзо гузоштааст ва он КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ном дорад, чунин тарзи рафторро бо ноболиғ ҷиноят маънидод мекунад. Ҳамчунин, нисбати онҳое, ки ҷиноятро дидаю дониста мепӯшонанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Чунки дар мавриди бо ноболиғ алоқаи ҷинсӣ кардан ризоияти вай ба инобат гирифта намешавад. Агар ризоияти ноболиғро қонунгузор асос барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидан маънидод мекард, дар диспозитсияи моддаи мазкур чунин навишта намешуд. Дар Прокуратураи вилояти Суғд аз рӯи кадом қонун амал мекунанд, ки дигарон онро намедонанд? Эҳтимол дар ҷое ҷиноят будани ин амалро «қонун»-е рад намояду дигарон бехабар бошанд?!
Нақл намуданд, ки чанд нафари дар прокуратураҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен ба омӯзиши ин ҳодиса машғулбуда ҳамкурсу аз як маҳал будаанд. Ин масъаларо саҳеҳ гуфта наметавонем ва умедворем, ки пас аз гузарондани санҷишӣ хизматӣ аз тарафи масъулони мақомоти прокуратура ба он баҳо дода мешавад. Ҳамчунин, ба навиштаҳои Озода, ки собиқ муовини прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов Мурод Сунатуллоев, ки айни замон ин мансабро дар ноҳияи Спитамен иҷро мекунад, гӯё гуфта бошад: «Ба ҳеҷ ҷо шикоят накун, биё ба ман зани дуюм шав». Ҳарчанд мо бо М. Суннатуллоев дар утоқи корияш сӯҳбат доштему ӯ ин масъаларо рад намуд. Вале суоли дигар ба миён меояд, ки оид ба ҳодиса нафарони зиёде Озодаро пурсидаанду чаро номи ин шахсро мегирад?! Чаро нисбат ба ин масъала парвандаи ҷиноятӣ оғоз накарданд?
Нисбат ба ин ҳодиса гуфтаниҳо хеле зиёданд. Вале ба ҳаминаш иктифо мекунем. Ҳанӯзам пеши назар симои он духтараки дар селоби ашк аз бахти бадаш ғӯтавар намудор мешавад… Гумон мекунам, ки беинсофӣ, беадолатӣ, беномусӣ, бешарафӣ аз ин зиёд намешавад… Духтари бокираро таҷовуз кунанду таҷовузкор бе подоши амал гардад. Дар аксари аризаҳояш Озодаю модараш қайд кардаанд, ҳангоми хайрухуш ҳам Озода бо овози ларзон гуфт:
— Ба доди мо кӣ мерасад? Дар деҳа сар боло карда гашта наметавонем. Ба тамом дар назди ҳамсинфон шарманда шудам. Онҳо худи маро ба сабукпоӣ айбдор мекунанд. Намедонам, агар духтари ҳамон ҳомиёни қонунро ба ҳоли ман гирифтор кунанд, чӣ кор мекарда бошанд?
Мо ин суолро аз Шумоён пурсиданием, ҷанобон прокурорҳо!!!

Ҷумъаи ТОЛИБ,
БМСТЖ

Душанбе — Ҷаббор Расулов —
— Спитамен — Душанбе

Advertisements
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: