Главная > Uncategorized > Ду мурда дар Шаҳристон… Ҷабрдидаҳои ҳайрон

Ду мурда дар Шаҳристон… Ҷабрдидаҳои ҳайрон

7-уми августи соли 2009 тахминан соатҳои 4:40 дақиқаи шаб додари ман марҳум Дӯстов Аҳлиддин, ҳамсарам Шаропова Саноат Ҳаётовна ва фарзандонам Субҳияи Маҳбубзода (11-сола), Иброҳими Маҳбубзод, (6-сола), Шаҳдияи Маҳбубзод (4-сола) дар вақти бо автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107 таҳти идоракунии бародарам Дӯстов А., ки ба ноҳияи Айнӣ сафар мекарданд, дар километри 179-уми шоҳроҳи Хуҷанд — Душанбе ба садамаи нақлиётӣ дучор шуданд. Ронандаи автомашинаи тамғаи КАМАЗ (рақами давлатияш 90-23 РТ 01) онро идора карда натавониста, ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107 бархӯрда, рафта ба кӯҳ бархӯрда бозистодааст. Дар натиҷа Дӯстов А. ва духтарам Субҳия дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, дигар мусофирон бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ карда шуданд.
Оид ба ин ҳолат дар ШКД-и ноҳияи Шаҳристон маводҳои ҷамъовардашуда зери тафтиш ва санҷиш қарор дошт. Вале аз тарафи муфаттиши ШКД-и ноҳияи Шаҳристон Нурматов Ҷ. санҷиши маводҳо бар хилофи моддаи 15 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа, пурра ва объективона гузаронида нашудааст. Вақти гузаронидани санҷиш охирон ба якчанд ҳуқуқвайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ роҳ додааст.
Мутобиқи моддаи 105-и ҳамин Кодекс муфаттиш вазифадор аст, ки аризаи ба маълумотҳои оид ба содир намудани ҷиноят ё ҷинояти тайёркардашавандаро қабул кунад ва аз рӯзи гирифтани аризаю маълумотҳо сар карда, дар муддати на зиёда аз 5 шабонарӯз ва дар ҳолатҳои истисноӣ бошад, на зиёдтар аз 10 шабонарӯз қарор қабул кунад.
Аз рӯйи аризаю маълумотномаҳои дохилшуда материалҳои зарурӣ талаб кардан ва эзоҳот гирифтан мумкин аст. Аммо дар ин маврид ҳаракатҳои тафтишотие, ки дар ҳамин кодекс пешбинӣ шудааст, бо истиснои протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса гузаронида нашудааст. Оид ба ариза ва маълумотномаҳои дохилшуда бояд яке аз қарорҳои зарурӣ қабул карда шавад ва дар бораи қарори қабулкардашуда ба аризадиҳанда хабар дода шавад.
Дар саҳифаи аввали парванда хабари телефонии навбатдори ШКД-и Шаҳристон Ҷуманазаров Р. аз тарафи корманди ҳамин ШКД Муҳиддинов Ҷамол расидааст, ки дар километри 179-и автомобилгарди шоҳроҳи Хуҷанд — Душанбе садамаи нақлиётӣ рух медиҳад. Ронандаи автомашинаи тамғаи КАМАЗ (рақами давлатияш О 90-23 РТ 01) онро идора карда натавониста, ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи тамғаи ВАЗ 2107 (таҳти идоракунии ронандааш Дӯстов А.) бархӯрдааст. Дар натиҷа Дӯстов А. ва духтарам Субҳияи Маҳбубзод дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, дигар мусофирон дар ҳолати вазнини саломатӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ин хабари телефонӣ дар китоби КП-86, аз 07.08.2009 сол ба қайд гирифта шудааст.
Доир ба хабари расида аз тарафи муфаттиши ҳамин ШКД Нурматов Ҷ. рӯякӣ санҷиш гузаронида шуда, дар асоси қарори худ аз 27-уми августи соли 2009 дар бораи рад намудани оғози кори ҷиноятӣ бо дастрасии моддаи 5, банди 8-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда шудааст. Дар мавод мактубе аз 01.09.2009 сол зери №1195 гузошта шудааст. Аз матни ин мактуб дида мешавад, ки гуё ба ман дар хусуси чунин қарор хабар дода шуда бошад. Вале ман ҳамчун намояндаи ҷабрдида дар хусуси қарори баровардаи муфаттиш ягон маълумоте нагирифтаам ва дар ин мавод ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда мавҷуд нест.
Дар асоси шикоят бо қарори прокурори ноҳия аз 08.09.2009 сол қарори қабулнамудаи муфаттиш бинобар беасос ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуд. Мавод барои гузаронидани санҷиши иловагӣ ва қабули қарори қонунӣ ба ШКД-и ноҳия ирсол карда шуда буд.
Дар ин қарор прокурор якчанд камбудии ҷиддиро муайян карда, барои ҳал ва бартараф кардани онҳо роҳҳоро нишон додааст. Вале мутаассифона, муфаттиш дар пешбурди парванда боз ба истеҳсолоти худ қабул карда, рӯякӣ ва шитобкорона ду-се баёнотро гирифтаву санаи 17.09.2009 сол қарори навбатии худро дар бораи рад кардан аз оғози кори ҷиноятӣ қабул кардааст. Намедонам аз чӣ бошад, боз ба ман, ки ҳамчун намояндаи ҷабрдида эътироф шудаам, хабаре надодааст.
Саволе ба миён меояд, ки агар муфаттиш қарори қонунӣ ва асоснок ду дафъа бо ин мавод қабул карда бошад, пас барои чӣ барои маълумот онро ба ман дар асоси талаботи қонун пешкаш накарда, руст намудааст? Оё ин шаҳодати манфиатдории охиронро нишон намедиҳад? Ё худ, пас аз оне, ки прокурор ин қарори дафъаи якум интишоркардаашро бекор намуд, баҳри ҳар шубҳаро аз байн бурдан метавонист онро барои санҷиш ба дигар муфаттиш супорад. Тааҷҷубовар он аст, ки мувофиқи қонун дар сурати чунин қарор интишор кардан танҳо нусхаи қарор барои маълумот ба прокурор ирсол карда мешавад. Мавод бошад, танҳо дар сурати талаб кардани он ба охирон танҳо бо мактуб ирсол карда мешавад. Вале чи хеле ки омӯзиши ин мавод нишон дод, бо чи сабабе мо ин маводро дар вақти ба прокуратураи ноҳия рафтанамон дар дафтархонаи он дарёфт карда будем.
Мутобиқи моддаи 62-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама гуна маълумоти воқеӣ, ки дар асоси онҳо аз рӯйи тартиби муайянкардаи қонун мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, муфаттиш мавҷуд будан ё набудани кирдори ба ҷамъият хавфнок, гунаҳкории шахси содиркардаи ин кирдор ва ҳолатҳои дигари барои ҳалли дурусти кор аҳамиятдоштаро муқаррар мекунад, далелҳои оид ба кори ҷиноятӣ мебошанд. Ин маълумотҳо бо баёнотҳои шоҳидон, баёноти ман ҳамчун шахси ҷабрдида, фикру хулосаи эксперт, далелҳои шайъӣ, протоколи ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ ва бо ҳуҷҷатҳои дигар муқаррар карда мешавад.
Вале муфаттише, ки ин маводро санҷидааст, бархилофи талаботҳои моддаҳои 63-64-и ҳамин кодекс ҳолати аслии корро, аниқтараш, ҷиноятро рӯйпуш карда, дар асоси маҳз баёноти дигар ронандаи КАМАЗ ва рафиқи он шоҳид Абдуллоев Н. исботгардида ҳисобида, ба дигар далелҳои дар мавод буда тамоман аҳамият надода, онҳоро зери таҳлили ҳаматарафа қарор надодааст. Ҳамчунон, бо дигар далелҳои тасдиқнашуда ва дар натиҷаи санҷиш ҷамъшуда онро нодуруст дарҷ карда, мутахассис — экспертро ба гумроҳӣ гузошта, бо ин ҳаракатҳояш хулосаи экспертизаро, ки онро мутлақо дастгирӣ наменамоем, ба роҳбарӣ гирифта, ба чунин қарори ғайриқонунӣ интишор кардан даст задааст.
Аз рӯи гуфтаи оилаи бародарам Шаропова С., баъди содир шудани садама ронандаи автомашинаи КАМАЗ Камолов Саидмурод ба ягон нафари онҳо ёрии аввалиндараҷа нарасонидааст. Баръакс, дар ҳамин вақт аз самти ағбаи Шаҳристон автомашинаи ҶИП-и рангаш сафед омада, қарор карда, шахсони дар он буда, ки се нафарро ташкил медоданд, ёрии аввалиндараҷа расонида будаанд. Яъне, ҳамаи онҳоро дар ҳамин автомашинаи ҶИП-и сафед бор карда, ба тарафи беморхонаи Шаҳристон бурда буданд. Вале то ҳол аз тарафи мақомоти тафтишотии пешакӣ шахсияти ин ронанда ва инчунин рақами автомашинаи ӯ муайян карда нашудааст, ки ин барои ҳолати аслии кор аҳмияти хеле калон дорад. Зеро танҳо он шахс ё ҳамроҳони ӯ метавонистанд оид ба ин ҳолати бавуқӯъомада нишондоди аслӣ диҳанд. Ҳол он ки, дар дидбонгоҳҳои БДА-и ноҳияи Айнӣ ва Шаҳристон тамоми мошинҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Дар асоси моддаҳои 178-179-и ҳамин кодекс, асосҳои гузаронидани азназаргузаронӣ ва тартиби гузаронидани он бо пуррагӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунон, қайд карда шудааст, ки дар ҳар маврид натиҷаҳои азназаргузаронӣ бояд дар протоколи ҳаракати тафтишотӣ навишта шавад.
Мувофиқи талаботи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ ҳаракатҳои тафтишотӣ ба монанди протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса далел эътироф карда мешавад. Нақша ва дигар амалиётҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани ин ҳаракати тафтишотӣ гузаронида мешавад, ҳамчун замима ҳисобида мешаванд. Ин нақшаю дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба протокол замима карда мешаванд, ягон далел ҳисоб карда намешаванд, агар ин ҳолатҳо дар протокол дарҷ нагардида бошад.
Чунончи, дар парванда дида мешавад, ки аз тарафи муфаттиши мазкур ва сардори БДА-и ҳамин ШКД Тошматов У. бо иштироки ду нафар шахси холис протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса гузаронида шудааст. Бар хилофи талаботҳои моддаҳои 130, 130/1, 131-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз сар кардани чунин ҳаракати тафтишотӣ ба таври дахлдор аз тарафи муфаттиш ҳуқуқ ва вазифаҳои ин шахсони холис фаҳмонида нашуда, имзои онҳо тамоман мавҷуд нест. Магар чунин ҳолатро далели боэътимод ҳисобидан мумкин аст?
Дар протоколи мазкур худи муфаттиш қайд кардааст, ки ҷойи ҳодиса, яъне ҷойи садамаи рухдода асфалтпуш, хушк ва васеъгии ҷойи ҳодиса 7 метру 50 сантиметрро ташкил медиҳад. Холигии тарафи рост аз тарафи самти роҳи Душанбе 2 метр буда, холигии тарафи чап 1 метру 10 сантиметрро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ронандаи КАМАЗ, дар километри 179 автомашинаи тамғаи ВАЗ 2107, ки ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат доштааст, ба роҳи муқобили баромада, ба КАМАЗ бархӯрдааст. Ҳамчунин, дар ин протокол дарҷ карда шудааст, ки аз тарафи ғарбии шоҳроҳ дар масофаи 500 метр бинои қисми низомии 03040 мавҷуд мебошад. Дар масофаи 48 метр аз тарафи ғарб аз ин автомашинаи ВАЗ автомашинаи КАМАЗ дар рӯи латок дар ҳолати садамавӣ ба кӯҳ бархӯрда, осеб гирифта меистод. Дар рӯйи роҳи мазкур шишапораҳои оинаи автомашинаи ВАЗ дар ҳолати пош хӯрдан мавҷуд аст.
Ҷои ҳодиса аз тарафи муфаттиш бо телефони мобилии тамғаи САМСУНГ аксбардорӣ карда шудааст. Дигар ягон ҳолате дар хусуси ин садама дар протокол дарҷ наёфтааст. Муайян карда нашудааст, ки ҷойи сар задани садама маҳз куҷои роҳ аст; мобайн, қисми роҳи автомашинаи КАМАЗ меомада, ё қисми роҳи автомашинаи ВАЗ ҳаракатдошта? Аз ин ҷои ҳодиса дар чанд метр кадом автомашина қарор дорад? Чи хел, куҷои ин автомашинаҳо осеб дидааст? Оё дар ҷойи ҳодиса роҳ нуқсон дорад ё не? Ин нуқтаҳо дарҷ ва аксбардорӣ карда нашудааст.
Дар варақаи кори 3 нақшаи ҷойи ҳодиса, ки ба протокол замима карда шудааст, мавҷуд мебошад. Дар он нишон дода шудааст, ки гӯё автомашинаи КАМАЗ тормоз дода бошаду масофаи он 12 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунон, дар ин нақша ким — кадом чуқурӣ низ нишон дода шудааст.
Дар варақаи кори 8 маълумотнома дар хусуси садамаи нақлиётӣ мавҷуд мебошад. Аз рӯйи ин ҳуҷҷати расмӣ дида мешавад, ки роҳ, маҳз ҷои ҳодисаи мазкур асфалтпуш буда, ягон нуқсон (ба монанди чуқурӣ) надорад.
Дар варақаи кори 10 нишон дода шудааст, ки дар балони чапи (от средной оси) КАМАЗ изи буридашавӣ мавҷуд аст ва ричаги тормози дастӣ дар ҳолати ғайрикорӣ қарор дорад.
Мувофиқи қарори муфаттиш аз 09.08.2009 сол доир ба ин мавод ҳамчунон экспертизаи суди автотехникӣ таъин карда шудааст. Дар ин қарор муфаттиш овардааст, ки дар 178,9 км, ки дар гардиш ин садама рух додааст, қисми болоии роҳ хушк, асфалтпӯш буда, васеъгии роҳ 7 метру 50 сантиметр буда, дар ҷои садама роҳ нуқсон дорад. Байни роҳ дар натиҷаи аз кӯҳ ҷудо шуда афтодани сангпора чуқурӣ пайдо кардааст. Магар ин гуфтаҳои муфаттишро ҳақиқат ҳисобидан мумкин аст? Охир, ҳар рӯз аз кӯҳҳо санпораҳо ба роҳи автомобилгард меафтанду ягон чуқурӣ пайдо намешавад-ку!
Нигаред ба ҳуҷҷатҳои аввал тартибдодаи ин муфаттиш, яъне протоколи азназаргузаронии гуфтаҳои охирон, ки дар қарори таъин кардани ин экспертиза оварда шудааст, тамоман мавҷуд нест. Ҳатто муфаттиш муайян накардааст, ки ин нуқсони чуқурӣ оё дар ҳақиқат чуқур аст, ҳаҷми он чи қадар аст ва оё ин чуқуриро мошин бе нишон додани ягон хел «манёвр» имконияти гузаштан дошт ё не?
Аз тарафи худи ман саҳари дигар, яъне баъди 20 соати ба вуқӯъ омадани ҳодиса ҷои ҳодиса пурра аксбардорӣ карда шуд. Дар ин роҳ ягон хел изи чархи мошин дар натиҷаи тормоз додани КАМАЗ ва дигар намуди нақлиёт вуҷуд надошт. Чунин ҳолат дар аксҳо ва нишондодҳои ронандаҳои ба ҳайси шоҳид дар тафтишот пурсидашуда низ мавҷуд нест ва ягон чуқурӣ низ дар роҳ набуд. Автомашинаи КАМАЗ на дар масофаи 48 метр рафта ба кӯҳ бархӯрдааст, чи тавре дар нақша нишон дода шудааст. Он дар ҷои рух додани садама дар масофаи 80 метр дуртар рафта ба кӯҳ зада, баъд истодааст.
Дар натиҷаи нодуруст дарҷ кардани ҷои ҳодиса дар нақша ва ҳолати ҳақиқии корро нишон надодан, чунин хулосаи экспертиза бароварда шудаву додари ман гунаҳкори ин садама дониста шуда истодааст, ки ба ин мутлақо розӣ шудан мумкин нест.
Фарз кардем, агар додари ман ба самти роҳи автомашинаи КАМАЗ дар натиҷаи чуқуриро чап додан баромада бошад, пас автомашинаи КАМАЗ мумкин на ба қисми чапи автомашинаи ВАЗ (нигаред ба ҳолати техникии ин автомашина баъди ба садама дучор гардидан), балки ба қисми мобайни он бармехӯрду кашола шуда меравад.
Ҳамчунон, дар ин мавзеи роҳ ягон ронанда дар гардиш ҳеҷ гоҳ мошинро бо суръати баланд, ба монанди 100 км/соат, чи хеле, ки ронандаи КАМАЗ нишон медиҳад, ронда наметавонад ва имконияти техникӣ ҳам намеёбад.
Шоҳиди бевоситаи ин садама ҳамсари ман Шаропова С. мебошад ва охирон дар баёноташ баён кардааст, ки додарарус — ронандаи автомашинаи ВАЗ он вақт, ки соат 4-4/45 дақиқа буд, мошинро ором меронд, хобаш набурда буд, ногаҳон аз дигар самт мошин бо даргирондани чароғи баланд рост ба самти муқобил омада, ба мошини мо бархӯрд ва дигараш дар хотирам нест.
Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ муфаттиш ҳангоми санҷиши мавод ин ваҷҳи овардаи ҷабрдидаро ба назари эътибор нагирифта, муайяну муқаррар накард? Шоҳиде, ки дар натиҷаи ин садама фарзанд ва хешу табори наздикашро аз даст дода, дигар фарзандонаш ҷароҳатҳои сахти ҷисмонӣ бардошта, ҷарроҳӣ шудаанд, магар баёноти дурӯғ медиҳад? Муфаттиш ба ин бовар накарда, танҳо ба баёноти бевоситаи ронандаи КАМАЗ, ки ба оқибати кор манфиатдор мебошад, бовар кардааст. Ҳатто дар ҳоли мавҷуд набудани ягон далели кофӣ аз аввали санҷиш дар тамоми ҳуҷҷатҳояш худбоварона нишон дода истодааст, ки гӯё ин садама маҳз бо гуноҳи ронандаи тамғаи ВАЗ рух дода бошад. Дар охир кадом чуқуриро ёфта, дар ҳуҷҷатҳо беасос, бе мавҷудияти далели кофӣ оварда истодааст, ки ҳангоми ин чуқуриро дида убур кардан гӯё ба роҳи самти автомашинаи КАМАЗ баромада, ин садамаро содир карда бошад.
Муфаттиш баҳри объэктивона, пурра ва ҳаматарафа санҷидани ин ҳолат баҳри бардоштани ҳама гуна шубҳа мебоист шахсонеро, ки бевосита ба ҷои ҳодиса наздиктар қарор доштанд, яъне шахсони дар қисми ҳарбии 03040 он шаб дар навбат бударо ёфта мепурсид. ӯ муайян накардааст, ки маҳз кадом шахс аввалин шуда ин ҳодисаи нохушро ба корманди ШКД Муҳиддинов Ҷ. хабар додааст. Ва охирон ин корманди милисаро оид ба ҳолати мазкур тамоман напурсидааст. Пас аз ба вуқӯъ омадани ин ҳодиса якчанд ронанда дар ҷойи ҳодиса истода, ёрии аввалини худро расонида, ҳатто бо ду мошин, чи хеле ки дар боло зикр кардем, маҷрӯҳонро аз дохили автомашинаи ВАЗ бароварда, ба беморхона бурдаанд. Шояд касе аз онҳо оид ба ин садамаи рухдода шоҳиди бевосита шуда метавонист. Чи тавр мешавад, ки аз ин одамони ҷамъомада танҳо рафиқи ронандаи автомашинаи КАМАЗ, яъне Абдуллоев Н.-ро пурсидааст? Дар охир муфаттиш салоҳияти худро истифода бурда, метавонист муайян кунад, ки кадом ронанда ҷабрдидаҳоро ба беморхона овардааст? Аз кормандони беморхона низ напурсидааст ва то ҳол ба мо — ҷабрдидагон низ маълум нест.
Диққати заруриро ба баёноти ронандаи КАМАЗ Камолов С. равона намоед, ба ду баёноте, ки якумаш рӯзи аввали рух додани садама дода шудаасту дуюмаш пеш аз як рӯзи қарори дуюмашро интишор кардани муфаттиш.
Дар баёноти аввала ин ронанда тамоман нагуфтааст, ки маҳз ронандаи автомашинаи ВАЗ гӯё санаи 7-уми июли соли 2009, на 7-уми августи 2009 сол дар километри 179, тахмин соатҳои 5:30 дақиқа ба роҳи муқобили ӯ баромадааст. Ҳарчанд, ки автомашинаашро ба канори роҳ гирифта, тормозро пахш карда бошад ҳам, ба паҳлӯи автомашинааш бархӯрдааст ва балони тарафи чапи пешаш канда шудаву ба тарафи чапи роҳ рафта, ба кӯҳ бархӯрдааст. Рули мошинро ҳарчанд хостааст гардонад, нашудааст. Автомашинаи ВАЗ бошад, лағжида рафта дар байни роҳ истодааст. Ин вақт дигар ронандагон омада мусофирони маҷрӯҳро ба беморхона гусел кардаанд. Ба ин баёноти аввала аҳамият диҳед. Ягон сухан дар бораи чуқурӣ нагуфта истодааст ва муфаттиш саволе ҳам нагузоштааст, ки он вақт чароғи ин мошин, ё худ мошини дигар даргирон буд ё не?
Дар баёноти дигараш ин ронанда нишон дода истодааст, ки аз сабаби имкони роҳро бе чароғ дидан автомашинаро бо суръати 50-55 км/соат ронда меомадааст. Гӯё автомашинаи тамғаи ВАЗ, ки ҳатто рақами давлатияшро аз мошинаш дида бошад, бо суръати баланд, тахмин 100 км/соат омада истода, чуқурии дар роҳи худаш бударо нагузарам гуфта ё автомашинаашро идора карда натавониста, ба роҳи муқобил баромада, ба мошини вай бархӯрдааст. Гӯё ҳарчанд тормозро пахш карда мошинро ба канори роҳ гирифта бошад ҳам, ВАЗ омада ба мошини ӯ бархӯрдаву ба роҳи худаш рафта истодааст.
Биёед ба ин баёнотҳои ба ҳам мухолифи ин ронанда баҳои ҳуқуқӣ диҳем. Магар инро ба асоси қарори муфаттиш гузоштан ва бо ин гуноҳро ба ронандаи автомашинаи ВАЗ бор кардан мумкин аст?
Шоҳид Абдуллоев Н. баён кардааст, ки дидааст, маҳз дар тарафи чапи роҳ аз самти Душанбе дар байни роҳ нею, чи хеле, ки ронандаи КАМАЗ нишон медиҳад, автомашинаи тамғаи ВАЗ-ро дар ҳолати садамавӣ дидааст. Тахминан 50 метр дуртар аз ин автомашина КАМАЗ дар канори роҳ, дар рӯи латок дар ҳолати ба кӯҳ бархӯрдан истодааст. Дар тарафи чапи роҳ ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе автомашинаи КАМАЗ-и шиносаш Камолов С. меистод. Аз автомашина фаромада, аз одамони истода фаҳмидааст, ки автомашинаи ВАЗ ба роҳи муқобил баромада, ҳарчанд шиносаш мошинашро тормоз дода ба канори роҳ гирад ҳам, автомашинаи ВАЗ омада ба тарафи чапи бордони автомашинаи КАМАЗ задааст.
Ана ҳамин далелҳоест, ки муфаттиш Нурматов Ҷ. дар ин санҷиш ба даст овардааст. Ва ҳатто аз ин шоҳид муайян накардааст, ки аз кадом одамон фаҳмидааст, ки бо гуноҳи автомашинаи ВАЗ ин ҳодиса рух дода бошаду дар асл ин мошинҳо баъди садама дар кадом қисми роҳ истода буданд.
Чунки латоки канори роҳ фақат аз тарафи аз самти Хуҷанд омадан дар таги кӯҳ ҷойгир аст. Чи хеле, ки дар акс маълум аст, автомашинаи тамғаи КАМАЗ ба тарафи самти рост, ки тарафи кӯҳ мебошад, рафта автомашинаи ВАЗ-ро зада, ба даруни латок афтонда, рафта ба кӯҳ бархӯрда, баъд истодааст.
Аҷоиб он аст, ки баъди ба вуқӯъ омадани ин садама бо чи сабаб бошад, ҳамаи ҳолати корро ба пуррагӣ насанҷида, доир ба ин кор ягон мутахассис дар ҷои воқеа иштирок надошт. Ягонтои ин мошинҳо ҳоло аз ҷиҳати техникӣ ё худ чи хел осеб дидан ташхис нашуда буд. Автомашинаи ВАЗ-ро дар ШКД-и ноҳияи Шаҳристон дар таваққуфгоҳ гузошта буданд. Автомашинаи КАМАЗ-ро аз ҷои ҳодиса ба ҷойи дигар оварда монда рафтаанд. Ва аз хулосаҳои мутахассисон дида мешавад, ки ин автомашина (аз ҷойи садамаи нақлиётии бавуқӯъомада), ки он санаи 20.07.2009 сол аз назар гузаронида шудааст, санҷида шудааст. Саволе ба миён меояд, ки дар ин муддат шояд худи ронандаи КАМАЗ мошинашро бо салоҳдиди худ истифода бурда бошад. Шояд ягон қисми мошинашро корношоям карда бошад. Кӣ ба ин бовар мекунад? Ҳамчунон, аз рӯйи хулосаи онҳо дида мешавад, ки экспертизаи мазкури автотехникӣ дар ҷои ҳодиса гузаронида нашудааст ва дар ин хулоса оварда шудааст, ки обочина аз тарафи рост 1,3 метр бошад, аз тарафи чап 0,67 сантиметр. Дар протокол ин ҳолат мавҷуд нест ва мутахассис хулосаи худро зери шубҳа гузошта, дарҷ кардааст, ки эҳтимолан ҷои садамаи рухдода 1,8 метр аз тарафи рости роҳ ва 2,4 метр аз роҳи ҳаракати КАМАЗ бошад. Ва гӯё ронандаи автомашинаи ВАЗ талаботи банди 9,1-9,2-и Қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда бошад.
Магар дар ҳолати нодуруст будани худи нақша, беасос дар қарори муфаттиш нишон дода шудани ҳақиқати ҳол ва худи мутахассис хулосаашро ба шубҳа гузоштанаш, баёнотҳои бевоситаи ронандаи КАМАЗ, шоҳид Абдуллоев Н., қарори интишоргардида, ки он бо ин далелҳои дар боло овардашуда ба асос гузошта шудааст, инчунин, иҷро накардани супориши прокурор, ки дар қарораш оварда шудааст ва бартараф накардани онро қонунӣ ҳисобидан мумкин аст?

М. ДӯСТОВ
Аз БМСТЖ: Тасмим гирифтем оид ба ин масъала тадқиқоти журналистӣ гузаронида, парда аз рӯйи муаммо бардорем. Бо мо бошед!

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: